Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Варзиш – солимӣ ҷавонӣ ва зебоӣ

Варзиш – солимӣ ҷавонӣ ва зебоӣ

20-06-2018, 08:34
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Варзиш – солимӣ ҷавонӣ ва зебоӣ
Панҷ. Солҳои охир шавқу рағбат ба варзиш ва бозиҳои варзишӣ дар байни ҷавонон бараъло ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба машқу тамрини бадан имрӯзҳо дар сар то сари кишварамон соҳаи варзиш рушд намуда истодааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва рушди саломативу солимии онҳоро маҳаки аслии сиёсати давлатии ҷавонон қарор дод ва дар ин самт тадбирҳои зиёди муфид андешида шуда истодаанд.
Дар ҳамин росто дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Панҷ бо ташаббуси ҷавонони бунёдкор ва созандаи деҳаи мазкур Ҳамидов Султон, Раҷабов Собиршо, Хоҷаев Ҷумахон, Мирзоев Мансур ва дигарон толори варзишӣ барои машқу тамрини ҷавонони деҳот бунёд гардид. Ин толори варзишӣ ба талаботҳои замон ҷавобгӯ буда, барои намудҳои гуногуни варзиш мувофиқ мебошад.
Зимни ба истифода додани ин толор Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия Гурезов Саидҷаъфар, ҷавонон ва сокинони маҳал иштирок намуданд.
Дар рафти шиносоӣ масъулон ин иқдоми созанда ва ҷавонмардонаи ҷавонони деҳаи Кӯҳдоманро шоёни таҳсин ва ибратомӯз донистанд. Ин амали онҳо метавонад ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ тарбия намуда, аз содир намудани амалҳои ношоиста дур созад.



КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: