Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз диёнат то хиёнат

Аз диёнат то хиёнат

2-08-2018, 08:44
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Аз диёнат то хиёнат

Баъди ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақсаду кӯшишҳо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба он равона гардид, ки ба иззати нафси роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, афроди мухолифи роҳгумзада, фурӯхташуда, ҷиноятсодиркада нарасанд, аз амали кинаю низоъангези онҳо ёдовар нашаванд, дарду алам захмҳои падарону модарони аз лиҳози рӯҳию равонӣ азият кашидаро бори дигар бедор накунанд, фитнаю кудуратро аз нав зинда накарда, аҳду паймон нашикананд ва худро байни ҷомеаи ҷаҳонӣ шармсор насозанд.
Инчунин, дар ин раванди сулҳ олимону коршиносони сиёсӣ, рӯзноманигорону мунаққидони кишвар низ иқдомҳои одилонаи Сарвари давлатро танҳо ба хотири расидан ба ин мувофиқа, якдигарфаҳмӣ, нашикастани талаботи аҳдномаро риоя кардан, аз камбудию хиёнаткориҳои содиркардаи Ҳизби наҳзати исломӣ чашм пӯшиданд ва нахостанд, ки бори дигар ба ҳаёти осоиштаи халқи азияткашидаи худ фитнаи нав ё алангаи оташ ангезанд.
Ҳуҷҷатҳои зиёди тасдиқкунандае аз фаъолияти ҲНИ мавҷуданд, ки бо дастгирии хоҷагону маблағгузорони хориҷиашон Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои Араб ва ғайра ба сари мардуми тоҷик на танҳо ҷанги шаҳрвандӣ куштору харобиҳои гарон, балки мухолифатҳои гуногуни мазҳабиро низ ба бор овардаанд. Аз ин хотир, банда низ шоҳиди зиндаи ин роҳи тайкарда буда, ходисаҳои рухдодаро бо чашми худ дидаам, аммо барои риояи инсонгарӣ, муттаҳидии ҳама қишри ҷомеа, якпорчагии кишвар дар қатори дигарон сабру таҳаммулро пеша карда будам.
Агар паҳлуҳои таърихи фаъолияти ҲНИ пурра шарҳу тавзеҳ дода шавад, ҳар як фарди ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як шаҳрванд аз диди назар мушоҳидаи ба амал омадани ин бесарусомониҳо хиёнату аҳдшиканиҳои кардаашон гуфаниҳои зиёде доранд. Дар ин самти тақдирсози ояндаи давлату миллат бетарафиро пеша кардан, хиёнат ба таърих ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик ва нобахшиданист.
Як бахши хиёнаткориҳои ТТЭ ҲНИ
Агар ба гузаштаи роҳи тайкардаи фаъолияти ин ҳизби террористии ифротгаро ва роҳбарони он назаре андозем, ҳар як фарди ҷомеа тасдиқ менамояд, ки чунин мусибатҳои гӯшношунидро ба монанди: талоши ихтилофандозӣ, пошидани тухми кинаю адоват, ба бор овардани садҳо куштор, тороҷи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ аз худ кардани муассисаю корхонаҳои давлатӣ ба миқдори миллионҳо доллар, овардани зарари гарон ба иқтисоди кишвар, мусибати гарони равонӣ ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, ангехтани ихтилофи мазҳабӣ, маҷбуран бор кардан ақидаҳои хурофотпарастии бегона ба сари ҳар як оилаи тоҷик, маҳз аз ҷониби роҳбарони ин ҳизб ба амал омадааст.
Таҳлилҳо дар самти чигунагии фаъолияту хиёнати ҲНИ нишон медиҳанд, ки чи тавр вазъи номусоидро аъзои он дар давраи гузариш ба зиндагии осоиштаи мардум ба бор овардаанд. Мутаассифона бо дастгирии хоҷагони худ, дар дохилу хориҷи кишвар барномаҳои худро пардапӯшона амалӣ карда истодаанд.
Тариқи шахсиятсозӣ роҳбаронашонро дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳмгузор меҳисобанд. Мардуми озодандеши кишвар бояд донанд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо намояндагони тамоми гурӯҳҳои мухолифи кишвар, яъне Иттиҳоди мухолифини тоҷик баста шуда буд, на бо Ҳизби наҳзати исломӣ, ки нақши алоҳидае дар бастани ин аҳду паймони таърихӣ дошта бошанд.
Худ қазоват кунед, чунин барномаю иқдоми пешгирифтаи онҳо ба кадом ҳақиқати роҳи тайкарда рост меояд, ин мавзӯъ шарҳи бештари таҳлили олимону сиёсатмадоронро талаб менамояд.
Дар кишварҳои ҷаҳон, ҳодисаҳо ва муносибатҳои гуногуни ба ҳам зид, муқовиматомезу моҷароангез ба зиндагии осоиштаи мардум таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
Чунин вазъи хатарзо заруратеро ба миён овардааст, ки мақсаду маром ва талошҳои хусуматомези гурӯҳҳои мухолифи ҲНИ ва ҷонибдорони онҳо кушоду равшан таҳлилу санҷида шуда, ошкоро ба мардуми кишвар шарҳ дода шаванд.
Таърихи фаъолияти ҲНИ ва пайравонаш сароғози моҷароҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Барои шиносоии пурра пайдо кардани хонанда, баъзе паҳлуҳои он каме шарҳ дода мешавад.
Якум, солҳои бозсозӣ дар соҳаи идеологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти хатарзо ба вуқӯъ пайваст, ки рӯҳияи сиёсии мардумро ба нобоварӣ ва гароишҳоро нисбат ба сохтори мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ вусъат бахшида, заминаи мусоиде барои фаъолияти гурӯҳҳои тундрави ифротгаро фароҳам овард.
Дар байни идеологияи коммунистӣ ва ба он мухолиф, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъсис ёфта ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ба ном дар қолаби “демократӣ” муборизаи ошкорои оштинопазирро оғоз намуданд. Дар ин давра даҳҳо ташкилоти гуногуни ҳизбӣ, созмонҳои ҷамъиятию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ ташкил шуда, ба фаъолияти бесарусомона шурӯъ намуданд, ки манбаи низои ҷомеа гардида, вазъи сиёсиро пайваста бесубот гардонида, сабабгори тарк намудани теъдоди зиёди мутахассисони варзидаи миллату халқиятҳои дар кишвар истиқоматдошта гардид.
Роҳбарони ҲНИ маблағҳои аз давлатҳои исломӣ ҷалб кардаашонро истифода карда, маккорона сарварии ҳизбу ҳаракатҳои номбурдаро ба дасти худ гирифта, дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсати ҷудоиандозӣ, миллатгароӣ ва бунёдгароиро барнома ва оиномаи худ гардонида, миллати ягонаи орому осоиштаро ба гурӯҳу табақаҳои гуногун ҷудо, ба муқовимати шадиди минтақавӣ ҷанги шаҳрвандӣ бо истифодаи силоҳ сафарбар намуданд.
Роҳбарони ҲНИ дар қолаби ғояҳои поки динӣ мубини ислом, татбиқи барномаҳои авомфиребона моҷароҷӯёнаи аз хориҷ нусхабардориву ворид кардаашонро ба роҳ монда, тафаккури мардуми орому осоиштаро заҳролуд карда, ба издиҳому майдонишиниҳои давомнок сафарбар намуданд. Бо истифодаи чунин усул дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, оммаи мардуми роҳгумзадаро тобеи ғояҳои Ҳизби наҳзати исломӣ муттаҳид гардонида, ба тарғибу ташвиқи бунёди “ҷумҳурии исломӣ”, дар пояи падидаҳои ифротгаро сафарбар намоянд.
Дуюм, дар оғози давраи бозсозӣ аксари бошандагони кишвар ва минтақаи он бо ҳиссиёти баланди шаҳрвандӣ раванди бозсозию демократияро пазируфта буданд, умеду орзуи зиёде доштанд, ки дар ин замина тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро бо тарҳу диди нав такмилу густариш медиҳанд. Дар ин ҷараёни тағйирёбии вазъ мебоист шуури сиёсӣ, фарҳанги миллии одамон низ ба зинаи нави инкишофи худ такмилу сайқал меёфт, вале дар амал натиҷаҳои он ғайричашмдошти умеду орзуҳои мардум бо дасисаи роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ шакли дигар гирифта, он нақшаи тарҳрезишуда ҷомаи амал напӯшид.
Сеюм, яке аз хиёнатҳои роҳбарияти ҲНИ ташкили моҷароҳои сиёсӣ, оғози муноқишаҳои дохилию минтақавии ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки харобиҳои гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварда, ба тафаккури сиёсӣ, рӯҳияи ақидаи мардуми кишвар таъсири ислоҳталабро боқӣ гузошт.
Ин раванди бесарусомонӣ аз соли 1990 то соли 2000 идома ёфта, ба тафаккури ақидаи мардум таъсири манфии худро расонида тавонист. Муҳити ҷойдошта муносибати одамонро барои фаъолияти самаранок, риояи қонунҳои танзимкунанда, талошҳо баҳри рушди ҳаёти солими сиёсии ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ коста гардонид. Чунин муҳити ноустувор сабабгори тороҷ гардидани моликияти давлатию ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул овардани рушди тамоми соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ каммаҳсул гардидани тамоми маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноатӣ, аз он ҷумла соҳаи кишоварзӣ шуд, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи ислоҳи худро пайдо накардааст.
Чорум, дастаҳои силоҳбадасти Ҳизби наҳзати исломӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои зиёд шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Файзобод ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои ВМКБ-ро, зери таъсири режими идеологияи ифротгарои худ нигоҳ доштанд. Ба ҳаёти мардуми ин минтақаҳо барои қабул намудани талаботу манфиатҳои худ тамоми шакли таъқибу фишоровариро раво донистанд.
Эҷоди чунин муҳити номусоид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва тафаккури ақидаи бошандагони ин ноҳияҳо таассуроти зиёди зараровари падидаҳои номатлубро асос гузошт. Амалӣ намудани талаботи ақидаи режими онҳо аз инҳо иборат буданд: сафарбарии маҷбурӣ ба сафи ҲНИ ва дастаҳои силоҳбадасти худ, сафарбарӣ барои таълимоти динӣ гирифтан, ба созмонҳои террористии хориҷӣ кишвар, ташкили ҳангомаи сохтмони ғайриқонунии масҷиду таълимгоҳҳои динӣ, ташкили дастаҳои санҷишӣ (пурсандагони охирзамон), доир ба донистани мардум аз намозу рӯза, қироати оёти Қуръон, назорати мардуми хурду калон, ки панҷвақта дар сафи намоз иштирок намоянд, таълимоти маҷбурии динии марду зан калонсолону наврасон, ҷазодиҳии саркашон бо усули (ҷаримаи калони маблағи молӣ, муҳлати тулонӣ андохтан дар бушкаҳои калон ва сангборон кардан, таъқиби занон, ки бесатр нагарданд) ва ғайра иборат буданд, ки ҳазорон нафар одамон ҷафои ҷонию молии онро кашиданд.
Натиҷаи чунин муносибату талаботи онҳо рӯҳияи эътиқодии мардумро шикаста гардонида, манбаи гароишу дудилагии мардум, ба вуҷуд омадани ихтилофҳои минтақавӣ, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон гардид. Натиҷаи ин ҳамаро дар амал ҷорӣ намудани онҳо сабабгори ба бадноми муаррифӣ гардидани мардуми минтақаҳо ва кишвар гардид.
Панҷум, яке аз амалҳои дигари хиёнаткорӣ дар сатҳи байналмилалӣ бадному сарпаст кардани эътибори давлату мардуми кишвар истифодаи усули ба асорат гирифтани намояндагони СММ (ҳамчун ҳомиёни сулҳ фаъолият доштанд) ва дигар рӯзноманигорони хориҷӣ ва намояндагони воломақоми давлатӣ буданд, ки бо роҳи зӯр, талаби баргардонидани онҳо бо маблағи миллионҳо долар, чандин бор сурат гирифта буд.
Дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни мусаллаҳи дар тобеияти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ қарор дошта, бештар аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, посдорони сулҳ, нозирони СММ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, сайёҳон ва ғайра ба қатл расонида шудаанд. Мисол: 1) 20 июли соли 1998 намояндагони СММ аз Полша, Уругвай, Ҷопон ва тарҷумони тоҷик онҳо чор нафар аз тарафи дастаҳои силоҳбадасти ҲНИ дар ноҳияи Нуробод ваҳшиёна ба ҳалокат расонида, молу амволи онҳо ғорат шуданд. 2) Ба асорат гирифтани геологҳои чопонӣ, ки баъдтар ба ивази 3-5 миллион доллар озод шуданд. 3). Гурӯҳҳои силоҳбадасти ҲНИ ба ҳайати дастаи Ҷумъаи Намангонӣ ҳамроҳ шуда, ба воситаи ағбаи Зардолу аз вилояти Боткенти Қирғизистон гузашта, ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, баъди шикаст хӯрданашон рамаҳои зиёди қутосу гӯсфандони мардуми осоиштаи вилояти Боткенти Қирғизистонро ғорат ва байни худ тақсим намуданд, ки дар дурнамо муносибати байнидавлатиро то даврае тезутунд гардонид ва паёмадаш то имрӯз ба назар мерасад. 4) Бо таҳдиди силоҳ маҷбуран ғорат кардани зиёда аз 14 ҳазор сар гӯсфанди мардуми осоиштаи ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ аз вилояти Суғд. 5) Бо роҳи ҳуҷуми мусаллаҳона ғорат намудани сарвату моликияти давлатӣ чандин бонкҳои амонатӣ, захираи кони тиллои Шуғнови ноҳияи Ховалинг, ки дар вақти тақсимот ба ҳар муҷоҳиди иштирокдошта дар муҳориба ба миқдори муайяне хокаи тилло расида буд ва ғайра.
Масъалаи гаравгонгирӣ, ғорати моликияти давлатӣ ва шаҳрвандони осоишта барои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ҳанӯз аз солҳои 1991 оғоз ёфта, тамоюли зӯроварӣ ва тундгироӣ барои наҳзатиҳо чизи нав нест, ки касро ба ҳайрат орад. Бояд қайд намоем, ки тамоми маблағи бо роҳҳои гуногун ғораткардаи онҳо ба манфиати ягон оилаи муҳтоҷу камбизоат, бунёди харобиҳои овардаи баъди ҷангӣ ё захираи эҳтиётии кишвар сарф нагардидааст. Танҳо ба манфиати роҳбарони ин гурӯҳу дастаҳо ва ҷонибдоронашон истифода шудааст.
Баъди қабули ҳама қонуни авфу якдигарбахшӣ тайи солҳои охир аъзоёни ҲНИ қонуншиканиҳои гуногун худро боз ҳам давом доданд, ки теъдоди зиёди онҳо дорои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) доштанд. Ғайр аз ин байни аҳолӣ, аз ҷумла, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекард. Маҳз ба хотири хусусиятҳои ифротгароӣ ва террористӣ доштани рафтору кирдори роҳбарон ва аъзои фаъоли наҳзатиҳо, 29 сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ)–террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод. Баъдтар фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои ИДМ, СААД, СҲШ низ қатъ гардид.
Шашум, солҳои зиёд таҳти таъсири ин дастаҳо мондан, пурра таъмин набудани амнияту суботи сиёсӣ дар минтақа фаъолияти мустақилу озоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатию маҳаллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро харобу коста гардонида, ба пешрафти рушду инкишофи чомеа монеаҳо эҷод намуда буд.
Аз ин бори маломати сохтаю беасос тамоми мардуми осоишта, озодфикру озадандешро то имрӯз рӯҳану ҷисман азият медиҳад. Ба тақдири минбаъдаи мардум хусусан, насли ҷавони оянда нишонаи бадномӣ (мухолиф, ҷонибдори давлати исломӣ ё хурофотпарастӣ доштан)-ро аз худ боқӣ гузошт, ки дар вохӯриҳо аз шаҳрвандони дигар минтақаҳо садо медиҳад. Дар аслу амал рӯҳияву дилгармӣ доштани ин мардуми минтақаҳо ва кишвар дигар аст, ки дар мақолаи оянда шарҳи он пурра зикр хоҳад гашт.
Хулоса, Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолияти худро ба дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суистифода карда, мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чи гуна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.
Пешниҳод мешавад, ки барои омӯзиши манбаъҳои хатарзои таъсирасонии фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукуматӣ, ТЭТ ҲНИ дар хориҷ ва дохилӣ кишвар тадқиқоти дастаҷаъмонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагирии ин масъала назари ҳар як фарди солимфикри ҷомеа зарур мебошад, ки вазъи ҷойдошта чи гуна шакл гирифта истодааст, эътиқоду назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифротгаро баҳо диҳанд ва баҳри рафъи он чораҳои зарурӣ андешанд.
Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарзои ин масъалаи муҳими доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи Ҳизби наҳзати исломӣ ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистии террорист ба монанди “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷунбиши Толибон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва “Ал-Қойда” бештар хоҳад буд.

Саидхоҷа Акбаров, коршиноси МТС-и азди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: