Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе3-07-2018, 15:10
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
03.07.2018 08:35, шаҳри Душанбе 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии Бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд. Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд. Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавраро дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар даромадгоҳи асосии боғ, дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудааст. Мизи шоҳмот, ки дар як гушаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад. Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳар хела хизмат мерасонад. Дар қисми шимолу-шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудааст. Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷудбуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шуд, аз ҷумла береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи оддӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел. Дар ҳудуди боғ барои дилхушкунии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргуш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидааст. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳалоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чубин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ. Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳои муҳайёшуда, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд. Мавриди зикр аст, ки дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо, ҳайвоноти гуногун гузошта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд.Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 03.07.2018 08:35, шаҳри Душанбе 3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии Бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд. Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд. Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавраро дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар даромадгоҳи асосии боғ, дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудааст. Мизи шоҳмот, ки дар як гушаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад. Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳар хела хизмат мерасонад. Дар қисми шимолу-шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудааст. Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷудбуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шуд, аз ҷумла береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи оддӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел. Дар ҳудуди боғ барои дилхушкунии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргуш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидааст. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳалоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чубин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ. Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳои муҳайёшуда, баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд. Мавриди зикр аст, ки дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо, ҳайвоноти гуногун гузошта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.