Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЛИБОСИ МИЛЛӢ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ

22-01-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
    ЛИБОСИ МИЛЛӢ
Либос ҳамчун намунаи осори дастӣ дар шинохти маданияту фазилат ва фарҳангу оин бори ҳимматро ба дўш дорад. Ин осори дастӣ гувоҳи пешрафти саноат ва сатҳи рўзгори мардумро дар замонҳои мухталиф собит менамояд.
Ҳафриёт ва нигораҳои бозёфтнамудаи бостоншиносон собит менамоянд, ки халқи тоҷик аз қадимулайём нисбат ба фарҳанги либосдорӣ аҳамияти махсус медод. Тарроҳон дар либос бо нақш ва тарҳи хос фарҳанг ва фалсафаи зиндагисозро таҷассум намудаанд.
Бояд гуфт, дар аксар тасвиру нигораҳои вобаста ба суруду мусиқӣ пайдонамудаи бостоншиносон метавон маданияти либосдориро низ мушоҳида кард.
Ҳақиқати маҳз аст, ки дар ҳоли ҳозир асолати маданияти либосдории ниёгонро бештар ҳунармандон, бахусус, сарояндагону навозандагон ва раққосаҳо ҳифз менамоянд. Вале ҳар жанри мусиқӣ аз ҳунармандон ҳангоми ҳунарнамоӣ либоси хосаро тақозо мекунад.
Дунёи санъат дунёи меҳру эъҷоз аст. Дунёест, ки бо наҷобату назокат ҳамагонро мафтуну шайдои худ намуда.
Ҳар давру замон абармардонеро ба олами санъату ҳунар меоварад, ки корномаву офаридаҳои гаронарзиши эшон манбаи омўзиш ва роҳнамои аҳли дил мегардад.
Таъсиси ансамбли этнографии «Ганҷина» аз ҷониби устод Зафар Нозим иқдоми арзишманде буд, ки дар баробари аз нав эҳё намудани анъанаи овозхонии халқӣ, боз эҳёи маърифати либосдорӣ саҳм гузошта дар ин замина раванди арҷгузории мардумро нисбат ба нигоҳ доштани асолати фарҳанги либосдорӣ тақвият бахшид. Ҳунармандони ансамбли мазкур тавонистанд, ки дар баробари вусъат бахшидан ба санъати мусиқиву овозхонии суннатӣ боз дар эҳё ва ҳифзи фарҳанги либосдорӣ саҳм гузоранд.
Ҳар жанри мусиқӣ аз ҳунармандон ҳангоми ҳунарнамоӣ либоси хосаро тақозо мекунад. Ин иқдом айни замон аз ҷониби ҳунармандони жанрҳои суннатӣ хуб роҳандозӣ шуда бошад ҳам, вале аз либоси саҳнавии сарояндагони нисбатан ҷавоне, ки дар санъати эстрада табъ меозмоянд, самимона ҳарф задан таҳаммулро тақозо мекунад. Яъне аксари сарояндагони ҷавон бо тақлид либоспўшии ақвоми Ғарб ба рўи саҳна меоянд.
Эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, далели хештаншиносист. Бо боварӣ метавон гуфт, ки либос чун ҷузъи маданият шомили доираи арзишҳои фарҳангии халқҳо гардидааст. Дар ин роҳгузор ниёгони мохидматҳои шоёни таҳсинро иҷро намудаанд ва месазад, ки ҳар яки мо дар ин самт саҳмгузор бошем..
Ҳифзи куртаи чакан, атлас ва либоси сокинони Бадахшон, ки дар ин самт бештар санъаткорон саҳм доранд, арзишмандтарин иқдомест, дар нигоҳдоштани фарҳанги либосдорӣ .
Либос низ метавонад дунёи ботинии санъаткоронро бозгў намояд.
Ҳар халқу миллат дорои фарҳанги хоси худ мебошад, ки дастовардҳои маънавии ў минбаъд барои ҳамзамонон ва ояндагон ҳамчун дастурамал хидмат мекунад. Дар олами адабиёт ва санъат халқи тоҷик бо офаридаҳои арзишманди худ мавқеъи густурдаро ноил гардидааст. Дар ойинаи санъати мусиқиву овозхонӣ танҳо хунарро дидан ба матлаб мувофиқ нест, балки чеҳраи фазилат, фарҳанг, одоб ва фалсафаи зиндагӣ дар он акс ёфтааст.
Хушбахтона, пас аз Истиқлолият таваҷҷўҳи мардум ва масъулини муассисаҳои дахлдор нисбат ба фарҳанги либосдорӣ тадриҷан афзуд.
Месазад, ки ҳунармандон боз ҳам бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар саҳна рукнҳои асосии асолати фарҳанги миллиро ҳифз намоянд ва бигзор ин иқдом ҷовидона бошад.

Тағоймрод Орифӣ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: