Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷашнвораи сулҳ

Ҷашнвораи сулҳ

26-10-2018, 13:10
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашнвораи сулҳ
Имрӯз, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Ҷашнвораи сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки намояндагони се давлати бо ҳам дӯст Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид. Ҷашнвораи сулҳ ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бахше аз барномаҳои «Сафирони ҷавони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикситон» аст.
Ин ҷашнвораҳо дар идомаи давраҳои омӯзишии музокира ва раҳбарӣ, ки дар соли ҷорӣ се даври он баргузор гардид, иқдоми хуби муштаракона ва ҳамгирононаи устувории ҳамкориҳои фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Зикр бояд кард, ки давраи аввали ҷашнвораи сулҳ дар шаҳри Исломободи Покистон ва давраи дуюм дар шаҳри Кобули Исломии Афғонистон ва инак давраи ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҳфилро нахуст сардабири ҳафтаномаи «Миллат» Адолат Умарова, ки масъули баргузории ҷашнвора буданд, оғоз намуд. Ба меҳмонон ва ҳозирон барои ширкаташон изҳори сипос карда, дар ҳошияи суботи ҷомеа ва оромии муҳити башар суханронӣ кард. Инчунин, изҳор дошт, ки мебояд шукри сулҳу суботи ҷомеаи кишвари мутамаддинамон кунем, баҳри ҳифзи он мардонавор ҷонфишонӣ намуда, хизмат арзанда намоем. Мо бояд бо фарҳангу тамаддуни арзишмандтарини худ тавонем ҷаҳониёнро ба ҳам пайванд созем. Ногуфта намонад ин се кишвари бо ҳам дӯсту бародар аз гузашта то ба имрӯз фарҳанг тамаддун ва урфу одатҳои бо ҳам наздик доранд. Ин гуна ҳамгироиҳо метавонад барои равнақ ва густариш ёфтани онҳо мусоидат намояд.
Баъдан, мушовири бахши ёрдамичии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Аҳмад баромад намуд. Дар мавзӯи сулҳу суббот ва ҳамгироии ваҳдати ягона инчунин, густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ суханрониҳо кард. Ҳамзамон, як қатор намояндагони фаъоли давлатҳои муштарак аз қабили сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найт Ҳарт Хёфер Виссинг, Саид Маъсуми Бадахш сарпарасти Сафорати Афғонистон ва сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ториқ Иқбол Сумру суханронӣ намуда дар масирӣ дурнамоиҳои ҳамкорӣ субботи ҷомеаи мутамаддин, густариши фарҳангу арзишҳои маданӣ ибрози назар карданд.
Дар ҷашнвораи сулҳ намояндаҳои сафирони ҷавони се кишвар, дипломатҳо, шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи маданӣ, ниҳодҳои академӣ ва умури сулҳ, намояндаҳои давлатӣ иштирок ва суханрониҳо намуданд. Инчунин, ҳунармандони чирадаст, ба вижа сарояндагон ва навозандагони се кишвар Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ҷашнвораҳои сулҳ заминаи муносиберо барои баҳс ва гуфтугӯ дар тавсеаи ҳамкориҳои сулҳомез миёни ҷавонони Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон фароҳам менамояд. Онҳо дар ростои таъмин ва густариши равобити пойдор дидгоҳҳо ва назариётошонро бо ҳам шарик месозанд. Ҳамчунон, ин гуна ҳамгироиҳо перомуни мавзуҳои марбут ба сулҳу суббот ва ормӣ дар минтақа мебояд густариш ёбад. Ин метавонад намунаи олӣ, ҷомеаи оруму маданӣ дар ҷомеаи башарӣ гардад.
Қисмати аввали он бо доштани чунин мазӯҳо ба итмом расид. Қисмати дигар бо бахши фарҳангӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони се кишвар оғозу анҷом ёфт.
Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: