АЙБҶӮӢДАР ҶОЙИ ХОЛӢ…5-11-2017, 13:38
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Ҳақ ба ҷониби муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад аст, ки зимни мусоҳибаашон бо нашрияи «Минбари халқ» таҳти унвони «Чаро инқилоби маънавию фарҳангӣ?» гуфтаанд: Мо бояд аз эроду эътирози онҳое, ки намехоҳанд ҷомеа пеш равад, натарсем. Таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон гуруҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ ба назари шубҳа менигаристанд.
Дере нагузашта шоҳиди воқеияти ин гуфтаҳо гардидем. Дар нашрияи «Озодагон» (№ 39 аз 18.10.2017) мақолаи файласуф (аниқтараш нафаре, ки худашро файласуф мешуморад) Меҳмоншоҳ Шарифзода таҳти унвони «Инқилоби Фаттоҳзода: таназзул ё тараққӣ?» ба нашр расид, ки муаллиф кӯшиш кардааст бо истифода аз тамоми нерӯи набудаи зеҳниаш раванди ислоҳоти бузурги маънавии миллати тоҷикро, ки воқеан инқилоби фарҳангист, кам нишон дода, дастгоҳи муқтадири идеологии кишварро, ки ҳатто тасмимҳояш берун аз кишвар низ басо муассиранд, ба «намедонанд», «намефаҳманд», «дарк накардаанд» ва ғайра муқассир донистааст. Ин ҳама бе овардани кадом як далели муътамад. Бе далел ва дар ҷойи холӣ чи қадаре, ки тавонистааст, чашми виҷдонашро кӯр карда, айбҷӯӣ намудааст. Нахуст, мехоҳам қайд намоям, ки аз М. Шарифзода бисёр матлабҳоро хонда, ҳанӯз дар сархатҳои якуму дуюми ҳар матлабаш аз печдарпечсозии сунъӣ ва бемавриди ибораҳо дилгир шудаам ва инро бисёре аз ҳамкасбони худаш ҳам таҷрибаву тасдиқ кардаанд. Зеро тавре ба назар мерасад, бисёре аз ибораву гуфтаҳояш тарҷумаҳои сарсарӣ аз китобҳои фалсафӣ буда, кӯшиш кардааст, тарошаи аз бом афтодаро ба бом баргардонида, он фаҳмишҳои барғалат тарҷумашудаву бемаврид истифодакардаро ба воқеияти Тоҷикистон ба таври сунъӣ созгор нишон диҳад. Масалан, ба сохтори ин ҷумла таваҷҷуҳ фармоед: «Муаллиф худ дар равандест, ки дарк накардааст, ки ӯ намояндаи ҳизб ва ҳукуматест, ки…». Ин ҳанӯз оғози як ҷумлаи бисёр печидаву дилгиркунандаест, ки бовар дорам ҳатто худи муаллиф дубора онро хонад (агар аз имлову мантиқ бохабар бошад) аз андешаҳои ба ҳам зидду нақизи худ дар як ҷумла хиҷолат мекашад. Аммо чун мақсад айбҷӯӣ аст, бо ҳар усул ва бе таҳлили заминавӣ оғоз кардааст ба саросема навиштан, то саривақт фармоишро иҷро намуда, чунин к маводи интиқодӣ, вале ғайритаҳлилиро расонаӣ кунад. Дар воқеъ, агар аз ин мавод сарлавҳа ва ҳамон «намедонанд», «намефаҳманд», «дарк накардаанд», «наметавонанд» ва ба ин монанд калимаҳоро берун андозем, дигар чизе аз интиқодаш ҳам ба ҷо намемонад ва ин сафсата боз сафсататар мешавад. СОФИСТ ДАР ҲОЛИ ҶОН КАНДАН… Шояд муаллиф даъво пеш орад, ки ба чи далеле ин ҳама ибораву ҷумлаҳои саршор аз «ҳикмат»-и маро, ки аз файласуфону донишмандони бузурги ҷаҳонӣ ба орият гирифта, дар чунин як фурсати ками бароям таъиншуда ҷон канда навиштаам, сафсата меномед? Файласуфони воқеӣ огоҳанд, ки пеш аз философия (дӯстдории ҳикмат) софия (ҳикмат), яъне софизм вуҷуд дошт ва аҳли онро софист мегуфтанд. Софистон худро ҳамадон муаррифӣ мекарданд ва рақибонашонро тамоман нодон. Онҳо муътақид буданд, ки як масъаларо дар як вақт метавон ба тамом мусбӣ ва ё ба тамом манфӣ бозтоб кард. Аз ин рӯ, чун медиданд, ки рақибашон нисбати як масъала нигоҳи мусбӣ дорад, бо овардани далелҳои сохта ва пинҳон кардани он сохтакорӣ дар пушти ибораҳои реза мекӯшиданд он масъаларо ба дараҷаи ниҳоӣ манфӣ нишон диҳанд ва ё баръакс. Ҳақиқат дар баҳсҳои онҳо мафҳуми аввалиндараҷа набуд. Оҳиста-оҳиста ин сохтакориву сохтагӯиҳо ба дили ҳама зад ва ба чунин «ҳамадонҳо» мегуфтагӣ шуданд, ки «сафсата нагӯед ва бо далелҳои воқеӣ ҳарф занед». Мо чунин сафсатагӯиро дар оғози ин нигоштаи М. Шарифзода баръало дида метавонем. Ӯ ба хотири худро доно нишон додан ба таври мустақиму ғайримустақим давлатмардондоро фолбинона ба он гунаҳгор мекунад, ки ман ин китобро хондаму шумо нахондед, ман фалон роҳи рушдро медонаму шумо намедонед, ман ба фалон донишмандону назарияи онҳо шинос ҳастаму шумо не. Дар моварои ин худситоиҳо ҳатто принсипҳои субъективизм ва релятивизмро ҳам пушти по задааст. Ҳол он ки ҳамаи давлатмардон, бидуни истисно, маълумоти олӣ доранд ва дар муассисаҳои олии таълимӣ новобаста ба ихтисос ҳатман ба донишҷӯён фанҳои фалсафаву сиёсатшиносӣ таълим дода мешаванд. Масалан, ихтисоси ман фалсафа нест, аммо бо файласуфи итолиёвӣ Вико ва файласуфи немис Карл Маркс ҳамчун донишмандоне, ки дар масъалаи шаклгирии ҷомеа ақидаҳои ба ҳам мухолиф доранд, маҳз дар донишгоҳ шинос шудаам. Дар радифи ман дигар нафароне, ки маълумоти олӣ доранд аз заминаҳои илми фалсафа огоҳанд. Дар бораи дигар файласуфону ақидаҳояшон низ, он тавре ки М. Шарифзода фикр мекунад, мардум бехабар нест. Аммо ин «ҳамадон», ки шояд худро нофи замин мепиндорад, нав чанд чизи тозае хонда, нимкора аз худ карда, фикр мекунад дигарон тамоман аз он бехабаранд ва тоб медиҳад забони беустухони худро ба таъна карданҳо. Ин ҳама дар ҳолест, ки ӯ то пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати китоб хондану назарияҳои Вико, Полладий, Маркс ва ғайраро омӯхтан чунин гуфта буд: Аслан мардуме, ки метавонанд инсон, ҷомеа ва давлат бисозанд, болотар аз онанд, ки дар бораи китоб, шарқу ғарб, назарияву равишҳо баҳс карда бошанд. Онҳо месозанд…». Мардуме, ки аз хирад бархурдор аст, ҳеҷ гоҳ аз омӯзиши назария ва равишҳо, таҳлилу қиёс ва дар маҷмуъ аз китобхонӣ ор намекунад. Маҳз аз ин зидду нақизҳои афкори шахсе, ки худро файласуф муаррифӣ мекунад, пайдост, ки софист муаррифӣ карданаш ин таҳқир нисбати софизм ва тамоми софистони ҷаҳон аст. Ӯ сафсатаро ба дараҷае бурда, ки софист аллакай дар сархати навбатӣ ҷон канда фано шуду аз решаи афкори подарҳавои ӯ, ба қавли Жак Жозеф-Валантен Манян дебилизм ба дунё омад АЗ СОФИЗМ БА ДЕБИЛИЗМ… Агар софизм ин равияи сафсатагӯён бошад, ақибтар аз он эраи сафсататаргӯён аст, ки метавон онро ба қавли Гидденс ва Манян дебилизм номид ва пайравони онро дебилист. М. Шарифзода дар ин нигоштаи худ бо аз сафсата ҳам поин овардани пояи афкору пиндораш худро ҳамчун дебилисти пешқадами муосир муаррифӣ намуд. М. Шарифзода бо инкори инқилоби маънавию фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар заминаи қонуни танзим, онро бо инқилобҳои фарҳангии болшевикӣ, эҳёи Аврупо ва ғайра ғайри қобили ғиёс медонад ва бо овардани далелҳои бепояе чун пурра такя надоштанаш ба ақоиди динӣ, мафҳуми инқилоби фарҳангиро барои Тоҷикистон бегона меҳисобад. Аз ин ҷо миаълум мешавад, ки ӯ на дар бораи инқилоби фарҳангии болшевикон, на коммунистони чинӣ, на ренесанс ва на инқилоби фарҳангии давлати Сомониён таассуроту фаҳмиши дурусте надоштааст. Ӯ то ҳанӯз дарк накардааст, ки ҳамаи ин инқилобҳо бо инқилоби фарҳангиву маънавие, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, як умумият доранд – раҳо сохтани мардум аз банди хурофоту ҷаҳолате, ки дар зери ниқобҳои диниву суннатӣ аз тарафи гуруҳи рӯҳониёни худпараст ва чун М. Шарифзода дебилист ихтироъ шуда, сари мардум таҳмил гардида буданд ва садҳо олимону донишмандонро ба ҷурми куфр оташ задаву ваҳшиёна ба қатл расонданд. Инқилоби маънавию фарҳангии тоҷик чун ренесанс ба ҳеҷ ваҷҳ мубориза алайҳи дин нест, балки мубориза бо онҳоест, ки аз дин ба хотири куштани ҳувияту асолати мардум, нест кардани оинҳои асили фарҳангиву миллӣ ва чун василаи ба манкурт табдил додани ҷомеа истифода мебаранд. Бале, мо дар раванди ин инқилоб ҷанг эълон кардаем, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ на ба дин, балки бо онҳое, ки аз дин ҳамчун василаи гумроҳ сохтану бадбахт кардани мардуми кишварамон сӯистифода мекунанд. Инқилоби маънавию фарҳангие, ки дар Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст, ин пеш аз ҳама ба боло рафтани сатҳи худшиносии мардум, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим ва ба ин васила ба бошуурона истифода бурдани захираҳои моддӣ равона гардидааст. Агар мусоҳибаро дуруст мехонд дар он ҷо муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад босароҳат гуфтаанд: «Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренессанс аст, ки дар кишварҳои Аврупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд». Аммо чун пеши чашми М. Шарифзодаро пардаи ғараз гирифтааст, ин воқеиятро дида наметавонад. Чун дилу нияти поку холис надорад, нотавонбиниаш ба ин тамом нашуда, ҳатто нисбати ваҳдату суботи комиле, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳукмфармост, рӯи саҳифа андешаҳои бадхоҳона мекорад. Дар миёни сатрҳои муаллиф пардапӯшона ба бетартибиҳо даъват кардани мардумро метавон мушоҳида кард, ки инро метавон ҳадафи ниҳоии М. Шарифзода аз навиштани матлаби мазкур фаҳмид. Ин Меҳмоншоҳи дебилист фаромӯш кардааст, ки мардуми кишвар замоне аз касофати чунин даъватҳо як бор раҳгум зада, ба гирдоби хоку хун афтид, ордгадову нонгадо шуд ва маҳз аз баракати сулҳу оромӣ ба хонаи ободу дороиву сарвате расид, ки имрӯз бояд онро сарфакорона истифода кунад. Мардум имрӯз хубро аз бад фарқ карда метавонад ва ба чунин даъватҳои бадхоҳонаи дебилистон туф кардааст. Яке аз ҳадафҳои аслии инқилоби маънавию фарҳангӣ ин ба ҷониби мусбат ислоҳ кардани фарҳангу маънавиёти ҷомеа аст. Ин дебилист аз бадахлоқии як намояндаи ниҳоди танзиму дин мисол оварда, кӯшиш кардааст дар сояи он давлатмардонро гунаҳкор карда, давлати озоду демократии моро ба ҷомеаи фашистӣ муқоиса кунад. Аммо дар тафаккури танги ӯ нағунҷидааст, ки ин нафари таҳқиркунанда пеш аз он, ки намояндаи давлат бошад, намояндаи ҳамон қишри ҷомеаи таҳқиршуда аст. Дар ягон ҷойи Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва ё дастурамалҳои хизматӣ дашному ҳақорат кардан наомадааст, ки ин намоянда аз он омӯзад. Ин дашномҳоро ба ӯ худи ҷомеа ёд додааст. Ҳамон нафароне, ки имрӯз худашонро сахт таҳқиршуда меҳисобанд, бовар дорам ҳатто як нафараш даст рӯи дил монда гуфта наметавонад, ки умрбод дашному ҳақорат надодааст. Агар он таҳқиршудаҳо каме андеша кунанд, акси садои худашонро мешунавад. Яъне ин дашномҳое, ки шуниданд, худашон ё дигар авлоду наздиконашон замоне ба ин намоянда ёд додаанд, на давлату ҳукумат, зеро тавре гуфтем, дар ягон санади давлатӣ чунин ҳақоратҳо навишта нашудааст. Яке аз дигар ҳадафҳои инқилоби маънавию фарҳангӣ низ дар он аст, ки ҷомеаро ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам ба таври фарогир тарбия намояд ва тарбия низ карда истодааст. Танҳо барои ислоҳи он вақт лозим аст. Ҳамон миқдор вақте, ки мо онро бо касофати фитнаҳои дебилистони солҳои навадум аз даст дода будем. Бояд гуфт, хушбахтона он замонҳои даҳшатборе, ки дар натиҷаи даъватҳои бадхоҳону дебилистоне чун М. Шарифзода ба вуҷуд омада буд ва силоҳбадастон фашистона дар хонаҳои мардум даромада, соҳибхонаро мекуштанду зану фарзандашро таҷовуз мекарданд ва молашро ба яғмо мебурданд, тавассути сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти Олии давлату ҳукумат бартараф шуд. Мехоҳед, ё не миллати тоҷик он рӯзҳои пурдаҳшатро дигар ба сари худ намеорад. ЭРОДҲОИ ДЕБИЛИСТОНА Меҳмоншоҳ ба гуфтаҳои зерини устод Фаттоҳзода ба арзи фаҳмиши худ «эрод» гирифтааст: «…арзишҳои миллии худро ҳифз кунему ба самти ғарб рӯ орем, аз илму технологияи муосир бархурдор хоҳем гашт. Вале агар ба самти Шарқ рӯ орем, боз побанди ҳамон урфу одатҳои асримиёнагӣ, хурофоту ҷаҳолат хоҳем буд». Гӯё ягон камбудии хеле муҳимеро кашф карда бошад, муаллифро ба «дарк накардани ҳолати имрӯзаи мардум» гунаҳгор карда, навиштааст, ки «Ин мардум худ имконият ва зарфияти саҳм гузоштан дар илму технологияи ҷаҳониро доранд ва шарт нест чунин масъалагузорӣ намуд, ки ба Ғарб ё ба Шарқ рӯ оварда бошем». Бархе аз хонандаи гиромӣ, ки то ҳанӯз ба дебилист будани М. Шарифзода шубҳа доранд, метавонанд ин шубҳаи худро комилан бартараф созанд. Агар М. Шарифзода мусоҳибаи «Чаро инқилоби маънавию фарҳангӣ?»-ро пурра мехонд, ё агар пурра хонда бошад, пурра дарк карда метавонист, ба ин эроди ӯ устод Фаттоҳзода ҳамон ҷо ҷавоби мустақим додааст. Зимни мусоҳиба саволи Бахтиёр Ҳамдам чунин аст: -Пас моро зарур аст, ки дар интихоби худ ба фарҳанги Ғарб бартарият диҳем? Ҷавоби устод Фаттоҳзода: -Не, ин ҷо баҳс сари чизи дигар аст. Мо бояд беҳтарин анъана, расму оин ва арзишҳои милли худро ҳифз намуда, аз урфу одати нолозим ва ба мо таҳмилшуда даст кашем. Зимнан, барои ин ба мо зарурати пайравӣ ба ягон миллати дигар нест. Агар мардум осори безаволи ниёгони мо ва ё фаразан, китоби Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро мутолиа кунанд, ба хубӣ дарк хоҳанд кард, ки то кадом андоза миллати мо соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг будааст. Вале пайравӣ аз беҳтарин дастовардҳо, илму технологияи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ ҳамеша ба манфиати кор аст. Агар ба умқи таърих назар афканем, олимони Ғарб низ беҳтарин дастовардҳои илми тиб, нуҷум ва мисли инро аз олами Шарқ иқтибос кардаанд. Ва ё кишварҳои Шарқ мисли Ҷопон ва Чин арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намуда, бо истифода аз илму тамаддуни аврупоӣ ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфтаанд». Фикр мекунам дар ин маврид низ ғаразпардозиҳо ва таҳлилҳои ғайримунсифонаи М. Шарифзода собит шуд ва ба қисмати аввали идомаи матлабаш («Озодагон», № 40 аз 25. 10.2017) ҳам ҷавоб ҳамин буда, ҳоҷат ба шарҳи бештар нест. Аммо… «ҲАМАДОН» Тавре дар боло зикр кардем, М. Шарифзода аз худ чунон як ҳамадоне метарошад, ки ба қавли Сино «Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд» ва бе дарки вазъу фазои сиёсӣ дар шакли печида чунон ҷумлаҳои подарҳавое менависад, ки мазмуну мантиқи бемантиқи суханонашро «на сар пайдост, на бун». Агар каме аз таърих огоҳ мебуд, наменавишт, ки «Фикри ман ин аст, ки мушкили аслии тоҷикон ин буд, ки дар солҳои шӯравӣ бо вуҷуди доштани давлати мустақил (???)» Фикр мекунам хонандаи закӣ асли матлабро дарк кард… Дар идома бо ҳамон кинаву «фарҳанги фитнапароканӣ»-и худ идома додааст: «Бубинед, ки давлатмардон на ҷомеа ва на фарҳангро натавонистанд ҷамъ ва солим нигаҳ бидоранд ва аз қудрати созандаи ин ҳарду истифода баранд». Маълум аст, ин ҷумла аз кадом як китобе, ки дар бораи давлатмардони кадом як давлати дигар қисса мекунад, ба орият гирифта шуда, ба унвони як туҳмате ба давлатмардони мо нашр шудааст. Ин бори дигар нишонаи он аст, ки мавод танҳо бар пояи ғараз ва барангехтани фитнаву туҳмат нашр шудааст. Вагарна дар ҷомеаи навини мо фарҳанги давлатдорӣ дар тамоми самтҳо рушд кардааст, ки мухтасар метавон чунин ном бурд: 1.Фарҳанги сулҳ (миллатро сарҷамъ сохта, давлатро аз парокандагӣ раҳонад ва ин таҷрибаро ҷаҳониён омӯхта истодаанд); 2.Фарҳанги заминдорӣ (тақсими замин ба аҳли заҳмат, ки баробарии иҷтимоӣ ва амнияти озуқавориро таъмин сохта, яке аз иқдомҳои нодир дар ҷаҳони муосир аст); 3.Фарҳанги иқтисодӣ (роҳандозии пули миллӣ, барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои пешрафта, бунёди роҳу нақбу пулҳо, иштирок дар лоиҳаҳои бузурги барқӣ-обӣ, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ…); 4.Фарҳанги дипломатӣ (сиёсати дарҳои боз, иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ…); 5.Фарҳанги рушди забони давлатӣ, эҳёи расму оинҳои миллӣ, абадӣ гардонидани номи шахсиятҳои хизматнишондодаи Ватан, роҳандозии таҳқиқоти васи бостоншиносӣ, мушаххас кардани таърихи минтақаҳои алоҳидаи кишвар…; 6.Фарҳанги маорифпарварӣ (баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимии оливу миёна, тарбияи кадрҳои баландихтисос…); 7.Эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ ва ғайра. Гумон мекунам, ҳамин ишораҳои мухтасар басандаанд, то М. Шарифзода аз ҳарзагӯиҳои худ шарм дорад. БЕЭҲТИРОМӢ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ Меҳмоншоҳ ҳамчун дебилисти пешқадам, ки чанд сатр пеш аз заифиҳои фарҳанги миллӣ шикоят мекард, дар идома бо истеҳзову накӯҳиш чунин менависад: «Машваратчиёни давлатӣ бештар дар бораи ҳосили картошка ва ҷашни Наврӯзу Меҳргон хабар доранд, вале мутаассифона…». Ин навиштаи танзомез худ як рамзи беэҳтиромӣ нисбат ба ҷашнҳои миллиамон – Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Меҳргон аст. Ин суханон аз касе аст, ки ҳамин чанд сатр пеш дар бораи фарҳанги миллӣ боҳарорат ҳарф чидааст. Бо ин ҳама шарм надошта, дар бораи «нафси аз фарҳанги воло дурмонда» ҳарф мезанад. Чунин фарҳангдони бефарҳангро мебояд аввал гиребони худро бӯ кунад!!! Зимнан, М. Шарифзода бо кӯшиши ба киштии Титаник муқоиса кардани ҷомеаи Тоҷикистон нишон дод, ки аз воқеияти дирӯзу имрӯзи ҷомеаи тоҷик фарсахҳо дур аст. Ғайр аз ин, дар васоити ахбори оммаи на танҳо Тоҷикистон, балки дигар давлатҳо ҳам дидам, ки миёни ҳангомасозони он кишварҳо низ ба киштии Титаник монанд кардани ҷомеаашон муд шудааст. Аммо ҳамаи ин аз сатҳи моҷароҷӯӣ боло нарафтааст. Агар М. Шарифзода думболаи гапҳои мудшуда намедавиду таърихи навини Тоҷикистонро варақ мезад, воқеиятро дарк карда, дасташ ба навиштани чунин таҳқир пеш намерафт. Тоҷикистон солҳои навадум воқеан дар вазъити Титаник қарор дошт ва Пешвои миллат бо мудирияти дуруст онро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Акнун ҷомеаи Тоҷикистон дар киштиест, ки онро Ваҳдату субот ном аст ва дар фазои орому осуда шино дорад. ВА БОЗ СӮИСТИФОДА АЗ ДИН… Ин тоифи бо дарки он ки қисмати зиёде аз ҷомеаи моро мусалмонон ташкил медиҳанд, ҳатман кӯшиш мекунанд ба торҳои нозуки эҳсоси динии мардум нохун зананд. Чунин вонамуд мекунанд, ки танҳо онҳо ҳомии динанд. Аммо дар асл ончунон фитнае миёни мусалмонон меафкананд, ки ҳеҷ кофире ҳатто фикрашро накарда. Аз дигар номутаносибие, ки дар нигоштаи М. Шарифзода ба чашм мерасад, ин омехта кардани арзишҳои фитрӣ ба арзишҳои динӣ аст. Шариат ҳеҷ гоҳ чун номус шинохта намешавад, ё номус чун шариат. Шариат танҳо ҷузъе аз номус буда метавонад ва чунин муҳокимарониҳо дар маҷмуъ хизмати хирсонаеанд ба дину шариат. Дар фарҳанги ҷаҳонӣ нангу номус ин мақулаҳои фитрианд на динӣ. Баномусиву беномусии шахс дар фитрати ӯст, на дар динаш. Дар ҳаёт диндорони беномусро ҳам во хӯрдан мумкину бединони баномусро ҳам. Ё худ намешавад, ки намояндаи як дин бонангу номус бошаду намояндаи дигар дин баръакс. Дин ҳамроҳи инсон ба дунё намеояд, аммо фитрати инсон як умр ҳамроҳи ӯст. Барои дин паёмбарону китобҳо фиристода шуданд ва кӯдаки навзод низ пас аз балоғат дар ҷомеа ба динҳо шинос шуда, ба яке мегаравад, ё мегаравонанд, ё намегаравад. Лекин барои фитрати инсон ва номусмандии ӯ ба гароишҳо ниёзе нест. Ба ин хотир кӯшиш накунед аз дин ба сифати фишанги маънавӣ ба болои табиату фитрати маънавии инсон истифода баред, зеро бо сӯистифода аз дин дар роҳи манфиатҳои сиёсӣ ба куфр мувоҷеҳ шуда, назди ҷомеа низ шармсор мегардед. Бояд гуфт, хусусияти хоси инқилоби маънавию фарҳангӣ дар Тоҷикистон низ аслан ба фитрати ҷомеа рабт мегирад, ки дебилистоне чун Меҳмоншоҳ Шарифзода аз дарки он ҳазорсола роҳ дуранд! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.