Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд

Суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд

19-11-2016, 10:49
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд
Қабл аз ҳама, ба ҳар яки шумо барои дастгириву пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва пазироии самимии Роҳбари давлат изҳори сипос карда, ба хонадони кулли сокинони заҳматкаши шаҳри Сарбанд файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.

Субҳи имрӯз мо дар маросими оғози таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд», ки яке аз иншооти асосии энергетикии вилояти Хатлон мебошад, ширкат доштем.

Бояд гуфт, ки иқтидори нерӯғоҳи мазкур баъди таҷдиду азнавсозӣ хеле афзоиш ёфта, дар амри расидан ба ҳадафи стратегиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Чанд лаҳза пештар корҳои таҷдиду азнавсозии корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ низ оғоз шуданд.

Хотирнишон месозам, ки ҳарчи зудтар ба фаъолият шурӯъ кардани корхона ва истифодаи пурраву самараноки иқтидорҳои истеҳсолии он метавонад талаботи соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои азотӣ пурра таъмин карда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Лозим ба ёдоварист, ки корхонаи нуриҳои азотии Вахш аз соли 1967 то солҳои наздик ҳоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои азотӣ, аз ҷумла карбамид таъмин мекард ва дар коргоҳҳои он зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандон машғули кор буданд.

Корхона аз ду хатти технологӣ бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна карбамид иборат буд.

Вале баъдан бо таъсири омилҳои гуногун, бахусус, камбуди гази табиӣ баъзе корхонаҳои мо ба мушкилот рӯбарӯ гардиданд.

Аз ҷумла, фаъолияти чунин корхонаи барои соҳаи кишоварзӣ муҳим, яъне корхонаи “Азот” аз соли 2011 қатъ гардид.

Дар давоми солҳои тӯлоние, ки корхона фаъолият надошт, то ба ҳол хоҷагиҳои мамлакат карбамидро пурра аз кишваҳои хориҷӣ бо нархҳои гарон ворид карда истодаанд.

Чунин вазъ имкон намедиҳад, ки соҳаи кишоварзии мамлакат сари вақт бо нурии минералӣ таъмин гардад ва мунтазам рушд намояд.

Вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки бо мақсади таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои азотӣ дар қатори бунёди корхонаҳои нави соҳаи маъдан, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, тавассути ҷалби сармояи мустақим истеҳсоли нуриҳои азотиро низ ҳарчи зудтар ба роҳ монад.

Дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя –Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи таҷдиди иқтидорҳои корхона бо истифода аз ангишт таҳия гардид, ки дар он барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ гази аз ангишт ҳосилшуда истифода карда мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорие, ки барои амалӣ намудани лоиҳа ҷалб шудааст, қариб 2,9 миллиард сомонӣ (360 миллион доллари амрикоӣ) –ро ташкил медиҳад ва азнавсозии корхона дар муҳлати чор сол ба анҷом расонида мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии “Азот” ҳиссаи тарафҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин панҷоҳфоизӣ муқаррар шудааст.

Дар робита ба ин, соҳибкорону сармоягузорон ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои таҷдиду барқарорсозии корхона ва бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро таъмин намоянд.

Дӯстони азиз!

Марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли 120 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 200 ҳазор тонна карбамид дар як сол буда, муҳлати амалишавии он якуним солро дар бар мегирад.

Марҳалаи дуюм иқтидори 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамидро ташкил дода, дар давоми се сол ба анҷом расонида мешавад.

Яъне баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани корхона, илова ба таъмини пурраи талаботи кишвар ба нуриҳои азотӣ, имконияти содироти онҳо низ пайдо мешавад.

Талаботи солонаи соҳаи кишоварзии кишвари мо ба нуриҳои азотӣ 350 ҳазор тонна мебошад.

Тибқи маълумот танҳо дар солҳои 2014-2015 аз хориҷа 160 ҳазор тонна нурии азотӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ (зиёда аз 50 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст.

Баъд аз таҷдиду азнавсозии корхона барои фаъолияти минбаъдаи он ангишти ватанӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мегардад ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ талаботи солонаи корхона ба ангишт 450 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд намудани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи “Азот” тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар корхонаи имрӯза ҳоло 140 нафар шаҳрвандон машғули кор мебошанд ва баъди ба фаъолияти пурра оғоз намудани он то 2 ҳазору 800 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарону масъулони корхона хотиррасон менамоям, ки дар масъалаи то ба 95 фоиз расонидани шумораи коргарону мутахассисони маҳаллӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки ҷиҳати омодасозии мутахассисону кормандони зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зеро солҳои охир дар аксари корхонаҳо талабот ба кормандони баландихтисоси техникӣ, бахусус, муҳандисҳо, химик-технологҳо, муҳандис–механикҳо ва металлургҳо торафт афзуда истодааст.

Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат омода намудани мутахассисони техникии сатҳи баланд ва бо кадрҳои миллии баландихтисос таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ вазифаи вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Рушди устувори хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат, алалхусус, парвариши пахта ва дигар намуди зироатҳо бо масъалаи таъмини саривақтӣ бо тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ робитаи зич дорад.

Зеро истифодаи нуриҳои фосфордор дар давраи шудгори тирамоҳӣ ва таъмини талаботи соҳаи кишоварзӣ бо нурии азотӣ дар марҳалаи аввали нашъунамои зироатҳо омили асосии баланд бардоштани самаранокии замин ба шумор меравад.

Бо итминон метавон гуфт, ки бо барқарор гардидани истеҳсоли ин намуди маҳсулот, яъне нуриҳои азотӣ дар корхона заминаи боэътимоди рушди соҳаи кишоварзии мамлакат фароҳам гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар, бахусус, мутахассисони соҳа бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар низ тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Яъне мо бояд дастовардҳоеро, ки то имрӯз ба онҳо ноил шудаем, таҳким бахшем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои олие, ки дар назди худ гузоштаем, аҳлона заҳмат кашем ва Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздиктарин аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ ва давлати мутараққиву нерӯманд табдил диҳем.

Доир ба дастовардҳое, ки мардуми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар давоми бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил шудаанд, дар рӯзҳои ҷашни муқаддаси миллиамон муфассал изҳори назар карда будем.

Акнун мо бояд боз ҳам бештар кор кунем, зеро кишвари азизи мову шумо ба давраи нави рушд ворид гардид.

Мо бояд барои ободу зебо гардонидани Ватанамон тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар созем, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худиро бо роҳи таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои ҳозиразамон, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳо ва коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти ватанӣ, ташкили боғу токзорҳои нав ва парвариши меваю сабзавоти содиротӣ, инчунин, таъмири роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳалҳои аҳолинишин, беҳтар кардани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Ҳоло фасли тирамоҳ ба охир расида истодааст ва зарур аст, ки суръати ҷамъоварии ҳосили боқимонда ва кишту кори тирамоҳиро тезонида, ба захираи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва ба фасли зимистон омода намудани ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дар навбати аввал, иншооти иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Дар фарҷом ба ҳамаи мутахассисону коргароне, ки ба хотири таҷдиду барқарорсозии корхонаи барои кишварамон бисёр муҳим камари ҳиммат бастаанд, барои босифат ва сари вақт мавриди истифода қарор додани он барору муваффақият мехоҳам.

Ба ҳамаи шумо, сокинони ҳимматбаланди шаҳри Сарбанд тансиҳатӣ ва саодати рӯзгорро орзу намуда, итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо ба хотири амалӣ гардидани иқдому ташаббусҳои ободгарона минбаъд низ содиқонаву софдилона хизмат хоҳед кард.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: