Қадри заҳматҳо11-11-2016, 13:07
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
Чанде аз ҳамкорон аз дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва идораи ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо мукофотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд. Саидмурод Фаттоҳзода,муовини якуми Раиси ҲХДТ дар маросими тақдими ин мукофотҳо гуфт, ки кормандони дастгоҳ ва нашрияи ҳизбӣ барои заҳматҳои чандинсола ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, саҳми шоиста дар рушди фарҳанг инчунин дар доираи барномаи таҷлил аз 25-солагии Истиқлоли кишвар бо ин мукофотҳо тақдир шудаанд. Аҳмадрафиқ Ҳомидов, мудири шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии ДастгоҳиКИМ ҲХДТ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шуд. Номбурда инчунин ба муносибати 60-солагиаш бо Сипосномаи ҲХДТ низ сарфароз гардид. Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғоти Дастгоҳи КИМ- и ҳизбва Солеҳ Юсуфов, хабарнигори «Минбари халқ» бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шуданд. Марҳум Маъруф Маҳмудов, ки солиёни дароз дар вазифаи котиби масъули ин ҳафтанома кор карда буду чанде пеш аз олам даргузашт, пас аз маргаш бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардид. Мукофоти ӯ ба писараш Суғдмеҳри Маъруф супорида шуд. Муовини якуми Раиси ҲХДТ зимни эҳдои ин мукофотҳо ва табрики самимонаи ҳар яке аз тақдиршудагон афзуд,ки ин як нишонаи таваҷҷуҳи давлат ба кори рӯзмарраи кормандон аст. Вай ибрози умед кард, ки ин ҳамкорон дар оянда низ бо рӯҳбаландӣ ва нерӯи дучанд барои ободии кишвар содиқона саҳм мегузоранд. «МХ» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.