Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара 12.05.2017 06:56, ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара 12.05.2017 06:56, ноҳияи Данғара

12-05-2017, 13:40
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара 12.05.2017 06:56, ноҳияи Данғара;урии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносои бо рафти корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ ва самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Сангтудаи Ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, боз як мактаби наву замонавӣ дар мамлакат, ки аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд шудааст, расман оғоз бахшиданд.

Мактаби наву замонавӣ барои 1320 ҷойи нишаст дар 2 баст пешбинӣ шуда, аз 20 синфхона, толори навбунёди варзишӣ, китобхона бо ҳазорхо нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 25 компютер, толори фарҳангӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол, ҳамзамон барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 60 нафар дар як вақт, ҳамчунин аз утоқи хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи расмии ин даргоҳи таълимӣ, бо шароити мактаб-синфхонаҳо ва утоқҳои таълимию истеҳсолӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Дар рафти боздид аз шароити мактаби наву замонавӣ Сардори давлат бо устодону толибилмон суҳбат ороста, ҷиҳати омӯзиши дақиқи илм ва забонҳои хориҷӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми ноҳияи Данғара дар доираи татбики хадафхои рушд, аз хисоби бучети давлат бо харҷи бештар аз 16 млн сомонӣ дар давоми 18 моҳ аз рӯи нақшаи мукаммал, мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъолияти пурраи мактаб беш аз 68 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Баъди ифтитоҳи бинои мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 8 муассисаи нави таълимӣ бо 1670 ҷойи нишаст ба истифода дода, ҳамаи муассисаҳои таълимии зикргардида бо таҷҳизоти зарурии таълим ва шароити муосир таъмин карда шуданд.

Устодону хонандагони мактаб ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

f
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: