Пешвои милл «Балҷувон яке аз гӯшаҳои хеле қадимии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»27-07-2017, 15:39
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ноҳияи Балҷувон яке аз гӯшаҳои дар ҳақиқат зебову биҳиштосо ва мавзеъи хеле қадимаи Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағйирхӯрдаи калимаи Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, мардуми Балҷувон аз қадим бо Ҳисору Дарвоз ва манотиқи дигар робитаҳои тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Афғонистону Россия ва Туркистону Ҳинд маҳсулоти гуногун ворид карда мешуд. Минбаъд олимон муайян кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Балҷувон на танҳо тилло, нуқра ва мис, балки конҳои сурб, намак ва нафту газ низ мавҷуд мебошанд. Чопи саҳифа |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.