
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади амали намудани супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои худ, оид ба истифодаи дурусти самараноки механизмҳои муосири таблиғотӣ, ҷиҳати дар ҷомеа боз ҳам таҳким бахшидани мавқеъи ҳизб ва бо ахбори таъҷилии сиёсиву ҳизбӣ фаро гирифтани аъзоён ва алоқамандони ҳизб чорабиниҳоро дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намудааст.
Вобаста ба иҷрои масъалаи мазкур 4 июли соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии “Нақлиёти барқӣ”-и КВД “Троллейбус” дар шаҳри Душанбе бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдумаҷид Муминов, директори муассиса, раиси ташклоти ибтидоии ҳизбӣ Бегназар Саидов ва аъзоёни ҳизб, зери мавзӯи “Мо таблиғгари ғояҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ ҳастем!” соати сиёсӣ доир гардид.
А.Муминов дар бораи роҳҳу усулҳои асосии таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки пеш аз ҳама моро зарур аст, дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки ҳамчун омили асосии ризояти ҷомеа ва нишонаи маърифту фарҳангӣ баланди сиёсии мардуми кишварамон мебошад, дар байни ҷавонон таблиғу ташвиқ намоем, то ки ҷавонон барои ҳимоя намудан ва ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан ҳамеша омода бошанд. Ҳамчунин мавсуф дар хотимаи андешарониҳои худ, аз аъзоёни ҳизб даъват карда шуд, ки дар таблиғу ташвиқи ҳадафҳои ҲХДТ, баҳри ҳифзу таҳким бахшидан ба арзишҳои миллӣ ва баҳри тарбияи насли ҷавонон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Дар фарҷом ба як қатор ҷавонон, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.