Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз ҳавои кишвар абрӣ ва тағйирёбанда боқӣ мемонад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз ҳавои кишвар абрӣ ва тағйирёбанда боқӣ мемонад

23-08-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз ҳавои кишвар абрӣ ва тағйирёбанда боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 23 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 36 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: