Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақоми «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик

Мақоми «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик

9-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 2048 нафар
Назарҳо: 0
Мақоми «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик
Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз мутафаккирони варзидаи форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, соли 1420 дар ноҳияи Байҳақи Сабзавор ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш Байҳақ гирифта, баъдан таҳсилотро дар Машҳад идома додааст. Шавқу рағбати зиёд ба илмҳои замона аз қабили тафсиру ҳадис, адабиёт, таърих, ахлоқ, нуҷум, кимиё ва ғ. ва дониши васеъ дар ин ҳама ӯро ҳанӯз дар айёми зиндагиаш ба ҳайси воизи шинохта ва касбӣ дар манотиқи Нишопур, Машҳад ва Ҳирот маълуму машҳур кард. Ӯ даврони охири зиндагии худро дар Ҳирот гузаронидааст.

Аз Ҳусайн Воизи Кошифӣ мероси гаронбаҳои илмӣ чун «Ҷавоҳир-ут-тафсир фи туҳфат-ил-амир», «Ҷомеъ-ус-ситтин», «Тафсири Ҳусайнӣ», «Махзан-ул-иншо», «Саҳифаи шоҳӣ», «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ил-ашъор», «Оинаи Искандарӣ», «Кашф-ул-асрор», «Муқаттаот ва муфрадот», «Ар-Рисолат-ул-илмия фи аҳодис-ин-набавийя», «Футувватнома», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия», «Анвори Суҳайлӣ» ва ғ. то ба замони мо омада расидааст.

Дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва низоми идора «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки бо сабки тамсилӣ нигошта шудааст, ифодагари сатҳи баланди адабиёти тамсилии шарқӣ ва то ҷое ифодагари фалсафаи антропоморфизми шарқист, зиёд ҷолиб ва омӯзанда аст. Ӯ асари мазкурро дар заминаи «Калила ва Димна»-и Абдулмаолии Насрулло зери таҳрири нав нигошта, онро ба шарафи Шайх Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ, ки аз амирони Султон Ҳусайн Бойқаро (1468-1506) буд, «Анвори Суҳайлӣ» номгузорӣ мекунад. Ҳикояҳои ин асар тамсилӣ буда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, адолатпешагӣ, инсондӯстиро дар бар мегирад.

Роҷеъ ба анъанаи нигориши асари тамсилии “Калила ва Димна” дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии Шарқ. Мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ баромади асари сиёсӣ ва ҳуқуқии «Калила ва Димна» ба кишвари соҳибтамаддуни Ҳиндустон мутааллиқ буда, бо номи «Панчатантра» (Панҷ китоб) машҳур аст. Ин асар тахминан дар асри 1У ва ба фикри иддае тақрибан дар соли 300 милодӣ аз тарафи олими номаълуме таълиф шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ асари мазкур нахустин маротиба дар давраи ҳукмронии Хусрави Анӯшервони Сосонӣ (531-579) бо забони паҳлавӣ тарҷума шудааст. Дар сарчашмаҳои адабӣ доир ба аз ҷониби намояндаи Анӯшервон Барзуя ном шахс дастрасӣ ва тарҷума шудани асар ҳикоятҳои ҷолиб вуҷуд дорад. Қисмате аз онҳо махсусияти афсонавӣ дошта, ҳикмат ва маънии ҳаёти инсониро дар дастуру тавсияҳои рамзӣ дар омезиш бо фалсафаи ҳиндӣ ифода менамояд. Қисмати дигар нисбатан возеҳтар аз таърихи нигоштани асар ҳикоят намуда, дар кори идораи давлат истифода аз тамаддуни ҳиндро дар аҳди рушд ва нумӯъи давлати Сосониён, ба вижа дар замони ҳукмронии Анӯшервон ривоят менамояд.

Ба қисмати охирӣ ҳамчун нусхаи қадимтари то мо расида тарҷумаи «Калила ва Димна» ба забони арабӣ аз ҷониби Ибн-ал-Муқаффаъ дар асри VIII ворид мешавад. Муаллифи тарҷумаи забони арабӣ номи аслиаш Рӯзбеҳ Ибн ал-Муқаффаъ аст. Рӯзбеҳ ибн ал-Муқаффаъ аз тоҷикзабонони водии Ғур буда, номи падараш Дадое ва лақабаш Ал-Муборак аст. Бобоёни ӯ аз шахсони донишманд маҳсуб шуда, ҳанӯз дар даврони Сосониён дар вазифаҳои масъули котиби девонсолорӣ адои вазифа намудаанд. Рӯзбеҳ ибн ал -Муқаффаъ дар байни солҳои 723-724 дар вилояти Ғур ба дунё омадааст. Оилаи онҳо дар айёми хурдсолии Рӯзбеҳ ба Басра кӯчидаанд. Ӯ дар Басра забони арабиро комил омӯхта чанд муддат вазифаҳои котибиро иҷро кардааст. Рӯзбеҳ дар ибтидо зардуштӣ буда, баъдан дини исломро қабул менамояд. Ӯ забонҳои арабӣ, форсӣ ва ҳиндию паҳлавиро хуб медонистааст, аз ин рӯ дар тарҷимаи китобҳои тамаддуни форсӣ ба забони арабӣ саҳми беназир гузошта, дар гузариши маънавии ҳикмат ва фалсафаи эронӣ-эллинистӣ ва ҳинд ба паҳно ва мазмуни тамаддуни арабӣ-исломӣ нақши бориз бозидааст. Тарҷимаи «Панчатантра» - «Калила ва Димна» дар байни асарҳои ӯ мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Махсусияти овардани Калила ва Димна аз кишвари Ҳинд аз ҷониби фиристодаи Анӯшервони одил Барзуяи табиб дар он ифода меёбад, ки асари мазкур мисли дигар дастуру асарҳои нодир дар хазинаи подшоҳони Ҳинд дастнорас маҳфуз будааст. Онҳо аз тарси он ки бегонагон ба ин ганҷнома соҳиб нашаванд ва аз он истифода нанамоянд, онро танҳо ба ҳокимони маҳаллӣ ва худӣ, ба мисли анъанаи Худоҳои Юнонӣ медодаанд. Ҳадаф аз ин кор ҳимояи манфиатҳои худ будааст. Дар ин нуктаи муҳим айни ҳол барои мо воқеияти таърихӣ не, гарчанде он ҳам аз аҳамият холӣ нест, балки раванди фикри умумиятдоштаи ин ду шохаи аз як қавмият реша гирифтааст, ки дар ҳаёт ва зиндагии маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва ҳатто динии онҳо зиёд нуктаҳои монандро ифода намуда, тарзи андешаронӣ ва расидан ба ормонҳоро дар ҳаёти онҳо шабоҳат додааст.

“Калила ва Димна” пайвандгари фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҳинд ва Форс. “Калила ва Димна” шояд ягона асари қадимаи умумиятдоштаи тамаддуни ҳиндию форсӣ аст, ки дар ин раванд бори чунин ҳамбастагӣ ва омезиши фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, сиёсиро ба дӯш доштааст. Ин асар на танҳо дар ибтидои навишт ва нусхабардориаш чунин миссияи таърихиро иҷро кардааст, баъдан низ дар масири таърих таъсири худро ба ин ду шохаи фарҳанг дар ҳама соҳаҳо ҳифз кардааст, аз ҷумла дар тафаккури ҳуқуқӣ ва низоми идораи давлат. Асари мазкур дар асри Х бо амри вазири донишманди Сомониён Абулфазли Балъамӣ ба форсӣ тарҷума шуд ва аз рӯи ҳамин асари насрӣ устод Рӯдакӣ онро ба назм даровард. Баъдан матни «Калила ва Димна» дар замони ҳукмронии ғазнавиён аз ҷониби муншии донишманд Абулмаоли Насрулло аз рӯи таҳрири арабӣ аз сари нав ба забони форсӣ гардонида мешавад. Шӯҳрати ин ганҷнома то он дараҷа дар асрҳои миёна машҳур буд, ки тарҷумаи онро мо ба забонҳои мухталифи дигар низ мушоҳида менамоем. Ин асар ҳанӯз дар асри VIII ба забони арабӣ, дар асри Х1 ба забони юнонӣ, дар асри Х11 ба забони русӣ, дар асри Х111 ба забони яҳудӣ баъдан ба лотинию дигар забонҳои аврупоӣ тарҷума шудааст.

Сайри таърихии раванди шаклгирии «Калила ва Димна»-ҳо дар адабиёти мардумони олам усулҳои мухталифи кашфи ҳикмат, адолат, инсоф, баробарӣ, бародарӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро мемонад, ки равшанфикрони олам бо тарзи ба худ хос дар ин асари бостонӣ ҳикмат ва маърифати мутобиқи замони худро ҷустуҷӯ намуда, дар шароитҳои мусоид вобаста ба манфиатҳои худӣ мутобиқ ба имкони эҷод ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба он зарур шуморидаанд. Ин ҳама бо либоси нав ба хонандаи замони худ ҳикматҳои ин ганҷномаи таърихиро ироа кардан буд. Албатта, қаламбадастони ҳар давру замон вобаста ба бинишу чолишҳои замони худ дар ҳадди андешаҳои ахлоқӣ, адабӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии хеш асарро ба риштаи таҳрир кашида, чизе аз қадиму чизе аз худ ба он ҷой додаанд. Вале дар маҷмӯъ ин асари безавол рӯҳи фарҳангӣ ва таърихии худро бо зиёд аз дидгоҳҳо ва усулҳои кашфи адлу инсоф ва бародарию баробариро ҳамчун ченакҳои инсонӣ дар худ ҳифз карда, давра ба давра ба табиати ахлоқии инсонҳо, ба ҳаёти иҷтимоӣ, ба тафаккури рӯшанфикрон ва адлпарастони роҳи ҳақ илҳом бахшидааст.

Сазовор ба ёдоварист, ки шоҳасари таърихӣ, андарзномаи низоми идораи давлат ҳанӯз дар замони ибтидоияш аз панҷ китоби мустақил иборат буд, ки онро ба ҳамин асос «Панчатантра» меномиданд ва дар қисмате аз тарҷумаҳо он дар ҳамон шакли қадима оварда шудааст: Ҳикояти шер ва гов; 2. Ҳикояти Кабӯтар Мутаваққа; 3. Ҳикояти Бумон ва Зоғон; 4. Ҳикояти Бӯзина ва Сангпӯшт ва 5. Ҳикояти дарвеш ва чор бараҳмани камбағал. Ҳикоятҳои мазкур мазмунан чунин ҳикматҳоро фаро гирифтаанд: 1) ҷудоӣ аз дӯстон; 2) пайдо кардани дӯстон; 3) ҳикмати халосӣ аз душман (дар ҳикояти бумҳо ва зоғон); 4) гум шудани неъмат ва 5) кирдорҳои бехирадона. Вале баъдан дар раванди тарҷума ва таҳрири васеъ ба забони паҳлавӣ, сипас ба забони арабӣ ва форсӣ ин асар ҳаҷман васеъ шудааст. Мисол, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насрулло аз 16 боб иборат буда, бинобар иттилои муаллиф бобҳои 1, 2, 13, 14, 15 ва 16-ро форсҳо илова кардаанд. Ақида ҳаст, ки бобҳои 1 ва 2 ба қалами вазири афсонавии Анӯшервон - Бузургмеҳр дахл дорад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки таҳриргар ва муаллифи сонии забони форсии «Калила ва Димна» мебошад, ду боби аввали Бузургмеҳрро партофта, ҷойи онҳо ҳикояти Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпойро ҳамроҳ кардааст. Усули таҳрир ва тозанавишти китоби Кошифӣ бо он машҳур буд, ки аз ибтидо то ба интиҳо бобҳои асарро бо мазмуни умумӣ ба ҳам пайваст намуд.

Ҳикматҳои ҷудогонаи асар дар раванди ҳикояти саргузашти қаҳрамонон ба ҳам пайваст шуда, як шакли мукаммали асари адабӣ, иҷтимоӣ ва қаҳрамониро дар бар гирифт. Акнун хонанда аз аввал то ба охир думболи тақдири қаҳрамонони асосии асар аз Ҳумоюнфолу Ҳуҷастарой (подшоҳ ва вазири донишманди Чин) ва Рой Добшилиму ҳакими донмишманд Бараҳман Бидпойи ҳиндӣ панду андарз ва ҳикматҳои идораи давлат ва назму тартибро дар ҳамбастагӣ мавриди омӯзиш қарор медод. Усули васл намудани мавзӯи ҷудогона дар «Калила ва Димна»-и Ҳусайн Воиз ба мисли китоби «Ҳазору як шаб» сурат мегирад. Чунин нигориши асар аз ҷониби Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам мушкилиҳои худро дошт.

Ҷанбаи мушкилии асар дар он ифода меёфт, ки дар он таъиноти ибтидоии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии асар дар шакли фаслҳои алоҳида шаклан ва мазмунан, қисман аз даст дода, ба як шоҳкории адабӣ-ахлоқӣ табдил ёфт. Зеро асари сиёсӣ ва ҳуқуқие, ки таърихан ба мисли насиҳатномаи сиёсӣ, дастури идораи давлат ва ахлоқи идораи халқ омода шуда, барои тарбияи шоҳон, ҳокимон, ҳокимзодаҳою волиҳо ҳамчун асари тарбиявӣ-ҳуқуқӣ истифода мешуд, то як дараҷа тобиши ахлоқӣ ва адабӣ гирифт. Албатта, аз назари адабӣ ин амал шоиста буд, вале аз назари кайфияти касбии дастурӣ мушкилиҳои худро дошт.

Бо вуҷуди гуфтаҳои боло қиммати сиёсӣ ва ҳуқуқии асар дар нигориши Ҳусайни Кошифӣ то дараҷае ҳифз гаштааст. Зеро сабаби аз нав таҳрир шудани «Калила ва Димна» аз ҷониби Ҳусайн Воизи Кошифӣ маҳз дар он буд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим проблемаҳои идоракунии давлат, шакли идоракунӣ, тартибу низом дар мамлакат аз мавзӯъҳои марказии афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик ва мардуми шарқ ба шумор мерафт. Аҷиб ва диққатомӯз он аст, ки дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии ниёгони мо аз замонҳои қадим чи рӯшанфикрону чи ҳокимони давр атрофи низому тартиб, адлу инсоф, шакли идораи боинсофона, шунидани азму иродаи халқ, додгоҳии боадолатонаю ҳукмҳои инсонгароёна, хайру саховат ва амсоли инҳо зиёд фикрҳо ва кӯшишҳо карда, баъзан шоҳкориҳои олию низомҳои намунавиро ба мерос монда, дар сафҳоти таърихи афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва халқ варақҳои шарафмандонаю бовиқори намунавиро ба ёдгор гузоштаанд.

Рӯзгори идораи адолатноки Ҷамшедшоҳу додпарварии олиҳа Рашани авастоӣ, арзишҳои инсонгароёнаи Вандидоду низоми идораи адолатноки Куруши кабир, ҳуқуқу озодиҳои Эъломияи Курушу меъёрҳои ҳуқуқии баландмазмуни Қонунномаи Сосониён, Панду андарзҳои Анӯшервону фаъолияти ибратомӯзи институти Мазолим, ташаккули олӣ ва фарохи идораи Сомониёну сабру таҳаммули мазҳаби ҳанафӣ, Насиҳатномаҳои Тоҳир ибни Ҳусайну Унсурмаолии Кайковус, Дастур-ул-мулуки Муиниддини Фароҳию Насиҳат-ул-мулуки Муҳаммади Ғазолӣ, Захират- ул- мулуки Мир Сайид Алии Ҳамадонию «Дастур-ул мулки» Самандари Тирмизӣ аз зумраи чунин амалкардҳо ва шоҳкориҳои фарзандони барӯманди миллат дар рамӯзи ташкили идораи неки давлатдорӣ ва тантанаи адлу инсоф мансуб мегарданд. Дар ин раванд, рӯ овардан ба анъанаи калила ва димнанависӣ як шохаи мустақил ва омезишёфтаи тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буд, ки то ин замон аз назари муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ дур мондааст.

Вижагиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии асар. Гарчанде Ҳусайн Воизи Кошифӣ сюжети “Калила ва Димна”-ро бо усулуби адабӣ оро дода бошад ҳам, дастурномаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ будани онро дар дар ҳикояти подшоҳи Чин Ҳуҷастафолу вазираш Ҳуҷастарой ва ривояти подшоҳи Ҳинд Рой Добшилим ва Бараҳман Бидпой дар ибтидо ба пуррагӣ ҳифз кардааст. Махсусан, дар Ганҷномае, ки подшоҳи пешдодӣ Ҳушанг ба подшоҳи Ҳинд Рой Добшилим мондааст дар шакли 14 васиятнома тартиби идораи давлат, муносибат бо хизматчиёни дарбор, бо халқ ва дигар масъалаҳои муҳими идораи кишвар ба ӯ дастурҳо додааст. Мисол, дар васиятномаи аввал “бадгӯии касонро дар ҳаққи мулозитмон қабул накунад,” дар васиятномаи сеюм “нисбати арбоби давлатӣ ҳамеша некхоҳ будан,” васиятномаи нуҳум “авф ва бахшиши гуноҳи мардумро пешаи худ сохтан” ва ғ.

Шоҳасари «Калила ва Димна» ҳамчун дастури идораи давлат, ки аз решаҳои тафаккури ориёӣ ғизо гирифта, дар заминаи анъанаи идораи тамаддуни ҳиндӣ ба қолаб даромада, дар ҳамбастагӣ бо қолаби фикрии ниёгонамон ба таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии мо ворид шудааст, мавқеи баланди тарбиявӣ ва амалиро доро аст. Яке аз хусусиятҳои хоси “Калила ва Димна” ҳамчун асари сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки дар он таҷрибаи неки низоми идораи давлат ва афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии ду шохаи мустақили қавмияти ориёиҳо – ҳиндуҳо ва форсҳо дар омехтагӣ якдигарро ғанӣ намудаанд.

Новобаста аз оне, ки баромади асари “Калила ва Димна” мансуби фарҳанги ҳиндист мардуми форс тоҷик аз Анӯшервони Одил ва вазири донишмандаш Бузургмеҳру олими замонааш Барзуя сар карда, то Абулмаолии Насрулло ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ мазмуну муҳтавои онро вобаста ба табиати низоми идоракунӣ ва талаботи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик онро такмил ва васеъ намудаанд. «Калила ва Димна»- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ шоҳасари безаволи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва адабиест, ки масъалаҳои умдаи низоми идораи давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ шакли идоракунии давлат, табиати давлати адолатнок ва расму одоби муносибат бо дарбориён ва раъийятро бо усули тамсил баён намудааст. Як хусусияти муҳим ва асосии “Калила ва Димна”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар он ифода меёбад, ки баромади анъанаи неки давлатдорӣ ва низоми одилонаро ӯ дар ибтидои асараш мансуб ба ду шоҳони Пешдодии тоҷику форс Ҳушанг ва Ҷамшед дониста, дар раванди фикр собит менамояд, ки чунин анъанаи неки давлатдорӣ, ки дар он ахлоқ, сиёсати давлат ва манфиати мардум дар риштаи қонун ҳамсадо шудаанд, маҳз аз ниёгони мо ба сӯи тамаддуни бостонии Ҳинд, аз Ҳинд ба Чин ва аз Чин боз ба тамаддуни Форс омадааст.

Ба андешаи мо рӯ овардан ба таҳлили ҳуқуқӣ ва сиёсии яке аз шохаҳои муҳими дастурнигорӣ-анъанаи калила ва димнанависӣ, ки ҳанӯз аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба адабиёти форсу тоҷик роҳ ёфта, бори амонати анъанаи неки давлатдории адолатноки ниёгони тоҷиконро дар ҳамбастагӣ бо дигар қавмиятҳои шарқӣ ба дӯш гирифтааст, ҷанбаҳои нав ва номаълуми рушди афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи моро пурра ва ғанӣ мегардонад. Дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик “Калила ва Димна”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки мансубияти анъанаи одилонаи давлатдориро ба ниёгони мардуми форсу тоҷик собит намуда, одобу ахлоқ, эҳтироми низому роҳбар, такя ба илму дониш ва дигар воситаҳои кашфи ҳақиқат ва адолатро дар кори идораи давлат ва манфиатҳои мардум ногузир шумурдааст, мавқеи хоса омӯзандаро дорад.
Холиқов Нурмуҳаммад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: