Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САҲМИ САРОНИ ДАВЛАТ ТО РАСИДАН БА ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

САҲМИ САРОНИ ДАВЛАТ ТО РАСИДАН БА ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

24-10-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 2717 нафар
Назарҳо: 0
САҲМИ САРОНИ ДАВЛАТ ТО РАСИДАН БА ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

Боиси хушнудист, ки тайи якуним соли охир муносиботи гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо санадҳои нав ба нави ҳамкорӣ торафт ғанӣ гардида, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Бо саъю кӯшиши сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамаи мушкилоте, ки тӯли ду даҳсола миёни ин ду давлат арзи вуҷуд карда, дар муносиботи дӯстию ҳамкории ду халқи ҳамсояи дӯсту бародар монеаҳои зиёде пеш меовард, дар як муддати кӯтоҳ аз байн бардошта шуданд. Сарҳад байни ду давлат аз нав кушода шуда, рафтуомади озодона миёни хешу табори ду ҷониб, ҳамкориҳои тиҷоратию фарҳангӣ аз нав барқарор карда шуданд.
Ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади рушди равобити стратегӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвари бо ҳам дӯст 19 октябр дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки васеи фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии пойтахт, намояндагони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносони масоили сиёсию иқтисодӣ дар мавзуи «Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ» конференсияи илмию назариявӣ барпо намуд.
Ба конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшида, зикр намуд, ки мақсад аз чорабинии имрӯза пеш аз ҳама густаришу тақвиятбахшии равобити гуногунҷанбаи халқҳои тоҷику ӯзбек ва бо ин васила таҳкими дӯстию бародарӣ, пос доштани маърифати ҳамсоядории ду миллати саодатманду сарбаланд мебошад. Дастгириҳои ҳамдигар ва равобити дӯстии муштарак асоси решаҳои таърихии ин ду миллати куҳанбунёду ҳамҷавор буда, тӯли асрҳои зиёд аз насл ба насл гузаштааст. Ташаккулёбии меҳру муҳаббат ва эҳсоси арзишҳои олии тоҷикону ӯзбеконро на танҳо муҳити ҷуғрофӣ, балки русум ва анъанаҳои муштарак тақвият бахшидаанд.
-Агар ба таърихи равобити тоҷикону ӯзбекон назар афканем,- гуфт Зоир Раҳмонзода, - пайдост, ки шахсиятҳои бузурги илму адаб ва фарҳангӣ бароямон осори баландмазмуну гаронбаҳоеро мерос гузоштаанд, ки воқеан ҳам сармояи бузурги пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошанд. Дар сархати ин шахсиятҳо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд. Агар воқеияти ин гуфтаҳоро дар роҳи ҳаёти тайкардаи ин мутафаккирони суханвар пайдо намоем, завқи ҷаҳонию қимати арзишҳои мантиқии онҳоро дар шароити феълӣ бе муҳобот қабл аз ҳама дар сиёсати бузургсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ду чашми сар дидему эътиборашонро бори дигар аз наздик шинохтем.
Ба таъкиди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, дар ин самт яке аз иқдомҳои башардӯстонае, ки дар тақвияти муносиботи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек заминаи воқеӣ гузошт, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат азнавсозию обод ва номгузорӣ намудани як гӯшаи зебои пойтахт бо номи Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ, инчунин бунёди нимпайкараи ду шоир ва мутафаккири барҷастаи бо ҳам дӯсти хеле наздик – Алишер Навоию Абдураҳмони Ҷомӣ нишони баланди қадршиносии Ҳукумати мамлакат нисбат ба осори баландмазмуни ин шахсиятҳои орифу доно ва дар маҷмӯъ тамоми миллати ӯзбек мебошад.
Албатта, тавсеаи муносиботи дуҷониба дар заминаи сафарҳои давлатии ҷавобии тарафайн бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ шуда, равобити ҳамкориҳои сифатан навро дар ҳама самтҳои муҳими хоҷагии халқ бозкушоӣ намуданд. Тақвияти воқеии омилҳои зикргардида – ба имзо расидани як қатор созишномаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаи фарҳангии «Шом дӯстӣ» - и ҳарду давлат, барқарорсозии рафтуомад дар роҳҳои ҳавоию заминӣ, инчунин фаъолияти назарраси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва санадҳои муҳими дигар дар таҳкими равобит, мустаҳкам кардани решаҳои дӯстӣ ва ҳам дар роҳи расидан ба шарикии стратегии ду халқи ҳамҷавор заминаҳои устувор гузоштанд. Қадршиносии як гурӯҳ ходимони давлатии Ӯзбекистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкиму тавсеа ва таҳкими муносиботи дӯстӣ, робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар амалӣ гардид, ҳамчунин 17 августи ҳамин сол ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими равобити бисёрасраи дӯстӣ, муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи равобити гуногунҷанба ва дигар хизматҳои арзандаашон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ордени «Эл-юрт Ҳурмати» (эҳтироми халқу Ватан) сарфароз гардонда шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мисол шуда метавонанд.
Албатта, чунин эътибору қадршиносии арзанда нуфузу манзалати тоҷиконро бори дигар дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланду соҳибтамадун афзунтару пурқувваттар менамояд.
Боиси зикри махсус аст, ки воқеан ҳам соли 2018 барои халқҳои тоҷику ӯзбек соли хотирмону таърихӣ гардид, зеро тавассути азму иродаи қавии роҳбарони ҳарду давлат тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки муддати беш аз бист сол миёни ду давлат мавҷуд буданд, ҳаллу иҷроиши худро пайдо намуданд.
Бо итминону сарфарозӣ метавон гуфт, ки натиҷаи чунин комёбию ташаббусҳои созанда тулӯи офтоби меҳру муҳаббати дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро ба таври ҳамешагӣ пойдору устувор нигоҳ дошта, таҷрибаи пешқадами мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатамон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пос доштани арзишҳои неки дӯстию рафоқат дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир намунаи ибрати ҳамагон хоҳад шуд.
Сипас, оид ба паҳлуҳои гуногуни дӯстию ҳамкории мутақобилан судманди ду халқи ҳамҷавор - тоҷикону ӯзбекон ва саҳми сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ Котиби аввали Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Рустам Раҳимов, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Дилшод Шарифӣ, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Талибҷон ва чанде аз толибилмони ӯзбекистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба сухан баромаданд.
Рустам Раҳимов бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои асосии муносиботи барқароргашта ва динамикаи он – вохӯриҳо, ташкили бизнес-форуму намоиишгоҳҳои молу маҳсулот, бастани шартномаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ, кушодани гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, роҳҳои заминию ҳавоӣ, сафарҳои расмии президентони ҳарду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар то расидан ба имзои Аҳдномаи шарикии стратегӣ ба таври хронологӣ ба сифати омилҳое номбар намуд, ки бо саъю талошҳои сарони ҳарду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои расидан ба мақоми шарикии стратегӣ дар муддати кӯтоҳи якуним сол монеаҳои зиёдеро, ки садди роҳи муносиботи ҳасанаи ду кишвар гардида буданд, ҳаллу фасл намуданд.
Имрӯзҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бе монеа ба дидорбинии хешу табори худ мераванд, ба сифати сайёҳ шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва Бухорою Самарқандро сайру саёҳат мекунанд, гуфт котиби аввали сафорат ва афзуд, ки шумораи сайёҳон торафт афзуда, танҳо дар соли 2018 зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон ба донишкадаҳои олии Тоҷикистон дохил шуданд. Нишондиҳандаҳои муносиботи тиҷоратӣ миёни давлатҳоямон ҷолиби диққатанд. Гардиши мол миёни ҳарду ҷумҳурӣ дар соли 2017 240 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бошад, нишондиҳандаи гардиши молу маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш 35 фоиз афзудааст. Дар доираи сафарҳои расмии давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Тошканду Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони ҳарду давлат ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳти унвони «Истеҳсоли Ӯзбекистон» ва «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» баргузор гардида, беш аз 54 шартномаҳои ҳамкории тиҷоратӣ ба имзо расидаанд. Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равнақ меёбанд. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ сар карда интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор карда шуд. Хариди неруи барқи Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ва интиқоли он тавассути Ӯзбекистон ба дигар кишварҳо дар ҳоли афзудан аст. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои густурда дар соҳаи нақлиёт ва долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ҳавасманд буда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Иртибот миёни минтақаҳои ду ҷумҳурӣ торафт мустаҳкам мегардад. Солҳои охир намояндагони минтақаҳо қариб 20 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои ҳамдигар меҳмон шудаанд. Ӯзбекҳо ба арзишҳои миллии тоҷикон арҷ гузошта, онҳоро ҳамчун хазинаи бебаҳо боэҳтиёт дар бойгониҳои худ нигоҳ медоранд. Тоҷикону ӯзбекон як халқанд, ки бо ду забон гуфтугӯ мекунанд. Онҳо асрҳои зиёде паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар зиндагӣ ба сар бурдаанд ва урфу одат, расму ойинҳои муштарак доранд. Онҳоро аз ҳамдигар иҷборан ҷудо кардан басе мушкил аст, қайд намуд Рустам Раҳимов.
Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ дар суханронии худ аз аҳамияти калони ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳарду ҷониб изҳори назар кард. Ба гуфти ӯ, мувофиқи маълумоти оморӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 217,9 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,9 млн. доллар, ё ин ки 2,4 маротиба зиёд аст. Содироти мол ба Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 126,2 млн. доллар ва воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 91,7 млн. долларро ташкил дод.
Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Тоҷикистон дар ин давра 7,0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳарду кишвар дорои захираҳои бойи омилҳои истеҳсолӣ буда, имконияти зиёди тадриҷан тағйир додани ин рақамҳо вуҷуд дорад. Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ дорад, ки кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон метавонад аз он хуб истифода барад.
Номзади илмҳои таърих, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон дар мавриди таърихи ташаккули муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронда, зикр намуд, ки шарикии стратегии давлати тоҷикону ӯзбекон ҳанӯз чанд аср қабл оғоз гардида, соли таърихии 2018 бо имзои ду абармарди ду халқи шариф - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳукми қонунӣ гирифт. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робитаҳои дуҷонибаи худ арзишҳои қаблан бадастовардаро ҳифз намуда, кӯшиш кардаанд муносиботи муфиди ҳасанаро дар ҳама соҳаҳо идома диҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои аввали раҳбарии худ одилона гуфтаанд, ки “барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, қавӣ ва бардавом бо Ӯзбекистон зарурати таърихӣ ва инсонӣ дорад”. Бобати қаробати ин ду халқ суханони муаррихи варзидаи тоҷик Зариф Раҷабовро ёдовар мешавем, ки гуфтааст: “Дар Осиёи Миёна алоқаи наздиктарин миёну тоҷикону ӯзбекон ба вуқӯъ омада буд. Онҳо либоси ягона мепӯшиданд, ғизои якхела омода менамуданд ва бештар аз дигарон хешу таборӣ мекарданд. Анъанаву русуми онҳо мисли ду қатраи як дарё, ба ҳам наздик ва монанд буданд.” Омезишу қаробати ин ду мардум ҳатто то ба ҷоест, ки баъзан онҳоро аслан як халқи дузабона мехонанд.
Дар дунё имрӯз кишваре буда наметавонад, ки бидуни муносибот бо мамолики дигар арзи ҳастӣ кунад. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ истисно намебошанд. Аз ин рӯ, сарварони хирадманди ду давлат бо дарки баланди масъулият дар назди халқу ватан даст ба даст бо қавли бародархондагӣ ва бо азми афъи ҳама монеаву чолишҳои пешомада роҳ ба суи музаффариятҳои нав мекушоянд.

Неъматулло Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: