Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷабре, ки поён надорад

Ҷабре, ки поён надорад

9-11-2017, 10:55
Хабарро хонданд: 562 нафар
Назарҳо: 0
Ҷабре, ки поён надорад
Нимашаб чарсаси шикастани тирезаву ғони ҷонхароши зане хоби роҳатамро вайрон кард. Саросема хеста, ба балкон баромадам. Шӯру шағаб аз тирезаи шикастаи хонае вақеъ дар қабати панҷуми бинои истиқоматии рӯ ба рӯ берун мезад. Дуғу даранг ва ҳақорати қабеҳи мардона мусалсал боло шуда, садоҳои дигарро дар хона пахш мекард.
« - Пула барор! Барор пула, падарлаънат!» - шунида мешуд фарёди пурхашму омиронае марде.
« - Охир, ман бо он пул сабун харидам!» .
Ҷавоби гиряолуду пуралами зан, ки аранге ба гӯш мерасид, бо садои зарбаи пай дар пай ба тани одамӣ бархурдани мушт ва ғиреви пургудози занона бурида шуд. Лаҳзае пас базарб тараққос зада кушода гардидани дари хона ба гӯш расид ва доду фарёди зан роҳрави зинадорро аз боло то поён пур кард. Зан бо ғирев поғундаҳоро парида-парида ба поён мегурехту марди ҷавон дунболагираш мекард.
Ниҳоят, дар қабати якум, назди баромадгоҳ мард занро дарёб кард.Чанг зада, аз миллаҳои мӯяш гирифту кашон-кашон мушту лагадкӯб карда, ӯро ба роҳрави бино дароварданӣ, шояд ба хона бурданӣ шуд. Зан аз зӯри дарде, ки аз кашидани мӯи сарашу шаттаву шаллоқи мард ба ӯ мерасид, дар тани худ печида, фиғонкашон тоб мехӯрду сахт муқобилат мекард. Тани худро ба берун, ба сӯи майдон мекашид. Бо талвоса аз қабзаи дастони анбурвор дурушту пурозори мард раҳо шудан мехост. Ҳолати аҷибе дошт дар ин ҳангом зан, ки ба диданаш ҳеҷ як марди асил , ҳеҷ як марде, ки нанги мардӣ дорад, тоб намеовард.
Ниҳоят, бо кадом як амри тасодуфе зан раҳо ёфт. Бо сару пои урёну мӯи гирдогирди сар ба қадаш парешон дар торикии шаб дар тасаввур чун аҷинагон рӯ ба гурез ниҳод. Се кӯдаки гирёнаш, ки то ин дам аз зинаи роҳрави даромадгоҳ аз пушти ӯ фуромада буданд, фиғонкашон «оча!» гуфта, бо сару тани нимбараҳна аз дунболаш давиданд. Мард дигарбора бо таъқиб аз қафои зан рафт.
Куҷо мерафт дар ин нимашаби зулмонӣ зани ҷавон, касе намедонист. Худаш ҳам намедонист. Хонаи волидон, ки охирин такягоҳи ӯст, интизораш набуд. Яқин он ҷо ҳам дар ин ҳолати шаб бо чунин аҳвол ӯро хуш қабул намекарданд. Ду-се боре, ки вай аз зарби шаттаву шаллоқи шавҳар ва рӯзгори танги нобасомон ба ҷон расида, қаҳр карда, аз хонаи шавҳар рафт, падараш ӯро бо насиҳат «хонаатро вайрон накун, духтарам. Вориси зан баъд аз худо шавҳар аст» гуфту баргардонида ақиб фиристод. Ба гумони ғолиби пирамард духтараш дар муқобили мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ карда наметавонад.
Аммо дар асл ин тавр набуд.
Ҳафт сол муқаддам Нодира мактаби миёнаро хатм карда, орзуи дар омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил кардан дошт. Волидон орзуву хоҳиши ӯро напазируфтанд. «Ҳамин қадар хонданат бас. Духтар, ки бисёр сол мактаб хонд, солаш рафта, қадраш паст мешавад, ба шавҳар баромада наметавонад. Ба духтар мардум аз хондан дида ба шавҳар баромадан муҳимтар» гуфтанду баъди як сол ӯро ба шавҳар доданд.
Ростӣ, ки шавҳараш Аҳмадхон аз аввал менӯшид, вале ин хел бадмасту бангию ҳангӣ набуд. Дар базаи автомобили шаҳр ронанда шуда кор мекард. Маоши хуб мегирифт. Ба Нодира муомилаи нек дошт. Вақте ки фарзанди нахустинашон Беҳрӯз ба дунё омад, аз хурсандӣ дар курта намегунҷид. Чанд бегоҳ паиҳам ба дӯстонаш зиёфат ороста, таваллуди нахустфарзандро тантана кард.
Онҳо се сол дар ҳавлии волидони Аҳмадхон зиста, пас дар маҳаллаи навбунёди шаҳр барои худ хона сохтанд. Нодира дар хонаи наву зиндагии мустақилона умеду орзу ва ормонҳои зиёде дошт. Аммо афсӯс, ки зиндагии нисбатан орому осудаашон дер давом накард. Аҳмадхон қариб ҳар бегоҳ масту аласт меомадагӣ, бо шарикони навёфташ ҳафтае чанд бор дар хона аз сари шаб то саҳар компанияи айшу нӯш барпо намуда, ҳамсояҳоро нороҳат мекардагӣ, бо онҳо дастбагиребон мешудагӣ, бо камтарин изҳори норизоии Нодира ба сари ӯ мушту лагад мебардоштагӣ, ӯро мезадагӣ шуд.
Дере нагузашта бо сабаби бадмастӣ мошинашро аз дасташ гирифта, Аҳмадхонро аз автобаза ронданд. Ва сар шуд давраи хорию зории хонавода, гурустагию сарлучию пойлучии кӯдакон.
Аҳмадхон пагоҳӣ аз хона мебаромаду бегоҳӣ ё нисфи шаб бо дасти холию кисаи холӣ масти лояқил бармегашт. Парво надошт, ки аҳли байташ чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад. Дар пайи кори нав пайдо кардан ҳам набуд. Нодира шунид, ки шавҳараш дар кӯчаю бозор гашта, аз мардони шиносу ношинос пул талабида, арақ мехӯрдааст. Ҷавонзан худ ҳам ба ҳолати талбандагӣ афтода буд. Аз ҳамсояҳо як пиёла равған, як дона пиёзу ду дона картошка талабида, ишками гуруснаи фарзандонашро, ки аллакай се нафар шуда буданд, ниму нимкола ором мекард. Вақте дар суфра гарди орде намемонд ва кӯдаконаш «оча, нон!» мегуфтанд, ноилоҷ ширмакашро пеши бағал бардоштаву дуи дигар аз қафояш, роҳи дарозро пиёда тай карда, ба хонаи падар ё бародари калониаш Саъдулло «меҳмонӣ» мерафт. Дар назди шавҳари бадмаст, ки акнун гоҳе ба хона меомаду гоҳе не, агар аз ҳоли зораш , аз хорию зории фарзандон лаб кушояд, вай девонавор дар ғазаб шуда, !Ту ба кӣ гап мезанӣ? Ба сари ман акнун хӯҷаин шудӣ?!» гуфта, мушти гиреҳашро ба кор медаровард. Ҳоли табоҳи Нодира табоҳтар мешуд. Шавҳараш аз назари ӯ гашта буд. Аз як амали зишту шармовар то амали зишту шармовари дигараш башараи қабеҳи мастонааш дар назараш торафт манфуру манфуртар менамуд.
Гоҳо, вақте ки Аҳмадхон тасодуфан рӯзона дар маҳалла мастомаст пайдо шуда, рӯ ба сӯи хона меомаду як тӯда бачаҳои хурдсол аз пушт ӯро мазоҳу масхаракунон ба сӯяш санг андохта, то дами дарвозаи ҳавлиаш дунболагир мешуданд, Нодира аз ору номус намемурду бас. Ҷои пинҳои шудан намеёфт, то афту башараи хуконаи шавҳарашро набинад.
Аҳмадхон бошад, ба ҳамаи ин шармандагӣ парвое надошт ва ҳеҷ майли ислоҳ шудан ҳам намекард. Баракс, нигоҳи пурнафрати занаш Нодираро ба худаш пай бурда, оташи ғазабаш аланга мегирифт. Ин нигоҳ хосса вақте сӯзону пармакунанда ва ниҳоят ғашовар ба чашму дили Аҳмадхон мехалид, ки вай як поси шаб гоҳе масту гоҳе аз мастӣ берун майли бо Нодира ҳамхобагӣ кунаду ба муқобилати сахти зан дучор гардад. Дар ин ҳолатҳо вай аз рӯи ақидаи куҳнаю нангини мардони дурушту дағали аз маърифат дуру ба зан чун ба моли рӯзгорашон муносибатдошта «як-ду шатта фурорӣ, ором мешавад ва коратро буд карда мегирӣ» амал карда, ҷисми ӯро то аз мадор рафта, беҳолу нафастанг шудан зери мушту лагад гирифта, пас, ҳайвонтабиатона ба як тарзи ниҳоят манфур болои зан шаҳват меронду нафси шуми худро қонеъ мекард. Аз чунин кирдори разилона ва намоишкорона иззати нафсу шаъни зани ҳалоли никоҳӣ будани худро Нодира сахт поймолу таҳқиршуда дида, ҷонаш ба лаб меомад, чандин бор ба худкушӣ ризо шуда, ҳатто кӯшише дар ин нийят карда бошад ҳам, андешаи баъди сараш бепарастор мондани кӯдакони маъсумаш ӯро аз ин амал бозмедошт. Вай ба ҳамсоязанҳои қарину ҳамдил, агарчи онҳо худ дида, хуб огоҳ буданд, дар суҳбат аз тангии рӯзгори нобасомонаш шикоят мебурд, вале дар бораи ин «нағмаҳо» - и шабонаи Аҳмадхон чизе гуфтанро аз одоб берун медонист.
Шахсе, ки ақлу фаросат дораду андаке ирода ва аз маърифат дур нест, дар зиндагӣ боре бо роҳи хато рафту хатое содир кард, пайи ислоҳи он шуда, мекӯшад, ки хато дубора такрор наёбад. Вале онеро, ки бефаросат асту беирода ва аз хатои кардааш ҳеҷ ибрат намегирад, ба сараш аз паси хато хатову аз паси бало балои нав меояд. Бадмастию нашъамандӣ ба Аҳмадхон бас набуд магар, ки ба қиморбозӣ дода шуд. Акнун андак пули аз одамон талбидааш ва чанд сомониякеро, ки бо роҳи фиреб аз ашхоси шиноси зудбовар қарз гуфта мегирифт, ба шаробу қимор мезад. Нодира аз «ҳунар» - и нави шавҳар вақте дарак ёфт, ки гӯшвори тиллои бародари калониаш Саъдулло дар тӯйи арӯсиаш туҳфакарда аз дохили чойнаки ҷевон ва ҳафтае пас пироҳани нисбатан нави ба тӯйу маърака мепӯшидагиаш аз хона гум шуд.
Аҳмадхон акнун бисёр шабҳо ба хона намеомад. Нодира бо кӯдаконаш шабҳоро бо саду як хаёли мағшуш рӯз мекард. Кӯдаки ширхораи гаҳворагиаш ғизои хуб надошт, шаби дароз мегирист. Модар, ки худ аз камғизоӣ дар пистонаш шир надошт, барои ором кунондани ӯ бисёр вақт, агар қанд надошта бошад, танҳо чой медод.
Як пагоҳӣ Аҳмадхон бо чашмони аз бехобӣ варамидаву лабу лунҷи овезон ниммасту нимҳушёр ба хона омад ва ба Нодира гуфт, ки бору бухчаашро ғундорад, ба маркази шаҳр мекӯчанд. Нодираи ҳайратзадаву карахт ҳеҷ чизро намефаҳмид. О, ин чихел мешавад? Онҳо, ки ба маркази шаҳр кӯчида раванд, дар хонаи бо ҳазор умед бунёдкардаашон кӣ зиндагӣ мекунад?
Дилаш аз пешомади нохуше гувоҳӣ медод.
- Ман ҳеҷ ҷо намеравам! – ниҳоят бухси дилаш кафиду гирист ӯ. – Ту худат ба ҳар ҷое, ки хоҳӣ, рафтан гир!
- Наравӣ, дар ин ҷо ҳам зиндагӣ намекунӣ, лаънатӣ! – шӯрид Аҳмадхон. – Ман хонаро фурӯхтам!
Субҳи рӯзи дигар додараш Назаралӣ бо рӯи рангпаридаву ҳуши парешон аз дараш даромад ва ба Нодира ҳамааш равшан шуд: Аҳмадхон хонаро дар қимор бой додааст.
Нодира фиғонкашон рӯю мӯ канду сар ба девор зад, гиристу гирист. Вале охир, бо гиря, ки нишони нотавонию бечорагист, чӣ метавон кардан?
Инак, онҳо қариб як сол боз дар маҳаллаи мо, дар ҳавлии мо дар қабати панҷуми бинои рӯ ба рӯи бинои мо иҷоранишин буданд. Ҷавонзанро медидам, ки рӯзи дароз се кӯдакаш аз пасаш фурсати дамгирӣ наёфта, ҷунбуҷул мекард: ба ошёнаи панҷум, ки об намебаромад, вай аз обрези саҳни ҳавлӣ ба боло, ба ошёнаи панҷум, рӯзе даҳ-дувоздаҳ сатил об мекашид, дар шафати обрез гилем паҳн карда, гандум шуста, дар офтоб мехушконаду дар халтае бардошта, ба осёб мебурд. Хона руфтану хамир карда, нон пухтан, шустушӯи кӯдакону либоси онҳо ва дигар корҳои дохилихонагии ӯро намедидам, фақат тасаввур мекардам.
Як пагоҳӣ ман навакак аз хона баромада, ба кор мерафтам, ки дар пиёдароҳи гузар ҷавонзане бо пойафзоли хонапӯшию халтае дар даст рӯ ба рӯям аз ҷониби гандумбозор омаду аз паҳлуям гузаштаравон оҳиста «салом» гуфт. Ман сар бардошта, ҷавонзанро шинохтам ва аҳвол пурсидам. Вай «шукр, раҳмат» гуфту истод. Бо лаби хомӯш ба рӯи ман яке зеҳн монду зуд нигоҳашро гурезонд. Лабонаш пир-пир ба паридан даромада, дар чашмони шаҳлояш ашк ҳалқа зад. Ман, ки ба дидани гиряву оби чашми зан тоб надорам, зуд хайрухуш карда, роҳамро идома додам. Ва ба хотир овардам: Анқариб якуним сол қабл бо яке аз хешовандони шавҳари Нодира – таъмиргари хуби мошинҳои сабукрав усто Ҳикматулло барои дарёфти қисми эҳтиётие ба маҳаллаи навободи каноришаҳрӣ рафта, дақиқае чанд дар ҳавлии онҳо таваққуф карда будем. Он вақт ҳам гоҳе ки усто Ҳикматулло дар саҳни ҳавлӣ аз соҳибхоназан – ҳамин Нодира ҳолу аҳвол ва куҷо будани Аҳмадхонро пурсид, дар як лаҳза чашмони ҷавонзан лиққӣ об шуданд. Вай ба хеши шавҳараш аз нокорагию бадмастӣ ва ҷабру ситами марди хона ба аҳли хонадон бо алам ба шикоят лаб мекушод. Мегуфт, ки қариб ҳар шабу ҳар рӯз Аҳмадхон аз маркази шаҳр маст омада, ӯро мурданивор мезанад. Вай аз ҷонаш безор шудааст. Агар хешони шавҳараш чорае набинанд, вай ба зулми ӯ тоб наоварда, худро ба балое гирифтор хоҳад кард.
Ҳамон вақт ман аз гуфтаҳои ҷавонзан ба ҳайрат афтода, ба рӯяш зеҳн мондам ва дидам, ки дар як чашму гӯшаи рухсораи ба он чашм наздикаш изи зарбаи муште сиёҳу кабуд метобад. Ҳамон вақт азм кардам, ки дар бораи бадкирдориҳои Аҳманхон дар рӯзнома мақолаи танқидие нависам. Вале бо мулоҳизаи некбинонаи он, ки ба девори ҳаёти оилавии бе ин ҳам ноустувори онҳо мабодо рахна занам ва Аҳмадхон ҷавон асту аҷаб не ислоҳ шавад, чизе нанавишта, хато кардам. Ҷавонзан ҳофизаи зӯр доштааст, ба як бор дидан маро боз шинохт. Шояд он вақт чикора будани маро фаҳмида, аз мани журналист кӯмаке интизор буд? Ҳоло бошад, вақте ки ман расмият ба ҷо оварда, ба саломаш алек гуфтаму аз ӯ аҳвол пурсидам, чашмони пуробаш забони гӯё доштанд, ки мегуфтанд: Ҳамаашро худатон медонед. Аҷаб не, «қаҳрамониҳо» - и Аҳмадхонро, ки арросзанон маро таги мушту лагад гирифта, маҳалларо меларзонад, борҳо дидаву шунидаед. Боз пурсидан чаро?
Бале, ҳар рӯз мо медидему шоҳиди он будем, ки ҷавонзан як лаҳза фурсати дамгирӣ надошт. Дар талоши зиндагӣ буд. Аҳмадхон бошад, дар ҳавлии мову дар хонаи иҷорааш аҳён – аҳён пайдо мешуд. Ӯ дар куҷо мегашт, касе намедонист. Баъзан ҳафтаҳо овозаш намебаромад. Гумон мекардем, ки шояд мисли дигар ҷавонмардон дар ин ҷо кор пайдо накарда, ба Русия мардикорӣ рафта бошад. Вале, ҳаҳот! Гумонамон ҳар дафъа ботил мебаромад. Вай ногаҳон нисфишабӣ ё нисфирӯзие аз қабати баланди бино мисли як саги газанда баланд ғуррида, аз ҳастии худ ба тамоми маҳалла «мужда» мерасонд. Бо баҳонае ё оддитарин шикояти занаш, амсоли «нон нест, кӯдакон гурусна» дар сари ӯ чармағз шикаста, рӯзи маҳшар барпо мекард. Нодираро мезад. Мо ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо чи тоҷиру бинокор, чи милисаву прокурор ва чи журналист ба балкони хонаамон баромада, тамошо мекардем ва ҳоло ҳам тамошо мекунем. Ҷанги зану шавҳар, разолати шавҳарро дида, масъалаи дахлнопазири оилавии он ҳарду мешумурдем. Ва боз қонунҳои давлат кор намекунанд» мегӯему дар асл худамон коре намекунем. Нишондоду тавсияҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Сарвари давлат оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, барномаи давлатӣ доир ба ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардону занон барин дастурҳои қонунӣ дорем, конвенсияву декларатсияҳои байналмилалӣ, ҳама асноду қонунҳоеро, ки ба пешгирӣ ва барҳамзании поймолкунии ҳуқуқи занону зӯроварӣ нисбат ба занон ва дигар хушунати хонаводагӣ нигаронида шудаанд, эътироф кардаем. Эътироф кардаему коре намекунем. Ва боз қонунҳо дар ин самт «кор намекунанд» мегӯему ба разолати мардони ҷиноятпеша нисбат ба занон тамошобин шуда,фарёди ҷонгудози занонро намешунавем.
Қонунҳо агар кор намекунанд, қонунҳои нонавиштаи одаму одамгарӣ, қарзи инсонии мо, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, некию шафқат, тараҳҳум ба инсон, ҳақиқату адолат ва футувватро дар худ гунҷондаанду бе касб кардани онҳо мо худро ба ҳеҷ ваҷҳ инсони комил шумурда наметавонем, куҷо шуданд?..
…Нодира ниҳоят бо кадомин як амри тасодуф ин дафъа аз чанголи шавҳари майзадаи бераҳм раҳо ёфту… рафт. Куҷо мерафт дар ин торикшаб зани ҷавон, худаш ҳам намедонист. Ин замон ҷойи ба рафтан дилпур ҳам надошт. Такягоҳ надошт. Муттако надошт. Барои зани тоҷик шавҳару хонаи шавҳар ҳама чиз аст. Аз шавҳару хонаи шавҳар, ки рафт, гирифтори маломат мешавад, номаш ба бадӣ мебарояд. Вале агар шавҳараш мисли Аҳмадхон кару кӯру гунги худозада бошад-чӣ? Ӯро дида, шунида, фаҳмида натавонаду ба орзую ҳавасҳою ниёзмандиҳояш дар ҷавоб фақат шаттаву шаллоқро донад-чӣ?
Зан дар шаби торики зулмонӣ аз торикии мард ба танг омада гурехт. Рафт. Куҷо рафт?
Куҷо ҳам рафта метавонад? Маҷбур бо се кӯдакаш ё ба хонаи волидон меравад ё ба хонаи иҷора баргашта, боз ҳама ҷабру ситами шавҳари бадхӯро таҳаммул мекунад. Ва ё таги мушту лагади шавҳари разил мемурад ё ба ҷабру ҷафои ӯ оқибат тоб наоварда, худро ба ҳалқаи дор ё коми оташ мезанад.
Дар рӯзгори мо доллар қимат дорад, хонаву қасру кушк қимат дорад, мошини боҳашамати хориҷӣ қимат дорад. Зан қимат надорад. Вай бозичаест дар дасти мо мардон,. Хоҳем, бозию дӯстдорӣ мекунем, нахоҳем, мепартоем.
Ҳар субҳи барвақт баробари аз хоб бедор шудан бо умеди нафаси тоза тирезаи хонаи хобамро калон мекушояму сар ба берун мекунам ва беихтиёр чашмам дар қабати панҷуми бинои рӯ ба рӯ ба тирезаи шикастаи хонае меафтад. Чароғи он хона хеле вақт боз намесӯзад, аз афташ дар он ҷо касе нест. Ба тирезаи шикастааш тортанакҳо тор танидаанд. Бо дидани ин манзара дили шикастаи ҷавонзани иҷоранишини он хона Нодираро пеши назар меорам ва аз дарки ҳамҷинс будани худ ба шавҳари майзадаву бадхӯи ӯ Аҳмадхон шам дошта, сахт хиҷолат мекашам. Нангам меояд. Гумон мекунам, ки он тирезаву он дилро ман шикастаам.
Ҷавонзан рафт. Куҷо рафт? Кӣ буд он? Хоҳари ман, хоҳари ту, хоҳари мо, хонандаи азиз. Хоҳаре, ки ману ту барин бародару шавҳари пуштибону муттако не, бародару шавҳари сангиндилу карахту берӯҳ ва бераҳм дорад. Бародару шавҳаре, ки алами ҳама сустию нотавонӣ, кулли бебарории зиндагиашро бехабар аз он, ки худрову ояндаи худро шикастан дорад, бо мушту лагаду тозиёна дар тани нозуки зан мешиканад.
Неъматулло ХУДОЙБАХШ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: