Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дастраси хонандагон гардиданд

«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дастраси хонандагон гардиданд

7-02-2018, 07:24
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дастраси хонандагон гардиданд
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» мунташир гашт. Муаллифон–мураттибони ин нашрияи арзишманд доктори илмҳои таърих, мушовири калони Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд. Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа», «Давлату давлатдорӣ», «Амният», «Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат аст, бори аввал ба забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баён шудаанд.

Муаллифон–мураттибон умедворанд, ки омӯхтан ва дастури кору амалу зиндагӣ қарор додани ин 31 мафҳуми калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: