Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ МАНЗАЛАТИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ МАНЗАЛАТИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

22-11-2016, 12:30
Хабарро хонданд: 607 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ МАНЗАЛАТИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН


Дар фосилаи бештар аз 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷомеаи кишвари мо дар дарки ин нукта расидаанд, ки ҳанӯз аз оғози ба ҳайси роҳбари давлат баргузида шудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи суннатҳои фарҳангии куҳан, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ва тамаддуни миллии мо ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ ва омили таҳкимбахши худшиносии миллӣ қарор гирифта меояд. Ин тадбири муҳим танҳо ба анҷоми барномаву чорабиниҳои сиёсии давлатӣ ба унвони гиромидошт ва ё солгардҳои шахсиятҳои бузург ба итмом нарасида, балки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи худи Пешвои миллат мероси маънавии ҳар яке аз ин бузургон ва зиндагиномаи ибратомӯзи онҳо ба таври амиқ таҳқиқу баррасӣ мешавад, ки дар пешгоҳи ин иқдоми худшиносонаву ватанпарастона боз ҳам худи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ба унвони эҳдо ба ҷашни мубораки миллӣ - 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидани китоби навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор», ки хонандаро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои барӯманди илмӣ, динӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамон нақл менамояд, дар шумори чунин ибтикори судманд ва барҷаста қарор дорад, ки на танҳо барои мутолиаи аҳли илму адаб, балки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун дастури раҳнамо ба шинохти таъриху фарҳанг ва адабиёти дирӯзу имрӯзи миллати мо тавсия мешавад. Дар навбати аввал бо мутолиаи асари «Чеҳраҳои мондагор» метавон ин нуктаро таъкид дошт, ки ин китоби арзишманду воқеан ҳам бунёдӣ, бешак, дар рушди худогоҳиву таҳкими худшиносии миллӣ, густариши эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва тақвияти пояҳои истиқлоли фикриву фарҳангӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Муаллифи асар – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи аслии таваҷҷуҳи хеш ба таълифи чунин осори гаронмояро, ки то кунун ба қалами эшон чандин аз ин гуна асарҳои дорои аҳамияти таърихиву адабӣ ва илмӣ иншо ва нашр гардидаву аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ баҳои баланд гирифтааст, дар бахши муроҷиат ба хонанда чунин шарҳу тавзеҳ медиҳанд: “Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем”.
Дар идомаи ин баррасиҳои амиқи илмӣ ва сарчашмашиносии таваҷҷуҳ ё руҷӯъ ба таъриху фарҳанг ва бузургдошти чеҳраҳои мондагори таърихи миллати мо, ки имрӯз ному пайкори онҳо вориди тамаддуни ҷаҳонӣ гардидаанд, боз ҳам амиқан масъалаи бевосита муносибати шахсии худи муаллифи асар ба унвони ҳидоятгари миллат ва роҳбари давлат чунин тавзеҳ ёфтааст, ки ҳам арзиши барҷастаи илмӣ ва ҳам таърихиву фалсафиро соҳиб мебошад: “Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.
Ҳамин тавр, китоби «Чеҳраҳои мондагор» маҳсули мулоҳизарониҳои амиқи Пешвои миллат доир ба 25 тан абармардони таърихи куҳан ва навини миллати мо маҳсуб меёбад, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ва, пеш аз ҳама, корномаву ибтикороти арзишманди хеш то ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон мавриди ситоиш ва қадрдонӣ гардидааст ва бегумон ба таъкиди худи Пешвои миллат ин муроҷиати эшон низ сарчашма дар эътирофу маърифати ҷойгоҳи беназири ҳар яке аз онҳо дар таърихи тамаддуни тоҷикон дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин арзиши сутудании ҳар яке аз ин чеҳраҳои мондагори миллати мост, ки нигорандаи ин китоби судманд дар ҳамон қисмати оғози он бамаврид таъкид доштаанд, ки “Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёкон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихии миллии тоҷикон марҳилаи тозаро ба вуҷуд овардааст.”
Нуктаи дигари қобили таъкид он аст, ки тавре дар муаррифиномаи асар зикр гардида, китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосогузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардидааст. Мусаллам аст, ки ин тафсири фишурдаи асари мазкур аз ҷониби мушовирони илмии китоб, ду тан аз чеҳраҳои барҷастаи илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - Абдуҷаббор Раҳмонзода, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуриддин Саид, доктори илмҳои фалсафа, профессор нигошта шуда ва хеле олимонаву нуктасанҷона ҳадафи аслии фароҳамоварии китоб дар он шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, таъкид гардида, ки “Анҷом додани ин кор ба се ваҷҳ муносиб дониста шуд: аввалан, сатҳу савияи илмии нигошта ва маърӯзаҳо дар пояи баланд қарор дорад ва аз онҳо боястӣ аҳли илму адаб, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон зимни пажӯҳишҳои илмӣ, таълими шогирдон ва огоҳии бештаре пайдо намудан ба рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Далели севум ин аст, ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба хонандагон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардориро фароҳам меорад”.
Аз ин тавзеҳи муҳим ба таври барҷаста равшан мегардад, ки воқеан дар як китоби ҷомеъ фароҳам омадани маҷмӯи ин мақолоти марбут ба чеҳраҳои мондагори таърихи миллати мо аз гузашта то имрӯз зуҳури як асари арзишмандеро таъмин намудааст, ки, пеш аз ҳама, дар шинохт ва маърифати таърих, хадамоти фарҳангӣ ва таърихии симоҳои арсаи сиёсат, дин, фарҳанг ва адабиёти миллии мо нақши муассир дорад.
Китоби “Чеҳраҳои мондагор” аз муаррифии нақшу мақом ва ҷойгоҳи яке аз бунёдгузорони фарҳанги куҳани миллати мо, нахустин императори бузург аз ниёкони тоҷик - Куруши Кабир оғоз мегардад, ки воқеан ҳамчун чеҳраи маъруф дар тамаддуни ҷаҳонӣ шинохта шуда, мояи ифтихори ҳар нафар тоҷик ва тоҷикистонӣ ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, муаллифи ин китоби пурбор - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид бар зарурати пайванди наслҳо, ки муроҷиат ба таърих ин муроҷиат ба имрӯзу ояндаи миллат аст, бахши аввали асари мазкурро, ки “Бунёдгузори давлати мутамаддин” унвон дорад, ба Куруши Кабир ихтисос додаанд, ки ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ асос ниҳода буд. Барои нигориши ин бахши арзишманди китоб муаллиф бо истинод варзидан ба маълумоти сарчашмаҳои нодири таърихӣ ва осори таҳқиқӣ на танҳо ба чанде аз масъалаҳои баҳснок, амсоли дар кадом сол ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардани Куруш, мансубияти этникии массагетҳо ва ватани асливу маҳалли сукунати онҳо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, балки эъломияи башардӯстонаи ӯро, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма гирифта, мақоми арзишманди ҷаҳонӣ касб намудааст, нахустин ҳуҷҷати таърихие медонанд, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Дар асар тарҷумаи форсӣ-тоҷикии матни эъломияи Куруш аз забони бобулӣ низ ҷой дода шудааст, ки санадест аз олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии Куруши Кабир, ки ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ эҳдо кардааст. Бар пояи иттилооти манобеи таърихии роҷеъ ба Куруши Кабир сухан намуда, нигорандаи асар ба хулосаи дурусти илмӣ мерасанд, ки “Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд”. Ба таври умум метавон изҳор дошт, ки дар ин бахши китоб хадамоти таърихӣ ва мақоми сиёсии Куруши Кабир ба унвони нахустин императори ориёӣ возеҳу равшан тафсир гадида, корномаҳои бузургу бемисли таърихии вай дар таҳкими як низоми барҷастаи давлатдорӣ, иттиҳоди миллӣ ва сарҷамъ намудани қаламравҳои парешони он рӯзгор ва дар натиҷа эҷоди як қаламрави шоёни давлатдории таърихӣ таҳлили амиқ ёфта, ба онҳо баҳои ҳаққонии илмӣ дода шудааст.
Дар бахши дувуми асар, ки “Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол” унвон дорад, муаллиф дар навбати аввал ба варақгардонии саҳифаҳои таърихии замони Искандари Мақдунӣ пардохта, зимнан изҳор медоранд, ки: “Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёкони суғдию бохтарии мо алайҳи истилогарон мебошад”. Пешвои миллат дар заминаи шинохти воқеиятҳои ҷасорат ва диловариҳои ин қаҳрамони миллии мо дар арсаи таърих барҳақ таъкид намудаанд, ки: “Маҳз тавассути ҷонбозию талошҳои пай дар пайи Спитамен ва садҳо фарзандони фидоӣ буд, ки тоҷикон тавонистанд дар тӯли ҳазорсолаҳо фарҳанги давлатдории хешро нигоҳ дошта, ин суннати ориёиро пушт ба пушт то ба рӯзгори мо бирасонанд ва давлати миллии соҳибистиқлол, ягона ва беҳамтои хешро умри ҷовидона бахшанд”.
Шеваи ҷолиби кори муаллиф дар ҷараёни ин баррасиҳои илмӣ ва дорои аҳамияти муҳим дар маърифати ҳақиқати таърих дар он таҷассум намудааст, ки кӯшиш ба харҷ намудаанд пеш аз ҳама бар пояи таҳлилҳои амиқ ба паҳлуҳои норӯшани зиндагии қаҳрамонҳои асари худ равшанӣ андозанд ва баробари ин мулоҳизоти мустанади хеш дар заминаи мутолиаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву таҳқиқоти илмии пажӯҳишгарон шарҳу тафсир намоянд. Чунин корбандии маводи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳлилу муқоиса ва муқобалаи онҳо бо осори дигар ба муаллифи китоб имконият додааст, ки роҷеъ ба хадамоти таърихӣ ва сарнавишти ин қаҳрамони миллати тоҷик хулосаҳои мустаҳками илмӣ бароварда, зимнан дидгоҳҳои хоссаи хешро дар бораи ин абармарди таърихи тоҷикон баён доранд. Ин муҳокима ва хулосабарориҳои нависандаи ин асари гаронарзиш дар баробари аҳамияти барҷастаи илмӣ доштан, баҳри ҳидояти ҷомеа ба сӯи шинохти таърихи миллат ва боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва тантанаву шукӯҳи ойини ҷавонмардӣ метавонад нақши пуртаъсир гузорад.
Ҳамин гуна усули қобили мулоҳизаи таҳқиқ ва маърифати таърих аз равзанаи худогоҳии миллӣ дар қисмати «Паёмбари ойини ростин» низ ба назар мерасад, ки ба рӯзгору пайкор ва корномаҳои Зардушт бахшида шудааст. Пешвои муаззами миллати мо ба унвони орифи таърихи куҳани тоҷикон дар ин қисмат дар навбати аввал бо мутолиаи маълумоти китоби муқаддаси ойини маздоӣ, ки ба қавли муътақидони ин дин ба истилоҳи куҳан ва пайравони он беҳӣ Авасто, инчунин рисолаҳои мазҳабии дар заминаи ин китоби динӣ ба миёномадае, чун “Бундаҳишн”-у “Ардовирофнома”, сарчашмаҳои паҳлавии “Динкард”-у “Гузидаҳои Зотспарам”, “Заротуштнома ва таҳқиқоти пажӯҳишгарони муътабари ҷаҳон ба шарҳи мукаммали замони зиндагӣ ва таърихи суннатии зуҳури Зардушт, зодгоҳи ӯ, ки дар ин маврид назарияҳои мухталиф мавҷуданд, пардохта, дар натиҷа ба хулосаҳои дақиқи илмӣ расидаву аз ҷумла бамаврид таъкид намудаанд, ки: “Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ ӯро аз нобиғагони ҷаҳони куҳан донистаанд”. Дар канори ин, хонанда бо мутолиаи ин бахши китоб на танҳо дар бораи нахустин ойини яктопарастӣ – зардуштия, панҷ бахши китоби муқаддаси пайравони дини маздаясно, яъне “Авесто” – “Ясно”, “Яштҳо”, “Вандидод”, “Виспарад” ва “Хурдаавесто” маълумоти судманд ва дорои арзиши баланди илмиву тарбиявӣ ба даст меоварад, балки бо нуктаҳои асосии таълимоти Зардушт роҷеъ ба хилқати ҷаҳон, инсон ва ахлоқ низ ошноии амиқ пайдо мекунад. Муаллиф бо такя бар манобеи муътамади мавриди истифода ва мутолиаи худ таъкид менамоянд, ки ҳамаи панҷ китоби “Авесто” бо суханони зерин хатм мешаванд: “Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳама дигар роҳҳо бероҳа аст”. Тааммул дар муҳтавои ин бахши китоб дар навбати аввал хонандаро мутмаин бар он мегардонад, ки Зардушт Паёмбари ойини ростист ва зикри ин ҷумлаи меҳварии таълимоти мазкур далели рӯшани гуфтори болост ва илова бар ин шарҳи ҳакимонаи дидгоҳи ахлоқии он – “Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек” низ ҷанбаи қавии ахлоқӣ доштани суханони Зардуштро бо беҳтарин ваҷҳ ба субут мерасонад, ки бешак, барои хонанда дар таҳкими пояҳои маънавиёти хеш таъсиргузор хоҳад буд.
Дар ду бахши баъдинаи асари “Чеҳраҳои мондагор” - «Бозтоби нур дар зулмот” ва “Пешвои мардумдӯсти Эрони бостон” таваҷҷуҳи муаллифро зиндагӣ ва таълимоти Монӣ ва Маздак, ки ба унвони ду тан аз пешвоёни ба истилоҳ мардумпарвари Эрони бостон эътироф шудаанд, ба худ ҷалб намудааст. Муаллифи китоб – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи монавия ва маздакия, ки ҳар ду дар домони дини зардуштӣ ба вуҷуд омада, дар пайдоиш ва ташаккули дини ислом ва динҳои дигари ҷаҳонӣ нақши умда ва муассире гузоштаанд, маълумоти муфассал манзур менамоянд. Албатта, дар навбати аввал метавон ба ин нукта муроҷиат намуд, ки ин ҷо низ афкор ва андешаҳои муаллифи асар бо такя бар ахбор ва иттилои манобеи қадим ва таҳқиқоти анҷомёфта дар ховаршиносии ватаниву хориҷӣ ҷараён гирифтаанд. Дар китоб ҳамзамон роҷеъ ба зиндагии Монӣ ва Маздак, нуктаҳои асосӣ ва ҳадафу марому таълимоти монавӣ ва маздакӣ, тафовути байни ақоиди Монӣ ва Маздак, асотири монавӣ, осор, ваъзу дуоҳо ва дастурҳои Монӣ дар роҳи расидани рӯҳ ба асли худ, яъне ҷудоии нуру зулмат, ирфони монавӣ, ҳаракати маздакия, рукнҳои асосии таҳкурсии ҷомеаи эронии давраи Сосонӣ, мубориза ба муқобили он, мароқи пажӯҳишгарони аврупоии асрҳои 17-19 дар мавриди ҷараёни фикрии маздакия ва ғ. иттилои амиқу мушаххас дода, зимнан ба натиҷае мерасанд, ки ҷанбаи ахлоқии ҳам ойини Монӣ ва ҳам Маздак хеле пурқувват буда, барои густариши фарҳанги олии инсонӣ дар ҳама давру замон метавонанд таъсиргузор бошанд. Муаллифи китоб барои собит намудани назари хеш ба дастуроти сегонаи Монӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки инсонро аз худдорӣ аз се амал – анҷоми гуноҳ тавассути забон, парҳез аз гуноҳ тавассути даст ва ҳамзамон қалб даъват мекунад. Дар канори ин зимни таҳлили амиқи ҷанбаҳои мухталифи таълимоти Монӣ ба натиҷаи мантиқӣ ва дурусти илмӣ расидаанд, ки ойини Монӣ аз ҷанбаҳои маҳалгаройӣ, қавмпарастӣ, таассуб, миллатгароӣ ва масоили дигаре, ки дар онҳо андешаҳои ҷудоиандозӣ вуҷуд дошта бошанд, дур буда, баръакс, ягонагӣ ва ваҳдати инсониро ташвиқ мекунад. Фузун бар ин, ойини Маздак ва таълимоти ҳамаҷонибаи он низ аз тарафи муаллиф бо истинод бар сарчашмаҳои таърихиву илмӣ, таҳлили дидгоҳҳои олимони муътабари хориҷӣ шарҳу тафсир ёфтаанд. Мутолиаи амиқ дар маърифати ҳақиқати ин таълимот муаллифро ба натиҷае расонидааст, ки ойини Маздак дар қаламрави афкори иҷтимоии ҷаҳонӣ ба унвони аввалин ҳаракати мардумие эътироф гардидааст, ки дар он баробарӣ ва мусовоти тамоми одамон ба ҳайси ҳадафу мароми мавҷудияти ин ҷараён шинохта шуда, татбиқи он дар ҳаёти ҷамъияти замони муайяни таърихӣ барои таблиғи фарҳанги инсонгароӣ дар тафаккури иҷтимоии башарӣ нақши муҳим гузоштааст.
Аз унвони бахши дигари китоб - “Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ” равшан аст, ки ба номаи рӯзгор ва корномаҳои бузурги хотимаи Паёмбарон Муҳаммад (c) ихтисос ёфтааст. Гуфтан мумкин аст, ки ин қисмати китоби мавриди назар низ яке аз бахшҳои аслӣ ва пурбору муфассали асари “Чеҳраҳои мондагор” ба шумор меояд, ки воқеан бар асоси мутолиаи муҳимтарин осори таърихии гузаштаи мо ба қалам омада, зимнан як пажӯҳишоти доманадоре бо диди нав ба зуҳури фарҳанги исломӣ дар қаламрави бузурги забони форсии тоҷикиро барои мо манзур намудаанд. Муҳимтарин никоте, ки бояд дар заминаи мутолиаи ин бахши китоб таъкид шавад он аст, ки нигорандаи асар баҳсу баррасиҳои хешро аз “Номаи Муҳаммад паёмбар ба Кисро” оғоз намудаанд, ки дар сароғози футуҳоти исломӣ дар қаламрави давлати Сосониён қарор мегирад. Ҷолиб он аст, ки Пешвои миллат мақоми манзалати Салмони Порсиро бо дидгоҳе дигар аз манзари нақши ӯ ҳамчун намояндаи миллати форсӣ дар таҳкими пайвандҳои Арабу Аҷам, тарҷумаи матолиб ва афкори порсиён ба Паёмбари Акрам муаррифӣ намуда, аз ин роҳ ба хулосаи мантиқии дуруст расидаанд, ки барои густариши фарҳанги исломӣ хидмати намояндагони мардуми форс хеле бузург аст ва шояд ҳамин амр боис омадааст, ки ҳанӯз ба рӯзгори хеш Муҳаммад (с) нисбат ба мардуми форс эҳтироми хоссае зоҳир намудаанд, ки тазаккури ин матолиб дар чандин ҳадиси мубораки эшон далели равшан бар ин гуфтор метавонад бошад. Афзуда бар матолиби мазкур дар ин бахши китоб муаллифи он ба муҳимтарин масоили аҳди аввали ислом, рӯзгори пур аз сабақ ва омӯзандаи Паёмбари ислом, воқеоти муҳими сиёсии он аҳд, аз ҷумла ҷойгоҳ ва нақши таърихии шаҳри Макка дар тамаддуни исломӣ, инчунин, шинохти чеҳраҳои барҷастаи он рӯзгор аз хонаводаи он Ҳазрат чун Абдулмуталлиб, Абдуллоҳ, Ҳалима, Хадича, масоили марбут ба ибодату риёзат, намудани Ҷабраил дар ғори Ҳиро, нозил шудани ваҳй, ба ислом рӯ овардани Хадича, ба Абӯбакр роз кушодани Муҳаммад (с) аз паёмбарии худ, овозаи дини Муҳаммад (с), рӯ ба Тоиф овардан ва дар маҷмӯъ шарҳи муфассал ва мудаллати зиндагии ибратомӯзи Муҳаммад (с) аз оғоз то даврони афзудани нуфузи сиёсиву иҷтимоии дини ислом ва чун пешвои воқеии мусулмонон ва сиёсатмадори дурандеш зуҳур кардани он бузургвор, қарордоди Ӯ бо яҳудиён, ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ, фатҳи Хайбар, фатҳи Макка, таълимоти ислом ва амсоли ин таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, дар мавориди зарурӣ барои тасбити назари хеш пеш аз ҳама аз оёти шарифаи китоби муқаддаси “Қуръон”, аҳодиси набавӣ ва дигар кутуби дар мавриди зиндагинома ва сираи Паёмбар навишташуда истинод ҷустаанд, ки ҳамагӣ ба доираи фарохи мутолиаи муаллифи асар аз сарчашмаҳои муътабари исломӣ дарак медиҳанд. Гузашта аз ин, зимни тавзеҳи никоти аслии марбут ба таълимоти исломӣ муаллиф ба ин натиҷаи мантиқӣ ва саҳеҳе мерасанд, ки ба дурустӣ “таълимоти ислом саршори ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ буда, аз миён бурдани тафриқаи нажодӣ, имтиёзҳои табақавӣ, мансубияти миллию маҳаллӣ ва ҳама гуна нобаробариҳои ҷомеаро пеш мегузошт”. Хулосаи андешаҳои инсонгароёна ва бардоштҳои нигорандаи асар ба он нукта ҷамъбаст мешавад, ки маҳз ҳамин таблиғи баробарии умумиинсонӣ ва ғояҳои бародарии ҳамаи миллату қавмҳо дар фарҳанги исломӣ омили муассире дар интишори пурвусъати он дар саросари олам гардид.
Шеваи мазкури баррасии ҷойгоҳи фарзонафарзандони миллати тоҷику форс дар густариши тамаддуни исломӣ дар бахши дигари арзишманди ин китоб, ки гуфтан мумкин аст, яке аз қисматҳои аслӣ ва муҳташами асар маҳсуб меёбад, давом намудааст. Ин қисмати асар, ки “Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро” унвон дорад, аз чаҳор қисмат иборат аст. Ёдовар бояд шуд, ки бахши азими китоб маҳсуб ёфтани ин қисмат бесабаб нест, зеро ҳанӯз чанд сол муқаддам, ки дар қаламрави кишвари мо ҳамчун “Соли Имом Абӯҳанифа” эълон гардида буд, таҳқиқоти муфассали Пешвои миллат бо номи “Имоми Аъзам: рӯзгор ва осор” ба чоп расида буд, ки гуфтан мумкин аст, он яке аз ҷомеътарин пажӯҳишот дар мавриди номаи рӯзгор ва ибтикори ин асосгузори мазҳаби таҳаммулгаро ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, ҳамин таваҷҷуҳи амиқи Пешвои миллат ба пайкорҳои барҷастаи пешвои мазҳаби мо - Имом Абуҳанифа боис омадааст, ки дар ин ҷода таҳқиқоти муфассале ба ин китоб низ ҳамроҳ шавад. Вобаста ба ин равиши кори пажӯҳишии муаллифи асар бахши мавриди назари китоб дар навбати хеш аз чаҳор фасл иборат буда, қисмати аввали он “Имоми Аъзам ва ҳувийати миллӣ” унвон гирифтааст. Муаллиф дар ин бахш асосан ба баҳси ватани аҷдодӣ ва насабу куняи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дахл намуда, бо ифтихор таъкид бар он менамоянд, ки “аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шакку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони бузург будааст”. Пешвои миллат бар пояи сарчашмаҳои куҳани таърихӣ ва таҳқиқоти анҷомёфта дар ин қисмати бахши мазкур нахуст роҷеъ ба рӯзгори Имом Абӯҳанифа маълумоти муфассал манзур намуда, ба таври хосса фазилатҳои нодири инсонии ин фарзонафарзанди тоҷиконро ба гунаи зайл таъкид менамоянд: “Хислатҳои ҳамида дошт – камсухан буд, озода мегашт. Таърифу худнамоиро дӯст намедошт. Насиҳаташ ин буд, ки султони даврро эҳтиром гузоред ва дар пешаш дурӯғ нагӯед. Саховатпеша бошед. Аз сухан ҳақ истиҳола накунед, агарчи дар рӯ ба рӯятон шоҳаншоҳ истода бошад”.
Зимни тавзеҳи муфассали масоили марбут ба шинохти сарчашмаҳои аслии зуҳури мазҳаби ҳанафӣ муаллиф бар натиҷа мерасанд, ки дар асл “Манбаи бунёдӣ ва асоситарини низоми фиқҳии ислом аҳкоми Қуръон мебошад”. Дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ равиши дақиқ ва эҳтиёткорона дар мавриди суннат ба сифати масдари дувуми фиқҳи исломӣ ҳамчун қонуни зиндагии мусулмонон интихоб шудааст. Вобаста ба ин, Имоми Аъзам тавассути истифодаи сарчашмаи дигари фиқҳи исломӣ – қиёс таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода ибтикороте ҳам аз худ нишон дод, ки дар сарчашмаҳо бар ин нукта таъкидҳое низ шудааст. Маҷмӯан, зимни баррасии моҳияти аслии таълимоти Имоми Аъзам муаллифи китоб - Пешвои миллат ба хулосаи дурусти мантиқӣ расидаанд, ки “Назари воқеъбинона ба моҳияти мазҳаби Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки он дорои ганҷинаи ғании илмиву фикрӣ буда, ба ҷаҳон ва инсон нигоҳи комил дорад ва метавонад посухгӯи бисёр ниёзҳои асосии имрӯзу фардои пайравонаш бошад. Зеро арзишҳои аслии он ба ҳуқуқи инсонӣ, адолати иҷтимоӣ, озодии андеша ва даъват ба созишу мадоро, дурӣ аз хушунат, таҳаммулгароӣ ва амсоли ин такя мекунанд”.
