Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фарзанди Ватан

Фарзанди Ватан

16-08-2018, 08:39
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Фарзанди Ватан
Марди майдони сиёсат
Аввалин бор номи бародарон Авзаловҳо (Хайрулло, Наврӯз ва Ғайбулло)-ро ман дар синфи дуюм буданам – соли 1959, дар мактаби ҳаштсолаи №13, ба номи С.Лазои колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Восеъ аз забони муаллимонамон шунида будам. Оилаи онҳо, ба гумонам, шаш-ҳафт сол пештар аз кӯҳистони Сари Хосор муҳоҷир шуда, дар деҳаи Афғондилии хоҷагии мазкур, ки аз мактаб чоруним-панҷ километр дур воқеъ буд, зиндагӣ мекарданд. Шояд дурии мактаб сабаб шуд ё меҳри қавму қабилагӣ бештар кашид, ки ин оила кӯчида, деҳаи Чуқурак ё Зардолубоғи колхози ба номи Ленин рафтанд.
- Раиси хоҷагӣ бобои Миралӣ Маҳмадалӣ бо падари онҳо – раиси Авзал дӯсти қадрдон будаасту хабар ёфта ин оиларо ба хоҷагиаш бурдааст, - мегуфтанд бо таассуф муаллимонамону аз хониши аълову ахлоқи намунавии онҳо барои мо ҳарф мезаданд, мисолу намуна меоварданд, ки мо ҳам чунин бошем.
Моҳу солҳо чун турнаҳо меомаданду мерафтанд ва мо ҳам паррончак мешудем. Тақдир будаасту бо бародари калони онҳо устод Азиз Авзалзода шогирди содиқу бародари қадрдон гаштем. Баъд, Хайрулло (рӯҳаш шод бод) доктори илм, профессор, Наврӯз – рӯзноманигору зиёии пешқадам ва Ғайбулло – ветеринар шуда кор мекарданду муаллимонамон бесабаб бароямон онҳоро мисолу намуна намеоварда буданд…
… Соли 1985 ба охир расиду маро на кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия (солҳои 1982-1993 муҳаррири рӯзномаи
«Мубориз»-и ноҳияи Восеъ будам) ва на кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб нахостаанд, ки ба рухсатии меҳнатӣ бароям. Чанд роҳхати курорту фароғатгоҳҳо аз даст рафтанд. Январи соли 1986 ба хулосае омаданд, ки ба рухсатӣ барояму аз ноҳия ба ҳеҷ ҷо наравам. Котиби якум Ҳабибулло Табаров (рӯҳшон шод) шӯхиомез ё ҷиддӣ чанд бор гӯшрас кард, ки «вазифаи ту ҳам вазифаи андак-мандак набудааст, ҳатто кумитаи вилоятии партия намегузорад, ки ба рухсати меҳнатӣ бароӣ». Асли воқеа ҳамин буд, ки узви бюрои кумитаи ноҳиявии ҳизб, вакил ва узви комиҷроияи ноҳия будам.
Хулоса, аз ноҳия набаромада ҳамроҳи дӯстам Саиднуриддини Акобир (бо хоҳиши эшон) дар осоишгоҳи Тосқалъаи колхози ба номи Ленин дам мегирифтем. Дар рӯзии мо устод Азиз Авзалзода ҳам он ҷо истироҳат мекардааст. Ҳам устод ва ҳам С.Акобир муқими ноҳияи Фархор буданд ва пеш аз он ки ба зиёрати устод равем, аз ман пурсид, ки бори охирон муаллимро кай дида будед? Ба андеша рафтам, «зиёда аз даҳ сол пеш, он замон қорӣ набуданд» гуфтам.
- Бовар мекунӣ, қувваи ҳофиза ва хотираи устод чунон қавианд, ки баъди як аср ҳам одамро аз овозаш мешиносад, - гуфтанд ҳоҷӣ Саиднуриддин.
Он қадар бовариам наомад, зиёда аз даҳ сол гузашта бошад ҳам, устод мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ буданду ман як муаллими қаторӣ. Ҳамагӣ ду бор вохӯрдаем. Бори дуюм ҳатто бо киноя гуфта буданд, ки «додар, корат дар ҳеҷ ҷою ташвишат бисёр. Одам дар як ҷо месабзад». Рост мегуфт, дар давоми як сол, баъди хизмати ҳарбӣ аз як мактаб ба дигараш, аз он ҷо ба рӯзномаи навтаъсиси вилоятӣ ба кор гузаштам. Шарт кардем.
Аввал хоҷӣ назди устод даромаданд, салом карданду ба оғӯш гирифтанд. Ман ҳам амали эшонро такрор кардаму ҳангоми ба оғӯш гирифтан «Хуш омадед, устод!» гуфтам. Баъд ба курсиҳои роҳат нишаста ба чеҳраи харобу хазон, айнакҳои сиёҳи устод, ки бори аввал медидам, маҳзуну маъюс нигарон мондам. Дилам сиёҳ шуду ғусса гӯлугирам кард. Дар хотирам мондааст, ки устод ҳангоми гап задан бо дасти рост ё чап обхӯраки гарданашро молиш дода – молиш дода, бо тамкин, бо андеша ҳарф мезад. Дар ҳамин ҳолат баланду бурро гуфт:
- Сайнуриддин, аз Фархор кай омадӣ?
- Ҳамин саҳар, устод.
- Хонагиҳо нағзанд, кору борат хуб ҳаст?!
- Шукр нағзанд, ҳамааш хуб, устод.
- Каримхӯҷа, ту чӣ хелӣ, одами калон шудай дар ватанотон меоем, наметовӣ…- хандида ҳолпурсӣ карданд устод.
Ростӣ гап, дар ҳайрат мондам ба қувваи ҳофиза ва хотираи қавии устод. Ба ҳоҷӣ нигариста тасдиқ кардам. Ин маънои «бохтан»-ро дошт.
Рӯзи дуюм устод хотиррасон кард, ки мо хӯроки шом нахӯрем, бегоҳ хонаи апаашон деҳаи Чуқурақ меҳмонӣ меравем. Бегоҳаш Ғайбулло Авзал дар як УАЗ-и нав савор ба осоишгоҳ омад. Ҷавонмарди зебо, сарулибосаш нозанин, тавре мегӯянд аз нигоҳаш сер намешавӣ. Рӯҳаш шоду хотираш болида буд. Баъди вохӯрию ҳолпурсӣ моро гирифта хонаи апаашон – Чуқурат оварданд. Хато накунам, он вақт акаи Ғайбулло сардори Раёсати кишоварзии вилояти Кӯлоб буд. Меҳмондорию меҳмоннавозӣ хуб гузашт. Мо, се нафар истироҳаткунанда, аз бари боло нишаста, ҳар нӯшу неъмате меомад, аввал пеши мо мемонданд. Акаи Ғайбулло бо ҳамон сару либоси шоҳонааш аз поён нишаста чун мизбон хизмат мекард, гарчанде хизматгорҳо бисёр буданду аз чӣ сабаб вориди хона намешуданд, шояд барои эҳтироми тағоҳҳои бузургашон Азизулло ва Ғайбулло. Барои эҳтироми бародари бузургаш акаи Ғайбулло ҳам гап намезаду чой мекашид, наздамон ҳар гуна нуқлу наво мегузошт, ба мизбон – хизматгори беруни дар оҳиста супоришҳо медод, гоҳе худаш хеста берун мебаромаду боз медаромад, барои меҳмондорию меҳмоннавозӣ масъулият ҳис мекард.
Аз ин меҳмонӣ ҳаминаш нағз дар хотирам мондааст, ки акаи Ғайбуллоро барои ба пиёлаҳо кам-кам чой рехтанаш гуфтам, ки «деҳқонӣ рез, пиёларо ба гуфти бобои Миралӣ тасмалав бикун». Ӯ таҳаммул карду устод маънидор «Каримхӯҷа» гуфту хомӯш монд. Вақте ба осоишгоҳ омадем, шаби зимистон нисф шуда буду хоби мо кайҳо парида. Ба ман телефонограмма доданд, ки пагоҳ бояд соати ҳашти саҳар дар райком бошам, пленум мешудааст. Фикру андешаҳои парешон, ногувору бе сару нӯг он шаб нагузоштанд, ки дар осоишгоҳ фароғат хоб равам…
Пленуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Ҳабибулло Табаровро бинобар раиси комиҷроияи вилоят интихоб шуданаш аз вазифа озод намуду Ғайбулло Авзаловро котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Восеъ интихоб кард ва эълон шуд, ки пагоҳ соати даҳ маҷлиси фаъолони ноҳия. Акнун фаҳмидам, ки барои чи ҳам мақомоти ҳизбии ноҳия ва ҳам вилоят барои ба рухсатӣ баромаданам монеъ шуда будаанд. Ман осоишгоҳ омада аввал назди устод даромадам.
- Устод ҳадиягирам, боз як зиёфату меҳмондорӣ қарздор, акаи Ғайбулло котиби якум шуданд! – гуфтам.
- Устод коҳ-коҳ хандиданду маро ҳам табрик намуда гуфтанд, ки: - Зиёфату меҳмондорӣ гап надорад, инро ман дирӯз медонистам. Ғайбулло аз Душанбе аз суҳбати котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов рост назди ман омада, ҳамаашро нақл карда буд. Ба хотир биёр, вақте Ғайбуллоро барои дар пиёлаҳо кам чой рехтан эрод гирифтию гуфтӣ, ки «ранги бобои Миралӣ тасмалав бирез», ман маънидор «Каримхӯҷа» гуфтаму хомӯш мондам. Ба андеша рафтам, ки пагоҳ бо ин роҳбари нав муҳаррири рӯзнома чӣ хел кор мекарда бошад? Зеро медонистам, ки бародарам тезу сабукмиҷоз, эроди аз худ хурдро таҳаммул карда наметавонад, лекин дилаш софу бекина аст. Адолату ҳақиқат меъёри амалаш…
Бо ҳамин ба рухсату истироҳат нуқта гузошта бо устоду хоҷӣ Сайнуриддин хайрухуш карда, ба кор баромадам, гарчанде аз рухсатиам зиёда аз бист рӯзи дигар боқӣ монда буд.
Баъди маҷлис, ки мақсад шиносоӣ бо роҳбари нав буд, назди котиби якуми райком даромадам. Мехостам дурӯза ҷавоб гирифта ба шаҳри Турсунзода равам. УАЗ-и редаксияро он ҷо барои таъмир дода будам. Наздашон мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» Акбар Муслимов (рӯҳашон шод) нишаста буданд. Масъаларо фаҳмондам ва илова ҳам кардам, ки аз рухсатиам зиёда аз бист рӯзи дигар мондааст.
- Ман намедонам, мошин шофёр дорад, ту роҳбарӣ, боз аъзои бюрои райком. Ман одами нав, ҳар лаҳза лозим мешавӣ, - гуфт. Дигар хоҷати шарҳу эзоҳ набуд…
Вақте аз назди котиби якум баромадам Муслимов пурсид:
- Ба чӣ хулоса омадӣ, меравӣ ё не?
- Куҷо?
- Турсунзода, барои мошинат.
- Албатта меравам, мошинро аз МРМ-и он ҷо баровардан кори шофёр нест. Дигар ин ки ман дар рухсатиам.
- Худат медонию ба фикри ман, мошин муҳим нест. Муносибат дигар нашавад. Фаҳмидӣ, чӣ гуфт: «Мошин шофёр дорад…». Гапи маро бигирӣ, нарав!
Ба фикрам, он рӯз панҷшанбе ё ҷумъа буд. Рафтам Турсунзода. Ҳисоб кардам, ки рӯзи душанбе баргашта дар идора мешавам, вале гапи хона ба бозор рост наомад, ду рӯзи дигар мондам. Як рӯзи дигар дар Душанбе, дар Кумитаи давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб бо раис – Холмурод Шарифов каму кости матбааи ноҳияро дида баромадем. Дар омади гап бояд зикр намоям, ки соли 1974, вақте вилояти Кӯлоб таъсис ёфт, фаъолияти рӯзномаҳои ноҳиявиро қатъ гардонданд.
Намедонам бо фармони кӣ ва барои чӣ буд, ки матбааи н.Восеъро харобу валангор карда, таҷҳизоташро ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) бурданд. Соли 1981 вақте рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба фаъолият сар карданд, то 5 майи соли 1986 (5 май рӯзи матбуот ва мавлуди Карл Маркс буд) рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ дар матбааи вилоятии ш.Кӯлоб чоп мешуд. Барои чопи як анкета, бланка ё қоғазҳои чопӣ бошад намояндагони идораю муассиса ва хоҷагиҳои ноҳияи Восеъ дар Кӯлобу дигар ноҳияҳо сарсону саргардон буданд. Ин аҳвол барои роҳбарони ноҳияи калонтарини вилоят – Восеъ даҳ сол зиёд (аз с.1975 то 1986) давом кард. Ин масъалаву мавзӯи дигар, биёед аз қаҳрамонамон дур нашавем.
Баъди ин рафтори худсарона муносибати котиби якум ба муҳаррир ва рӯзнома гарм не сард шуд. Ҳатто рӯзҳои нашри рӯзнома (ҳафтае се бор) рафтани ман ба матбааи Кӯлоб мушкилтар гардид. Як ман не, умуман рафтору гаштори ҳар як роҳбар зери назорати қатъӣ гардид, кам-кам маҳалбозию миллатгароие, ки дар байни роҳбарони ноҳия ҳис мешуд, умуман аз байн рафт. Дар робита ба ин мавзӯъ як мисол меорам: Дар қабулгоҳи котиби якум навбатдорам. Шом фаромада буду ҳаво торик. Як марди чорпаҳлуи тахмин 55-60 -сола вориди қабулгоҳ шуду маро нодида гирифта, хост назди котиби якум дарояд. Ӯро боздошта, кӣ ва чикора буданашро пурсон шудам.
- Ман тағои Авзалов мешавам, мефаҳмӣ?! – ҷавоб дод.
Номашонро пурсида ӯро шинондаму назди Авзалов даромада гуфтам: - Тағоятон, фалонӣ омадаанд!
Акаи Ғайбулло, ки машғули мутолиаи ҷиддии кадом як ҳуҷҷате буданд, аз ин хабари ман нофорам гашта, ба ғазаб омада қаҳролуд гуфтанд:
- Тағоям бошад, хонаам равад! Ҳамин тавр фаҳмонед.
Дар нимроғ буд, ба фикрам овози баланди ҷиянро тағояш ҳам шунид. Ҳайрону нигарон ба рӯям хеле чашм духту димоғаш сӯхта як оҳи сарде аз қафаси сина бароварду баромада рафт. Аввал маро ҳам чунин муносибат, рости гап, хуш наомад. «Наход ҷиян тағоро напазирад?»- меандешидам ва баъд ба хулосае омадам, ки ҳақ ба ҷониби ҷиян аст, ҳурмату эҳтироми хешутаборӣ дар хона мешавад, дар идораи партиявию ҳукуматӣ не!
Ана ҳамин тавр, назму низоми кор, тарзу услуби роҳбарӣ дар ноҳия тамоман дигар шуда буд. Муносибат ба кору масъулият ба вазифа ҳам. Ҳама фаъолон омодаи иҷрои супоришу амрҳо…
Нимаи дуюми моҳи март буд. Дар ноҳия, умуман дар вилоят айни ҷӯшу хурӯши корҳои саҳроӣ. Хабар ёфтам, ки устод Азиз Авзалзода дар беморхонаи ҳукуматӣ дар шаҳри Кӯлоб табобат мегирад. Кори матбааро ба сомон расонда, рӯзномаро ба чоп иҷозат дода, ба аёдати устод рафтам. Намози шом буд, устод аз омаданам хушнуд гардида, гӯё болу пар баровард.
- Ҳарчи омадӣ, Каримхӯҷа, худам ҳам диданит будам. Бо Ғайбулло чӣ хелӣ? – канда –канда ба гап даромад устод.
- Нағз, ҳар гапе гӯям, иҷро мекунад, қалами хуб дорад, - гуфтам.
Қоҳ-қоҳ хандид ва хандида:
- Ман муовинат Ҳалимовро дар назар надорам, Авзаловро гуфтаниам, - фаҳмонд устод ва ҳар ду хандидем.
- Росташро гӯям, устод, гургошноем. Ӯ роҳбар аст, чизе фармояд, мо иҷро мекунем, - гуфтам.
- Зиқ нашав, баъзе гапҳо шунидаам, ҳамин замонҳо худаш ҳам бояд хабаргирӣ биёяд, ҳар се як маслиҳат мекунем.
- Авзалов хабаргирӣ меояд, устод? – аниқ фаҳмидан хостам.
- Бале, Ғайбуллои додарам, - гуфтанд.

- Рост аз ҷой хеста- ман рафтам, - гуфтам - устод, лекин илтимос, аз омадани ман ягон калима намегӯед.
- Барои чӣ? – тааҷҷуб карданд.
- Намехоҳам фаҳмад, ки ман бародари бузурги котиби якуми райкомро беморхона хабаргирӣ омадам.
Баъди ин суханҳо устод ба оғӯшам гирифтанду ҳис кардам, ки ашки сарди дидаҳои оҷизашон ба бари гарданам ҷорӣ шуданд. Дар ҳолати ноҳинҷорӣ дастамро аз дасташ сар надода: - Аз вақте Ғайбулло котиби райком шудааст, гурӯҳ-гурӯҳ одамон дар куҷое бошам, оромам намегузоранд. Гӯед, ки ин кора кунад, фалониро фалон вазифа диҳад, ё аз вазифа гирад… Шумо бошед, баръакс мегӯед, ки намехоҳам фаҳмад омаданамро. Э кош, одамон ҳамин хел бошанд. Одам бо нанг, номус, ғуруру ифтихораш инсон аст… гуфтанду ман «Саломат бошед»,-гӯён аз палата баромадам.
…Ҳамон сол аввали сентябр буд – айни ҷӯшу хурӯши ҷамъоварию супоридани «тиллои сафед». Дар ноҳияҳои пахтакор обрӯи роҳбари аввал аз фоизи пахтасупорӣ вобаста буд, на аз навъи пахта. Заводи пахта дар қабули ҳосил – ганҷи дасти деҳқону маҳсули арақи ҷабини он мушкилие эҷод кард. Мушкилӣ он буд, ки ҳосили чинаки аввалро завод бо навъи дуюм қабул карданӣ шуд, ки ин ба зарари деҳқону хоҷагӣ буд. Котиби якуми райком Ғ.Авзалов ба ҳимояи деҳқону хоҷагиҳо хест. Истодагарӣ кард, ки чинаки якум бояд бо навъи якум қабул карда шавад, дар сурати баръакс миллионҳо сӯми хоҷагиҳо ба коми ҳаннотону мардумфиребон меравад. Дар ҳамин ҳолату вазъият рӯзномаи бонофузи ҷумҳурӣ «Коммунист Таджикистана» бо сарлавҳаи «Фишор аз боло» ба манфиати заводу бар зарари котиби якуми райком (дурусттараш халқ) мақолаи танқидӣ чоп карда, котиби якуми райкомро ҳамчун «бюрократ», «администратор», ба сохторҳои поёнӣ «фишоровар» ба мардум муаррифӣ кард. Асосан, баръакс аз боло (КМ) ба котиби якум фишор оварда буданд. Ин як саҳнасозию драматизме буд, ки режиссёронаш берун аз ноҳия буданду манфиатҷӯ. Мутаассифона, чунин сенария ҳар сол такрор меёфту дар ноҳия халқ соҳиб надошт, ки манфиаташро ҳифз намояд.
Ба ҳамин монанд қаллобӣ ё ҳаннотиро собиқ котиби якуми райкоми н.Восеъ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Бобоев (рӯҳашон шод бод) дар мисоли идораи маҳсулоттайёркунии (заготкантора) ҷамъияти матлубот дар китоби «Сатрҳо аз зиндагӣ»-аш чунин овардааст: Раиси хоҷагии «Москва» А.Авазов ба идораи мазкур ҳабдаҳ той пашми аълосифат месупорад. Баъди чанде идораи маҳсулоттайёркунӣ ба хоҷагӣ ҳуҷҷат пешниҳод мекунад, ки гӯё пашмҳо навъи аз ҳама паст (6) буда, бояд хоҷагӣ ба заводи коркарди пашми Туркманистон ҷуброни зарар диҳад. Ҳам дуздию ҳам пешхезӣ. Раис идораи маҳсулоттайёркунӣ омада мебинад, ки тойҳои пашми супоридааш дар анбор истодаанд. Ин ҳолати ногуворро ба М.Бобоев рафта мегӯяд. Котиб дар навбати худ сардори шуъбаи корҳои дохилиро супориш медиҳад. Парвандаи ҷиноятӣ мекушоянд, лекин ин вақт Бобоевро Котиби КМ ПК Тоҷикистон интихоб мекунанду баъди чанде омада аз мақомоти судӣ натиҷаи корро пурсон мешавад. «Дар парванда дар бораи пашм ягон калима гап набуд» - ҷавоб медиҳанд ба роҳбари ҳизби ҷумҳурӣ. Баъди таҳқиқи худ мефаҳмад, ки сари он калобаи қаллобӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот давр мезадааст. Ман ҳам баъд фаҳмидам, ки агар лабораторияи завод мехостааст, навъи аълои пахтаро пасттарин нишон медодааст ё баръакс. Ана барои чӣ роҳбарони заводҳои пахта он солҳо аз ҳама бологузару воломақом буданд. Бадии кор он буд, ки ҳар ноҳия як заводи пахта дошт: 1 монополист!
Дар маҷлиси таъҷилии бюрои райком, ки баъди баромади рӯзнома даъват шуда буд, ягон аъзои бюроро гапзанӣ намонданд. Котиби дуюм Н.В. Терехов «супориши ЦК» гӯён маҷлисро кушода, ҳолати баамаломадаро кӯтоҳак шарҳ доду қарорро дар бораи аз вазифа озод намудани Ғайбулло Авзалов хонда ба овоз монд. Намояндаи КМ номзадии Ш.М. Мустафоқуловро ба ҷои ӯ пешниҳод карда гуфт, ки ин масъала дар бюрои КМ ҳал шудааст, дигар ҷои баҳсу мунозира нест. Сентрализми демократӣ!
Аз ин кори ғайричашмдошт беш аз ҳама мардуми одии меҳнаткаш ноумед шуд. Ҳама медонист, ки Авзалов ғами халқа мехӯрд. Манфиати ӯро ҳифз кардан мехост. Ҳамагӣ ҳашт моҳ кор кард. Дар ин муддати кӯтоҳ ҳамчун роҳбари ғамхору ҳамнафаси халқ дар дили мардум ҷой гирифт. Дар лабораторияи ветеринарии вилоят рафта, дар вазифаи духтур – ветеринари одӣ кор кард.
Баҳори соли 1990 маъракаи интихоботи вакилон ба Шӯрои Олии Тоҷикистон вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро хеле ба ҷӯшу хурӯш оварда буд. Майдон аз далер аст гуфта, акаи Ғайбулло ҳам номзадиашро дар ҳавзаи интихоботии Ғелот 171 монд. Дар ин ҳавза раиси Шӯрои ноҳия (он вақт чунин мансаб буд ба ҷузъ раиси комиҷроия), як воломақоми сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳам номзадиашонро монда буданд.
Аз рӯи мушоҳидаҳои чандсолаам, агар дар интихобот аз боло ё аз дохил тақаллубкорӣ нашавад, фишор наоранд, халқ ҳеҷ гоҳ дар интихоби вакили аслии худ хато намекунад. Номзади арзандаашро мепазирад. Дигар ин, ки мардум ҳамеша дасти фитодаро мегиранд, қомати ӯро рост мекунанд, фотиҳаи нек дода, аз нав ба ҳаёту мубориза ҳидоят менамоянд. Халқ дар симои Ғайбулло Авзал ҳамин гуна шахсро медид.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Табиист, ки дар чунин вазъияту маъракаҳо редаксияҳо ба маркази гарми ташвиқоту тарғибот табдил меёбанд. Барномаву шарҳи ҳоли номзадҳоро дар як шумора чоп намудем, то ки барои хондану муқоиса намудани халқ – интихобкунанда осон гардад.
«Айб»-и муҳаррир он, ки дар ҳамин шумора барномаи ҳамаи номзадҳоро чоп карда, барои осонии хонанда сурату аввали суҳбати номзад Ғайбулло Авзалови бемансабро дар саҳифаи як ҷой дода буд. Ин шумора ҷаҳли котиби якуми райкомро оварда, масъала – «фаъолияти ғайриқонунии муҳаррири рӯзномаро дар маъракаи интихобот» мавриди баррасии маҷлиси бюрои райком гардонд.
Баҳсу мунозираи ҷиддӣ сурат гирифт, маро барои «хунукназариам» дар роҳбарӣ ба рӯзнома огоҳӣ доданд. Лекин гуфтам, ки ҳамаи чор саҳифаи рӯзнома мақоми баробар доранд ва ҳамаи номзадҳоро дар як саҳифа (манзур саҳифаи як) ҷой кардан имконнопазир аст. Сабр кунем, интихобот кӣ будани ҳамаро нишон медиҳад. Воқеан, ҳамин тавр шуд, онҳое, ки ба муқобили рӯзнома теғ кашида буданд, дар интихобот барои «шармшикан» ҳам овоз нагирифтанд. Вале мардуми ноҳия ду бемансаб - Ғайбулло Авзалов ва Воҳид Шафоевро (рӯҳаш шод бод) бо аксари овозҳо дар Шӯрои Олӣ вакили худ интихоб карда буданд. Рӯзнома ҳам нафаси озод мегирифт, чунки қаҳрамонҳои асосиаш дар ин майдони набард ғолиб омада буданд.
Фаъолияти парлумонии Ғайбулло Авзалов ба давраҳои бисёр ҳассос, шадиду тақдирсози давлату миллати тоҷик рост омад. Қисман вакилон ниқоби дигари худро вонамуд карданд. Вале ӯ аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ то имрӯз дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор монда, ба миллату давлат содиқона хизмат дорад. Рӯзҳову лаҳзаҳое, ки давлату миллат дар хатару вартаи ҳалокат буданд, ин чеҳраҳои сарсурпурдаи миллат садоқати хешро нисбат ба ватан бештар нишон доданд…
Тӯли кору фаъолиятам бисёриҳоро медонам, ки тавассути кӣ ё чӣ ба камол расиданду воломақом гардиданд. Ғайбулло Авзаловро бошад, баръакс фишор меоварданд, бо ҳар сабаб гузаштаашро сиёҳ мекарданд. «Падари хеш бош, агар мардӣ» - гуфтаанд. Ӯ собит кард, ки падари хеш аст, мард аст, марди майдони сиёсат. Ва аз худ барои имрӯзу оянда номи нек боқӣ мондааст.
-Чанд даъват вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардидан, ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, медалҳои Барои меҳнати шоён ва 10 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва чандин мукофотҳои дигар сарфароз гардидани ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ғайбулло Авзалов исботи гуфтаҳои болост.
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад.
Дар хотирам мондааст як лаҳзаи вохӯрӣ дар Кохи Борбад, дар маҷлиси ҷумҳуриявӣ, ки он вақт раиси вилояти Хатлон буд.
- Каримхӯҷа, дар ёд дорӣ, барои Ғайбулло Авзал бюрои райком виговор дода буд, - бо ханда шунавонд.
- Дар ёд дорам ва бисёр шоду қаноатманд ҳам ҳастам, - гуфтам.
- Барои чӣ? – бо тааҷҷуб савол дод.
- Барои он ки қаҳрамонони мусбати онвақтаи «Мубориз» имрӯз сутуни мустаҳкаму боэътимоди давлату ҳукуматанд, фарзандони фарзонаи миллатанд! – гуфтаму аввал номи ӯ ва баъд чанд нафарро аз фарзандони содиқи диёр, номбар кардам.
Акаи Ғайбулло ба андеша рафту бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд…

Карим Давлат, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: