
Ба ифтихори 85-солагии Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии маорифи ҶумҳурииТоҷикистон, муаллим –методист Фотимахон Самадова дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи №4-и шаҳриХуҷанд чорабинӣ доир гардид. Раиси Кумитаииҷроияи ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар ин чорабинӣширкат карда, зимни суханронии хеш дар бораисаҳми Фотима Самадова дар пешрафти соҳаи маориф ва хизматҳои ҷамъиятиву давлатии соҳибҷашн ёдоварӣ намуд ва дар вазъияти тантанавӣ таманниёт ва тӯҳфаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳриХуҷандро тақдим кард.
Мавриди зикр аст, ки Фотимахон Саидова дар тули фаъолияти биёрсолаи омӯгории худ тавонистааст, садҳо нафар шогирдонро тарбия намуда ба шоҳроҳи олами кору бор ва зиндагӣ раҳнамун сохтааст. Имрӯз шогирдонаш дар тамоми ҷабҳои кории ҷомеаи муосир фаъолият доранд.