Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Санаи мудҳиш

17-09-2018, 09:08
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
   Санаи мудҳиш
11 сентябри соли равон аз ҳамлаҳои террористӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки коршиносон онро «мудҳиштарин амалиёти террористӣ дар таърихи инсоният» номидаанд, 17 сол сипарӣ мегардад.
Тибқи маълумоти расмӣ, хронологияи ҳодиса чунин сурат гирифта буд: 11 сентябри соли 2001 ҷангиёни ташкилоти террористии «Ал-Қойида» чор ҳавопаймои мусофирбари BOEING-ро рабуда, дутои онро ба биноҳои Маркази байналмилалии тиҷоратии шаҳри Ню-Йорк ва дутои дигарашро ба Пентагон-бинои вазорати дифои Амрико ва Кохи Сафед ё Капитолий равон карданд. 3 ҳавопаймо ба мақсад расид, танҳо 1-тои он дар майдони назди шаҳри Шанксвилл, иёлати Пенсилвания афтид.
Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ 2977 нафар ҳалок шуданд, ки миёни онҳо 343 сӯхторхомӯшкун ва 60 корманди пулис буданд. Ғайр аз амрикоиҳо, дар ин ҳодиса шаҳрвандони 92 кишвар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамлаҳо ҷони 2753 нафар дар Ню-Йорк, 184 дар Пентагон ва 40 нафари дигарро дар Пенсилвания даррабуд.
Ҳамчунин 19 террористон дар рӯихати ҳалокшудагон қарор доштанд, ки 15 нафари он шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, 2 Амороти Муттаҳидаи Араб, шаҳрвандони Мисру Лубнон буданд.
Таъсири аниқи хисороте, ки ин амалиёти террористӣ ба бор овард, то ҳол маълум нест. Моҳи сентябри соли 2006 президенти ҳамонвақтаи ИМА Ҷорҷ Буш изҳор дошта буд, ки ин хисорот аз рӯйи баҳогузории пасттарин зиёда аз 500 миллиард долларро ташкил мекунад.
Моҳи ноябри соли 2002 дар Амрико комиссияи махсус барои тафтишоти ҳодисаҳои 11 сентябр созмон дода шуд. Ду сол баъд ин комиссия гузориши натиҷавии тафтишотро расонаӣ кард, ки аз 600 саҳифа иборат буд. Мутахассисон эътироф карданд, ки террористон аз «камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти ҳукуматдорон ва разведка»-и кишвар истифода бурданд.
Ягона шахси маҳкумшуда ба ҷурми содир намудани ин амалиёти террористӣ Закариё Мусовӣ-шаҳрванди Фаронса, асли баромадаш марокашӣ гардид. Ӯро моҳи августи соли 2001 баъди оне боздошт карданд, ки ӯ мактаби ҳавопаймоиро дар иёлати Оклахома хатм кард. Мусавӣ дар штати Миннесота дар тренажери (дастгоҳи омӯзишӣ)-и BOEING-747 тамрин карда буд. Баҳори соли 2005 суд ӯро дар нияти содир кардани амалиёти террористӣ гунаҳкор кард, ки он рӯзи фоҷианок бояд аз рӯи шумора ҳамлаи 5-ум мегардид. Мусавӣ иқрор шуд, ки тибқи фармони бевоситаи «террористи №1» Усома бинни Лодан ӯ бояд ҳавопайморо ба даст меовард ва онро ба Кохи Сафед равона месохт. Моҳи маи соли 2006 суди федеролии шаҳри Александрия, иёлати Виргиния ӯро ба ҳабси якумра маҳкум кард.
Солҳои 2002-03 пулис ба гумони даст доштан ба ҳамлаҳои террористӣ боз 6 нафари дигарро дастгир кард. Ин боздоштшудагон чанд сол дар зиндонҳои Хадамоти марказии кашшофӣ (CIA) сипарӣ карданд ва соли 2006 ба зиндони пойгоҳи амрикоӣ дар Куба-Гуантанамо интиқол дода шуданд. Соли 2008 Вазорати дифои Амрико дар ҳошияи тафтишоти амалиёти террористӣ бо ҷурми куштор ва содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ ба ин 6 нафар айбномаҳоро эълон кард.
Тафтишот айбномаро алайҳи Холид Шайх Муҳаммад эълон кард, ки ба ақидаи ҳукуматдорон шахси асосӣ дар омода намудани ин ҳамлаҳо ба ҳисоб меравад. Дастгирии ташкилотӣ ба террорстон аз ҷониби Рамзӣ Бинолшибаи яманӣ таъмин мегардид. Муҳаммад ал-Кахтанӣ, тибқи ақидаи тафтишот, 11 сентябри соли 2001 бояд 20-ин шахсе мегардид, ки ҳавопаймоҳоро мерабуд. Дар омода намудани амалиёти террористӣ ҳамчунин Мустафо Аҳмад Ҳавсавӣ, Алӣ Абдулло Азиз ва Валид бинни Аттошро айбдор карданд. Соли 2008 суд ал-Кахтаниро бегуноҳ эътироф кард.
Моҳи январи соли 2009 президенти нави ИМА Барак Обама ваъда дода буд, ки зиндони Гуантанаморо мебандад ва дастур дод, ки фаъолияти прокуратураи ҳарбӣ қатъ карда шавад. Нигоҳ накарда ба ин, ваъдаи Обама ҳамин тур иҷронашуда монд-Конгресси кишвар нақшаҳои президентро дастгирӣ накард. Барои ҳамин, аллакай баҳори соли 2011 Обама фармон дод, ки судҳои ҳарбӣ алайҳи террористони дар Гуантанамо қарордошта аз сари нав фаъолияташонро оғоз кунанд. Ҳамин тариқ, моҳи маи соли 2011 прокуратураи ҳарбии Амрико аз сари нав бо ҷурми даст доштан ба ҳамлаҳои террористӣ ба 5 нафар, аз ҷумла Холид Шайх Муҳаммад айбнома эълон намуд. Баъд аз як сол трибунали ҳарбӣ онҳоро ба даст доштан дар ташкили ҷиноят, куштори аҳолии осоишта, вайрон намудани қонунҳои ҷанг, расонидани хисорот, рабудани ҳавопаймо ва терроризм муттаҳам кард. Ҳар 5 маҳкумшуда дар суд хомӯширо ихтиёр када буданд.
Баҳори соли 2016 судяи федеролии ҳавзавии Ню-Йорк Ҷорҷ Дэниэлс қарори ғоибонаи судро баровард, ки тибқи он Эрон ба хешовандон ва намояндагони шахсоне, ки дар биноҳои Маркази умумиҷаҳотии тиҷоратӣ ва Пентагон бар асари ҳамлаҳои террористӣ ҷони худро аз даст доданд, ба маблағи 7,5 миллиард доллар бояд ҷубронпулӣ диҳад. Ин судя ҳамчунин муайян кард, ки Теҳрон бояд ба он ширкатҳои суғуртавие, ки хисороти расонидашударо ҷуброн карданд, 3 миллиард доллар пардохт кунад, чунки Ҷумҳурии Исломии Эрон даст надоштанашро ба кумак расондан ба ташкилкунандагони амалиёти террористиро исбот карда натавонист, барои ҳамин, ҳукуматдорони ин кишвар ҳиссаи масъулият дар хисороти воридшударо бар дӯш доранд.
«Арӯсони Хилофат»
Моҳи сентябри соли 2016 Конгресси ИМА қонунеро ба тасвиб расонд, ки он ба меросбарони қурбониёни амалиёти террористии 11 сентябр имкон медиҳад, ки Арабистони Саудиро ба маҳкама кашанд-қисми зиёди террористон шаҳрвандони ин кишвар буданд. Моҳи октябри ҳамон сол зани амрикоие, ки шавҳараш дар ин ҳодисаҳо ба ҳалокат расида буд, аввалин маротиба алайҳи Арабистони Саудӣ ба суд муроҷиат намуд ва баҳори соли 2017 хешовандони қурбониёни амали террористӣ дастаҷамъона аз рӯи Ар-Риёз ба суд муроҷиат намуданд. Баъдан даҳҳо ширкатҳои суғуртавӣ ду банки саудӣ ва ширкатҳоеро, ки ба оилаи бинни Лодан вобастагӣ доштанд, ба суд доданд ва маблағи талабшаванда зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил дод. Арабистони Саудӣ дар навбати худ ба суди Манхэттэн муроҷиат намуд, то ин ки 25 айбнома бекор карда шавад. Тибқи ақидаи ҳукуматдорони амрикоӣ, муроҷиаткунандагон далелҳои даст доштани Арабистони Саудӣ дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001-ро надоранд.
Аммо нисбати ин ҳодисаҳо, ки ба ақидаи бархе «ҷаҳонро куллан дигар кард», назари коршиносон гуногун аст. То он дараҷае, ки ҳатто ҳадс зада мешавад, ин амали террористӣ кори худи хадамоти махсуси амрикоӣ аст. Чун ба ақидаи онҳо, баъд аз ин амалиёти террористӣ «дастони Амрико боз шуданд» ва акнун Вашингтон имконияти сарнагун намудани ҳукуматҳои саркашро ба даст овард. Гуфтаи президенти ҳамонвақтаи ИМА Ҷорҷ Буш-«Ҳар кӣ бо мо нест, ӯ муқобили мо аст» ҳукуматдорони қисми зиёди кишварҳои ҷаҳонро ба андешаи сахт водор намуд ва анқариб мамолики тамоми дунё дастгирии худро ба амалиётҳои зиддитеррористии Амрико зоҳир намуданд. Ин фаҳмо аст-касе бо кишвари абарқудраттарини олам аз лиҳози ҳарбиву иқтисодӣ муносибати худро бад карданӣ нест, чун пайомадҳои на он қадар хуш дорад.
Аз лиҳози геополитикӣ мавқеи Амрико дар ҷаҳон пурзӯр гардид-соли 2001 ҳамлаи ҳарбии ИМА алайҳи ҳукумати толибон дар Афғонистон оғоз гардид ва соли 2003 Ироқ ба муҷозот кашида шуда, ҳукумати Саддом Ҳуссейн низ сарнагун гардид. Дар ин кишварҳо пойгоҳҳои ҳарбии Амрико ва кишварҳои НАТО мустақар гардиданд, ки таъсири геополитикӣ ва геоиқтисодии мамолики Ғарбро дар минтақаҳои Ховари Наздик ва Осиёи Марказӣ қавӣ карданд. Албатта, ин режимҳои сарнагуншуда, ки аввалаш иртиҷоӣ, дуввумӣ диктаторӣ буд ба мардумони ин кишварҳо, мулоимтар карда гӯем, «хушбахтӣ»-ро таъмин карда натавонистанд, аммо натиҷаи он ба хоку хун кашидани давлатҳо ва маҳв шудани шумораи зиёди аҳолии осоишта гардид, ки ба садамаи гуманитарӣ расонида, фавҷи зиёди гурезаҳоро тавлид сохт.
Нуктаи дигар ин аст, ки бархе аз коршиносон дар ин ҳамлаҳои террористӣ «дасти хадамоти махсус»-ро мебинанд ва ба қавли онҳо, роҳандозии ин амалиёт мақсадҳои иқтисодӣ доштааст. Масалан, иқтисоддони рус Михаил Хазин чунин меҳисобад, ки барои ҳукуматдорони амрикоӣ амалиёти террористии 11 сентябр манфиатовар буд. Ӯ мегӯяд, ки эҳтимолияти ҳамлаҳои террористӣ дар Амрикоро қабл аз рух доданашон пешгӯӣ кардааст: «10 сентябри соли 2001 ман дар форуми маҷаллаи «Эксперт» нигошта будам, ки тахмин дорам, ИМА алайҳи худаш амалиёти террористӣ роҳандозӣ карданист. Ин бо чӣ алоқаманд аст? Гап сари он аст, ки соли 2001 нишондодҳои иқтисодии ИМА хеле бад буданд. Вазъи номусоид ба амал омада буд. Яъне, дар бозори иқтисодӣ қазия ба вуҷуд омада буд, кадоме аз ин манфиат гирифт ва ба ин бояд президент Буш ҷавобгар мешуд. Ва табиист, ки ҳукуматдорони амрикоӣ манфиатдор буданд, ки ягон ҳодисаи таъсирноке рух диҳад, ки буҳрони иқтисодиро ҷурми он донанд»-иброз дошт Хазин.
Айни замон қарзи давлатии ИМА назди дигар кишварҳо қариб 20 триллион долларро ташкил мекунад. Ин баробари қарзи умумии тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аст. Дар матбуоти амрикоӣ маводҳои ташвишафзояндае ба табъ расиданд, ки ягон амалиёти мудҳиши террористӣ дар ҳудуди Амрико ё Аврупо метавонад баҳонае барои хат задании қарзҳои кишварҳои ғарбӣ гарданд.
Аммо ҳамаи ин гуфтаҳо танҳо тахминҳо ҳастанд-чизе, ки маълум аст, амалиёти мудҳиши террористӣ рух дод ва боиси марги шумораи зиёди одамон гашт, ки далели ҳузнангез аст.
Аз соли 2002 санаи 11 сентябр дар ИМА чун Рӯзи ватандӯстон қайд мегардад. Шурӯъ аз соли 2009 ин сана ҳамчунин чун «Рӯзи умумиллии хидмат ва хотира» ном бурда мешавад.
Ба ҷои охирсухан. Чанд моҳ қабл банда бо даъвати Департаменти давлати ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо гурӯҳи хурди рӯзноманигорон ба ин кишвар сафар доштам. Мақсади сафари мо омӯзиши масъалаи терроризм, экстремизм ва зӯроварӣ дар сатҳи давлату байналмилалӣ ва дохилиоилавӣ , аз ҷумла дар дохили Амрико буд. Дар ҳошияи ин сафар моро ба Вазорати дифои кишвар-бинои машҳури Пентагон даъват намуданд, ки он ҷо бо масъулини баландпояи ин мақомоти қудратии кишвар вохӯрӣ доштем. Дар анҷом моро ба ҳамон кунҷи бино даъват карданд, ки 11 сентябри соли 2011 яке аз ҳавопаймоҳои рабудашуда ба он бархӯрда буд. Дар ин ҷо лавҳаи хотираи идони ентагон бунёд шудааст ва мо хотираи қурбониёнро пос доштем…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: