Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Интихобот дар Гурҷистон. Рақобати 25 нафар барои як курсӣ

Интихобот дар Гурҷистон. Рақобати 25 нафар барои як курсӣ

29-10-2018, 08:04
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Интихобот дар Гурҷистон. Рақобати 25 нафар барои як курсӣ
Дар Гурҷистон рӯзи 28-уми октябр интихоботи президентӣ баргузор шуд. Барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар 25 нафар рақобат карданд. Дар миёни номзадҳо сафири собиқи Гурҷистон дар Фаронса Салом Зурабишвили, вазири собиқи умури хориҷӣ Григорий Вашадзе аз ҳизби “Ҷунбиши воҳиди миллӣ”-и Михаил Саакашвили ва раиси порлумон Давид Бакрадзе аз ҳизби “Гурҷистони аврупоӣ” низ ҳастанд.

Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон мақомоти кишварро ба шаффофият дар интихобот даъват кардааст.

Ӯ, ки баъди ихроҷ аз Украина дар Ҳолланд зиндагӣ дорад, гуфт, агар мақомот тақаллуб кардаву интихоботро ба нафъи Зурабишвилӣ поён диҳанд, “кишварро мавҷи эътирозҳо интизор аст”. Ҳамон тавре ки, ба гуфтаи ӯ, соли 2003 “инқилоби садбаргҳо” рух дода буд.

Бино ба Қонуни асосии нави Гурҷистон, ки аз моҳи ноябри имсол мавриди амал қарор хоҳад гирифт, интихоботи ояндаи президентӣ дар он кишвар умумимардумӣ нахоҳад буд.

Яъне, аз соли 2024 раҳбари ҷумҳуриро на мардум, балки як анҷумани вижаи иборат аз аъзои порлумон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд.

Ҷараёни интихоботи президентии Гурҷистонро садҳо нозири байналмилалӣ назорат доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: