Ғорати 24 миллион рубли мевафурӯши қирғиз дар Москва16-12-2016, 11:57
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Дар яке аз саррофиҳои маркази Москва беш аз 20 миллион рубли як зани мевафурӯшро аз Қирғизистон ғорат кардаанд. Бино ба ттилои life.ru, Д. Билимаи 30-сола ба пулис муроҷиат карда, гуфтааст, ки 24 миллион рубли ӯро дуздиданд. Ба гуфтаи ин зан, ӯ барои харидории доллар ба саррофӣ омада буд, вале хазинадор пулҳоро гирифта ғайб задааст. "Фурӯшандаи бозор бо мақсади иваз кардани рублҳояш ба доллар ба саррофии воқеъ дар кӯчаи Бахрушин омадааст. Ӯ пеш аз омадани худ хазинадорро ба воситаи телефон огаҳ кардааст, ки пули зиёд меорад. Кормандони саррофӣ низ баъди гирифтани пул бедарак шудаанд", - гуфтааст манбаи расона. Ба маҳалли ҳодиса гуруҳи муфаттишон ҳозир ва таҳқиқи қазия шуруъ шудааст. Тавре маълум гардид, зан дар яке аз бозорҳои ҷанубу шарқи ойтахти Русия мева мефурӯхтааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.