Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Дин афюн аст», чӣ маъно дошт?

«Дин афюн аст», чӣ маъно дошт?

23-01-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
«Дин афюн аст», чӣ маъно дошт?

Истиораи «Дин афюн аст», дар солҳои ахир аз сӯи шахсиятҳо ва афроди гуногун, ба хусус мухолифони Карл Маркс зиёд истифода мешавад. Тарафдорони назарияҳои ин донишманди олмонӣ бо ишора ба маънои ин сухан аз вай ҳимоят мекунанд, аммо мухолифонаш ӯро ба унвони душмани дин медонанд ва мавриди ҳамла ва тамсхур қарор медиҳанд.
Муҳаққиқони воқеии осори асосгузори марксизм бар ин назаранд, ки ҳар ду тараф ҳам гоҳе асли гап ва мақсади ӯро нодида ин таъбирро истифода мекунанд. Дар ҳоле, ки Маркс дар муқаддимаи рисолаи худ «Танқиди фалсафаи ҳуқуқии Гегел»воқеан навишта буд, ки «Дин оҳи махлуқи ситамкаш, қалби як ҷаҳони орӣ аз эҳсосот, рӯҳи низомҳои берӯҳ аст. Дин тарёк (афюн) – и мардум аст».

Афюн (тарёк), яъне чӣ?

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар замонҳое, ки ин таъбир васеъ дар истифодаи мардум буд, он ба маънои дигар фаҳмида мешуд. То чанд соли пеш бузургсолон дар ҷомеаи худи мо ҳам аз тарёк ба унвони як дору ва воситаи табобат истифода мебурданду дар зеҳни мардум ҳам ангезаи дармонро дошт. Маънои тарёк (афюн) ҳам он гуна, ки имрӯз фаҳмида мешавад ба ин ҳад манфӣ набуд.

Пас дар даврони Маркс ҳам ин мафҳум маънои доруро дошт: чизе, ки дарди шахси беморро андак ҳам бошад, сабук мекунад. Ба ин маъно, дин ҳам аз диди Маркс нақши кам кардани сахтиҳои ҷомеа ва табиатро дошта, ба инсон дар ҷиҳати пушти сар кардани душвориҳо ёрӣ мерасонад. Ё ба ҳар сурат, муҳитеро фароҳам мекунад, ки одам аз ҳолати яъсу ноумедҳо як муддат берун мешавад. Тарёк фақат дардро таскин медиҳад, вале бемориро шифо намебахшад.

Ба андешаи Маркс, дар шароити воқеияти зиндагии ҷомеаи давронаш, ки аз бунёд нодуруст буда, шароити бади иҷтимоию иқтисодиро ба вуҷуд оварда буд, дин ба унвони оромбахши ҷомеа аст.

Тибқи назарияи ӯ, ҷомеаи инсонӣ аз даврони бунёд аз қишрҳои золим ва мазлум ташаккул ёфта ва ин нобаробарӣ боис шуда, ки динҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ҳар кадом ба андозаи муайян дар шароити замони худ мардумро ба сахтиҳои он рӯзгорва таҳаммулпазир намудааст.Бино бар назарияи Маркс, дин дар ҳар давру замон нақши идиологиро ҳам дошта, вобаста ба сатҳи воқеиятҳо, пешрафтҳои дурусту нодурусти иқтисодӣ ҷойгоҳи гоҳе қавӣ ва гоҳи дигар заифтар ба худ мегирад.

Муҳаққиқон собит намудаанд, ки ин ибора ҳанӯз пеш аз Маркс ҳам дар забони донишмандон ривоҷ доштааст. Онҳо намунаҳоеро аз осори Гейне, Гегел, Кант ва Фейербах иқтибос меоранд, ки ин мафҳумро васеъ истифода кардаанд. Пас маълум мешавад, ки Маркс ҳам онро чун як ибораи маъмули қолабию ривоҷдоштаи замони худ ба кор бурда будааст.

Бешубҳа, асосгузорони марксизм атест буданд. Аммо атеизми онҳо вижагиҳои зиёде дошт. Атеизми онҳо аз равияи зиддидинии чӣ гузаштагонашону ҳамзамонанашон ва чӣ имрӯзиён хеле фарқ дошт. Масалан, Маркс пайваста тезиси «ҳама чизи бад аз дин аст» - ро рад мекард. Заро ӯ динро на асос,зербино (базис), балки рӯбино (надстройка) - и ҷомеа медонист. Ҳамзамон бо ин, ӯ ин ақидаро ҳам қабул надошт, ки баъзеҳо мегӯянд: «ҳама чизи хуб дар ҷамъият аз дин вобастагӣ дорад». Чаро, ки он асос (базис) нест ва наметавонад ба ҷомеа «ҳама чиз»- ро диҳад. Маркс муътақид аст, ки бояд ҷомеае сохта шавад, ки орӣ аз шароити таҳқир, хорӣ, ғуломӣ, дармондагӣ ва нафрат доштан нисбати инсон ҳамчун мавҷуди олии табиат бошад, то ки хурдагирӣ ба дин поён ёбад.
Яъне ончизеро талкин мекунад, ки хеле пештар аз ӯ Саъдии бузургвор фармуда буд:
Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набошад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст, мақоми Одамият.
То Маркс ин ибора маъмул буд

Дар пажӯҳишҳои муҳаққиқон омадааст, ки истилоҳи «афюни мардум», ки ҳамчун ибораи рамзӣ нисбат ба дин истифода мешуду туфайли Маркс машҳур гардид, пеш аз ӯ низ мавриди истифодаи васеи донишмандону адибон қарор дошт. Гуфта мешавад, ки бори нахуст онро нависандаи ашрофзодаи франсавӣ ва файласуф Маркиз де Сад (Донасен Алфонс Франсуа,солҳои зисташ 1740- 1814), дар романи «Жулетта», ки соли 1797 навишт, ба кор бурда буд. Дар маҷмӯаи ашъори шоири олмонӣ Новалис (1772-1801), ки соли 1798 бо номи «Гарди гул» нашр шуд, низ ин ибора ба кор бурда шудааст. Баъдтар Чарл Кингсли, Генрих Гейне, баъдтар Ленин ҳам дар навиштаҳояшон ин таъбирро ба кор бурдаанд, ки ба таври умум нисбати нақши дини православию масеҳият, динҳои ривоҷёфта дар Аврупо изҳори назар кардаанд, на ба таври мушаххас зидди дини Ислом, ки имрӯз мубаллиғони исломӣ маънидод мекунанд.

Бояд дар назар дошт, ки дар замони Маркс ин таъбир дар соҳаи тиб ҳамчун воситаи оромбахш истифода бурда мешуд, он гуна, ки ҳоло аналгину демидрол, баралгину парасетамол аз анвои доруҳои оддии дармон ва барои ҳар хонавода маъмулу ошност. Яъне ҷойгоҳи дин дар ҷомеа на ба таври рамзу киноя, балки ба сурати воқеияти давр ҳамчун доруи таскинбахши дардҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои бо равишҳои ғайриинсонӣ дониста мешуд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин истиора ба шакли «Дин – афюни мардум» инчунин дар осори донишманди рӯҳонии англис Чарлз Кингсли (1819 – 1875) низ истифода шудааст. Ӯ ҳам истиораи «афюн» («тарёк»)- ро на ба маънои воситаи масту беҳушкунандаи аҳли ҷомеа, балки ҳамчун воситаи оромбахш ба кор бурдааст. Ин рӯҳонӣ навишта буд: «Мо китоби «Библия» - ро ҳамчун васила, ё тарёк, вояи оромбахши мардум барои нигоҳ доштани тартибот дар байни камбизоатон истифода мекунем.»


Маркс ин ибораро бори нахуст дар рисолааш «Танқиди фалсафаи ҳуқуқии Гегел», ки соли 1843 навиштааст, истифода кард. Соҳибназарон ҳам корбурди ин ибораро ҳоло ба ҳар навъ шарҳ медиҳанд, аммо онҳое, ки аз асли гап ва таърихи пайдоиши он огоҳ ҳастанд, талош мекунанд моҳияти мантиқии онро бозгӯ кунанд. Аз ҷумла ҷомеашиноси тоҷик Нозим Нурзода суханони Карл Маркс, «Дин афюни миллатҳост» - ро ин тавр шарҳ медиҳад: «Мақсад аз навиштаи донишманд ин нест, ки тақозо карда бошад динро бояд тамоман аз байн бурд ва нобуд кард. Истифодаи ибораи мазкур ба он маъност, ки дин монанди афюн дард ё мушкилро рӯйпӯш мекунад, аммо дардро даво намебахшад ва мушкил боқӣ мондан мегирад. Ин ҷо даъват бар он аст, ки ҷиҳати коҳиши дарду мушкилоти ҷамъиятӣ агар мардуми оддӣ рӯ ба дин оварда, то дараҷе худро ором кунанд, сиёсатмадорон, олимон, омӯзгорон ва коршиносон, бояд аз ин гуна мавзеъгирӣ худдорӣ намуда, рӯ ба донишу хирад биёваранд ва дар ростои ҳал кардани мушкилот аз илм ва дастовардҳои муосири илмӣ истифода кунанд». Хуб, агар ҷумлаи зикршудаи Маркс чунин маъно дошта бошад ва даъват ба истифодаи ақлу хирад ва дастовардҳои илми муосир ҳангоми ҳал кардани мушкилоти ҷомеа кунад, беҳтарин кор ва қобили дастгирист.

Ин ҷомеашинос дар пуштибонӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумат дар муносибат бо дин таъкид намуда, ки мо дар солҳои нахустини истиқлоли кишвар як бор ба хато роҳ додем, фаъолияти тарғибгарони динро беназорат монда, идеологияи диниро вориди сиёсат кардем ва самараи талхи онро бо аз даст додани 150 000 инсон ва зарари иқтисодии беш аз 7 миллиард долларӣ дидем. Мутаассифона, ин таҷрибаи талх солҳои охир дар чандин кишвари дигари мусулмоннишин низ такрор шуд ва аз ин мо ҳатман бояд дарси ибрат бигирем. Бо даъвои он, ки ДИИШ-у Толибону дигару дигар парвардаи ИМА ҳастанд ва ба мову боварҳои мо ягон дахле надоранд, мушкил ҳал намешавад. Бале, аз ин гурӯҳҳо абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳои геосиёсии худ истифода мекунанд. Аммо, ин ҳамон идеологияи динӣ аст, ки аз чор гӯшаи ҷаҳон ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мебарад ва он ҷо ҷонбозӣ ва инсонкушӣ мекунанд. Аммо дониста бошед, ки дар сурати огоҳии дуруст доштан ҳеҷ вақт як ҷавони мусулмони тоҷик дидаву дониста барои иҷрои ҳадафҳои абарқудратҳо падару модар, зану фарзанди худро партофта, ба Сурия намеравад».
Бар асоси таҳқиқоти пажӯҳишгари ғарбӣ Эндрю Маккиннон ҳам, дар миёнаҳои асри 19 тарёк як навъи дору буд ва аз сӯйи табибон ҳамчун воситаи оромбахши дарди беморон, аз ҷумла барои гирифторони вабо васеъ истифода мебурданд. Онро дар дорухонаҳои бисёр кишварҳо ба таври озод мефурӯхтанд.

Пас, дин ба ақидаи Маркс ва онҳое, ки то ӯ дар ин бора изҳори назар кардаанд, вазифаи ёрӣ додан барои раҳоӣ аз зулми табиат ва ҷамъият, ки инсон ҳамеша гирифтор аст, василаи умед ба пирӯзӣ дар ҳолатҳои боло гирифтани эҳсоси нотавонӣ дар ҳар гуна шароити пешомада, таскинбахши ҷомеа аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз баъзе аз воизони мутаассиби мо дар суҳбат бо мардум бинобар надонистани асли гап бо бадном кардани Маркс ва танқид аз ӯ, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ мекунанд. Дар робита ба ин истиора нафақат диндорони муҳтарам, балки атеистони ноогоҳ низ ин ибораро беҷо ва нодуруст истифода мекунанд. Иддае ҷиҳати илмии ин ибораро сарфи назар карда, муаллифи китоби мондагори «Сармоя» -чун душмани дин нишон медиҳанд ва иддаи дигар андешаи ӯро ҳамчун сипар дар мубориза бо дин истифода мехоҳанд баранд. Ҳол он ки тавре аз шарҳу таҳқиқи ин мавзӯъ бар меояд, ҳар ду тараф ҳам чандон ҳақ набудаанд, балки истифодаи ин ибора дар осори Маркс агар ба ҳимоят аз дин ҳам набошад, таъкиде ба таъини ҷойгоҳи воқеии он, зарурати дарки заруратҳо бо мақсади фароҳам кардани шарити субот ва рушди ҷомеаи инсонӣ аст.
Солеҳ Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: