Вохӯрӣ27-01-2017, 15:09
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 27 январи соли ҷорӣ дар утоқи кории раиси Кумитаи маҳаллаи «1 Май»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳрӣ Абдумавлон Азимов оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироат гардида буд, вохӯрӣ доир гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барномаи мукаммали фаъолият нафақат барои як соли оянда балки барои даҳсолаҳои минбаъда низ маҳсуб меёбад. Паёми имсола давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Ба андешаи Сарвари давлат ба хотири бештар таҳким ёфтани пояи иқтисодӣ ташкили коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз иқдомҳои наву созандаи масъулин иборат бояд бошад. Дар ин росто таклифи Пешвои миллат аз мамлакати аграрӣ гузаштан ба кишвари агроиндустралӣ тақозои замон аст. Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон барои коркарди маҳсулоти ниҳоии он низ кӯшиш ба харҷ диҳем. Таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаи олам собит намуданд, ки дар сурати коркарди пурраи ашёи хоми саноатӣ сатҳи иқтисодӣ боло рафта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоянд. Барои ин танҳо фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ворид кардани технологияҳои муосир ва тарбияи мутахссисони варзида кофӣ аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.