Дар қисмати дувуми он, ки “Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ” унвон дорад, асосан ҷанбаҳои ахлоқии таълимоти Имом Абуҳанифа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти онҳо дар рушду инкишофи ахлоқи инсонӣ таъкид шудааст. Барои нишон додани хизмати Имом Аъзам дар рушди ахлоқ муаллиф нуктаҳои асосии таълимоти ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба адлу инсоф, одоби давлатдорӣ ва сарварӣ, омӯзиши илм, ҳуқуқҳои оилавӣ, тарбияи фарзанд, хушахлоқӣ ва ғ. , ки асосан дар китобҳои маъруф бо номи “Насиҳатҳои Имоми Аъзам” ин ғояҳои муҳим талқин шудаанд, мулоҳизаронӣ менамоянд ва бар пояи мутолиаи анҷомдода дар заминаи фармудаҳои ахлоқии эшон ба хулосае мерасанд, ки “Таҳлили масъалаи ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки сарчашмаи таълимоти ахлоқии ин фақеҳи бузург Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мебошанд.”
Дар қисмати севуми он - “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир” масъалаи муҳим будани назариёти бунёдии Абӯҳанифа роҷеъ ба озодиҳои фардӣ, умури мухталифи иҷтимоӣ ва низоми эътиқодӣ, ки дар замони мо низ метавонанд барои таҳаввули фарҳанги ҳамзистии халқҳои гуногун ва равобити таркиби аслии тамаддуни башари олам ҳамчун заминаи мусоид истифода шаванд, таъкид шудааст. Ба ибораи дигар дар ин бахши китоб аҳамият ва ҷойгоҳи хосси андешаҳои Имом Абуҳанифа дар ҷаҳони имрӯз бо дидгоҳи дигар ва аз манзари ҷаҳонишавӣ таҳлили амиқ шудаанд, ки ҳамагӣ ба саҳми муаллифи китоб дар ҷодаи иблоғи ғояҳои ин пешвои мазҳабии миллати мо дар саросари олам, хосса ба намояндагони миллату динҳои дигар аз назари моҳияти таҳаммулпазирӣ ва умумиинсонӣ доштани онҳо ишорат менамояд. Тафсилоти бештари ин масъала дар фасли чаҳоруми ин бахш, ки унвони “Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам”-ро дорад, шарҳу тафсир ёфтаанд, ки бегумон, таълимоти ин шахсияти барҷастаи олами исломро аз манзари умумиинсонӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд.
Дар идомаи китоб таваҷҷуҳи аслии нигорандаи он ба шахсиятҳои барозандаи фарҳанги миллӣ - сар карда аз Амир Исмоили Сомонӣ ва устод Рӯдакӣ то замони имрӯз идома пайдо мекунад. Ҳарчанд давоми китоб бештар ба хадамоти фарҳангиву адабии чеҳраҳои адабиёти миллии мо ихтисос ёфтааст, аммо дидгоҳи пажӯҳишии Пешвои миллат асосан аз нигоҳи шинохти пайкорҳои эшон дар рушди фарҳанг ва маънавиёти миллии мо дар дарозои таърих таҳлилу баррасӣ шудааст. Бахши марбут ба Исмоили Сомонӣ «Абармарди хираду сиёсат» унвон гирифта, дар он мақоми ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ дар қаламрави таърихи миллати мо ҳамчун аввалин бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва доҳии мардуми тоҷик амиқан таҳлил гардидааст, ки воқеан дар иттиҳоди миллати мо дар замони Сомониён ва ташкили нахустдавлати миллӣ шарҳу тафсир ёфтааст. Ин нуктаро дар асар ба таври амиқ ва дақиқ натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла навиштаанд, ки “Исмоили Сомонӣ тамоми сарзамини тоҷикон - Мовароуннаҳру Хуросонро зери парчами як давлати муқтадир ва мутамаркази Сомониён муттаҳид намуд”. Унвони “Абармарди хирад ва сиёсат” дода шудан ба ин қисмати китоб худ аллакай бозгӯи он аст, ки Пешвои миллат дар ин китоби худ низ чун дигар баромаду суханрониву мулоҳизаҳои баёндоштаи хеш мақоми беназири Амир Исмоили Сомониро дар фарҳанги давлатсозиву давлатдории миллии мо бо ихлосу иродат эътироф намуда, ӯро “абармард” номидаанд, ки воқеан баҳои баланди таърихӣ маҳсуб мешавад. Ба андешаи мо, маҳз ба хотири ҳамин хадамоти фарҳангӣ ва сиёсии Исмоили Сомонӣ аст, ки даврони шукӯҳманди давлатии Сомониёнро муаллифи китоб “яке аз қуллаҳои камолоти худшиносӣ ва асри шукӯҳу ҷалоли истиқлолияти миллати тоҷик” номидаанд.
Дар бахши дигари китоб, ки «Қофиласолори адабиёти тоҷику форс» унвон гирифтааст, шарҳи ҳол ва афкори ахлоқиву инсонии бунёдгузори адабиёти классикии форсу тоҷик - устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шарҳу тавзеҳи зарурӣ касб намудааст. Муаллиф бо эътирофи мақоми устод Рӯдакӣ дар бунёдгузории шеъри асили форсу тоҷик ва баёни андешаҳои баландпарвоз ӯро ҳамчун шоири ватанпараст ва миллатдӯст унвон намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки “устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”. Дар идомаи андешаҳои судманди хеш Пешвои миллат ба шинохти мақоми Қаҳрамонони Тоҷикистон - устодон Айниву Бобоҷон Ғафуров ҳамчун чеҳраҳои барҷастаи миллати мо дар муаррифии устод Рӯдакӣ ба унвони шоири миллии тоҷикон изҳори назар намуда, заминаҳои ба вуҷуд овардани рӯзи Рӯдакӣ, зарурати таърихӣ ва аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллии ҷомеаро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳамин амри муҳими таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ боис омада, ки бо нигоҳи нав ва назари тоза ба эҷодиёти устод Рӯдакӣ руҷӯъ шавад, то афкори ватандӯстона ва миллатпарастонаи ӯро хонандагон, хосса насли наврас бештар бишносанд ва эътироф намоянд.
Фасли марбут ба муаллифи “Шоҳнома”-и безавол ва нақши бузурги Фирдавсӣ дар таблиғи адлу дод ва дӯстиву ватандорӣ унвони «Ситоишгари адлу дӯстӣ»-ро гирифтааст. Муҳимтарин падидаи пажӯҳишие, ки дар ин бахши китоб ба мушоҳида мерасад, шинохти асари безаволи “Шоҳнома” ҳамчун сарчашмаи афкори ахлоқии ватандӯстдона ба шумор меравад, ки он тавассути нишон додани диловариву қаҳрамонии паҳлавонони ватандӯсташ ба мушоҳида мерасад. Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба таҳлили ҳамин ҷанбаҳои ақидатии “Шоҳнома” ба хулосаи дуруст ва мантиқии илмӣ мерасанд, ки: «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист».
Дар канори ин, муаллиф ба таври хосса ба ҷанбаи ватандӯстӣ доштани фалсафаи ахлоқии “Шоҳнома” ишорат намуда, моҳияти башардӯстонаи ақидаҳои Фирдасиро низ ба гунаи зайл таъкид менамоянд: «Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу Ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст».
Маҳз, ҳамин нигоҳи дигар ба андешаҳои Фирдавсӣ аз манзари ватандӯстӣ ва ғояҳои башардӯстӣ имкон додааст, ки Пешвои миллат аҳамияти ин асари барҷастаи ҳамосиро дар тарғиби афкори ватанпарварона ва тарбияи ватандӯстии насли имрӯз таъкид намуда, аз ин нигоҳ ба мағзи андешаҳои шоир баҳои сазовор диҳанд.
Дар қисмати марбут ба падари тибби ҷаҳонӣ Шайхурраис ААбӯалӣ ибни Сино, ки ба номи «Мутафаккири абадзинда» ҷой гирифтааст, пеш аз ҳама мақому манзалати ин шахсияти бузург дар ташаккули тибби ҷаҳонӣ, рушди илму фалсафа, маорифи исломӣ ва амсоли ин таҳлили амиқ ёфтааст. Абуалӣ ибни Сино дар баробари ташаккули назар ва амалияи тибби ҷаҳонӣ бо таълифи осори мондагоре дар фалсафа, ирфон, мантиқ, адабиёт, назарияи афкори адабӣ ва амсоли ин шуҳрати тамом касб намуд, ки қисмате аз ин таълифот ба забони арабӣ иншо шудаанд. Вобаста ба ин, дар баробари шинохти амиқи ақвоми фарзанди фарзонаи миллат дар рушди илми ҷаҳонӣ Пешвои миллат ҳамчун раҳнамои миллат ва ҳам донишманди соҳибназар ба зарурат ва аҳамияти тарҷума ва нашри ин осори арзишманд ишорат намуда, аз ҷумла дастури муфиде додаанд, ки “Ба марказҳои илмии мо лозим аст, ки осори ин алломаи бузургро пурра ба забони тоҷикӣ ба табъ расонанд ва ба забонҳои дигар тарҷума кунанд”. Ин шеваи муносибат ба мероси хаттии ниёкон дар мисоли осори Абуалӣ ибни Сино моро бар ин назар мерасонад, ки Пешвои миллат маърифати осори гузаштагонро барои насли имрӯз, хосса аҳли илму адаб аз рукнҳои муҳими рушди илми муосир ба шумор оварда, муҳимияти дастрас шудани ин таълифотро ҳамчун пуштибони аслии миллат ва мероси маънавии он таъкид мекунанд.
Бахши марбут ба Носири Хусрав “Суханвари бузург ва марди андеша” ном дошта, дар он дар канори таҳлилу баррасии номаи мухтасари рӯзгору осори шоир нақши муассири вай дар ташаккули худшиносии миллӣ, боло бурдани маънавиёти ҷомеаи худ, ки баъдан дар тамоми ҷомеаҳои дигар аҳамияти таърихӣ касб мекунад, шарҳу тафсир шудаанд. Андешаҳои муаллифи асар бар асоси мутолиаи кутуб ва манобеи муътамад ва таҳқиқоти судманд ба қалам омада, хадамоти барҷастаи ин мутафаккири ҷаҳони ислом ва ирфон дар ташаккули шеъру адаб ва илму фарҳанги тоҷикон таҳқиқ шудаанд. Муаллиф маҳз дар заминаи маърифати ин хидматҳои шоистаи Носири Хусрав дар қаламрави забони форсӣ ва тамаддуни милливу динии мо ба хулосае омадаанд, ки “Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст”.
Дар идомаи китоб шарҳу тафсири номаи рӯзгор ва хидматҳои шоистаи ду тан аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти ирфонии форсу тоҷик, пиру мурид - Шамси Табрезӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ ҷой гирифтааст. Бахши марбут ба Шамси Табрезӣ “Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон” ва Ҷалолуддини Балхӣ “Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо” ном дошта, дар навбати аввал таҳлили амиқи нақши Шамси Табрезӣ дар ташаккули афкори ирфонии Мавлоно ва вуруди вай ба ҷаҳони назми ирфонӣ сурат гирифтааст. Мулоҳизаҳои муаллифи асар дар бораи Шамси Табрезӣ дар заминаи мусофират ва зиёрати эшон аз мазори мансуб ба ин бузургвор, ки айни ҳол дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ қарор дорад, ҷараён гирифтааст. Маҳз ҳамин зиёрат аз мазори мазкур ангезаи зуҳури андешаи нигориши ин мақола гардидааст. Дар идомаи мулоҳизоти хеш Пешвои миллат дастуре ҳидоятгарона ба аҳли илм роҷеъ ба пажӯҳиши амиқи осори ниёкон ва шинохти мақому манзалати онҳо додаву аз ҷумла бамаврид таъкид намудаанд, ки “Олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомӯзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд”.



Роҷеъ ба шахсият ва ҷойгоҳи Мавлоно дар тамаддуни ҷаҳонӣ пеш аз ҳама дар ин китоб ба шахсияти фаромиллӣ будани ин бузургвор ва соҳиби андешаҳои ҷаҳонсоз будани вай пайванд гирифтааст, ки вобаста ба ин Пешвои миллат таъсири андешаҳои Пири Балхро дар густариши афкори ҷаҳонӣ таъкид намуда, ба таври амиқ онро чунин натиҷагирӣ намудаанд: “Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Fарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд”.
Бахши дигари китоб ба номаи рӯзгор ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ихтисос ёфта, “Таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот” ном гирифтааст. Мусаллам аст, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гарчи аз Ҳамадони Эрон бархостааст, аммо нақш ва мақоми ӯ дар густариши фарҳанги исломӣ дар Шибҳи Қораи Ҳинд, хосса Кашмир бузург буда, дар натиҷаи мусофиратҳои хеш ба шаҳри Кулоби кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон расида ва ҳоло мадфани вай ҳаминҷост. Ҳарчанд дар мавриди рӯзгор ва мероси ин ҳаким ва орифи фарзона дар китоб мулоҳизоти судманде рафтааст, аммо бидуни шак метавон аз мутолиаи бахши мазкури асар ба хулосае расид, ки ҷойгоҳи ин ҳакими фарзона ва орифи номовар дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва суботу ваҳдати миллӣ дар саросари олами рӯзгори хеш бузургу сутуданист. Ин аст, ки имрӯз низ он андешаҳо аҳамияти худро гум накарда, барои тарғиби ғояҳои олии инсонӣ хидмат мекунанд. Барҳақ дар шинохти ин афкори суханвар Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки “Дар ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оҳанги ирфонӣ бо андешаҳои таълимӣ хуб омезиш ёфта, ифодаҳои рамзӣ, андарзҳои ҳаётӣ ва тараннуми кирдору амалҳои шоиста хеле зиёд ба назар мерасанд ва онҳо бо мақсади дуруст таълим додани инсон ва боиффату қаноатпеша ба воя расидани вай таълиф шуда, хамчун дурри маънавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии инсон хизмат менамоянд”.
Шахсияти навбатии эътирофшуда чун чеҳраи мондагор дар китоби мазкур Шайх Камоли Хуҷандӣ ба шумор меравад, ки ин қисматро муаллифи асар “Бунёдгузори кохи азими сухан” унвон ниҳодаанд. Албатта, маълум аст, ки ангезаи иншои ин мақола бузургдошти ҷашни 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба шумор меравад, ки бевосита бо ибтикори муаллифи китоб - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 ҷараён гирифта буд. Дар баробари таҳлили мақоми ҳунарии шоир дар бунёди кохи бегазанди назм ба мақоми маънавии ӯ дар рушди адабиёти тасаввуф баҳои баланд дода шудааст. Аз ҷумла, муаллифи асар нигоштаанд, ки “Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд”. Омил ва ҷавҳари аслии ҷовидонагии шеър ва андешаи Камолро Пешвои миллат боз ҳам ҳамоно фурӯғи ишқу иродат ва ихлосу садоқати инсонӣ ба шумор меоваранд, ки саропои ашъорашро фаро гирифтаанд.
Бахши марбут ба шарҳи ҳол ва мероси адабиву мақоми маънавии Абдураҳмони Ҷомӣ “Пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон” ном гирифтааст. Ин ҷо, пеш аз ҳама, муаллифи китоб ба шахсияти Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун як фарзанди арҷманд ва донишвари миллати тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки таълифоти адабиву илмии ӯ саросари Мовароуннаҳру Хуросонро фаро гирифта, ӯро ҳамчун пешвои маънавӣ дар ин қаламрав муаррифӣ намудаанд. Пайванди афкори сиёсиву иҷтимоии Ҷомӣ ва аҳамияти он барои татбиқ дар сиёсати кунунии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби муаллифи китоб ҳамчун роҳбари давлат хеле олимонаву донишварона таҳлил гардидааст, ки он ба сурати зайл садо дода: “Бисёр андешаҳои инсондӯстонае, ки Мавлоно Ҷомӣ дар мавзӯи нигоҳ доштани ифтихору шарафи инсонӣ ва аҳамияти озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҳаёти инсонҳо баён кардааст, ҳамоҳанги сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоламон мебошад”.
Мақоми маънавии Мирзо Абдулқодири Бедил ҳамчун суханвари пешгоми адабиёти форсизабони Ҳинд дар бахши махсуси ин китоб таҳти унвони “Нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар” шарҳу таҳлил ёфтааст. Муаллиф пеш аз ҳама Мирзо Абдулқодири Бедилро ҳамчун пайвандгари на танҳо ду қавми тоҷик ва Ҳинд дар сарзамини худи ӯ, балки чун пуле миёни адабиёти форсизабони Фароруд ва Ҳинд муаррифӣ менамоянд, ки баъдан дар заминаи фаъолиятҳои адабии вай дар қаламрави Мовароуннаҳр ҳатто мактаби барҷастаи пайравонаш ба вуҷуд омад, ки яке аз онҳо Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мебошад. Дар бахши баъдии китоб – “Суханвари номвари адабиёти тоҷик” бевосита номаи рӯзгори фоҷиабори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва фазилатҳои якрӯиву ҳақиқатшиносии вай таъкид шудааст. Муаллифи китоб Нақибхон Туғралро дар муҳити адабии рӯзгори хеш “Бедили сонӣ” унвон намуда, тавфиқашро дар ҷодаи истиқбол аз каломи Абулмаъонӣ ба таври барҷаста таъкид мекунанд.
Гуфтан мумкин аст, ки пас аз анҷоми ин бахш навъе муаррифии чеҳраҳои қаҳрамонони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода дар бахшҳои “Зиндагонӣ ва каҳрамонӣ”, “Ҷонфидои миллат”, “Тулӯи офтоби зиёбахш”, “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ва “Шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ” ҷараён мегирад, ки ҳар яке ба зоти худ аз роҳе ва воситае барои рушду таҳаввули фарҳанги миллӣ ва ташаккули халқияти тоҷик хидматҳои босазое анҷом додаанд. Хоссатан, Садриддин Айнӣ пеш аз ҳама барои ҳифзи таърихии миллати тоҷик ва мероси маънавии он ҷопсупориҳои зиёде аз худ нишон дода, баробари ин таълифоти гаронмояе ба хотири дифоъ аз ҳастии таърихии тоҷикон ба қалам оварда, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” яке аз муҳимтарини онҳост. Бобоҷон Fафуров бошад, дар идомаи иқдомоти миллатдӯстонаи устоди худ Садриддин Айнӣ “Тоҷикон”-ро дар замони пурошӯби ақидатӣ қаҳрамонона ба қалам овард. Устод Мирзо Турсунзода низ дар баробари нишон додани иқдомоти барозанда ба унвони Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавассути мақоми Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар таҳкими дӯстии халқҳо саҳми босазое аз худ гузошта, баробари ин осори гаронмояе рӯи кор оварданд, ки барои эҳёи фарҳанги миллии мо ва таҳаввули худогоҳии миллӣ таъсиргузории барҷаста намудаанд.
Дар ниҳояти китоб достони рӯзгор ва мероси гаронмояи Сотим Улуғзода бо номи “Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ” шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Муҳимтарин дидгоҳи арзишманди муаллифи китоб ба мероси адабии Улуғзода дар он ба зуҳур мерасад, ки ин нависандаи чирадаст низ дар идомаи иқдомоти наҷиби миллатдӯстонаи устоди худ Садриддин Айнӣ барои эҳёи чеҳраҳои барозандаи сиёсиву адабии тоҷикон, чун Деваштич, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Восеъ, Аҳмади Дониш ва дигарон тавассути офаридани асарҳои барҷастаи бадеӣ саҳми муносиб гузоштааст. Баробари ин, дар аксари ин осор таърихи пур аз фоҷеаи халқи тоҷик бо сӯзу гудоз ва ба таври амиқ шарҳу тафсир ёфтааст, ки ҳамагӣ ба қудрати эҷодии адиб дар тасвири бадеии таърихи миллат таъкид варзида, ҷойгоҳи осорашро дар таҳаввули худшиносии миллӣ возеҳ нишон медиҳанд.
Муҳимтарин фазилати китоб дар он зоҳир мешавад, ки он бо истифода аз манобеъ ва маохизи муътамад, пажӯҳишҳои сатҳи ватаниву ҷаҳонӣ ва таҳлилу баррасии қиёсии иншогардида, ба монанди “Авесто”, “Номаи Тансар”, “Таърих”-и Ҳеродот, “Осор-ул-боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ”-и Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ, “Саҳеҳи ал-Бухорӣ”-и Абeабдуллоҳ Муҳаммади Бухорӣ, “Форснома”-и Ибни Балхӣ ва ҳамзамон таҳқиқоти донишмандони номоваре чун Кристенсен А., Мюллер А., Нафисӣ С., Айнӣ С., Ғафуров Б., Брагинский И.С., Шахермайр Ф., Моле М., Ян В., Фрай Р., Муин М., Довуд П., Оштиёнӣ Ҷ., Бойс М., Беҳрӯз Б., Ҳайкал М.Ҳ., Маркварт И., Абаев В.И., Бернштам А.Н., Бенвенист Э., Разӣ Ҳ., Ушидарӣ Ҷ., Ҷаҳониён А., Баҳор М., Ҳинлез Ҷ., Алавӣ А., Дандамаев М.А. ва амсоли ин навишта шудааст, ки ҳамагӣ ба заминаҳои муҳкам ва бунёдии илмии китоби мондагор таъкид варзидааст. Аз сӯи дигар, истифодаи фаровони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ, пажӯҳишоти доманадори илмӣ омили муассире гардидааст, то ҷанбаҳои илмии асар қавӣ гардида, дар баробари муаррифии он ҳамчун қомуси мустақили чеҳраҳои барҷастаи сиёсиву динӣ ва адабиву фарҳангии таърихӣ китобро ба гунаи бевосита як сарчашмаи мустақили шинохти таърихи таҳаввули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, манбаи муътамади таҳқиқи рӯзгор ва пайкори чеҳраҳои мондагор муаррифӣ намояд. Шояд осоре мушобеҳ бар ин дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ мавҷуд бошанд, аммо барҳак метавон китоби мазкури Пешвои миллатро дар ин равиши таълиф ва гузориши масъалаҳои муҳим дар он ба зоти худ ягона баршумурд, ки имрӯз дар ихтиёри хонандаи хеш қарор дорад ва ин аст, ки вуҷуди китоби мазкур мояи ифтихори миллӣ барои ҳамаи мо - соҳибон ва меросбарони ин тамаддуни бузург маҳсуб мешавад.
Дар маҷмӯъ, тавре ишорат рафт, дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” симои 25 тан аз шахсиятҳои барҷастаи таърих, сиёсат, дин, фарҳанг ва адабиёти мо аз манзари нақш ва мақоми онҳо дар таҳаввули афкори маънавӣ, пешрафти тафаккури миллӣ, инсонӣ ва башардӯстонаи ҳар яке аз онҳо шарҳу тафсир шудаанд. Албатта, беҳикмат нест, ки ин асар чун ба истиқболи 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншо гардида, рамзан бар он 25 чеҳра ворид шудааст ва гуфтан мумкин аст, ки бо иншои ин китоби ҷовидона Пешвои миллат бори дигар бо санадҳои фаровону муътамаду раднопазир собит намудаанд, ки таърихи миллати худро ба хубӣ фаро гирифтаанд ва ҳамин донишу фазилат ва биниши хоссаи сиёсиву илмӣ имконият фароҳам овардааст, ки дар сурати китоби “ Чеҳраҳои мондагор” як асари воқеан мондагор, хонданӣ ва судмандро ҳам барои мутолиа ба аҳли илму адаб ва насли наврас пешниҳод намоянд ва ҳамчунин як китоби дорои аҳамияти барҷастаи илмиро барои ҳамеша ба хотираи таърих супоранд.
Дар баробари эътироф ва таъкиди чунин ҷанбаҳои муҳими илмии китоб метавон ба манзалати шоистаи он ҳамчун раҳнамои муфид дар тарбияи худшиносиву худогоҳии маънавии ҷомеа таъкид намуд, зеро дар асар маълумот ва иттилооти фаровони муфид дар бораи таърих, фарҳанг, дин, ирфон, фалсафа, адабиёт ва чеҳраҳои мондагори ҳар яке аз ин бахшҳои тамаддуни инсонӣ фароҳам омадаанд, ки мутолиаи он, бешак, баробари манзури донишҳои фаровон ба хонанда, хосса насли наврас, инчунин дар таҳкими худшиносии миллӣ, таҳаввули шуури маънавии ҷомеа метавонад ба ваҷҳи аҳсан таъсиргузор бошанд. Барҳақ, мутолиаи ҳамин китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамон хулосаи дурусту мантиқӣ ва ифтихорангезе метавонад бирасонад, ки бевосита аз сӯи худи эшон таъкид шудааст ва шоистагии онро дорад, ки нуктаи ҷамъбастии хулосаи китоб бошад: “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ доранд, ки бо чунин фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоянд, осори гаронбаҳои онҳоро омӯзанд ва ҳикмати ҷовидонаи абармардони миллии худро қутбнамои рӯзгори хеш қарор диҳанд”.

Ғаффорова Замира – доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Институти улуми ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик
Б. Ғафуров
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ МАНЗАЛАТИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН





















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: