Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

5-09-2017, 11:19
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

— Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африқо ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки «ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африкаи Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард».

Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

Сентябр 5, 2017 15:48
Хабарҳои мавзӯъ

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
36648915800_1481a3af5b_z
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

— Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африқо ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки «ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африкаи Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард».

Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: