ПОЙТАХТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН28-02-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 530 нафар
Назарҳо: 0
57 сол муқаддам бори нахуст ба шаҳри Душанбе омада будам. Дар вақтҳои бекорӣ шаҳрро тамошо мекардам ва бисёр мехостам, ки донишҷў шаваму давраи муайяне дар оғўши ин шаҳри зебо бошам. Хушбахтона, ин орзуям амалӣ шуду ба шўъбаи немисии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омўзгорӣ шомил шудам. Он вақт ба ман ду чиз маъқул буд. Аввал кори муътадилу бонизоми нақлиёти ҷамъиятӣ. Дуввум дар масофаи на кам аз 30-40 метр дур аз роҳи калон ҷойгир будани биноҳо, агарчӣ ҳамагӣ 3 ё 4 ошёна буданд. Вақте ки аз нақлиёт мефароӣ, то расидан ба даромадгоҳ (хона, хобгоҳ, синфхона, идора) аз ҳавои тоза нафас мегирӣ, вақтат хуш мешавад, мондагиро паси сар карда, бо табъи болида дохили бино мешавӣ. Аз саристгоҳи роҳи оҳан то боғи устод Айнӣ ҳам биноҳои истиқоматию ҳам биноҳои ташкилоту идораҳо аз роҳи калон дар масофаи 30-40 метр дур сохта шуда буданд, ки ҳусни кўчаи марказӣ ва дар маҷмўъ шаҳрро меафзуданд. Аз тарафи рост: Қасри иттифоқҳои касаба, Вазорати фарҳанг, Китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ (Палатаи ҳисоб), кинотеатри ба номи М. Горкий (телевизиони Сафина) Бинои Маҷлиси Олӣ, Вазорати кишоварзӣ, бинои ҳукумати шаҳр, Чойхонаи Роҳат, театри ба номи А. Лоҳутӣ, кинотеатри 8- март (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ). Бўстонсарои ҳукматӣ ва чанди дигар, ки он вақтҳо қисмати зебои шаҳрро ташкил мекарданд. Аз тарафи чап: кинотеатри «Ватан», қаҳвахонаи «Лола», биноҳои Донишгоҳи миллӣ, Академияи фанҳо, собиқ Бонки миллӣ, Вазоратҳои адлия, алоқа, Универмаги марказӣ, Донишгоҳи омўзгорӣ бо хобгоҳҳояш, касалхонаи кўдакона, омўзишгоҳҳои тиббию рассомӣ, Донишгоҳи тиббӣ бо хобгоҳҳояш, касалхонаи ҳукуматӣ ва ғайраҳо низ шаҳомоти хос доштанд. Ҳама биноҳои навсохт аз роҳи калон дар масофаи дур сохта мешуданд. Биноҳои Кохи Ваҳдат ва меҳмонхонаи «Авесто», ки ба ҷои биноҳои куҳна аз роҳи калон дар масофаи 100-150 метр дур сохта шудаанд ва гирду атрофашон гулгашту фаввораҳои дилнишине доранд. Ҳоло дар шаҳр сохтмони биноҳо босуръати баланд давом дорад ва аксарияти онҳо дар Осиёи Миёна назир надоранд. Қасри миллат, Осорхонаю Китобхонаи миллӣ, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ, «Душанбе- Плаза», «Кохи Наврўз» ва бисёр дигар аз ин қабил мебошанд. Мақсади дахл кардан ба масъалаи сохтмон он аст, ки бисёр биноҳои баландошёнаи навсохт дар наздикии роҳи марказӣ бунёд шуда истода, ҳусни шаҳрро костаанд. Ғайр аз ин ба сокинони хонаҳо ҳам маъқул нестанд. Чи хеле ки қайд шуд, аз нақлиёт фаромада, ҳавои тоза гирифта, бо табъи болида дохили бино шудан лозим аст, аммо… Биноҳои баландошёнаи рў ба рўи Донишгоҳҳои тиббию омўзгорӣ, гардиши меҳмонхонаи «Тоҷикистон», «Душанбе- Плаза» ва бинои рў ба рўи он ба роҳи калон хеле наздик сохта шудаанд, ки дар гирду атрофи онҳо имконияти бунёди гулгашту фаввораҳо нест. Бо чунин тарз дар гардиши фурудгоҳ (кўчаи Аҳмади Дониш то кўчаи Айнӣ) аз ду тараф биноҳои баландошёна сохта шуда истодаанд. Дар назди кинотеатри «Ватан» баландтарин бинои истиқоматӣ сохта истодаанд, ки на аз тарафи кўчаи Айнӣ ва на аз тарафи хиёбони Рўдакӣ имконияти бунёди гулгашту пиёдароҳҳоро надорад. Дар дигар кўчаю маҳаллаҳои шаҳр ҳам вазъият ҳамин хел аст. Баъзан мутаассифона чанд сол пештар майдончаҳои бозии кўдаконро барои сохтмони биноҳои баландошёна истифода кардаанд, агарчӣ бо ташаббуси шаҳрдори ҳозира соли сипаришуда дар назди биноҳои истиқоматӣ 80 майдончаи варзишию фароғатӣ сохта шуда, барои соли равон сохтмони аз ин бештари майдончаҳо дар назар дошта шудааст. Мақсади навиштан доир ба биноҳои баландошёна ва наздикии онҳо ба роҳҳо он аст, ки дар оянда агар ба ин хотима бидиҳам, ҳусн бар ҳусни шаҳрамон мефизоему мардум дар назди ҳавлии биноҳо фароғат мекунанд. Иқдомоту ташаббусҳои пеш гирифтаи раисишаҳр бо мақсади ба шаҳри намунавӣ табдил додани пойтахт мебошад, ки мо шаҳрвандонро бетараф намегузорад. Моҳи июни соли гузашта шаҳрро ба мисли давраҳои ҷавонӣ давр задам. Аз боғи устод Айнӣ то бинои телевизиони «Сафина» пиёда қадам задам. Аз бинои «Тоҷикматлубот» ба тарафи поён гулгашти зебоеро дида, хеле шод шудам. Пештар ин ҷо омўзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимов, Омўзишгоҳи тиббӣ, Беморхонаи кўдаконаи шаҳрӣ, Омўзишгоҳи касбӣ-техникии № 26 (ронанда тайёр мекард) ҷойгир буданд. Ин гулгашти зебо дар рў ба рўи Бўстонсарои ҳукуматӣ воқеъ аст ва табъи меҳмонону сокинони шаҳрро болида мегардонад. Вақте поёнтар омадам, бинои баландошёнаи зебоеро дидам, ки «Рўдакӣ- Плаза» ном доштааст. Яъне ба номи Одам-уш-шуаро калимаи хориҷиеро илова кардаанд. Магар ба номҳои Хемменгуей, Шекспир, Гёте, Мопассан ва дигарон ягон калимаи форсӣ ё русиро илова мекунанд? Бигзор касе ин биноро сохта бошад. Бино дар шаҳри Душанбе аст-ку? Рўзи дигар аз назди Донишгоҳи аграрӣ ба воситаи кўчаи Карамов ба тарафи Лучоб, ба зиёрати оромгоҳи бузургони халқи тоҷик (руҳашон шод бод) мерафтам. Баъд аз гузаштани рўди Душанбе, аз тарафи чап боғи навбунёдеро дидам, ки дар даромадгоҳаш «Боғи Хайём» навишта шуда буд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳр хеле шод шудам ва фикре ба сарам омад. Дар даромадгоҳи боғ хаймаи хоксоронае сохта шавад ва падари рубоии олам – Умари Хайём мўқалам дар даст машғули эҷоди рубоиҳо бошад. Умари Хайём хаймадўз буданду чунин ишора хеле шарҳи хубе ба ҳаёти ин бузургмард хоҳад буд. Аз масъулони шаҳр, махсусан аз Раиси ҷавону қобилиятноки он Рустами Эмомалӣ хоҳиши дигаре дорам. Шаҳри Душанбе шаҳри гулгашту боғҳост. Боғи зебоеро ба номи Саъдии Шерозӣ гузоранд. Дар даромадгоҳи боғ ҳайкал ё нимпайкараи шайх бо асарҳои оламшумулаш «Бўстон» ва «Гулистон» ҷой дода шаванд. Дар болои сари Саъдии Шерозӣ дар лавҳае мисраъҳои машҳури ў, ки бо шаш забони бузурги дунё дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню- Йорки ИМА ҳаккокӣ карда шудааст, навишта шаванд. Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ. Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ. Дар соҳили рўди Душанбе рў ба рўи шаҳрчаи Донишгоҳи миллӣ (ҷазира) хиёбони зебое бо биноҳои баландошёна бо номи Ҳофизи Шерозӣ сохта шудааст. Ин макон бисёр зебову дилчасп бунёд шудааст ва дорои гулгаштҳои аҷибе мебошад. Агар дар назди гулгашти калоне лавҳаеро бо навиштаҷоти «Гулгашти Мусалло» гузорем, худро хаёлан дар ватани Хоҷа Ҳофиз - Шероз тасаввур мекунем. Аз ин тараф Оби Рукнобод (рўди Душанбе), аз тарафи дигар «Гулгашти Мусалло». Анҷоми ин корҳои хайр рўҳи гузаштагонро шод менамоянд, ҳусни шаҳрро афзун карда, обрўю мартабаи бунёдкорон, махсусан роҳбарияти шаҳрро боло мебардоранд. Бегмат Маҳмадов, Аълочии маорифи ҶТ, н. Тоҷикобод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.