«Марҳабо ба Суғд»: имкониятҳои сайёҳӣ меафзоянд5-07-2018, 10:50
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Аз 28 июн то 2 июли соли равон дар доираи эълон гаштани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Фестивали минтақавии “Марҳабо ба Суғди бостон”доир гардид. Нахуст дар рафти ин фестивал иштирокчиёни он, намояндагони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии кишварро сокинони меҳмоннавози ноҳияи Айнӣ бо навои созҳои мардумӣ, хондани шеъру тарона ва нону намаку гулдастаҳои зиёд истиқбол гирифтанд. Дар ин ноҳия меҳмонон аз оромгоҳ ва осорхонаи шоири маъруф Нақибхони Туғрал ва Кохи фарҳанг дидан намуданд. Баъдан корвони иштирокчиёни фестивал ҷониби Панҷакенти бостонӣ роҳ пеш гирифт. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент рохбарияти шаҳр, аҳли фарҳанг ва намояндагони дигар соҳаҳо самимона ва дар сатҳи баланд пазироӣ намуданд. Дар ин ҷо иштирокдорони фестивал аз Маҷмааи Маркази фарҳангии ҷавонон ва маҳсули дасти ҳунармандон шинос гардида, ҳамзамон аз осорхонаи шаҳри Панҷакент, ёдгориҳои Саразми қадима ва Панҷакенти куҳан дидан карданд ва аз таърихнигорону олимони соҳа аз таърихи пешин ва вазъи имрӯзаи ин ёдгориҳои нодир маълумоти судманд гирифтанд. Сипас сафари иштирокдорони фестивал таҳти роҳбарии масъулони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани бостонӣ идома ёфт. Дар ин шаҳри зебо низ ҳайати меҳмонони фестивали сатҳи баландро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сокинон ва аҳли фарҳанг бо самимияти хос ва меҳмоннавозии асили тоҷикона истиқбол гирифтанд. Иштирокчиёни Фестивал аз мавзеъҳои таърихии Ҳазрати Шоҳ ва Қалъаи Муғи куҳаншаҳри Истаравшан боздид карданд. Фестивали минтақавии “Марҳабо ба Суғди бостон” дар шаҳри Исфара идома кард. Дар ин ҷо иштирокдорони фестивал дар кори Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ, коршиносон ва доираи васеи меҳмонон ҷараён гирифт, иштирок намуданд. Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара ба кори Форум ифтитоҳ бахшида, баргузории онро муҳим ва саривақтӣ маънидод намуд. Гуфта шуд, ки шаҳри Исфара яке аз мавзеҳои зебои Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои захирахои ғании сайёҳӣ мебошад. Ин ҷо 110 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд буда, нодиртарини онҳо Лангари Моҳиён, Қалъаи Сурх, Ҳазрати Шоҳ ва амсоли арзёбӣ карда мешаванд, ки бозгӯкунандаи тамаддуни куҳани миллати тоҷик аст. Раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Чумхурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова доир ба имкониятҳои мусоиди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, рушди он ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ маърӯза кард. Ҳамчунин дар кори форум раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Нуъмон Абдугаффорзода баромад карда афзуд, ки бо татбиқи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии туризм заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакати мо зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои зарфиятҳои рушди соҳа ба таври мусбат муаррифӣ мешавад: - Соли 2018, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, дар самти рушди соҳа ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ марҳилаи тозаеро оғоз мебахшад. Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ворид ва ба пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хоса дар соҳаи сайёҳӣ ноил гаштааст, ки ин бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, босамар дар амал татбиқ гашта истодаанд. Ҳамоиши имрӯзаи мо низ дар доираи ҳамин нақшаи чорабиниҳо доир мегардад ва он барои вусъат бахшидани рушди соҳа ва ҳамкориҳо дар ин самт бо шарикони хориҷӣ заминаи хуб фароҳам меорад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти соҳавӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав пешниҳод шуд, ки бевосита ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид. Анвар Яқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар робита ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунархои мардумӣ” корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аксари мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят ба қадри лозима таъмиру тармим ва нигаҳдорӣ мегарданд, ки имрӯз сайёҳони дохилию хориҷии зиёд аз онҳо озодона дидан мекунанд Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки бо дастуру супоришхои бевоситаи Президенти кишвар таъмиру баркарорсозии мавзеъҳои нодири таърихӣ, аз ҷумла Саразми бостонӣ, ки таърихи пеш аз 5500-соларо дорад, ба нақша гирифта шудааст Дар интиҳои форум маросими ботантанаи ба имзо расидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни ширкатхои сайёҳии Точикистон бо ширкатхои сайёҳии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб сурат гирифт. 15 Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тамоми самтҳои калидии ҳамкориҳои муфидро дар бар мегиранд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.