Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30-08-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161, №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с. 2017, №2, мод. 2, мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 2) моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар карда мешавад.».
2. Ба моддаи 212 қисмҳои 4) ва 5) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад.
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст, -
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.».
3. Санксияи моддаи 2122 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон















































О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г. № 9, ст.68, ст. 69, №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001г., №4, ст.149, ст.167; 2002 г., №11, ст.675, ст.750; 2003 г., №8, ст. 456, ст.468; 2004 г., №5 ст.346, №7, ст.452, ст. 453; 2005 г., №3, ст.126, №7, ст.399, №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст.665; 2008 г., №1, ч. 1, ст.3, №6, ст.444, ст. 447, №10, ст.803, №12, ч. 1, ст. 986, №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80, №7-8, ст.501; 2010 г., №3, ст.155, №7, ст.550; 2011 г., №3, ст. 161, №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст.258, №7, ст.694; 2013 г., №6, ст. 403, ст. 404, №11, ст. 785, №12, ст. 881; 2014 г., №3, ст. 141, №7, ч. 1, ст.385, ст. 386; 2015 г., №3, ст.198, ст.199, №11, ст.949, №12, ч.1, ст.1107; 2016 г., №3, ст.127, №5, ст.355, ст. 356, №7, ст.608, ст. 609, №11, ст.874, ст.875; 2017 г., №2, ст.2, ст.3), следующие изменения и дополнения:
1. Часть 2) статьи 50 изложить в следующей редакции:
«2) Лишение права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью устанавливается от одного года до двадцати лет.».
2. Статью 212 дополнить частями 4) и 5) следующего содержания:
«4) Деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи, совершенные лицом, находящимся в состоянии опьянения, или лицом, не имеющим водительские права, повлёкшие по неосторожности смерть человека или причинение тяжкого вреда здоровью человека, -
наказываются лишением свободы на срок от пяти до десяти лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью сроком на десять лет.
5) Деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи, совершенные лицом, находящимся в состоянии опьянения, или лицом, не имеющим водительские права, повлёкшие по неосторожности смерть двух или более лиц, -
наказываются лишением свободы на срок от десяти до пятнадцати лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью сроком от десяти до двадцати лет.».
3. Санкцию статьи 2122 изложить в следующей редакции:
«наказывается штрафом в размере от пятисот до одной тысячи показателей для расчётов или лишением свободы сроком до двух лет.».


Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.



Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: