Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

12-06-2018, 08:13
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормндони масъули ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Б. Ғафуров дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардид.
Дар кори семинар муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи шаҳри ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд.
Раъно Маҳмудзода ҳадафи баргузории семинарро баён дошта, афзуд, ки ҲХДТ беш аз пеш дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷойгоҳи махсусро соҳиб гардида истодааст. Зарур аст, ки масъулияти ҳизбии ҳар як аъзои ҳизб бобати тақвияти дониши сиёсӣ баланд бардошта шавад. Зеро ҳизбиён тӯдакаши ҷомеа ҳастанд ва бояд онҳо ҷомеро ба самти дурусти зиндагӣ раҳнамун кунанд.
Маъруф Муҳаммадзода аз ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кумиҷроияи шаҳрӣ сухан карда, гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 16 феврали равон самтҳои минбаъдаи фаъолияти хизбиёнро муайян намуда, ҳамчунин барои пешбурди кор дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла зимни вазифагузориҳо таъкид доштанд, ки раисони кумиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва умуман, ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бояд ҳамкориро бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои корӣ вусъат бахшида, барои сафарбар кардани соҳибкорону шахсони эҳсонкор ва сокинони шаҳраку деҳот барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд.
Маҳз аз ҳамин вазифагузориҳои роҳбарияти олии ҳизб семинарии имрӯза доир мегардад ва боиси қаноатмандист, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумиҷроияи шаҳрӣ дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст. Мо дар симои ҳар яке аз Шумоён роҳбарони ташкилотҳо пуштибон ва пешсафони соҳаро мебинем. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ бо дастгирии аъзоёни ҳизб дар сатҳи баланд доир мегардад. Мо огаҳем, ки кумиҷроияи шаҳрӣ ташаббускори иқдомҳои созанда ҳастанд, ки эътимоду боварии сокинонро нисбати давлат ва Ҳукумати кишвар қавитар месозад. Баргузории иди кӯча ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ, аёдати сарбозон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомӣ, ширкати фаъолона дар ҳама гуна ҷашну маросимҳо, аз наздик ошоноӣ пайдо кардан аз рӯзгори кӯдакони ятиму бесаробонмонда, шахсони яккаву танҳо имкон фароҳам меорад, ки мардум бо диду назари тоза ба ояндаи кишвар нигоҳ кунад. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар сатҳи баланд доир шудани конференсия вобаста ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва баргузории даҳҳо семинару конфронсҳо вобаста ба хаёти рӯзмарраи сокинон бозгӯи он ҳастанд, ки ҳизб ҳамвора фаъолияташро пеш мебарад.
Дар вазъияти тантанавӣ ба раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раиси кумитаи иҷроияи ибтидоиИ ҳизбии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ медали ҷашнии ҳизб супорида шуд.
Баъдан дар мавзӯи «Усулҳо ва манбаҳои ташвиқоти пешазинтихоботӣ», «Ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги сиёсии аъзои ҳизб», роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, «Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар» мудири бахши бақайдгир ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳим Шоҳиён, «Истифодаи тарзу усулҳои замонавии ВАЩ ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ» мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дасгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳомидов ва «Кадрҳо – меҳвари рушд ва устувори давлат» мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ гузоришҳо доданд.
Раъно Маҳмудзода дар фуроварди чорабинӣ барои пешрафтаи минбаъдаи фаъолият дастуру ҳидоятҳо дод.
Бо вазифагузорӣ курси бозомӯзӣ хотима ёфт.
ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН ТАҚВИЯТ ЁФТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: