Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЧАРО ХАТИ МЕХИРО НАМЕОМЎЗЕМ?

ЧАРО ХАТИ МЕХИРО НАМЕОМЎЗЕМ?

14-05-2018, 11:34
Хабарро хонданд: 939 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРО ХАТИ МЕХИРО НАМЕОМЎЗЕМ?

Хат ва коғаз муҳимтарин ихтироъ дар таърихи башар маҳсуб мешаванд. Таърихи тамаддун ҳангоме шурўъ шуд, ки инсон он чизеро эҳсос мекард ва медид ва ё дар зеҳни худ ҳифз менамуд, аз тариқи расонаҳо ё маҳмилҳои физикӣ ба дигарон интиқол дод. Бад-ин маъно, ки инсон пас аз ихтирои хат тавонист он чиро қаблан аз тариқи шифоҳӣ ва ҳофизаи маҳдуди худ ба наслҳои баъдӣ мунтақил мекард, ба сурати мазбут ва мактуб ба онҳо бирасонад. Аз ин замон ва баъд инсон бо коргирии анвои расонаҳои иттилоотӣ аз қабили лавҳаҳои сангӣ ва гилӣ, папирус, пўсти ҳайвонот ва саранҷом коғаз ҳаҷми азиме аз манобеи иттилоотиро ҷамъоварӣ намуд.
Аммо имрўз чунин ба назар мерасад, ки таваҷҷуҳ барои омўзиш ва азхуд кардани хат, донистани таърихи пайдоиши он коҳиш ёфтааст. Хусусан ҷавонон ба омўзиши он ва ё донистани таърихи гузаштаи худ камтар шавқу рағбат доранд, ки оқибати хуб надорад. Имрўз раванди ҷаҳонишавӣ мушкилотеро дар назди ҷомеаҳо ба миён мегузорад: муносибати афроди ҷомеа ба ҷаҳон ва олами атроф норавшан шуда, коркарди низоми дурусти муносибатҳо амри воқеӣ гардидааст. Дар ин давраи таҳаввулот агар мо дар бораи таърихи гузаштаи худ, арзишҳои миллии хеш андеша накунем, метавонем онҳоро аз даст диҳем.
Азиз Мирбобоев, дотсент, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мегўяд: “Қадимтарин осори хаттии забони тоҷикӣ ба хати мехӣ эҷод шудааст. Барои ҳамин он нахустин ёдгории фарҳангии мардуми тоҷик мебошад. Ҳар он чизе, ки ёдгории фарҳангӣ бошад, ин ғановати маънавии ҳар фард ва миллати соҳибзабон аст. Аз ин нуқтаи назар, хати мехӣ арзиши фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Арзиши фарҳангиро бояд омўхт, таҳқиқу тарғиб кард, ин вазифаи ҳар ҷомеаи мутамаддин чӣ дар замони гузашта ва чӣ дар замони имрўз буду ҳаст. Омўхтан, таълим додан, тарғиб намудани хати мехӣ, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи фарҳангии имрўза мебошад. Барои ҳамин омўзиши хат қобили аҳамият мебошад”.
Ў мегўяд, ки имрўз хати мехӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тахассусҳои филологӣ омўхта мешавад. Мутобиқи нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимие, ки дар мактабҳои олии тахассусҳои филологӣ ба роҳ монда шудааст, фанни “Таърихи забони тоҷикӣ” мебошад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълими хат, таърихи забони тоҷикӣ дар ду марҳила ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи аввал забони форсии бостонӣ ва тамоми сохтори забони форсии бостон омўхта мешавад, дар нимсолаи дуюм сохтори граматикӣ ё сарфию наҳвии забон ва ҳамчунин хат, сохтори хат, таърихи хат ва осори хаттии забони форсии бостон, ҳамзамон як ҷузъе аз таърихи забони тоҷикӣ, ки давраи аввал забони форсии бостонро фаро мегирад, таълим дода мешавад. Дар донишгоҳи омўзгорӣ бошад, дар як нимсола таълим дода мешавад ва қисмати аввали таърихи забони тоҷикӣ ин забони форсии бостон мебошад. Донишҷўён бо сохтори граматикӣ ё сарфию наҳвии забони форсии бостон ва ҳамчунин хат, осори хаттӣ, тарзи хондани хат, баргардони ҳуруф, овонигорию овонависӣ ва шарҳу тавзеҳи калимоте, ки дар матн аст, ошно мегарданд. Дар баробари дарсҳои назариявӣ боз дарсҳои амалӣ низ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо донишҷўён матнҳоро таҳрир мекунанд ва бо онҳо шинос мешаванд. Бояд гуфт, ки миқдори соатҳои таълимие, ки дар мактабҳои олӣ барои тадриси таърихи забони тоҷикӣ, аз ҷумла даврони қадимии инкишофи забони тоҷикӣ ҷудо шудаанд, кофӣ нест. Масалан, наметавон дар ҳудудӣ 48 соат ҳам забони форсии бостон ва ҳам забони форсии миёна, чунон ки мебояд, таълим дод. Албатта, барои ин миқдори изофии дарсҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ лозим аст, то ки донишҷўён дар бораи давраи тамаддуни мардуми тоҷик, махсусан давраи инкишофи таърихи забони тоҷикӣ маълумоти бештаре пайдо кунанд.
Азиз Мирбобоев он андешаро, ки ҷавононро ба бетаваҷҷуҳӣ гунаҳкор мекунанд, рад намуда, мегўяд: “Фикр намекунам, ки ин гуноҳи ҷавонон бошад. Пеш аз ҳама ҷавононро шавқманд бояд кард, барои омўзиш шароит муҳайё кардан зарур аст. Боз ҳам такроран мегўям, миқдори дарсҳое, ки барои донишҷўён пешбинӣ шудаанд, кофӣ нест. Донишҷўён бо ин миқдор соат мукаммал ва пурра доир ба осори хаттии давраи Ҳахоманишиниён маълумот ба даст оварда наметавонанд. Вақте миқдори донише, ки барои шогирдон медиҳем маҳдуд аст, дар ҳамон доира шогирд ҳам маҳдуд мемонад. Мутахассисоне, ки имрўз омода мешаванд, ояндаи фарҳанг, тамаддуни тоҷик, яъне ояндаи миллат мебошанд. Агар имрўз ин замина суст бошад, чӣ гуна оянда месозанд, ин ба кўрдилии фарҳанг оварда мерасонад. Маҳз ин нуқсонҳое, ки дар низоми таълим ҳастанд, нигилизму манқуртизмро мепарваранду ба вуҷуд меоранд ва миллатеро месозанд, ки ба фарҳангу тамаддун, ба гузаштаи таърихи худ дигар таваҷҷуҳе надорад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки забон гум карданд, фарҳангу таърихи гузаштаи худро намедонанд. Умуман ба арзишҳои миллии худ эҳтиром намегузоранд. Чаро? Зеро чунин шароит наслеро парварид, ки тафаккури дигар дорад ва он насл дигар барои бозгаштан ба он тафаккури пешинаи фарҳангдустӣ имкон ва таваҷҷуҳ ҳам надорад. Насле, ки пас аз он меояд боз ҳам сусттар мешавад. Аз ин нуқтаи назар имрўз бояд барои тарбияи зиёиён ва равшанфикроне замина гузошт, ки фардои дурахшони маънавии халқи тоҷикро созанд”.

Сайри таърих
Сайфиддин Мирзоев, мудири шуъбаи забони Пажўҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва меросии хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзўи мазкур чунин гуфт: “Агар ба таърихи халқи тоҷик ё ориёиҳо назар афканем, хати аввалини мо бо номи хати мехӣ шуҳрат пайдо карда буд. Чаро ин хатро хати мехӣ номиданд? Барои он ки аломатҳои он ба мех монанд буд. Маълум аст, ки тоҷикон дар давоми 3000 соли охир чандин маротиба хату имлои худро тағйиру такмил доданд. Чунончи, дар асрҳои 5-7 пеш аз милод, дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиниён хати мехӣ ҷорӣ гардид, ки характери ҳиҷоӣ дошта, дорои 36 аломат буд. Он хати аввалини форсии қадим, хати расмии сулолаи Ҳахоманишиҳо буд, ки аз асри 7 пеш аз милод то истилои Искандари Мақдунӣ (соли 330 пеш аз милод) ҳукумат доштанд ва давлати онҳо яке аз давлатҳои бузургтарини ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Хати мехӣ, ки Ҳахоманишиён чун хатти расмии давлатӣ қабул карданд, дар Бобулистони қадим пайдо шуда буд. Подшоҳони Ҳахоманишинӣ танҳо шакли ин хатро қабул карданд. Аломатҳои хати мехии онҳо аз хати мехии бобули ва ошўрӣ фарқ дошт ва аз ин рў хати мехии Ҳахоманишиён хати форсии қадим ном гирифтааст. Форсҳои қадим ба аломатҳои хати мехии бобулӣ ва ошўрӣ аломатҳои дигареро зам намуданд, ки бо онҳо садонокҳои забони худро ифода мекарданд. Ақидаи дигар вуҷуд дорад, ки гўё хати мехии форсии қадим аз хати мехии мидиягӣ ба вуҷуд омадааст, вале аз хати мидиягӣ то замони мо ҳеҷ аломате боқӣ намондааст. Хати мехии форсии қадим баъди аз байн рафтани сулолаи Ҳахоманишиён фаромўш шуд. Хати мехии форсии қадим хати ҳиҷоист, яъне як аломат ба як ҳамсадо ва як садонок (мисли б-а, ф-а, д-а) баробар аст. Он 36 аломат дошт ва аз чап ба рост навишта мешуд. Танҳо чаҳор калима (бумӣ-замин, кишвар худо-номи Аҳурамаздо, шахсия-шоҳ; даҳю вилоят)-ро ба аломатҳои махсус ишора мекарданд, ки аз он хати калимавӣ боқӣ монда буд. Аз 36 аломати хати мехии форсӣ се ададаш ҳарфи садонок, бисту дутоаш ҳамсадо+а, ҳафтоаш ҳамсадо+у ва чортааш ҳамсадо+и буд. Чунон ки маълум аст, хати мехӣ дар порчаҳои гилӣ навишта мешуд. Шоҳони ҳохаманишӣ корнамоиҳои худро дар санги мақбараҳо аз кўҳи Бесутун навиштаанд. Қадимтарин навиштаҷоти хати мехии форсии қадим ба номи Дорои 1 алоқаманд аст. Баъзан ихтирои ин хатро ба ў нисбат медиҳанд, Гарчи ин фикр дуруст нест, вале Доро барои ихтироъ ва ривоҷи хати мехии форсии қадим кўшишҳо карда, корнома ва ғалабаҳои худро бо он дар кўҳи Бесутун сабт кардааст (Кўҳи Бесутун 60 километр дуртар аз шаҳри Шероз воқеъ гаштааст).
Хат аз замонҳои қадим то айёми мо роҳи тўлонии басе мураккабу печидаеро тай намудааст, марҳалаи зиёди такомулро аз сар гузаронидааст. Пайдоиш ва такомули хат ва таърихи умумии тамаддуни башарӣ бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Натиҷаи тадқиқоту рисолаҳои сершумори мутахассисони таърихӣ, аз ҷумла офаридаҳои В.А Истрян, И. М. Дяков, А. Афсаҳзод, Қ. Қаҳҳоров доир ба таърихи пайдоиш ва сайри такомули хат равшан нишон медиҳанд, ки тамоми асосии инкишофи хат ва доираи интишори он дар ҳар давру замон ва дар ҳар сохти иҷтимоӣ бо ҳаёти сиёсию идеологӣ, бо комёбиҳои маданияти умумии давр ва аҳли ҷамъият сахт алоқаманд будааст. Лекин дар ин ҷараён ҷиҳати муҳим он аст, ки инсоният ҳамеша барои аз хати мураккаби душворнавису душворхон ба хати содаи осоннавису осонхону сабук, аз хати сода ба хати боз ҳам содатар гузаштан кўшиш мекардааст, то ки амиқияти графикии ифодаи фикру содагии онро ба дараҷаи аъло расонад, саводомўзию саводнокиро сабуку осон кунад. Майли сабуку осон кардани кори саводомўзӣ, ба таври саҳеҳтар ба наслҳои оянда мерос гузоштани натиҷаҳои таҷрибаҳои гузаштагону осори маънавии замони худ, осори илму фарҳанг, ҳунару санъат, адабиёти баъдӣ, ҷиддан баланд бардоштани дараҷаи саводнокии кулли аҳли ҷомеаи ҳозираву оянда, тараққии мунтазами маориф ва илму маданият ба ҳамин ҷиҳати фаъолияти одамон сахт вобаста аст”.
Агар ба таърихи пайдоиш ва инкишофи хат некў назар андозем, мебинем, ки он чаҳор марҳилаи асосиро тай кардаасту аз нуқтаи назари мазмуну моҳият ва принсипҳои бунёдии худ бар чаҳор навъ аст:
-хати ҷумлавӣ (фразограмма), ки намунааш хати мусаввари Мисри қадим мебошад;
- хати калимавӣ (логограмма), ки намунааш хати чинист ва калимавии хитоӣ бо баъзе тағйиру такмилот бо таъсири хати ҳиҷоӣ дар байни халқҳои Шарқи Дур, чунончи Корея ва Япония, маълум аст;
- хати ҳиҷоӣ (силлабограмма), ки хатҳои қадимии халқҳои эронӣ ба ҳамин гурўҳ дохил мешаванд;
- хати овозӣ (фонограмма), ки беҳтарин намунааш хати лотинист.

Дар ҳақиқат хат яке аз арзишҳои муҳими фарҳангӣ ва тамаддунофари тамоми халқи ҷаҳон мебошад. То ихтирои хат инсон қодир набуд, ки донишу таҷрибаҳои худро ба сурате пойдору бардавом сабт кунад. Бо мактуб шудани донишҳову ганҷинаҳои зеҳнӣ батадриҷ теъдоди ин манобеъ афзоиш ёфт ва башар ба фазову маконе барои ҳифозат ва нигаҳдорӣ аз ин манобеъ ниёз пайдо кард. Дар ин шароит пояҳои аввалияи китобхонаҳо пайрезӣ шуд ва таи такомули таърихии худ ва пас аз фарозу нишебиҳои фаровон роҳи худро дар тамаддуни башарӣ ҳамвор кард ва ба унвони яке аз сангбиноҳои таърихи тамаддун ба ҳаёти худ идома дод.
Ҳасан АЗИЗОВ









Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: