«ҲИЛЛАҲО» -И ТРАНСМИЛЛИИ ВАҲДАТ ДАВЛАТОВ22-08-2017, 10:56
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Мақсад аз навиштани ин номаи саркушода ҷалби ниҳодҳои зидахл ва шаҳрвандони азизи кишвар ба як масъалаи хеле ҷиддӣст.Шояд бадин васила ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ашхоси соҳибирода , метавонанд дар кушодани гиреҳи ин масъалаи аллакай иҷтимоишуда, вале бе ҷазо мондаву ба амали ҷиноятии трансмиллӣ мубаддалшуда, ба қазияи мазкур на аз нигоҳи як муносибати оддии шаҳрвандӣ, балки як қаллобии характери трансмиллӣ дошта нигоҳ кунанд. Огоҳ бошанд, ки як ҷавони 21- солаи ҳамватани мо бо чӣ «ҷасорат»-у қонуннописандие як гурӯҳи калони аз рӯйи ҳисоби мо зиёда аз 30 –нафараро ба доми фиреб кашидаву бо чӣ дилпурие ин «фаъолияташро» тӯли ду сол идома додаст. Дигар касе муайян карда наметавонад, ки агар корҳои таблиғотии аҳли оилаашонро ба назар нагирем, боз зери ҳимояи кадом нафарони «корбудкун» ӯ нотарсида амал кардааст. Намефаҳмем, ки бо чӣ роҳе бо нахустин қадамҳои ин гурӯҳи фиребхӯрдагон барои дарёфти ҳақиқат ва барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ин фиребгар аз кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ хабардор карда мешавад. Яъне дар ҳоле ки мо ба мақомот муроҷиат мекардем. Ҳанӯз аҳли оилаи онҳо хабар наёфта, ӯ аз хориҷи кишвар огоҳ мешавад, ки ба номаш ариза ё муроҷиате ба мақомот ворид мегардад. Аз ин рӯ мо тахмин мекунем, ки дар ин қазия «қаҳрамон»-и мо Ваҳдат Давлатов танҳо несту пуштибонҳои қавӣ дорад. Вале кӣ? Кист ин ҷавони «кордон» ва кистанд шарикони ӯ? Ваҳдат Давлатов истиқоматкунандаи хиёбони Саъдии Шерозӣ 27хонаи рақами 39 соли таваллудаш 25. 12. 1996, яъне ҳамсояи бархе аз мо зарардидагон, ҳаммактаби фарзандонамон, писари ҳамсояамон ва ба қавле «бачаи дар пеши назарамон калоншудаи як ҳавлӣ». Модари Ваҳдат Г. ду тағо ва бибияш Р. , ки дар ин амали фарзанди худ бохабаранд, умре дар ҳамсоягии мо мезистанду мезиянд, аз ин рӯ ҳеҷ гоҳе бовар карда наметавонистем, ки бо ин берӯгии гӯшношуниди онҳо мо ҳамсоягон фирефта мешавем. Қазия ин аст, ки Давлатов Ваҳдат Одинахӯчаевич ҳамсояписари мо баъди хатми литсейи Президентии шаҳри Душанбе соли 2014 барои таҳсилоти олӣ гирифтан ба ҷумҳурии Чехия меравад. Ӯ дар он ҷо гӯё соле таҳсил карда, бармегардад ва бо сару либоси аврупоӣ, забондонӣ ва ба қавле «манера»-ҳои хориҷияш ҳаваси хурду калон ва даҳҳо ҷавонони ҳамсояро меорад. Модару бибияш бошанд аз таърифи он ки: «Ваҳдатҷон дар Чехия ҳам аълохон асту ҳам кор карда долларҳои зиёде ба даст меорад», ҳеҷ монда намешуданд. Мо даҳҳо модарони ин хона (дом) орзу мекардем, ки кош писарони мо ҳам чун Ваҳдат ҷаҳонгаштаву ҷаҳондида шаванд, забони хориҷӣ бидонанд ва билохира касбу коре ёд бигиранд, ки фардо боиси ифтихори волидон гарданд ва ҳам дар дами пирӣ сарпарастамон бошанд. Домҳои сари роҳи мо Гӯё фалак оҳи моро шунид,ки Ваҳдат ба писари ман, Рухшона Эсоева собиқ корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент, ки имрӯзҳо бо тарзи шартномавӣ гоҳ-гоҳе кор меёбам, таваҷҷуҳ кард. Зеро ману модари ӯ ҳаммактаб будему инак зиёда аз 25 сол ҳамсоя ҳастем. Ӯ бо ман ҳамсуҳбат шуда ваъда кард, ки писарам Алиҷон Тураевро ҳатман бо худаш ба Чехия мебараду он ҷо ба донишгоҳ шомил мекунад. Ба ман фаҳмонд, ки барои ҷойро дар донишгоҳ «брон» кардан, иҷозатнома гирифтан, суғуртаи тиббӣ ва ҷойи зисти писарамро омода кардан маблағ таҳия созам. Қобили зикр аст, ки то ба «таътил» омадани Ваҳдат ӯ аз тариқи интернету «вайбер» ба писари ман аксҳои зебои кишвари Чехия, донишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои таърихии шаҳрро мефиристоду ӯро барои таҳсил дар хориҷа таблиғ мекард. Маслиҳати нахустини ман бо Ваҳдат барои «брон» кардани ҷой буд. Ӯ чанд моҳе баъдтар маро қасдан саросема кард, ки бо сабаби ҷанг дар Украина ҳама ҷойҳои таҳсили донишгоҳи давлатии Чехияро гурезаҳои украинӣ харидаанду фақат як ҷойи холӣ мондааст, аз ин рӯ шумо ҳарчи тезтар 1900 доллари амрикоӣ фиристонед, то ман ин ҷойро бароятон «банд» кунонам. Ин дар ҳоле буд, ки писарам дар синфи 11 мехонд ва охирҳои моҳи январи соли 2016 буд. Мо дав-давон ба дом меафтодем Он давра ман дар фирмаи «Тоҷиксодот» кор мекардам, вале мусаллам аст, ки 1900 доллар надоштам. Шаб хобам набурд, ки агар он ҷойи ягонаро ҳам дигарон бигиранд, писари ман ба таҳсил рафта наметавонад. Саҳар ба кор рафтаму ба роҳбарам ин мушкиламро гуфтам. Ӯ ба ман ин маблағро қарз доду ман омада онро тавассути «Агроинвестбонк» ба воситаи одаме, ки номашро худи ӯ бо телефон гуфта буд, ба Чехия ба номи Ваҳдат Давлатов, ирсол кардам. Ва баъдан қарзамро аз идораамон кор карда бозгардондам. Сипас, баъди якуним моҳ Ваҳдат ба ман занг зада гуфт, ки боз 2300 доллари дигар ёфта зуд бифиристам. Зеро ӯ баъди «брон» кардани ҷой дар университет боз барои зисти 6 – моҳа барои писарам ҷойи хоб ёфтааст. Баъдан ӯ боз 3000 доллари дигар талаб кард, гӯё барои он ки баъди хатми университет писари ман бояд муқимии ин кишвар ва шаҳрванди он бигардаду таҳсилашро идома бидиҳад ё он ҷо кор кунад. Октябри соли 2015 бояд писари ман- Алиҷон Тураев барои таҳсил ба Чехия ба назди Ваҳдат Давлатов мерафт, вале ин кор нашуд. Баръакс Ваҳдат аз Чехия омад. Ӯ писари ман, як ҳамсояписари дигарамон Мақсуд ва писари тағоии худаш Сӯҳробро, ки дар синфи 8 мехонд гирифта, чор нафара ба шаҳри Алма-ато рафтанд. Гӯё ӯ аз тариқи сафорати Чехия дар Қазоқистон барои онҳо иҷозатномаи сафар (виза) мегирифтааст. Вале мо баъди як моҳи интизорӣ, ки аз сафари писарам ва ҳамроҳонаш хабаре набуд, безобита шуда, ба Ваҳдат беист занг задему тариқи интернет навиштему пурсидем, ки бачаҳо куҷоянд? Ӯ бо ҳар баҳона посух медод, ки гӯё бачаҳои «гаранг»-и мо кадом карточкаҳоеро гум кардаанду акнун ба Чехия рафта наметавонанд. Ҳамзамон баъди пурсуҷӯю кофтуковҳои зиёде маълумамон гашт, ки визаро барои рафтан барои шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон ба Чехия танҳо сафорати дар Ӯзбекистон будаи ин кишвар медодааст. Хулоса, ман тариқи интернет ин чизҳоро фаҳмида аз Ваҳдат хоҳиш кардам, ки ҳамон ҳуҷҷатҳои омодакардаамонро фиристонад (зеро барои тарҷумаи онҳо ба чехӣ мо маблағи алоҳида сарф карда будем) то мо аз Тошканд рафта виза бигирем. Дар ин миён писарам, ки бо Виктория Руденко ном духтар муносибати ошиқона дошту аз ӯҷудо шудан намехост, маро ба иқдоми дигаре раҳнамун сохт. Бо маслиҳати пешакӣ бо Ваҳдат Давлатов бо падару модари Виктория, ки аллакай донишҷӯи Донишгоҳи Славянӣ буд, маслиҳат кардем, ки ӯро ҳам ба Чехия бифиристем. Инак, ман бо ин ду ҷавон ба Тошканд рафта виза гирифта омадем, ки ин албатта маблағҳои зиёдеро сарф кардан аст. Азбаски Алиҷону Вика 17- сола буданд, ба мо зарур шуд, ки ҳуҷҷатҳои иловагӣ омода кунем. Ваҳдат бошад то ин дам аз ман зиёда аз 10 ҳазор доллар гирифта буд, ки ман худам ҳама ҳуҷҷатҳоро омода мекунам, вале ҳеҷ коре накард. Бо азобҳои зиёде ва сарфи маблағҳои иловагӣ ахиран ман Викаю Алиҷонро ба Чехия фиристодам. Аммо вақте ки онҳо ба он ҷо рафтанд, на ҷойи хобашон омода буду на ягон корашон равшан. Ваҳдат онҳоро барои як моҳ дар кадом хонае ҷо кардааст, ки баъди як моҳ онҳоро аз он ҷой ба кӯча пеш карданд.Сипас Ваҳдат онҳоро ба хонаи худ роҳ додааст, ки ин албатта на ҳамчун ҳамсоя, балки барои ин «меҳрубониаш» ин ду нафар иловатан алоҳида пул пардохт мекардаанд. Ман ба Ваҳдат он қадар бовар мекардам, ки боз ӯ хоҳиш карда будам, ки ба писарам ҳамчун бародари калонӣ насиҳат кунад, ӯро нагузорад, ки ба роҳи бад равад, зебогиву озодиҳои аврупоӣ вайро ба дигар роҳҳо наандозад. Охир Ваҳдат Давлатов аз хурдӣ намозхон буду ҳар суханашро бе номи Оллоҳ ва Қуръон сар намекард. Аммо… Бояд қайд кунам, ки воқеан Ваҳдат хеле доно аст. Он қадар доност, ки аз синну солаш болотар зиракиву шаттоҳӣ дорад.Ин хислатҳои вай ба ҷойи он ки моро эҳтиёткор кунад, баръакс орм мекарду боварӣ мебахшид. Бо такудавҳои зиёди ман ва таъкидҳои телефониям ба Ваҳдат, ки Худое накарда бо писарам ҳодисае рух бидиҳад, писарам Алиҷон бо Вика, ки ба донишгоҳ дохил нашуда буданд, ақаллан курси забономӯзиро гузаштанд. Дигар на донишгоҳу на он ваъдаҳои осмонии Ваҳдат дар ивази 10 000 доллари додаи ман, амалӣ нашуданд. Билохира Вика бо кадом роҳе он ҷо монду бо ҳиллаҳои Ваҳдат барои писари ман қазияҳои дигаре оғоз шуданд. Сафи мо меафзуду меафзояд? Дар ин миён ба мани бехабар оҳиста-оҳиста нафарони дигаре пайдо шуда ба ман занг мезадагӣ шуданд, ки Ваҳдат Давлатовро мекофтанд ё дар бораи «фаъолият»-аш пурсиданӣ мешуданд.Баъдтар фаҳмидам, ки онҳо низ чун ман ба дом афтода ва инро ҳис карда аллакай ба хавотиршавӣ оғоз карда буданд. Бархе аз онҳо маблағҳояшонро тавассути шахси дуюму сеюм аз ҷумла бибии Ваҳдат дода буданду худи ӯро ба чашм надиданд. Ё ба қавли худашон тариқи шабакаҳои интернетӣ бо ӯ тамос гирифта, перомуни хонондани бачаҳояшон дар Чехия маслиҳат кардаву баъди додани пули калон яъне аз 4-5 ҳазор доллар то 6-8 ҳазор доллар дигар ӯро «гум» мекарданд. Баъдан маълумамон гардид, ки Ваҳдат барои ба Чехия бурдан на танҳо писарону духтарони донишҷӯйро мекофтааст, ҳамчунин ба муҳоҷирати корӣ ё барои дарёфти ҷойи кор нафарони зиёдеро фиреб карда, маблағҳояшонро гирифта будааст. Ҳатто қисме аз онҳоро то Алмаато бурда дар он ҷо ба мушкилоти зиёди сардиву гушнагӣ ва беҳуқуқӣ гирифтор кардааст, ки баъди чандин моҳҳо онҳо ноумеду сарсон бо дасти холӣ ва ноумеду бемор боз ба хонаҳошон баргаштаанд. Ваҳдат танҳост? Ваҳдат Давлатов барои «расмӣ» ва «қонунӣ» нишон додани ин фаъолияти номуайянаш, ки ба андешаи мо қаллобии рӯйирост аст, гӯё дар шаҳри Брнои ҷумҳурии Чехия як фирмае бо номи «Садониш» кушодааст, то ки «ҳуҷҷатҳо»-и одамонро дар бланкаҳои (варақаҳои расмии муҳрдори) он «тахт» кунад. Вале аз рӯи шуниди мо ин фирмае, ки дар якҷоягӣ бо кадом як Роман ва Александр кушодаанд, гӯё аллакай барҳам хӯрдааст. Яъне аз рӯйи тахминҳои мо ин Роману Александр, ки шояд русу украин бошанд ё кадом миллати дигар, шояд аз дигар кишварҳо ҳам чунин «қурбонӣ»-ҳо ёфта бошанду ба фаъолияти фиребкоронаи худ статуси «трансмиллӣ» дода бошанд, вале фикр мекунем, ки муайян кардани он ба салоҳияти органҳои дахлдори ин кишварҳо вогузор карда мешавад. Ба болои ин ҳама фиребу дурӯғҳо моҳи августи соли 2016 маълумамон гардид, ки Ваҳдат аттестатҳои Алиҷону Викторияро гум кардааст. Бачаҳои мо дар ин бора бо супориши Ваҳдат хомӯшӣ ихтиёр карданд. Писари ман бошад боз хоҳиш кард, ки 2000 доллари дигарро барояш бифиристам, то ки вай «ностерфикатсия»-ро (яъне супурдани имтиҳоноти фанҳое, ки ин ҷо наомӯхтаанд) дар муҳлати кӯтоҳе супорад. Албатта дар ин кор низ маслиҳат ва дасти Ваҳдат буд, ки он баъдан маълумамон гашт. Вале баъди ин, яъне аз 20 август дигар писари ман умуман ба алоқа набаромад ва ногаҳон ман Ваҳдатро дар пеши хонаамон дар Душанбе вохӯрдам. Ӯ бо рангу рӯйи канда нигоҳашро гурезонда аз пешам гузашта рафтнӣ шуд. Ба суоли ман, ки чаро Алиҷон ба алоқа намебарояд, бешармона телефон накардани писарамро таъсири тарбияи нодурусти худам номид. Аҳли оила шарикони ҳаманд? Аз моҳи феврал тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кардани худи Ваҳдат, тарғиби бибияш дар ҳавливу ҳамсояҳо ва модари Ваҳдат , ки бисёриҳо аз чунин шакли таҳсил ва кор дар хориҷа огоҳ гаштанд ва ҳавасманди рафтан барои кор ё таҳсил ба Чехия рафтан шуданд. Дар натиҷа гурӯҳи калоне пайдо шуданд, ки онҳо пул доданду вале ҳатто то фурудгоҳ нарафтаанд. Масалан, танҳо дар хонае, ки мо зиндагӣ мекунем, ҷабрдидаҳо 8- нафаранд, боз ман зиёда аз 15 нафареро медонам, ки барои коркунӣ рафтан пул додаанду фиреб хӯрдаанд. Ҳамин тариқ, худи Ваҳдат дар ду-се моҳ боре пайдо шуда шояд маблағҳои ғуншударо мебурд, ё ин ки бо «қурбонӣ»-ҳои навбатӣ сӯҳбатҳо мекард, вале кассе асли гапро намедонист. Тибқи гуфтаҳои фирефташудагони дигар аз донишҷӯшавандагон аз 7 то 10 ҳазор долларӣ ва барои ба кор рафтан 2-3 ҳазор долларӣ мегирифтааст. Баъд аз оне, ки аттестатҳоро Ваҳдат «гум» мекунаду Алиҷону Вика дигар ба донишгоҳ дохил шуда наметавонанд, бояд онҳо ба Душанбе бармегаштанд. Шояд гум шудани ҳуҷҷатҳо ҳам ҳиллаи навбатии ин ҳиллагар буд, зеро ҳама гапҳои Ваҳдат дар бораи дохилшавӣ ба мактаби олии Чехия дурӯғ буда, худи ӯ ҳам аз рӯйи гуфтаи писари ман бо кадом гурӯҳҳое ҳамроҳ буда, ҷое таҳсил намекарда аст. Ҳамин тариқ, дар ивази 1000 доллари баъдан додаи писари ман Ваҳдат ба Вика ваъда медиҳад, ки дар кадом мактабе, ки гӯё аттестат зарур набудааст, ӯро дохил мекунонад, вале Алиҷон, ки дигар дар Чехия коре надошт, бояд ба Ватан бармегашт. Аммо, агар ӯ ба Душанбе меомад, он гурӯҳи навбатӣ, ки барои омадани Ваҳдат ва бурдани фарзандонашон ва корҷӯёни зиёди дигаре аз фиребҳои Ваҳдат огоҳ мешуданд, аз ин рӯ, Ваҳдат Алиҷонро бо баҳонаи ёрӣ расондан бо гуруҳи корҷӯёне, ки дар Алмаато роҳи Ваҳдатро мепоиданд, мефиристонад. Худаш бошад, баҳузур моҳи сентябр омада, маблағҳои ҷамъшударо мегираду бо ҳазор ваъдаву садҳо дурӯғ боз нопадид мегардад. Баъзе довталабон «аз ин ҷо мондаву аз он ҷо ронда шуда » гуфтагӣ барин муҳлати ба донишгоҳҳои ватанӣ дохил шуданро ҳам аз даст медиҳанд. Онҳо ҳам маблағҳо ва ҳам имконияти шомил шудан ба макотиби олиро аз даст додаву фиреб хӯрдаву ночор мемонанд, вале ҳанӯз умедвор чӣ ба хонаи модари Ваҳдат меоянду чӣ худи ӯро тариқи шабакаҳо меҷӯянд. Вале дигар рақамҳои ӯ хомӯшу посухи модараш яктост: «Писари ман шахси комилҳуқуқ асту дигар 18- сола нест, ки ман барои рафторҳояш ҷавоб бидиҳам. Шумо медонеду ӯ. Интизор шавед шояд маблағҳоятонро бозгардонад», -қисса мекунад як падари фиребхӯрда Зуҳуров Насрулло Шокирович, ки баъди фиребгариҳои Ваҳдат ошкор гаштан бо ин зан тариқи телефон сӯҳбат кардааст. Мо метарсондему худамон метарсидем Қобили тазаккур аст, ки дар давраи дар Алмаато будани писарам ва алоқа набаромадани ӯ ман бо телефону паёмакҳоям Ваҳдатро безор кардам, ки дар бораи писарам ягон маълумоте бидиҳад ё ӯро имкони бо ман гап задан бидиҳад. Ман ба ӯ гуфтам, ки шояд ту писари маро ба ДИИШ фурӯхтаӣ, ё ягон балои дигаре ба сараш овардаӣ, ман туро беҷазо намемонам. Шояд асари ҳамин таҳдидҳои манн буд, ки 15 – сентябри соли 2016 Ваҳдат Давлатов ба ман паёмак навишт, ки «Шуморо табрик мекунам писаратон Алиҷон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Чехия шуд». Ин дар ҳоле, ки дар ҳамин вақт писари ман гуруснаву ташна ва аз сардӣ ларзида бо як гурӯҳи корҷӯёни фиребхӯрда, дар кадом саройе дар Алмаато базӯр зинда монда аст. Инро бошад ман баъдтар тавассути кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, ки ман ба он ҷо расман муроҷиат карда будам, дақиқ кардам. Онҳо бароям иттилоъ доданд, ки он гурӯҳи корҷӯён ва писари ман дар Алмаатоянд. Дар ин миён баъди шӯру мағал бардоштани ман барои дарёфти хабари дар куҷо будани писарам, Ваҳдат гӯё «кӯмак» кард, ки ӯро аз Алмаато хориҷ яъне «депортатсия» кунанд ва дигар тӯли панҷ сол ӯ ҳуқуқи ба Қазоқистон рафтанро гум кард. Ман боз барои бозгашти писарам 700 доллари дигар масраф кардам ва дар маҷмӯъ ман 17-18 ҳазор доллар харҷ кардаам. Он чизе, ки писарам дар бораи шароити зисти он корҷӯён дар Алмаато баъдан қисса кард, даҳшатнок аст. Як мисол. Барои 15-20 нафаре, ки барои кор рафтаву 2-3 ҳазор долларӣ сарф карда буданд, акнун худашон интизор буданд, ки ягон дӯсташон 10-20 доллар бифиристанд, аз он ҳисоб як дег ош мепухтанду онро то як ҳафта кам-кам тақсим карда мехӯрданду аз хунукӣ сахт азоб доштанд. Бозгашти Алиҷон пардаро кушод Баъди бозгашти писари манн, ки хеле лоғару бемор гаштаву ҳатто чанд торҳоя мӯйи сараш сафед гашта буданд (бачаи 18- сола) оҳиста-оҳиста парда аз рӯйи «фаъолият»-и Ваҳдат Давлатов бардошта мешуд, зеро аз он гурӯҳи барои кор бурдаи ӯ низ дигар хату хабаре набуд. Азбаски дар ҳамсоягии ман боз нафарони дигари фиребхӯрда ҳам буданд ду нафар занон ба хонаам омаданд, то ки акнун ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоем. Зеро то ин вақт бибии Ваҳдат, ки раиси хонаи истиқоматии мо буда мунтазам барои ким кадом корҳо маблағ меғундораду ба ҳар як дар ҳақи даромадан дорад, ба ҳамсояҳо дар бораи ман овозаҳои бардурӯғ паҳн кардааст, то ки онҳо бо ман гап назананду ҳақиқатро нафаҳманд. Вале, инак одамони зиёде ба ин дом афтодаву фиребхӯрда оҳиста-оҳиста ба ҳам меомаданд. Буданд нафароне, ки маро гунаҳгор карданӣ мешуданд, ки чаро баромада дар бораи фиребгариҳои Ваҳдат ба дигарон иттилоъ надодаам, вале охир худи ман ҳам ба Ваҳдат ва модару бибии вай чун як ҳамсоя бовар карда будам. Оғози давутоз ва анҷоми умедворӣ Мо се нафар фиребхӯрдаҳо – Рухшона Эсоева, Роҳила Одилова ва Тахмина Холова ба ҳамаи мақомотҳо, яъне ба ВКД, Кумитаи амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва раиси шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз асли воқеа онҳоро хабардор кардем. Баъди дуюним моҳ тавре ба мо гуфтанд, бо дархости Раёсати ҷустуҷӯии Кумитаи амнияти миллӣ мутобиқи моддаи 217 банди 4 Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба Ваҳдат Давлатов делои ҷиноятӣ оғоз кардааст. Баъди даводавҳои зиёд ва исботкуниҳои беохир ба мо аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ӯ дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор дорад. Вале аҷоиботаш дар он буд, ки намедонам иттилоъ аз куҷо берун меомад, ки баъди ҳар муроҷиати мо ба Прокуратура, милиса ва дигар мақомот аз тирезаи хонаи ҳамсоя – модари Ваҳдат ба сӯйи тирезаи хонаи ман борони ҳақоратҳои гӯшношунид ва таҳқиру тӯҳмат мерехт. Саволе ба миён меояд, ки онҳо худи ҳамон рӯз аз куҷо хабардор мешуданд? Дар айни замон мо 7- нафар расман ба мақомот муроҷиат кардем. Масалан Надежда Багирова сокини шаҳри Хуҷанд, ки духтараш Инна тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми Ваҳдат афтодааст, ба ӯ 4237 доллар додаасту баъди интизориҳои беҳуда акнун духтарак дар Донишгоҳи технологии шаҳри Москва таҳсил дорад.Аммо модараш аз банк ва шиносҳо қарзҳои зиёде дорад, ки онҳо маблағҳои ба Ваҳдат Давлатов фиристодаву додаи ӯ мебошанд. «Интерпол» ё ҷустуҷӯйи байналмилалӣ? Аммо як нуқтаи дигари ҷолиб он аст, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштани шахс танҳо дар он кишварҳое имкон дорад, ки давлати мо бо онҳо шартнома дошта бошад. Тибқи иттилое, ки ба мо дастрас гашт, Ҷумҳурии Чехия бо Тоҷикистон чунин шартнома надорад. Пас, тавре ки ба мо муфаттиши милисаи шаҳри Душанбе Дилшод Каримов иттилоъ дод, Ваҳдат Давлатов бояд дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошта бошад. Ӯ бояд тариқи «Интерпол» ҷустуҷӯ бигардад, аммо дар рӯйхати ин ташкилот номи Ваҳдат Давлатовро ҳанӯз наёфтаем ва ба ин суоли худ, ки оё Ваҳдат Давлатов воқеан дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва ҳуқуқҳои ин қадар теъдоди фиребхӯрдагон барқарор мегардад, ё не, ҳанӯз чун суол боқист. Мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми далелҳо ва натиҷаи ҷустуҷӯҳои худро пешниҳод кардем. Ҳатто суроғаи зисти Ваҳдатро дар шаҳри Брнои Чехия, вале ҳанӯз онҳо чорае надида, ба зудӣ ӯ огоҳӣ ёфта, баъди 2-3 рӯз ҷойи зисташро иваз карда нобуд шуд, ки ин далели аҷоибро мо ҳанӯз кушода натавонистаем. Аммо оддӣ карда бигӯем магар ин «утечка информации» нест? Мо ҳамсоягонем, фиребхӯрда Ман Роҳила Одилова сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳамсоягии ин оила зиндагӣ мекунам ба доми густурдаи ӯ тавассути бибии Ваҳдат афтодам. Тавре баъдтар огоҳӣ ёфтем ҳар кадоми мо бо ҳар воситае ба ин дом афтодаем, яке тавассути бибияш, талабагони мактаб модари Ваҳдат, ҷӯраҳои додараш тавассути тарғиботи бародараш, чорумӣ аз тариқи тағояш хулоса ҳамаамон аз тариқи аъзои ин оила гирифтор гаштаем. Ин оила боз аз шумори «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст» мебошанд, баъди ошкор шудани қаллобиҳои Ваҳдат аҳли ин оила боз ҳамаро ҳақорат ҳам мекунанд, дар ҳоле ки бибии «меҳрубонаш »дар аввал аз наберааш Ваҳдат гӯё хоҳиш карда буд, ки ба мани ҳамсоя гӯё «через» карда аз ман, ки чанде пештар ду мурдаи наздиконамро гӯронда будам, барои ба Чехия бурдани писарам пули камтар бигирад. Ин маблағи «камтар» 5200 доллар буд, ки боз аз хурсандӣ ман ба Ваҳдат як курта ҳам тақдим кардам. Ваҳдат ба ман қасам хӯрд, ки «Қуръон»-ро 3 – бор хатм кардаасту ҳеҷ гоҳе дурӯғ намегӯяд. Ман қариб ҳар рӯз ба хонаи онҳо мерафтам, то маълумоти бештаре дар ин бора ба даст биёрам, ки дар ҳақиқат писари маро ӯ бо худ мебарад. Ман Тахмина Холова 23- сол боз дар ҳамсоягии ин оила зиндагӣ мекунам, ду фарзандамро бе падар калон карда, то ҳол дар хонаи модарам ҳамроҳ бо ӯ мезиям, яъне соҳиби хона нашудаам. Ҳар боре, ки Ваҳдат аз Чехия меомад «дилсӯзона» мегуфт, ки хола, биёед ман ҳамин писаратон Зуҳайрро бо худам ба Чехия барам. Бародарвор нигоҳубинаш мекунам. Азбаски ман он ҷо аълохон ҳастам ба ман супориш додаанд, ки 100 донишҷӯ аз Тоҷикистон бо худ биёрам. Модараш бошад чун як дугона ба ман гуфт, ки натарсида писарамро бо Ваҳдат бифиристам. Ӯ ваъда кард, ки барои бе падар буданаш 10 ҳазор неву камтар яъне 6 ҳазору 700 доллар кифоя аст. Ман аз банк қарз гирифтааму бо гирифтори дар ин доми фиреб, то ҳол дар азобам. Банк ҳар моҳ фоиз мепурсаду ба болои 6700 доллари сӯхтаамон ин фоизҳо ҷамь мешаванд. Ман Зуҳуров Насрулло Шокирович падари Сӯҳроби Насрулло, ки писари худам ва писари рафиқамро, ки Фаридун ном дошта, ҳамсинфи Вафо бародари Ваҳдат ҳастанд, бо пешниҳоди Ваҳдат ва фирмаи ӯ «Садониш» бояд ба Чехия барои таҳсил мефиристодем, аммо чун дигар фиребхӯрдаҳо бо супоридани 7 ҳазор доллар барои ду кас «сӯхтаем»-у дигар на ба зангҳои телефониямон ҷавоб мегирему на ба муроҷиат ба модараш ин қазия ҳал мегардад. Инак, аз моҳи сентябри соли 2016 як сол боз мо саргардон гаштаем. Аризаи мо ба Вазорати корҳои дохилӣ ва баёнотҳои навиштаи мо бо замимаи квитансияҳо пешниҳод карда шудааст, аммо то ҳол натиҷае нест. Умедамон ба шумост Шояд ба дом афтодагони дигар ва ҷабрдидаҳои нав ба нав кам набошанд, аммо мо онҳо ва онҳо моро нашиносанд. Зеро дар як мусоҳибаи Вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 26 апрели соли 2017 низ далели зиёда аз 20- нафарро фиреб кардани ин шахс зикр гашта буд. Ба андешаи мо агар Сафорати Ҷумҳурии Чехия ё консулгарии ин давлат дар кишвари мо мебуд, шояд қаллобоне ҳамчун Ваҳдату шарикони ӯ ҷуръати ба чунин ҷиноятҳои байналмилалӣ даст заданро намекарданд? Пас, агар ин қаллоби дар сатҳи ду- се давлат «фаъолият» дошта, дастгир ва чораҷӯйӣ нашавад, кӣ медонад боз ин мушкилот чӣ ба дунбол меорад. Бо иншои ин номаи дод мо умедворем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли ниҳодҳои супориш медиҳад, ки дахлдор ин қазияро зери назорати худ гирифта ҳақро ба ҳақдор бирасонанд, зеро касе гуфта наметавонад, ки сафи гирифторони ин ҳиллаҳои Ваҳдат бо шумораи медонистагии мо тамом мешавад. Шояд дар ин чанд моҳи мо ба давутозҳои муроҷиатамон машғул теъдодамон боз афзуда бошад. Ҳафтаи гузашта Назира ном зане ба манн - Рухшона Эсоева занг зада пурсид, ки писари шуморо кӣ ба Чехия фиристод? Вақте ки ман номи Ваҳдат Давлатовро гирифтам дар гӯшӣ хомӯшии дуру дарозе шуд. Маълумам гашт, ки ин боз як қурбонии навест, ки ба доми Ваҳдат афтодаву тасодуфан ҳодисаи ба сари мо фиребхӯрдагон омадаро аз як шиноси мо шунидааст. Баъди сӯҳбати телефонӣ дарёфтам, ки ба ин гурӯҳи мо боз як муштипаре нав афтодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки «амалиёт»-и Ваҳдат Давлатов ҳанӯз идома дорад. Бо эҳтиром Эсоева Рухшона, Одилова Роҳила, Холова Таҳмина, БагироваНжда, Сӯҳроби Насрулло, Олимов Фаридун, Тӯраев Алиҷон, Зуҳуров Насрулло ва дигарон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.