Машварати корӣ25-07-2018, 07:25
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт машварати корӣ доир намуданд. Дар машварат бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз пештара бештар тақвият дода шаванд. Оид ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳои пойтахти мамлакат ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат-роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии пойтахти ҷумҳурӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Азим Иброҳим ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии расонидани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.