Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БОҒБОНИ БОҒИ КӮЛОБ

БОҒБОНИ БОҒИ КӮЛОБ

23-01-2017, 10:50
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
БОҒБОНИ БОҒИ КӮЛОБ
«Пеш аз ҳама мехоҳам ба таъкид ишора кунам, ки ҷамъии дастовардҳоям дар мавриди боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб бо назари нек ва ёриҳои амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад. Агар муносибати ғамхоронаи ин шахси сарнавиштсоз намебуд, банда ин тифли бо сад ранҷ ба воя расондаам, яъне Боғи ботаникиро наметавонистам дар гирудорҳои зиндагӣ ва нотавониҳои иқтисодӣ ба камол расонам». Тилло Бобозода

Таҳқиқоти олимони табиатшинос оид ба гуногунии биологӣ дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта аз он гувоҳӣ медоданд, ки бунёди Боғи ботаникӣ дар шаҳри Кӯлоб ба мақсад мувофиқ ва манфиатовар аст. Иқлими ин минтақа ба парвариш ва нашъунамои бисёр намуди рустаниҳо мусоидат мекунад.
Бо назардошти тадқиқоти мазкур ва зиёда аз ин, бо даву талошҳои номзади илмҳои биологӣ, устоди кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Тилло Бобозода ва дастгирии Президенти онвақтаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Муҳаммад Осимӣ ниҳоят соли 1985 дар яке аз канораҳои шаҳри Кӯлоб дар майдони 5 гектар Боғи ботаникӣ таъсис дода шуд. Ба боғи навтаъсис бинобар камбуди буҷа ҳамагӣ ду ҷойи кор – мудири сектори интродуксияи наботот ва техник-боғбон ҷудо шуда буд. Директори боғ Тилло Бобозода, мудири кафедраи биология, оне, ки солҳо боз орзуи бунёди чунин як боғро дошту бо ташаббуси худ аллакай як қитъа замини ҳавлии донишгоҳро бо сабзондану парвариш кардани арғувони кӯҳӣ ба гулгашт табдил дода буд, ба ҳаминаш ҳам – як ходиму як коргари барои боғ ҷудошуда, шукр гуфта, ба қавле камарро аз чанд ҷой маҳкам басту ба кор сар кард. Ба истифодаи техника дар кори боғ маблағ намерасид. Аз ин рӯ, ба қувваи дасту бозуи худ умед бастан, заминро қадам ба қадам, қитъа-қитъа киштбобу корам намудан лозим меомад. Директор ҳамроҳи боғбони куҳансол, ки бо маоши андак ин корро ба зимма гирифта буд, дар замини ба кишт омода ҷӯяку пал кашида, ниҳол мешинонданд, тухмии гулу гиёҳ мекоштанд, боғ бунёд мекарданд. Ниҳолу тухмии гулро худи директор аз навоҳии гуногуни кӯҳистон меовард.
Дар як муддати кӯтоҳ беш аз 250 намуди гуногуни дарахт ва гулу гиёҳ ба боғ оварда шинонда шуданд. Симои боғ намоён гардид. Мақсад, қабл аз ҳама, таҳқиқи мувофиқат кардани сабзиши ниҳоли дарахтон ва гулу гиёҳи манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба иқлими минтақаи Кӯлоб, қисми ҷануби ҷумҳурӣ ва ҳам аз хатари нобудшавӣ эмин доштани аксар набототи зери хатари нобудшавӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон воридшуда буд.
Вале чун фаҳмиданд, ки фақат дар моҳи июн тавассути насосҳо ба ин ҷо об овардан мумкин аст ва алъон агар чорае наандешанд, ҳама хушк шуда, натиҷаи заҳматашон барбод меравад, ба таҳлука афтоданд. Директори боғ Тилло Бобозода чун мурғи посӯхта худро ба сад дар мезад, аз нафарони масъул илтимосу илтиҷо мекард, имдод металабид. Вале касе ба имдодаш намерасид. Масъала танҳо вақте муваққатан ҳал шуд, ки арзи директори Боғи ботаникӣ то ба гӯши раиси ҳамонвақтаи кумитаи иҷроияи вилоят Ҳабибулло Табаров расид. Бо супориши он кас ба боғ лӯлаи об гузаронданд ва ба тани замини ташналаб ва навниҳолу дигар рустаниҳои кишташудаи боғ ҷону дармони тоза даромад.
Баъди як сол, вақте ки дар Шӯрои илмии Институти ботаника ҳисоботи директори Боғи ботаникии Кӯлоб Тилло Бобозодаро оид ба фаъолияти боғ шуниданд, касе аз аъзои Шӯро бовар накард, ки дар тайи як сол ин қадар корҳои назаррас ба субут расонда шуда бошанд. Танҳо баъди дар ҷояш рафта дидани маҳсули меҳнаташон ба онҳо офарин хонданд.
Соли дуввум бо мақсади пайдо кардани маблағ ва афзоиш додани коллексияи боғ фурӯши буттаҳои гули садбаргро ба муассисаҳои шаҳр ба роҳ монда, аз ин ҳисоб шумораи коргаронашонро бо як нафар зани гулпарвар зиёд карданд. Ва директор Тилло Бобозода ба шаҳру деҳаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба «шикор» баромад. Аз манотиқи гуногуни кӯҳистон буттаи дарахтони туғ, бушол, арғувон (шулаш), дулона, амруд, себҳои худрӯй, нок, қарақорт, фарк, заранг, гулҳои лола, савсани кӯҳӣ, ҷамбилаку субинак, чоклаву чукрӣ ва ғайраро оварда, дар боғ ончунон парвариш намуд, ки беҳтар аз маҳали сабзиши табииашон чеҳра кушода, диданашон тамошобинони боғ -меҳмонон, бахусус талабагони макотиби миёнаву муҳассилини Донишгоҳи давлатии Кӯлобро, ки зуд-зуд ба ин ҷо меомаданд, дар ҳайрат гузошанд. Касе бинад ҳам, дарҳол бовар карда наметавонист, ки ин рустаниҳои кӯҳиро дар замини водӣ ҳам парвариш кардан мумкин аст.
Коллексияи боғ ҳамчунин аз натиҷаи сафарҳои директори боғ Тилло Бобозода ба боғҳои ботаникии дохили кишвар ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказию Қафқозу Қрим, ки аз он ҷойҳо тухмию қаламчаи дарахтони нодирро меовард, рангину рангинтар мешуд. Муҳимтар аз ҳама, дар худи ҳамин соли дуввум Тилло Бобозода бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ ба омӯзиши хусусиятҳои биологию экологӣ ва таҳқиқи манбаъҳои табиии зира шурӯъ намуда, аз таҷрибаи гузарондааш ба хулосае омад, ки ин рустании хушбӯйи фоиданокро дар баландии 600-2500 метр аз сатҳи бар кишт карда, аз ҳар гектари он на 2-3 килограм, ки ҳар гектар зиразори табиӣ медиҳад, балки 500-600 килограм ҳосил ба даст овардан мумкин аст.
Олими ҷавон дар ин мавзӯъ рисолае навишта, барои дар амал татбиқ намудани натиҷаи пажуҳишаш онро ба вазорати кишоварзӣ супурд ва пайи ҷустуҷӯҳои нави илмӣ шуд. Ӯ дар вақти сафарҳояш ба соҳилҳои кафқозии Баҳри Сиёҳ дарахтони сарви ҳамешасабзро бисёр дида, ба онҳо дил бохта буд ва орзу дошт, ки ин дарахтро рӯзе ба ватани аҷдодии худ биёрад. Бино бар ин, ҳангоми яке аз сафарҳояш ба ин минтақа соли 1974 барои санҷиши мутобиқат ба иқлими водии Кӯлоб дар қатори дигар ниҳоли дарахтони ҳамешасабз якчанд ниҳоли сарвро низ оварда, дар Боғи ботаникӣ парвариш намуд. Бисёр мехост хиёбонҳо ва талу теппаҳои ватани азизашро сарвистон бубинад. Зеро то он замон шоирони форсу тоҷик васфи ин дарахти хушқаду қомати нозанинро ба кайҳон бурда бошанд ҳам, сарв дар хоки Тоҷикистон маъмулӣ набуд. Тибқи хотираи куҳансолон дар Душанбеи солҳои шастум ду бех дарахти сарвро танҳо дар назди бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунист (Сека) дидан мункин буду бас.
Таҷрибаи Тилло Бобозода нишон дод, ки на танҳо сарв, балки даҳҳо намуди ниҳолу рустаниҳои зебои ҳамешасабзи дигар дар иқлими водии Кӯлоб хуб нашъунамо мекунанд ва онҳоро дар ороиши кӯчаю хиёбонҳои шаҳр метавон ба таври фаровон истифода намуд. Зеро бо вуҷуди камбуди об сарви аризонӣ, сарви лавсонӣ, сарви муқаррарӣ ва дигар навъи дарахтони сӯзанбарг дар шароити Боғи ботаникии Кӯлоб дар се сол аз 0,65 сантиметр то 2 метру 50 сантиметр қад кашидаанд.
Бо назардошти ин таҷриба ва захираи фаровони навниҳолони дарахти сарви дар ниҳолхонаҳои боғ ғуншуда, рӯзе Тилло Бобозода ба назди котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят рафт. Худро шиносонда, перомуни манфиати сабзондани сарву санавбар дар ороиши кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят- шаҳри Кӯлоб ва рушди саноати истеҳсоли чӯб дақиқае чанд ҳарф зад. Гуфт, ки агар ҳар яке аз колхозу совхозҳои бақувват 3-5 – гектарӣ сарву санавбар бисабзонанд, пас аз даҳ-понздаҳ сол сохтмонҳоямонро метавонем бо чӯбу тахтаи худӣ таъмин кунем. Котиби аввали ҳизб «Дигар кор надорем, ки ҳамаро як сӯ монда, ба сарву санавбаршинонӣ машғул шавем?» гуфта, сухани олимро бурид ва бо ҳамин ба суҳбат нуқта гузошт. Тилло Бобозода аз кабинети роҳбари вилоят бод иди озурда баромад, вале ин ҳолаташ дер давом накард. Дастгирӣ наёфтани тадқиқот ва таҷрибаҳои пурарзиши илмии олимонро аз ҷониби роҳбарони масъули сатҳи вилоятӣ ва вазоратхонаҳо ӯ то ин замон бисёр шунидаю дида буд ва мефаҳмид, ки «ақлу хирад» - и чунин садрнишинон аз «иҷрои плани пахта» берун намебарояд ва бисёре аз онҳо аз таги бинии худ дуртарро дида наметавонанд. Вале боз инро ҳам хуб медонист, ки дар ҷомеа одамони оқилу доно нисбат ба чунин хушкмағзон бештаранд ва маҳз ба онҳо метавон умед бубаст. Ободию пешравии дунё дар дасти онҳост.
Ва умедаш бебақо набуд. Мушкилот бо дастгирии одамони неку хайрхоҳ зина ба зина ҳалли худро меёфтанд. Дидани боғ ба ҳар шахсияти баландмақоме, ки ба ин ҷо меомад, таассуроти тозаву фараҳ бахшида, муҷиби бартараф намудани камбудие мегардид. Як омадани вазири кишоварзӣ Ваҳҳоб Воҳидов ва аз тамошои боғ ба ҳайрат афтодани басанда буд, ки мушкили трактор надоштани боғ ҳал шавад.
Бунёди Боғи ботаникӣ ҷараёни тоза мегирифт. Навниҳолони то ин замон дар минтақа ва тамоми Тоҷикистон диданашудаи сарву санавбар, коҷи кабуд, саквояи азимҷусса, арчаи вирҷинӣ, гинко, лолдадарахт, бересклети японӣ, бамбук ва ғайра, ки аз хориҷи кишвар оварда шуда буданд, дар замини боғ хуб нашъунамо ёфта, сар ба боло мекашиданд. Дар палҳо рустаниҳои маҳаллии кӯҳии зира, субинак, ҷамбилак, шунук (шибит), гулҳои сиёҳгӯшу наврӯзӣ, лола, ҳолмун, ҳазориспанд ва ғайра давраи авҷи сабзишро аз сар мегузаронданд.
Барори кор Тилло Бобозодаро хеле руҳбаланд карда, обрӯю нуфузашро ҳамчун олим ва ҳам директори боғи тозабунёде, ки мардуми шаҳру вилоят назирашро надида буданд, меафзуд. Дар канораи шаҳри Кӯлоб боз як мавзеи нав бо ду ном арзи вуҷуд карда, вирди забони мардум гардид: - «Боғи Тилло Бобоев» ва «Гулбоғ».
Номи дуюм «Гулбоғ» аз он сабаб ба миён омад, ки директори боғ Тилло Бобозода батадриҷ эҳтиёҷ ба гул пайдо кардани сокинони шаҳрро дида, бо мақсади дар ҳама фаслҳо ба роҳ мондани парвариши гул ниҳолхонаву гармхонаҳои гулпарварӣ кушод. Барои баргузор намудани тӯйу маъракаҳои хурсандӣ, ҷашни мавлуд, консертҳо дар Хонаи фарҳанги шаҳр, истиқболи меҳмонони гиромиқадр талабот ба гул меафзуд. Илова бар ин, акнун роҳбарони идораҳои маъмурӣ- давлатии шаҳр овозаи «Боғи Тилло Бобоев»-ро шунида аксар вақт бо тарғибу даъвати худи Тилло Бобозода ва гоҳ бедаъват ҳам ба боғ меомаданд ва барои ороиши саҳни бинои идораҳояшон аз директори боғ тавсияҳо гирифта, навниҳоли сӯзанбаргу гул мехариданд. Ошиқони духтарони париваҳши кӯлобӣ ҳам барои ҳадя ба маъшуқагони худ ба суроғи гул ба Гулбоғ омада, беҳтарин туҳфаи дилхоҳашонро пайдо мекарданд. Ҳукумати шаҳр барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ садҳо даста гул супориш медод.
Дар шаҳр доштани боғчаи гули садбарг дар назди идораҳо ба анъанае табдил ёфт ва директори боғ бо истифода аз ин, қаламчаи гули садбарги зиёдеро ба фурӯш бароварда, як миқдор маблағ ба даст овард ва аз ин ҳисоб гулпгулпарварзани моҳиреро ба кор гирифт. Зарурате пеш омад, ки дар назди бинои Хонаи ақди никоҳи шаҳр дукони гулфурӯшӣ кушода, онро пайваста бо гулҳои тару тоза таъмин намоянд. Кушодани дукони гулфурӯшӣ дар соли 1986 дар Кӯлоб, ки то ин замон вуҷуд доштани чунин як дуконро касе аз куҳансолони шаҳр дар хотир надошт, ҳангомае ба по кард. Қатори мизоҷон аз назди дукон хеҷ канда намешуд.
Ибтикороти олими набототшинос Тилло Бобозода дар сабзу хуррамгардонӣ ва ободонии шаҳр ва навоҳии минтақаи Кӯлоб беҳисоб буданд. Вале мутаассиф, алангаи ҷанги шаҳрвандӣ (соли 1992) на танҳо домани ибтикороти наҷиби олим, боғбони гулу ниҳолпарварро бурид, балки ба сари Боғи ботаникии бунёдкардаи ӯ низ офати калони ногаҳонӣ овард. Одамони муштзӯр қисме аз коллексияи дарахтону буттаҳо ва деворҳои бетонию хиштини боғро канда бурданд. Ба нигоҳ доштани кормандон дар боғ илоҷе набуд. Академияи илмҳо аз сабаби камбуди молӣ маоши кормандони боғро ҳам дода наметавонист. Ин аҳвол тӯли шаш сол, то соли 1997 идома ёфт. Як замоне ба сар омада буд, ки на пойи кас дар замин устувор барҷо меистод ва на фиғони кас ба гӯши фалак мерасид.
Мафҳумоти «ҷанг»-у «гул» бо ҳам мухолифанд. Аз ғулғӯлаи ҷанг, садои пурдаҳшати тир дарахтони зинда боизтироб меларзанд, гулҳо сар ба дарун кашида, пажмурда мешаванд.
Аммо, ба қавли директори боғ ҳоҷӣ Тилло Бобозода, «Худованд онҳоро аз қудуми мубораку бахтовари оқилону фарзонагон беиноят нагузошт». Дар Наврӯзи оламафрӯзи соли 1998 ба Боғи ботаникии Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, бо шинондани дастниҳоли сарви зебое, ки ҳоло қомат афрохта, ба сарвистони боғ шукуҳи тозае бахшидааст, ба кори барқарорсозии боғи аз офати ҷанг зиёндида ва нашъунамои он оғоз бахшиданд. Пас, чунин ташрифоти Сардори Давлат ба боғи ботаникӣ боз се бори дигар паиҳам ба вуқӯъ пайваст, ки ба қавли боғдорон, «аз қудуми муборакашон ба боғ файзу баракати тоза зам шуд». Аз ҷумла, соли 2002 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи сафари корӣ бори чорум ба Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз набудани оби доимӣ ҳолати ногувори боғро пай бурданд ва супориш доданд, ки барои кашидани хати мустақил ва обёрии пурраи доимии боғ аз хазинаи давлат 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намоянд. Ҳамин тавр, бо мадади олиҳимматонаи Роҳбари Давлат боғ дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хати мустақили об ва бар замми ин, фаввораи зебою дафтари кории маъмурият, автомобили хидматӣ гардид. Барои таъмири трактор ҳам маблағи алоҳидае ҷудо карда шуд. Ва акнун Боғи ботаникии Кӯлоб дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғбони тавоное ёфта буд, ки нигоҳи ободкоронаи худ пайваста нигаронда ба сӯйи боғ.
- Пеш аз ҳама мехоҳам ба таъкид ишора кунам, ки ҷамъии дастовардҳоям дар мавриди боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб бо назари нек ва ёриҳои амалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, - изҳор мекунад Тилло Бобозода. - Агар муносибати ғамхоронаи ин шахси сарнавиштсоз намебуд, банда ин тифли бо сад ранҷ ба воя расондаам, яъне Боғи ботаникиро наметавонистам дар гирудорҳои зиндагӣ ва нотавониҳои иқтисодӣ ба камол расонам.
Дастгириҳои Роҳбари Давлат аз ҷониби кормандони Боғи ботаникии Кӯлоб, хоса сарвари он олим Тилло Бобозода беҷавоб намонда, дар ин ҷо ибтикороти нав ба нави илмӣ роҳандозӣ мешуданд. Аз рӯйи мушоҳидаи Тилло Бобозода, аз беаҳамиятии боғдорону нофаҳмии истеъмолкунандагон бисёр анвои маваҷоти хушлаззати бобоӣ, назири сурхсеб, чувасеб, ҷавпазаку рахшак, тути бедона, музаффарӣ, марворид ва ғайра, ки на танҳо хӯрданбоб, балки ба сад дард давоянд, точанде камёфту ноёб шуда, ҷойи онҳоро меваҷоти бегонаи шубҳаноки хориҷӣ мегирад. Бино бар ин, ӯ тасмим гирифт, ки дар боғ Китоби Сурхи зинда кушода, ба дарахти ин меваҷот умри дубора бахшад. Бо ин мақсад ӯ ба деҳоти кӯҳистони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳо анҷом дода, ниҳолони ин гуна меваҷоти пурқимматро гирд овард ва қитъазаминеро дар боғ барои парвариши онҳо ҷудо кард. Дар ин ҷо ҳоло дар радае навъҳои ниҳоят камёфти ниҳолони себҳои қосимсаркорӣ, чувасеб, носирбоӣ, латтасеб, шоҳинсеб, ҷуворисеб, амруди ҷавпазак (муруд), дар радаи дигар навъи тутҳои бедона, марворид, маскагӣ, музаффарӣ, сафедак, камбалтут, шаҳтут ҷой дода шудаанд. Ба ҳамин тартиб дар паҳлуи тутзор дар радае 7 навъ токи ангур ва дар радаи дигар анорҳои нодир парвариш меёбанд, ки ниҳолони меваи охиринро Тилло Бобозода аз ҳотаҳои мардуми Дарвоз, Даштиҷум ва Шӯрообод (Шамсиддин Шоҳин) пайдо кардааст. Ҳоло дар гӯшаи Китоби Сурхи зинда беш аз 150 намуд рустаниҳои маҳаллӣ ҷамъ оварда шудаанд, ки 25 намудашон ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохиланд.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрели соли 1999 дастовардҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотии Боғи ботаникии Кӯлобро ба назар гирифта, Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Маркази илмии Хатлон дар заминаи Боғи ботаникии Кӯлоб қарор қабул карда, роҳбарии ин муассисаи навро низ ба зиммаи Тилло Бобозода вогузошт. Инро метавон далели эътирофи рушди илму амал дар Боғи ботаникии Кӯлоб ва эътимод ба ривоҷу равнақи минбаъдаи таҳқиқот дар ин муассиса донист. Акнун ба омӯзиш ва таҳқиқи гуногунии биологии рустаниҳо, мутобиқшавии онҳо ба иқлими ҷануби Тоҷикистон, роҳҳои ҳифзи рустаниҳои таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта, хусусиятҳои биологӣ ва экологии намудҳои гуногуни наботот шумораи бештари олимон ҷалб карда шуданд.
Боғи ботаникии Кӯлоб тайи 30 соли мавҷудияти худ дар ҳақиқат ба маркази бонуфузи таҳқиқоти илмӣ табдил ёфт. Тӯли ин солҳо доир ба сабзондани як қатор набототи худрӯй ва маданӣ аз кишти тухмӣ ва пиёзак маълумоти пурқиммат ба даст оварда шуд. Таҷрибаҳои боғикунонии зираи форсӣ, субинак, ҷамбилак, гулҳои сиёҳгӯшу наврӯзӣ, лола, ҳолмун, ҳазориспанд ва дигар рустаниҳои кӯҳӣ гувоҳи онанд, ки ин рустаниҳо дар шароити водӣ ҳам хуб нашъунамо мекунанд.
Боғи ботаникии Кӯлоб дар давраи мавҷудияти худ бо 300 намуди гуногуни набототи алафии яксолаву дусола ва бисёрсола таҷриба гузаронда, аксарияташонро барои гулзор кардани кӯчаю хиёбонҳо тавсия намудааст. Имрӯз сайри шаҳри Кӯлоб карда, қариб дар ҳама кӯчаву хиёбонҳо, назди бинои идораҳои маъмурӣ дарахтони сарву санавбари ҳамешасабзро мебинед, ки қомат афрохта, ба симои шаҳри бостонӣ таровату зебоии дилкаше зам намудаанд ва чашматон аз тамошои гулбоғу гулгашти хиёбонҳои нозанин об хӯрда, ҷилои тоза мегирад. Аз баракати Боғи ботаникие, ки мардуми Кӯлоб онро барҳақ «Боғи Тилло Бобоев» гуфта ном мебаранд, намои шаҳр дар қиёс ба ду даҳсола пеш куллан дигаргун гаштааст.

Ҳоло майдони Боғи ботаникӣ аз ҳисоби парваришгоҳи ниҳолҳо васеъ шуда, дар 16 гектарро доман паҳн кардааст. Дар ин ҷо ниҳоли дарахтони аз хориҷи кишвар овардаи ба иқлими ҷануби ҷумҳурӣ мувофиқ ба минтақаҳои ҷуғрофӣ ҷудо карда шуданд ва имрӯз минтақаи Амрикои Шимолии боғро 25 бех сарви аризонӣ, лоладарахт, чанде аз навъҳои арча, коҷи кабуд, секваяндендрон, сарви ботлоқӣ ва ғайра зеб медиҳанд. Секваяндендрон яке аз азимҷуссатарин дарахт дар кураи замин буда, зиёда аз 100 метр қад мекашад ва аз 3 то 5 ҳазор сол умр мебинад.
Минтақаи дарахтони Крим, Қафқоз ва Аврупои Ҷанубӣ дар боғ 2,8 гектарро дар бар гирифта, дар он ҳоло зиёда аз 70 намуди дарахту буттаҳо, амсоли санавбари элдарӣ, туғи қафқозӣ, булути кастонбарг, шамшод ва ғайра нашъунамо доранд.
- 20 августи соли 2005, - ба ёд меорад Тилло Бобозода, - дар маслисгоҳи мақомоти иҷроияи шаҳр доир ба омодагӣ ба ҷашнгирии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи пуршукуҳе доир гардид. Сардори Давлат зимни дастурдиҳӣ роҷеъ ба ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр яке бо таваққуф толори пуродамро аз назар гузарондаю каминаи камтаринро дар мадди назар дошта пурсиданд: «- Ошнои ман куҷост?» Ман саросема аз ҷой хестам.
Ин ишора туҳфаи аз ҳама гаронбаҳотарини умри ман аст, зеро шахсияти аввали Давлат, бузургмарди бохиради миллат ба заҳматҳои якумраи ман баҳои шоиста дода, бандаро ҳаммароми хеш донистанд. Сардори давлат мехостанд, ки ин шаҳри бостонӣ аз гулу гулбуттаҳои зебову дарахтони сарву санавбар оғӯшта бошад ва ёдовар шудан аз камина маънои онро дошт, ки нақши Боғи ботаникии шаҳр дар ин амр ниҳоят муҳим хоҳад буд.
Ман дар суҳбатҳои қаблию минбаъда бо ин шахсияти бузург фаҳмидам, ки эшон дар баробари ташнаи омӯзиш ва донистани нозукиҳои касбу ҳунарҳои гуногун будан, ҳамеша ба вижагиҳои боғпарварию гулпарварӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Ифтихори ман аз зиндагӣ ва касби интихобкардаам беканор аст, зеро ҳар боре ки бо хоҳиши он кас дар наздашон мешудам, мехостанд чизи наверо дар мавриди ниҳолпарварӣ ва шароити маҳалҳои ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ ба он дарёбанд.
Он сол кормандони Боғи ботаникӣ дар гулпӯшу сабзазор кардани атрофи маҷмааи таърихии шаҳр, осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб, бунёди чаманзори истгоҳи роҳи оҳан, варзишгоҳи марказӣ, саҳни аксар идораву муассисаҳо заҳмати бисёре ба харҷ дода, ҳаҷми бузурги корҳоро ба субут расонданд. Шаҳр дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 2700-солагиаш дар либоси сабзу сурху кабуд чаманзори хуррамеро мемонд беназир.
Зимни ёдоварии воқеаи пурсиши самимонаи Президенти кишвар «Ошнои ман куҷост?» мавсуф рухдоди фараҳбахши дигареро аз овони донишҷӯӣ пеши назар меоварад:
- Соли 1960 имтиҳоноти дохилшавиро бомуваффақият супурда, донишҷӯи факултаи табиатшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудам. Маро, ки балам камтар буд, бе идрорпулӣ ба донишгҳ қабул карда буданд. Ҳамагӣ 24 рӯз дарс хонда будем, ки пахтачинӣ сар шуд ва моро ба пахтачинӣ бурданд. Дар як муддати кӯтоҳ миёни ҳамкурсон ҳамчун пахтачини моҳир машҳур шудам.
Рӯзе декани факулта профессор Шукуров ба дидани кори донишҷӯён омад. Қаду басти хурдакаки маро дида, бовар накард, ки аз ҳама зиёд пахта чидаам. Маро санҷиданӣ шуда, таклиф пеш гузошт, ки ҳунарамро намоиш диҳам. Ман чор адад пешдоман гирифта, ба пахтазор даромадам ва дар як фурсати кӯтоҳ ҳар чаҳорро аз пахта пур кардам. Декан сари маро силакунон ба котибааш, ки паҳлуяш меистод, рӯ оварда гуфт: «- Фармон омода кун, ки ин бача ҳам бо стипендия ва ҳам бо хобгоҳ таъмин карда шавад».
Ман ҳамон вақт ба хулосаи қатъие омадам, ки танҳо бо меҳнати ҳалол метавон эҳтироми мардумро ба даст овард. Барои одами пок сармояи асосӣ меҳнатдӯстӣ аст. Ва метавон гуфт, ки асоси ташаккулёбии каминаи камтарин ҳамчун шахсият аз ҳамон рӯзҳои пахтачинии донишҷӯӣ буд.
Директори Боғи ботаникии Кӯлоб ва ҳам Маркази илмии Хатлон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Тилло Бобозода аз зумраи он олимони камшуморест, ки тавонистаанд илмро бо амал пайванданд. Вай ҳам муҳаққиқ асту ҳам боғбон ва ҳам тарғибгари ҳифзи табиати зиндаву муҳити зист. Рисолаҳои илмию оммавии ӯ дар боби таҷорубе, ки дар Боғи ботаникии бо дастони худ бунёдкардааш андӯхтааст – «Роҳҳои парвариши зираи форсӣ», «Махсусиятҳои экологии гуногунии биологӣ», «Ҳолати имрӯза ва ояндаи истифодаи захираҳои биологӣ», « Ҳифзи рустаниҳои нодири рӯ ба нестӣ оварда», дастурҳои илмию методиаш «Ниҳолхона», «Парвариши ниҳол ва гул», «Сабзкории муҳити зист» ва зиёда аз 50 мақолаи илмию оммавӣ натиҷаи тадқиқоти арзишмандеанд дар илми набототшиносии тоҷик.
Моҳе қабл дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Боғи ботаникии шаҳр, 60 солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ва Маркази илмии Хатлон Тилло Бобозода иҷлосияи минтақавии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Иштирокдорони иҷлосия бори дигар ба намоишгоҳи Боғи ботаникӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин гӯшаи диёр дар рушди илми табиатшиносии мамлакат саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Мо дар ин навиштор саъй намудем таснифоти худро бо иншои фаъолияти илмию амалии олим Тилло Бобозода маҳдуд сохта, ба дигар паҳлуҳои ҳаёти ҳафтодупанҷсолаи ба сар бурдааш дахл накунем. Зеро аз шиносоии андаке бо ҳаёту фаъолияти меҳнатиаш дарёфтем, ки дар ҷисми начандон бузурги ӯ бузургиҳои бисёри ба як инсони комил хос нуҳуфтааст, ки дар як дафтар намегунҷад. Беҳтараш, бо суханони дӯсти наздиктарини ҳаммарому ҳаммақсади ӯ, нависандаи шарқшинос Зафари Мирзоён дар пешгуфтори китоби ба ҳамин наздикӣ интишорёфтаи олим Тилло Бобозода «Умре бо хандаи гулҳо ва гиряи созҳо» иктифо кунем, ки менависад: «Ҷону дили Тилло Бобозода саросар моломоли меҳри Ватан, меҳр ба истеъдодҳои он, меҳр ба зебоӣ, меҳр ба гул аст. Маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тилло Бобозода ба Боғи ботаникӣ нафаси тоза бахшид. Ҳамсафари зиндагии шахсии Тилло Бобозода, аввалин тоҷике, ки дар ватани худ боғи наботот бунёд кардааст, пайваста гиряву хандаҳо буд. Ӯ дар мавриди гиряҳои худ ҷуз аз ашкҳои азодорӣ бар марги модар дигар чизе наменависад. Аммо мо медонем, ки гиряҳои беашки ӯ бар мазори гиёҳу дарахтони хушкида, талу теппаҳои биёбоншуда ҳамсон ба нолаҳои дардноки ба хок супурдани пайкари модар аст. Хандаҳои ӯ аз жарфнои дил аст, зеро акнун боварии қатъӣ дорад, ки боғу бӯстони офаридааш шодоб хоҳад монд».
Неъматулло ХУДОЙБАХШОВ














Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: