Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон31-08-2018, 07:20
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
30.08.2018 17:57, шаҳри Душанбе Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, таҳти рақами 1084 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки моҳият ва ҳадафҳои қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ба аҳолӣ ба таври амиқ фаҳмонда дода шуда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо назорати иҷрои нақшаи даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ пурзур карда шавад. Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат баъди муҳоқима шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ”, “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи парандапарварӣ” — ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2019 оид ба татбиқи “Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028” қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои саривақтию босифати масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастурҳои Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд. Супоришҳои махсус оид ба ҷоннок кардани кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, вусъати бунёди иншооти таъиноти гуногун барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар дар заминаи Корхонаҳои манзилию коммуналӣ таъсис додани хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, таҳияи барномаи махсус барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз қад қади шоҳроҳҳои мамлакат, парвариши ҳайвоноти гуногуни нодир барои рушди соҳаи саёҳии шикорӣ, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд. Ҳамчунин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар ин муҳлат доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкортҳои телефони мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.