Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»5-07-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
![]() ЗАФАРОБОД. Дар доираи ҷашнгирии солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми сунатҳои миллии мардуми ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ семинар омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор шуд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкониятҳои бузург ва дар айни замон масъулияти муҳимро барои рушди иқтисодиёт ба дӯши мардуми кишвар гузоштааст, Тинҷию ороми кишвар ва ҳалолкорию меҳнатдӯстии халқи азизамон моро ба ояндаи дурахшон рӯҳбаланд менамояд. Маҳз бо воситаи ин китоб Пешвои миллат нишон доданд, ки фарзандони шуҷоъ ва хирадманди ниёгони ориёи мо аз қабили подшоҳони далеру ватанпарвар-Куруши Кабир, Хусрави Анушервон, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи рӯҳу тавонову бешикаст, омезеши ҷасорату иродаи қавӣ, фазилатҳои бузурги сиёсӣ ва озодию истиқлол буданд. Бешак дар замони муосир Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори он бузургон мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.