Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Нахустин сайёҳи кайҳонии SpaceX миллиардери ҷопонӣ шуд

Нахустин сайёҳи кайҳонии SpaceX миллиардери ҷопонӣ шуд

18-09-2018, 14:44
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Нахустин сайёҳи кайҳонии SpaceX миллиардери ҷопонӣ шуд

Миллиардери 42-солаи ҷопонӣ Юсаку Маэдзава нахустин сайёҳи кайҳоние хоҳад шуд, ки ба воситаи мушаки ширкати SpaceX ба моҳтоб парвоз хоҳад кард. Дар ин бора ширкат дар Твиттер хабар додааст.

Парвоз бо сафинаи Big Falcon Rocket соли 2023 сурат мегирад. Он як ҳафта идома ёфта, мушак ҳудуди 200 километр ба моҳтоб наздик мешавад ва сипас ба замин бармегардад.​

Маэдзава ба ин сафари худ аз шаш то ҳашт ҳунарманд, аз ҷумла рассом, оҳангсоз, модел ва коргардонро аз саросари ҷаҳон даъват хоҳад кард. Вале номи онҳоро дақиқ намегӯяд. Ширкат ҳаҷми маблағеро, ки миллиардери ҷопонӣ ба ин сафар харҷ мекунад, ифшо намекунад.

То ҳол танҳо 24 нафар ба моҳтоб парвоз кардаанд. Баъд аз соли 1972, замоне, ки маъмурияти амрикоии "Аполлон-17" дар моҳтоб нишаст, касе ба онҷо парвоз накардааст.

Ширкати кайҳонии SpaceX аз ифтитоҳи парвозҳои сайёҳӣ ба моҳтоб моҳи феврали соли 2017 хабар дода буд. Қарор буд, нахустин парвоз соли 2018 анҷом шавад, вале он ба таъхир гузошта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: