Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР”

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР”

9-08-2018, 07:50
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР”
Дируз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи дастуру супориши роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ” конференсияи илмӣ-назариявиро барпо намуд.
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, оид ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили оби ошомиданӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла таъкид кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии «Оби тоза» 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Мавсуф ҳамзамон таъкид намуд, ки шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Тағоймурод Ғафурзода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тамоми иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба об ҳарф зада, аз натиҷаҳои он ба ҳозирин иттилоъ дод.
Ҳасан Асоев, сардори раёсати иттилоот, машварат ва таълими Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси масоили экологӣ дар хусуси мушкилоти норасоии об дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, тартибу низом дар истифодаи ин сарвати табии ва мақсаднок истифода бурдани об изҳори анедеша намуд.
Абдуалим Норасов, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашнгу маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давтии шаҳр Душанбе маърузаи ҷоибу шуниданӣ оид дар мавзӯи “Нақши об дар беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ” намуда, далелу рақамҳои судмандеро иброз намуд. Мавсуф аз ҷумла таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари ҳадафҳои рушди ҳазорсола, рушди устувори соҳаҳоигуногун, аз ҷумла энергетика, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини амнияти санитарӣ ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии заҳираҳои об даъват намуд.
Ба ибораи дигар Пешвои миллат пеш аз воқеъ гардидани буҳрони об дар ҷаҳон, масъалаи оқилона ва самаранок истифодабарии обро маҳз ба хотири раҳоии инсоният ва табиатҳамчун ливо ва пайғоми сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки дар тамоми дунё ҷонибдорӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшони худро пайдо кард.
Дар фарҷом З. Раҳмонзода, раиси кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ раисони ташкилот ва дигар иштирокчиёнро ҷиҳати омодагӣ гирифтан ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даъват намуда, ҳамзамон дар мавриди фоҷиаи нангини рӯзи 29 июл бо сайёҳон рухдода, изҳори таассуф намуда, таъкид кард, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати амалу кирдорҳои ношоиста ва шахсони шубҳанок бетафовуту бетараф набошем.-Бетарафӣ башарафист, -илова намуд мавсуф.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: