Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ШОИРОНА» ДАР «САФИНА» ШОИРОНА НЕСТ

«ШОИРОНА» ДАР «САФИНА» ШОИРОНА НЕСТ

18-04-2018, 09:51
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
«ШОИРОНА» ДАР «САФИНА» ШОИРОНА НЕСТ

Чандест дар телевизиони «Сафина» барномае роҳандозӣ шудааст, ки воқеан ҳадафи хубу маърифатӣ дар пеш гузоштааст. Вале ба он муваффақ нагашта. Чаро?
Мусаллам аст, ки дар фарози олам ҳар миллате нақш ва ҷойгоҳи худро дораду бо вижагиҳое муаррифӣ гаштаву шинохта мегардад, пазируфтаву эътирофмандӣ меёбад. Миллати тоҷик тўли қарнҳо бо адабиёти бою рангини хеш хоса бо назми оламгираш шинохта аст. Мо насли имрўз ва баъдӣ бояд ин ифтихорро ҳифз намоем ва идома бидиҳем.
Шоирони машҳури олам чӣ дар замони шўравӣ ва чи имрўз ин парчамро сарбаландона парафшонӣ доранд. Насли нави мо дар шеър хеле муваффақ ҳасту новобаста аз он ки мо аз таълиму тадрис дар макотиб баъзан шикояту норизоӣ дорему аз шеваи гуфтору рафтори ҷавонон аз он менолем, ки китобхон нестанд, вале истеъдодро касе ё чизе садди роҳ нест. Дар тамоми гўшаву паҳнои Ватани мо шоирони хушзавқу соҳибҳунар ҳастанд ва ин сарзамин худ шоирзост. Дарк мекунам, ки барномаи «Шоирона»-и «Сафина» низ ба хотири тарғиби шеърдониву шеърхонӣ миёни кўдакону мактабиён ва донишҷўён таҳия шуда, собитгари он аст, ки мо тоҷикон на аз хурдӣ ба шеъру адабиёт пайванди ногусастанӣ дорем. Шояд ҳамин ва аз ин фарохтар мақсадеро дар худ фаро мегирад ин барнома.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиёни кишвар бо ёдоварӣ аз ин барнома қайд карданд, идеяи ҳамчунин як тарҳ аз ҷониби эшон пешниҳод шудааст. Агар чунин аст, ин боз масъулияти дастандаркоронро бояд биафзояд на ҳамчуноне ки то имрўз ҳаст.
«Шоирона» дар оғоз шоиронатар буд, зеро шерърхонӣ дар он шояд аз рўйи интихоб сурат мегирифт. Вале баъдан он ба як барномаи хушку камтаъсир (аз назари мани тамошобин ва чандин ҳамсуҳбатон, ҳамкорон ва корбарони шабакаи «Фейсбук» ҳам ) бадал гашту акнун рўзе чанд бор чанд тифл ё мактабхону донишҷў рост истода қироати шеър мекунанд. Ростӣ миёни онҳо кам нафаронеро мебинем, ки сазовор барои қироати шеър ё наздикӣ ба хониши шоирона ҳастанд. Намехоҳам ин ҷо мисолҳои мушаххас биёрам, зеро аввалан онҳо ҳанўз хеле ҷавонанду дилшикаста мешаванд. Баъдан ин айби онҳо нест, ки тавониставу натавониста ба аудиторияе роҳ меёбанд, ки тамошобинонаш чандмиллиона ё аз рўйи тадқиқоти маркази «Зеркало» аз ҳама телевизиони сербинанда аст. Ин тадқиқоти чанде пеш доиршуда муайян кардааст, ки шабакаи «Сафина» миёни телевизионҳои ватанӣ дар ҷойи аввал меистад.
Пас, оё масъулини ин шабака ҳақ доранд, ки ба тамошобинонашон шеърҳои дар қироат хому хаталаро пешниҳод бикунанд? Ба фикри ман не.
Вақте ин барнома пешниҳод мешавад ва рўзе чанд бор, тамошобинон ба умеде онро тамошо мекунанд, ки аз шеърхонии ҷавонон лаззати маънавӣ бардоранд. Дар гўши хосу ом, пиру барно шеър садо бидиҳад ва адабиётамон тарғиб бигардад. Аммо аксаран шеърҳо пурхато қироат мешаванду иҷроиш беҳунарона. Аз чеҳра, тарзи қироат ва дастакзаниву доду фарёди бархе аз ширкатдорони ин барнома баръало ҳувайдост, ки гўяндаи шеър на ба маъниву мазмун ворид асту на ба вазну қофия ошно. Зеро зада дар шеър ва риояи оҳанги қироат хеле муҳим аст, то тавъам бо мазмуни он ба дили шунаванда роҳ ёбаду ғизои маънавии бомазза бигардад.
Шеърҳо ҳам дар ин барнома ҳам аз ашъори муосирон интихоб мегарданду ҳам аз классикон. Вақте ки духтарчае Ҳофизу Саъдиву Бедилу Мушфиқӣ ва ё Сайидову дигар бузургони моро бе дарки маънӣ ё бо иштибоҳ мехонанд, ман ҳикояти китоби мактабиям «Ҳофиз ва хиштрез»-ро ба хотир меорам. 50 сол муқаддам ин ҳикоят ба ман панд дода буд, ки шоир бо шунидани шеъри пурхато ба шўр омада хиштҳои рехтаи косиберо мешиканад, то ў дарк кунад, ки хато хондани шеър ба дили шоир чӣ зарбаест.
Аммо имрўз, вақте ки аз минбари яке аз шабакаҳои бонуфуз шеърро бо иштибоҳ мехонанд, ҳоли шоирон, адибон, шеършиносон, аҳли саводу андеша, хулоса ашхоси босавод чӣ мешаваду онҳое, ки бори аввал онро мешунаванд чӣ бардоште мекунанд? Ин суолест ба масъулин.
Шеър чун ҳама гуна эҷод бо кам шудани хуни дилу заҳмати шабзиндадорӣ ва омўзиши фарроху табъи баланди инсони донишманде эҷод мешавад. Хонанда ва шунавандаи шеър завқи хос ва маърифати баландеро дорост. Шеър дар баробари тарбияти ахлоқиву маънавии инсон завқро сайқал медиҳаду рўҳро навозиш мекунад. Маънии шеър вақте нишонрас аст, ки он бе иштибоҳ, яъне бе шикасти вазну қофия ва бо таъкиди маънӣ ба шунаванда бирасад. Аммо дар барномаи «Шоирона» касе парвои ин талаботро (ва даҳҳо паҳлуи дигари он ки барои дароз нашудани гап ин ҷо намеорам) надоранд ё намефаҳманд. Агар посухи шумо ин аст, ки онҳо ҳанўз кўдаканд, ман қабул надорам. зеро "Илм дар хурдӣ нақш бар санг аст». Агар кўдак чизеро азёд кунад он то ба охир дар хотираш ба ҳамон тарз нақш мебандад ва агар ин барнома ба хотири завқи эстетикии мардум асту таблиғи шеърхонї, мо бояд фаромўш накунем, ки хурдсолон тақлидро бисёр дўст медоранд. Онҳо то бузург шудану шахсият гаштан аксаран дар асоси тақлид худро ба намоиш мегузоранд. Ана ҳамон дастакзаниҳои бемаънӣ дар қироати шеър ва ё баръакс карахту беҳис азёд гуфтани шеър, гузашта аз он сарфаҳми маънӣ нарафта, бо иштибоҳ хондани он, пайравони дигар пайдо мекунад, ки ин хилофи ҳадафҳои ин барнома аст.
Чанде аз мисолҳои сабт кардаамро ҳам ин ҷо намегузорам, то боиси озори касе нагарданд, вале чун иштирокдорони ин барнома аз шаҳру навоҳии гуногунанд, маълум аст, ки онҳоро дар боғча, мактаб ва донишкадаҳо барои ширкат дар барнома ва сабти он омода мекунанд. Пас, ин иштибоҳҳо моли мураббияҳо, омўзгорон, устодонанд ва хоса масъулони барномаанд, на аз қироатгарон.
Масъулини барнома бошанд, ҳақи иштибоҳ карданро надоранд, яъне агар онҳо худ шеърдону фаҳмиши хуби вазну ҳофизаву маънӣ дошта бошанд, пас на ҳар чиро бояд ба эфир роҳ бидиҳанд.
Баъзан чунин маънӣ мебардорем, ки ин барномаро «пур» кардан мехоҳанд ё худ ҳавасу завқи интихоб надоранд. Ман чун як журналист ба шабакаи «Сафина» нарафтам, то дақиқ кунам, ки масъулин киҳоянд, яъне шахсеро, ки мавриди интиқод қарор додаам, намешиносам, аз ин рў онро беғаразона қабул фармоед. (Аксаран ба ҷойи ислоҳи камбудӣ аз матлабҳои танқидӣ ғаразу айбҷўиҳои муаллифу нашрия оғоз мешавад).
Мақсади ин матлаб беҳтар кардану бозбинӣ намудани тарзи пешниҳоди барномаи «Шоирона» аст, ки айни ҳол шоирона нест. Шоирона ин интихоби баланди мазмун, яъне шеърҳои ба тарғиб арзишдошта, қироати бехато, риояи вазну қофия дар талаффуз, дарки маънӣ ва пешниҳоди он бо ҳаракати ба мазмун мутобиқ ва аз ҳама муҳим садо ва лаҳни ширини қироатгар аст, ки дар тавъамӣ меҳри шеърро то мағз-мағзи устухон бирасонад. На чун аксар қориёни шеър хушку холиву беэҳсосу пуриштибоҳ, ки ба ҷойи завқманд кардан моро аз тамошои ин барнома дилмонда месозад.
Барои намуна қироати шеърро аз шабакаи ТМТ (ки мутаассифона ровӣ ва муаллифи шеърро нафаҳмидем, кист) бояд масъулини шабакаи «Сафина» биёмўзанд. Мусаллам аст, ки ин ҷо «профессионал»-ҳо (як зану як мард) хонданд, вале охир мақсади мо тарбияи завқ, ҷалби мардум ба шеърхонӣ , муаррифии истеъдоди шеърхонӣ ва билохира тарғиби шеъри оламгири тоҷикист. Набояд фаромўш кард, ки моро акнун на танҳо ҳамватанон, балки дар ҷаҳон метавонанд тамошо кунанд. Дастрасии шабакаҳои мо имрўз чун ҳамзабонони мо аз кишварҳои дигар ҳамчунонест, ки мо онҳоро тамошо мекунем. Пас, қироати шеър бояд то он дараҷа шоирона бошад, ки дилҳоро тасхир ва одамонро гирифтори лаҳни ширину мазмуни воло бисозад, на… чунин «ношоирона»…

Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: