Ҷомеа қонуни танзимро дастгирӣ мекунад13-09-2017, 10:40
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Данғара: Баҳри тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 12.09.2017 дар муассисаи давлатии театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара ҷамъомади калоне баргузор гардид. Дар ҷамъомад раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон , ҷавонон ва собиқадорон иштирок намуданд. Дар ҷамъомад раиси ташкилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, сардори раёсати Маркази татқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур, дотсенти кофедраи фанҳои ҷомеашиносии муасисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Абдулҳоев Кароматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Гулонов Раҳмон, ки ҳайати гурӯҳи кориро ташкил медоданд, баромад намуданд. Дар охир саволу ҷавоб байни мардум ва гурӯҳи корӣ сурат гирифт, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи мардум ба раванди батанзим даромадани ҷашну маъракаҳо мебошад. Бояд ёдрас шуд, ки гурӯҳи кории зикршуда то 15.09.2017 дар ноҳияи Данғара фаъолият менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.