Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚАҲВАХОНАИ СУРАТ

ҚАҲВАХОНАИ СУРАТ

16-01-2018, 10:30
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
ҚАҲВАХОНАИ СУРАТ
Нависанда, муҳандис, табиатшинос, сайёҳ ва донишманди маъруфи асри ХVIII Жак –Анри Бернарден де Сен-ПЕР соли 1737 ба дунё омада, соли 1814 вафот кардааст. Муаллифи «Пол ва Виржини» (1787), «Қаҳвахонаи Сурат» (1790), «Кулбаи ҳиндӣ» (1790), «Мутолиот дар бораи табиат» (дар 3 ҷилд, 1784), «Ҳамоҳангӣ дар олами табиат» ( дар 3 ҷилд, 1815), «Мусофират ба ҷазираи Ил-де-Франс» (1773), «Галлея» (қисми аввали китоби нотамоми «Аркадия», 1788), романи нотамоми «Амазонка» (1800-1805).
Ӯ тайи солҳои 1803-1814 аъзои Академияи Фаронса буд.
ҚАҲВАХОНАИ СУРАТ
Дар шаҳри Сурати Ҳинд қаҳвахонае буд. Мусофирону хориҷиён аз сарзаминҳои мухталиф ҳангоми убур аз он шаҳр дар он қаҳвахона ҷамъ меомаданд ва сӯҳбат мекарданд.
Рӯзе фақеҳу донишманди эроние ба он қаҳвахона омад. Вай тамоми умри хешро сарфи дину худошиносӣ карда буд. Дар ин маврид китобҳои зиёд хонда ва навишта буд. Муддатҳо кораш ин буд, ки дар бораи Худо андешад ва мутолиа кунад. Саранҷом ҳавосӣ шуд, фикраш парешон ва кор то ба ҷойе расид, ки имонаш заиф гардид.
Шоҳи Эрон аз ин моҷаро огоҳ шуд ва ӯро аз қаламрави кишвараш берун ронд.
Фақеҳи бечора, ки тамоми умри хешро дар бораи Офаридгор меандешид, ба гумроҳӣ афтод ва ба ҷойи ин, ки ба заъфи ақлу хиради худ пай барад, ба ин фикр афтод, ки он хиради волое, ки бар кавну макон ҳоким аст, дигар вуҷуд надорад.
Ин фақеҳи донишманд ғуломи африқоие дошт, ки дар ҳама ҷо дунболи вай мерафт. Ҳангоме ки фақеҳи донишманд вориди қаҳвахона шуд, ғуломи вай дар ҳаёт, пушти дари қаҳвахона дар офтоби сӯзон сари санге нишаст ва ба рондани магасҳо аз атрофи худ машғул буд. Вале арбоби фақеҳаш дар қаҳвахона бар тахте дароз кашид ва фармуд, ки ҷоме бода биёранд. Пас аз он, ки ҷомро нӯшид ва бода ба вай асар кард, ғуломи худро талабиду гуфт:
-Хуб, бигӯ бубинам, эй ғуломи манфур, ту чӣ андеша дорӣ, оё Худо вуҷуд дорад ё не?
Ғулом гуфт: - Албатта вуҷуд дорад!
Ва фавран бути чӯбии кӯчакеро аз пушти шоли камараш берун оварду гуфт: - Ин аст он Худое, ки аз рӯзи аввали зиндагиам ҳофизи ман буд. Ин Худо аз шохаи аслии ҳамон дарахти муқаддасе сохта шудааст, ки тамоми мардуми кишвари мо онро мепарастанд.
Дигарон дар қаҳвахона гуфтушуниди миёни фақеҳи донишманд ва ғуломро шуниданд ва дар шигифт шуданд. Суоли арбоб барои эшон шигифтангез буд ва посухи ғуломи африқоӣ ононро дучори шигифтзадагии бештаре кард.
Браҳмане, ки суханони ғуломро шунида буд, ба вай хитоб кард: - Аҳмақи бешуур! Магар мешавад гумон кард, ки Худо дар пушти шоли камари як одам қарор гирад? Худо якест ва Браҳма аст. Ин Браҳма аз тамоми ҷаҳон бузургтар аст, зеро тамоми ҷаҳонро ӯ офаридааст. Браҳма ягона Худованд, Худованди бузург, Худовандест, ки дар каронаҳои рӯдхонаи Ганг барои Ӯ маъбадҳое сохтаанд, Худовандест, ки пешвоёни рӯҳонӣ – броҳама хидматгузори Ӯ ҳастанд. Танҳо касоне, ки Худованди воқеиро мешиносанд, броҳама ҳастанд. То кунун саду бист ҳазор сол гузаштааст ва бо вуҷуди дигаргуниҳои бешуморе, ки дар олам падид омада, бароҳама мисли ҳамеша побарҷо ҳастанд, зеро Браҳма, ки якто Худованди ҳақиқӣ аст, аз онҳо ҳимоят мекунад.
Браҳман бо суханони худ мехост ҳамаро мутақоид кунад, вале як саррофи яҳудӣ, ки дар он ҷо ҳузур дошт, забон ба эътироз кушод. Вай гуфт:
-Нодуруст, маъбади Худованди ҳақиқӣ дар хоки Ҳинд нест, балки дар сарзамини дигар аст!.. Ва касоне, ки мавриди ҳимояти Худованд қарор гирифтаанд, касоне ғайр аз табақа ва радаи броҳама ҳастанд. Худованди ҳақиқӣ Худованди бароҳама нест, балки Худованди Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб аст. Худованди ҳақиқӣ фақат аз мардуми худ, яъне аз мардуми Исроил ҳимоят мекунад.
Худованд аз оғози пайдоиши ҷаҳон фақат мардуми моро дӯст медорад. Агар имрӯз мардуми мо бар рӯйи замин ба таври пароканда зиндагӣ мекунанд, фақат як имтиҳон аст, вале Худованд ҳамон тавр, ки ваъда додааст, мардуми худро дубора дар Байтулмуқаддас гирди ҳам хоҳад овард, то пас аз эҳёи эъҷобу эъҷози аҳди бостон, яъне маъбади Байтулмуқаддас Исроилро фармонравои ҳамаи мардуми ҷаҳон кунад.
Марди яҳудӣ бо гуфтани ин матолиб ба гиря афтод. Ӯ мехост суханашро идома диҳад, лекин марди итолиёие, ки дар он ҷо буд, сухани вайро қатъ карду гуфт:
-Он чӣ шумо мегӯед, саҳеҳ нест. Шумо ба Худованд нисбати беадолатӣ медиҳед. Худованд наметавонад мардумеро беш аз мардуми дигар дӯст дошта бошад. Баръакс, агарчи дар гузашта Худованд аз Исроил ҳимоят менамудааст, вале акнун аз замоне ки Худованд ба хотири адами ризоияти хеш аз Исроил, аз байн рафтани мавҷудияти онро фароҳам ва мардуми онро дар рӯйи замин пароканда сохт, 1800 сол мегузарад, ба тавре ки ин дин дигар на танҳо густарише надорад, балки фақат дар пораи хурде аз қатъаи дунё аз ҳасти худ дарак медиҳад. Худованд барои ҳеч миллате афзалият надодааст, балки аз тамоми ҷӯяндагони роҳи наҷот мехоҳад, то даст ба домони якто, калисои католикии Рим зананд, зеро берун аз ҳиттаи иқтидори ин калисо роҳе барои наҷот вуҷуд надорад.
Кашиши протестантӣ, ки дар он ҷо ҳузур дошт, бо шунидани суханони марди итолиёӣ рангаш парид ва ба таблиғгари католикӣ чунин посух дод:
-Чӣ гуна ба худ иҷоза медиҳед бигӯед, ки роҳи наҷот танҳо дар пайравӣ ба ойину кеши шумост? Донед ва огоҳ бошед, ки танҳо касоне наҷот хоҳанд ёфт, ки дар асоси китоби Инҷил ва бар тибқи ҳақиқату қонунҳои Исои Масеҳ дар роҳи Худо хидмат кунанд.
Он гоҳ марди турк, корманди гумруки Сурат, ки дар он ҷо нишаста бо виқор саргарми кашидани чубуқ буд, рӯ ба он марди масеҳӣ кард ва гуфт: -Имони шумо ба ҳақиқати дини римии худатон беҳуда аст. Шашсад сол аст, ки дини ҳақиқии ҳазрати Муҳаммад (с) ҷойгузини дини шумо шудааст. Ба тавре ки худатон мебинед, дини ҳақиқии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам дар Аврупо, ҳам дар Африқо, ҳам дар Осиё ва ҳатто дар Чини бофарҳанг густариши рӯзафзун дорад. Худи шумо иқрор кардед, ки яҳудиёнро Худованд аз худ дур кард ва ҳақорати яҳудиёну адами густариши дини ононро далели ин муддао медонед. Ҳаққонияти дини ҳазрати Муҳаммад (с) имон дошта бошанд. Ва танҳо пайравони ҳазрати Умар (а) аз ин шуморанд, на муътақидони ҳазрати Алӣ (к.в.), ки аз ҷумлаи мушриконанд.
Дар ин ҳангом фақеҳи эронӣ, ки пайрави тариқати Алӣ (к.в.) буд, хост эътирози худро изҳор намояд. Вале дар қаҳвахона байни тамоми хориҷиёне, ки пайрави дину мазҳаби мухталифе буданд, ихтилофи бузург даргирифт. Дар миёни эшон масеҳиёни ҳабашӣ, ламаҳои ҳиндӣ, пайравоне аз фирқаи исмоилия ва теъдоде оташпараст ҳузур доштанд. Ҳамагӣ даргири масъалаи ҳақиқати Худо ва чигунагии тарзи парастиши Ӯ буданд. Ҳар як аз эшон таъкид бар он дошт, ки фақат дар кишвари вай Худои ҳақиқиро мешиносанд ва медонанд чӣ гуна бояд Худоро парастид.
Ҳамагӣ дар баҳсу фарёд ширкат доштанд. Фақат марди чиние аз шогирдони мактаби Конфутсий, ки дар гӯшаи қаҳвахона нишаста буд, дар баҳсу гуфтушунид иштирок намекард. Вай саргарми нӯшидани чой буд ва ба суханоне, ки гуфта мешуд, гӯш медод, вале худаш сокит буд.
Марди турк дар ҳини мубоҳиса мутаваҷҷеҳи марди чинӣ шуд ва хитоб ба вай гуфт: -Эй некмарди чинӣ, лоақал ту аз ман тарафдорӣ кун. Ту сокит ҳастӣ, ҳол он ки метавонӣ ба тарафдорӣ аз ман матлабе бигӯйӣ. Ман медонам, ки дар Чини шумо акнун адёни гуногуне ривоҷ дорад. Бозаргонони шумо борҳо ба ман гуфтаанд, ки мардуми Чин исломро беҳтарин дин мешуморанд ва онро бо камоли шавқ мепазиранд. Пас биёву суханони маро тасдиқ кун ва бигӯ, ки ту дар бораи Худованди ҳақиқӣ ва Расули Ӯ (с) чӣ андеша дорӣ…
Дигарон низ ба марди чинӣ гуфтанд:
-Бале, бале, бигӯ, чӣ андеша дорӣ?
Марди чинӣ чашмони хешро пӯшида даме фикре кард ва сипас чашмони худро кушод, дастҳоро аз остинҳои кушоди ҷомаи хеш берун овард ва бар синаи худ барҳам ниҳод ва бо садои мулоиму ором ба сухан даромад ва гуфт:
-Ҷанобон, ман гумон мекунам, он чӣ беш аз ҳама монеъи тавофуқу ҳамоҳангии мардум дар амри дину ақида аст, худраъйӣ, ҳайсият ва нафси мардум аст. Агар шумо заҳмати шунидани суханони маро дошта бошед, ман ин масъаларо бо як тамсил бароятон ҳал мекунам.
Ман бо як киштии англисӣ, ки даври ҷаҳонро гашта буд, аз Чин ба мақсади Сурат ҳаракат кардам. Дар байни роҳ ба хотири захира кардани об дар каронаи шарқии ҷазираи Суматра лангар андохтем. Ҳангоми зуҳр аз киштӣ пиёда шудем ва дар соҳили дарё, дар наздикии деҳкадае дар он ҷазира дар сояи нахлҳои норгил бар замин нишастем. Ҷамъи мо иборат буд аз чанд нафаре аз сарзаминҳои мухталиф.
Вақте, ки дар он ҷо нишаста будем, марди кӯре ба назди мо омад. Ин мард, ба тавре ки баъдан огоҳ шудем, ба иллати ин ки муддати мадид ва бо шилқинӣ ба қурси хуршед нигоҳ мекард, нобино шуда буд, зеро исрор дошт бифаҳмад, ки офтоб чист. Ҳадафаш аз нигоҳ кардан ба хуршед ин буд, ки нури хуршедро дар ихтиёри худ гирад. Ӯ муддатҳо талош карда ва илмҳои гуногунро ба кор гирифта буд, дилаш мехоста чанд шуоъе аз хуршедро бигирад, дар зарфи шишагӣ бирезад ва дарашро маҳкам бубандад. Муддати мадиде дар талош буда ва ҳамвора ба хуршед нигоҳ мекарда, вале муваффақ нашуда, балки чизе ки насибаш шуда, ин аст, ки чашмонаш бар асари нури офтоб мариз ва ниҳоят кӯр шудааст. Пас аз кӯр шудан пеши худ гуфтааст:
-Нури офтоб ҷисми моеъе нест. Зеро агар моеъ буд, мешуд онро аз тарафе ба тарафи дигар рехт ва мисли об бар асари вазиши бод ба ҷунбишу ҷилва медаромад. Нури хуршед оташ ҳам нест. Зеро агар оташ мебуд, дар об хомӯш мешуд. Нури хуршед рӯҳ ҳам наметавонад бошад, зеро онро мешавад дид. Нури хуршед ҷисм ҳам нест, зеро наметавон онро ба ҷунбишу ҳаракат даровард. Агар нури хуршед на моеъ аст, на оташ аст, на рӯҳ аст ва на ҷисм аст, пас бинобар ин нури хуршед ҳеҷ аст.
Натиҷагириҳои ин марди кӯр чунин буд ва замоне ба хотири ин ки доиман ба курси хуршед нигоҳ мекарда ва дар бораи хуршед меандешид, ҳам нобино шуда, ҳам ақли худро аз даст дод. Замоне, ки комилан нобино шуд, ба набудани хуршед эътиқоди комил пайдо мекунад.
Ғуломи ин марди кӯр низ ба иттифоқи арбобаш ба назди мо омад. Ӯ арбоби худро дар сояи нахли норгил нишонда, норгиле аз рӯйи замин бардошт ва саргарми сохтани шабчароғ аз он норгил шуд. Ӯ аз нахи норгил фатилае дуруст кард, миқдоре аз рӯғани норгилро фишурда, дар пӯсти норгил рехт ва сипас фатиларо дар он фурӯ бурд. Вақте, ки ғулом саргарми сохтани шабчароғи хеш буд, марди кӯр нафаси роҳат бароварда ба вай гуфт:
-Хуб, бигӯ бубинам, эй ғулом, ин ки ба ту гуфта будам, ки хуршед вуҷуд надорад, оё ҳақиқат дорад? Мебинӣ, чӣ қадар торик аст, дар сурате, ки ҳама мегӯянд хуршед… хуршед дигар чист?
Ғулом гуфт: - Валлоҳ, ман намедонам хуршед чист. Ман бо хуршед коре надорам. Вале медонам нур чист. Инак ман як шабчароғ дуруст кардам. Ман аз рӯшноии он истифода хоҳам кард ва бо он метавонам барои ту низ хидмате анҷом диҳам ва ҳама чизро дар каппаи худ пайдо кунам.
Ғулом пӯсти норгили худро ба даст гирифт. Ӯ мегуфт: - Хуршеди ман ин аст.
Марди ланге бо асои зери бағали хеш он ҷо нишаста буд. Ӯ бо шунидани ин гуфтушунид ба ханда афтод ва ба марди кӯр гуфт:
-Маълум мешавад ту кӯри модарзод ҳастӣ, ки намедонӣ хуршед чист. Ман ҳоло ба ту мегӯям, ки хуршед чист. Хуршед кураест оташин ва ин кура ҳар рӯз аз дарё сар бармеоварад ва ҳар шаб дар кӯҳистони ҷазираи мо бар замин менишинад. Ин воқеъиятро ҳамаи мо мебинем, ту низ, агар бино мебудӣ, метавонистӣ бубинӣ.
Марди моҳигир, ки дар он ҷо ҳузур дошт, бо шунидани ин суханон ба он марди ланг гуфт:
-Маълум мешавад, ки ту ба ҷуз аз ҷазираи худатон ҷойи дигареро надидаӣ. Агар ту ланг набудӣ ва дар дарё сафар мекардӣ, он вақт мефаҳмидӣ, ки хуршед дар кӯҳҳои ҷазираи мо фуруд намеояд, балки ҳамон тавр, ки аз дарё сар мебарорад, ҳамон тавр дубора шаб ба дарё сар фурӯ мебарад. Он чӣ мегӯям, ҳақиқат дорад, зеро ҳамарӯза ин падидаро бо чашмони худ мебинам.
Марди ҳинду, ки дар он ҷо буд, бо шунидани ин сухан гуфт: - Ман тааҷҷуб мекунам, ки чӣ гуна одами оқил метавонад чунин ҳарфҳо бигӯяд. Магар мумкин аст, ки курае оташин дар об фурӯ равад ва хомӯш нашавад? Хуршед аслан дархӯри он аст, ки бигӯем кураи оташин нест, балки бигӯем хуршед Худост. Номи ин Худо Дэва аст Ин Худо савор бар гардунаи худ дар осмон ба даври кӯҳи тилоии Мерува гардиш мекунад.
Гоҳе иттифоқ меафтад, ки ду аждаҳои хашмгин ба номҳои Рагу ва Кету бар Дэва юриш оварда, ӯро фурӯ мебаоанд ва он гоҳ ҳама ҷо торик мешавад. Лекин коҳинони мо сар ба дуо мегузоранд, то Худо озод шавад ва он гоҳ Худо озод мешавад. Фақат мардуме чун шумо беиттилоъ, ки ҳаргиз ба хориҷ аз ҷазираи худ сафар накардаанд, мумкин аст тасаввур кунанд, ки хуршед фақат бар ҷазираи онҳо партав меафканад.
Дар ин ҳангом марде, ки молики як киштии мисрӣ буд ва дар ин ҷо ҳузур дошт, ба сухан даромад ва гуфт:
- Ин матлабе, ки гуфта шуд, дуруст нест. – Хуршед Худо нест ва фақат ба даври Ҳиндустон ва кӯҳи тилоии он гардиш намекунад. Ман ҳам дар баҳри Сиёҳ, ҳам дар каронаҳои Арабистон шиновариҳои бисёре кардаам, ба Мадагаскар ва ба маҷмаъулҷазоири Филиппин сафар кардаам. Хуршед ба тамоми сарзаминҳо метобад, фикр накунед, ки танҳо ба сарзамини Ҳиндустон метобад. Хуршед ба даври як кӯҳ низ намечархад. Хуршед аз саоҳилҳои сарзамини Ҷопон бармехезад ва аз ин рӯ, он ҷазираҳо Япон номида мешаванд, ки ба забони ҷопонӣ, яъне пайдоии хуршед ва дар нуқтаи бисёр-бисёр дур дар ғарб, яъне дар он сӯйи ҷазоири Англия фуруд меояд. Ман аз ин мавзӯъ ба хубӣ огоҳам, зеро ҳам худам борҳо дидаам, ҳам чизҳои бисёре аз падарбузургам шунидаам. Падарбузурги ман то интиҳои канораҳои уқёнус киштиронӣ кардааст.
Вай мехост матолиби дигаре низ бигӯяд, лекин матроси англиси киштии мо сухани ӯро қатъ карду гуфт:
-Ҷуз Англия сарзамине вуҷуд надорад, ки мардумаш ба хубӣ аз чигунагии гардиши хуршед огоҳ бошанд. Мо мардуми Англия ҳамагӣ медонем, ки хуршед аз ҳеч куҷо барнамехезад ва дар ҳеч куҷо намехобад, балки ба даври замин мечархад. Мо ба хубӣ аз ин масъала огоҳ ҳастем, зеро худамон низ ҳамакнун даври заминро гаштем ва дар ҳеч куҷо ба хуршед барнахӯрдем. Хуршед дар ҳама ҷо, мисли ҳамин ҷо, субҳ намудор мешавад ва шаб аз назар пинҳон мегардад.
Дар ин вақт матроси англис чӯбе бардошт ва рӯйи замини хокӣ доирае кашид ва ба шарҳи чигунагии ҳаракати хуршед ба даври замин дар фазои осмон пардохт. Лекин вай натавонист мақсуди худро ба хубӣ шарҳ диҳад, маҷбур ишорае ба суккондори киштии худашон кард ва гуфт:
-Ӯ ба ҳар ҳол огоҳии бештаре аз ман дорад ва тамоми ин масъаларо беҳтар аз ман бароятон шарҳ медиҳад.
Суккондор марди бофаросат буд ва то замоне ки ба ӯ муроҷиат накарда буданд, дар камоли сукут ба суханоне, ки гуфта мешуд, гӯш медод. Вале акнун, ки таваҷҷуҳи ҳама ба ӯ нигаронида шуд, ба сухан даромад ва гуфт:
-Ҳамаи шумо якдигарро фиреб медиҳед ва худатон низ фиреб мехӯред. Хуршед ба даври замин намегардад, балки замин аст, ки ба даври хуршед мечархад, илова бар он, ба даври худ низмечархад ва дар арзи бисту чаҳор соат ҳам чеҳраи Ҷопон, ҳам чеҳраи Африқо, ҳам чеҳраи Аврупо, ҳам чеҳраи Осиё ва бисёре аз сарзаминҳои дигарро ба сӯйи хуршед мегардонад. Нурафшонии хуршед на фақат барои як кӯҳ ё барои як ҷазира ё барои як баҳру уқёнус ва ҳатто на фақат барои кураи замин, балки барои сайёрагони бисёре чун замин низ аст. Тамоми ин воқеъиятро ҳар як аз мо метавонад дарк кунад, ба шарте ки ба ҷойи нигоҳ кардан ба зери пойи хеш ба боло, ба осмон бингарад ва ҳиёл накунад, ки хуршед танҳо барои ӯ ва фақат барои ватани ӯ нурафшонӣ мекунад.
Ин буд суханони суккондоре, ки борҳо даври ҷаҳон гардида буд ва борҳо ба самти боло, ба осмон нигариста буд.
Марди чинӣ, яъне шогирди мактаби Конфутсий, ба суханони худ идома дод:
-Оре, гумроҳӣ ва набудани ҳамрайъиву ҳамоҳангии мардум ба хотири риояти ҳайсият ва иззати нафсу худраъйӣ аст. Ҳадиси Худо ҳамон ҳадиси хуршед аст. Ҳар касе, ки мехоҳад Худои махсуси худ ё лоақал Худои махсуси сарзамини унсгирифтаи худро дошта бошад. Ҳар миллате мехоҳад Худоеро, ки тамоми мардуми ҷаҳон аз дарёфту дарки он оҷиз ҳастанд, дар оғӯши маъбади худ қарор диҳад. Оё ҳеҷ маъбаде метавонад бо маъбаде, ки худи Худованд ба манзури пайвастани тамоми мардум дар он маъбад ба як ақида ва як дин бино ниҳодааст, баробарӣ кунад?
-Тамоми маъбадҳои башарӣ аз рӯйи намунаи ҳамин маъбад, яъне кавну макон ва кайҳони Худованд сохта шудааст. Дар тамоми маъбадҳо лагани ғусли таъмид вуҷуд дорад, гунбад, чароғ, шамоили бузургони дин, катиба, китоби усули дин, ашёи мувофиқи табъи меҳроб ва коҳин вуҷуд дорад. Оё маъбаде суроғ доред, ки лагани ғусли таъмиди он ба бузургии уқёнус бошад, ки гунбади он ба андозаи гунбади осмон бошад, ки чароғҳои он баробар бо хуршед, моҳу ситорагон бошад, ки шамоилҳои он монанди мардуми зиндае, ки муҳаббат меварзанд ва ба якдигар кӯмак мерасонанд, бошад? Оё катибаҳое дар бораи марҳамату иноёти Худованд суроғ доред, ки гӯёӣ ва вузуҳи онҳо монанди лутфу эҳсоне бошад, ки Худованд дар ҳама ҷо барои саодати мардум пароканда ва густурдааст? Оё китобе дар бораи усули дин суроғ доред, ки ба андозаи китобе, ки дар қалби худи инсон навишта шудааст, барои ҳама кас қобили фаҳм бошад? Оё қурбониву бахшише суроғ доред, ки шабеҳи қурбониҳо ва азҷонгузаштагиҳои мардуми ошиқе бошад, ки дар ҳаққи ҳамнавъони хеш равон медоранд? Ва оё қурбоноҳе шабеҳ ба қалби инсони некӯниҳод суроғ доред, ки Худованд дар он ба дасти хеш қурбониву бахшиш мепазирад?
Ҳар қадар инсон Худовандро бештар дарёбад ва дарк кунад, ба ҳамон андоза худошиносии ӯ бештару беҳтар хоҳад шуд ва ҳар чӣ Худоро бештару беҳтар бишиносад, ба ҳамон андоза аз марҳамату иноят, бахшоишу инсондӯстии Худованд сармашқи бештаре хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, шоиста аст касе, ки рӯшноии хуршеди оламтобро ба наҳви акмал мебинад, марди хурофотиро, ки дар бути хеш фақат партаве аз ҳамон рӯшноиро мебинад, хору ҳақир нашуморад, ҳамчунин шоиста аст нисбат ба он марди мулҳиде, ки нобино шудааст ва рӯшноиро аслан намебинад, беэътино набошад ва беэҳтиромӣ накунад.
Ин буд гуфтори марди чинӣ, шогирди мактаби Конфутсий. Дар натиҷа тамоми ҳозирин дар қаҳвахона сукут ихтиёр карданд ва ба ин баҳс, ки дини кадом як аз эшон бартар аст, хотима доданд.

Тарҷумаи Искандари Забеҳиён
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: