Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

11-09-2018, 13:41
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
11.09.2018 10:08, ноҳияи Ванҷ
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хоса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудааст.

Дар бинои нав ҳамчунин ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳои худ, манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: