Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то ба 43 дараҷа мерасад

Имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то ба 43 дараҷа мерасад

22-06-2017, 10:17
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то ба 43 дараҷа мерасад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 22 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то ба 43 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 38-43 дараҷа ва дар вилояти Суғд 36-41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво аз 38 то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: