Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Заминҳои нав – манбаи некӯаҳволии мардум

Заминҳои нав – манбаи некӯаҳволии мардум

28-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 503 нафар
Назарҳо: 0
Заминҳои нав – манбаи некӯаҳволии мардумМо савори мошини сабукрави «Хундай-Галлопер» аз роҳи марказии регфарши деҳа ба самти поён, ба сӯи водии Зарафшон ҳаракат мекунем. Деҳаи мо Равот ном дошта, дар канори рости водӣ ҷойгир аст. Роҳи вурудии деҳаро тай карда, ба роҳи байнимаҳаллӣ мерасем, ки аз самти ғарб ба самти шарқ тул кашида, деҳоти ҳамсояро ба ҳам мепайвандад. Ҳар субҳ, дар рӯзҳойи корӣ, банда савори ҳамин мошин, ки дар хатсайри Равот- Панҷакент ба сифати мошини мусофиркашон хизмат мекунад, ба шаҳр сари кор меравам. Тули понздаҳ сол аст, ки дар Панҷакент ба фаъолияти иҷтимоӣ машғул ҳастам. Ҳар субҳ ронандаи мошин Дӯстмурод, ки шавҳари хоҳари бузурги ман низ ҳаст, мусофиронро савор карда, озими шаҳр мешуд, чун ба сероҳа мерасид, чанбари рулро ба тарафи рост метофт; зеро мо ба воситаи ҳамин роҳ тахминан 14- 15 километрро тай карда, аз васати деҳаҳои Турки Роҷ, Хоҷапанҷ, Шингак ва Ғаревад мегузарем, пули мавзеи Озодагонро убур карда, вориди шаҳр мегардем. Аммо ин навбат ронанда чанбари рулро ба тарафи чап тофта, ба сӯйи шарқ ҳаракат кард.

Нимаи дувуми рӯз ба поён мерасид. Зимистон, охири моҳи феврал бошад ҳам, дар сатҳи поёнии водӣ сафедии барф ба назар наметофт. Ман дар курсии пеш, дар канори рости ронанда нишаста будам. Осмон софу беғубор, нурҳои офтоби бегоҳӣ дар оинаи дарёи дар фасли зимистон аз туғён нишастаи Зарафшон инъикос шуда, водиро зарандуд мекарданд. Бо ангушти ишорат тугмачаи дарро пахш карда, оинаро поён фаровардам. Сарамро ба тарафи рост тофта, ба қуллаҳойи барфии қаторкӯҳи Зарафшон нигоҳ кардам.

- Имсол зимистон камбориш омад. Дар кӯҳҳо қабати барф тунук метобад,- гуфтам ман.

- Ҳоло, ба гуфти муйсафедон, баҳманмоҳ аст. Дар пеш моҳи ҳут. Аз як рӯзи зимистон тарс, мегӯянд, - афзуд дар ҷавоб язнаам Дӯстмурод.

Имрӯз мо бо мақсади дигар аз деҳа баромада будем. Рӯйдоди фараҳбахше, ки чанд рӯз пеш дар мавзеи Муғулон, дар поёни шолизори хоҷагиҳо сурат гирифта буд, моро ба ин сафар таҳрик кард. Ҳанӯз таассуроте, ки аз мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент, Ислом Зиёзода бо саҳмдорони хоҷагиҳойи деҳқонии «Ромиш», «Работ», «Турки Роҷ», «Муғулон», «Роҷрӯд» ва «Чашмасор»-и ҷамоати деҳоти Амондара бардошта будам, аз зеҳнам дур нашудааст ва ҷараёни он дар хотирам нақш бастааст.

Саҳмдорони хоҷагиҳойи ёдшуда ба унвони раиси шаҳр Муроҷиатнома навишта, дархост карда буданд, ки ба онҳо ҷиҳати кушодани заминҳойи нав дар соҳили рости дарёи Зарафшон барои кишти шолӣ кӯмак намояд. Ба сокинони деҳот хабар расид, ки субҳи рӯзи якшанбеи охири моҳи январ раиси шаҳр аз мавзеи Муғулон боздид ба амал меорад, бо ҳолати феълии садди муҳофизатие, ки солиёни зиёд аз мадди назар дур мондааст, аз наздик шинос мешавад ва бо саҳмдорони хоҷагиҳо мулоқот мекунад. Азбаски ман ҳам дар деҳа зиндагӣ мекунаму дар ғаму шодӣ, бурду бохт ва комёбиву нокомии ҳамзодон шарик ҳастам, -рӯзи истироҳат, ки буд - аз қатор қафо намонда, ба фавҷи мардум пайвастам ва ба маҳалли мулоқот ҳозир шудам.

Корвони мошинҳо бо роҳи байнимаҳаллӣ аз самти Амондара ҳозир шуда, ба дасти чап тоб хӯрд ва тахминан 500 метр роҳи канори шолизорро тай карда, дар ҳамвории назди дамба таваққуф кард. Ислом Зиёзода бо ҳайати кории худ аз мошинҳо фуруд омада, ба самти садди муҳофизатӣ ҳаракат кард.

Ҳолати обшикан ҳузновар буд. Аз 800 метр садди муҳофизатии пешина 100-150 метр боқӣ монда буду халос. Оббанди боқимонда низ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Раис бо ҳайати корӣ ба реги дурушт ва санглохи дарё нигоҳ накарда, ба тарафи саргаҳи ҷангалзори минтақаи №2 хоҷагии ҷангали шаҳр ҳаракат кард. Пеш аз омадани раис мутасаддиёни ситоди соҳилбандӣ ду шохоби Зарафшонро, ки аз ин мавзеъ ҷорӣ мешуд, муваққатан бо булдозер баста, ба самти чапи ҷангал равона карда буданд. Раис бо гурӯҳи корӣ аз обкандаҳо убур карда, аз тунукобҳо ҷаҳида гузашт, ба канори ҷангал расида, ба резишгоҳи дарё нигоҳ кард. Дар қисми ҷанубиву шарқии соҳили чапи Зарафшон, каме болотар аз мавзеи мо шолизорҳойи Қумсой ва Сӯҷина ҷойгир мебошанд. Ӯ ба ҳамон тараф чашм дӯхта, шояд бовар ҳосил кард, ки ҷараёни об ба киштзорҳойи ҳамсоя зарар намерасонад. Сипас ба нуқтаи баландтари санглох баромада, ба самти шимолу ғарб тоб хӯрд. Дар баробари ӯ замини паҳновари обшустаи санглох доман мегустурд. Тахминан 350-400 гектар замин солҳойи зиёд бекор мехобид.

Ман дар қатори мардум ин манзараро тамошо мекардам. Ба худ меандешидам, ки ин сафари раис хеле фаврӣ ва саривақтӣ мебошад. Зеро дар канори дарёи Зарафшон соҳиби замини обӣ шудан орзуи чандинсолаи кишоварзони хоҷагиҳойи мазкур буд. Чун аксари заминҳойи кишти ин хоҷагиҳо ламл мебошанд. Инҷониб бо мардуми деҳот дӯш ба дӯш зиста, бо орзуву омол ва кору пайкори онон дар саҳроҳо аз наздик шинос ҳастам, арақи ҷабин, обилаи пову дастон, зӯри бозувонашонро дидаам. Ҳар порчаи замини нав баройи ин мардум чун обу ҳаво зарур аст. Қадри обу замин, ки гузаштааст, онон ҳар ваҷаб замин ва ҳар ҷуръаи обро муқаддас мешуморанд, эҳтиром мекунанд ва азиз медоранд.

- Дар поёни шолизор мардум дар ҷунбуҷул ҳастанд. Техникаҳо равуо доранд. Саҳмдорон палу вот бардошта истодаанд. Замини нав мекушоянд. Ин манзара ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад, дилу дидаҳоро фараҳманд мекунад, аз ояндаи нек дарак медиҳад, - ин суханони ронанда риштаи хаёли маро канда, диққатамро бо воқеият пайвастанд.

Мошини мо баъзан ба пасту баланди роҳ лангар хурда, аз байни деҳаи Муғулон ба пеш медавид. Дар ду канори роҳ гоҳ-гоҳ занону мардон, писарону духтарони деҳ саргарми ташвише ба пасу пеш шитоб доштанд. Дар ҳақиқат дар канори ҷангал ду-се пагрузчикҳо пешу қафо ҳаракат карда, машғули кор буданд. Саҳмдорон дар сари вотҳойи заминҳои нав нишаста, хаму рост шуда, дастафшонӣ мекарданд, чизеро ба ҳамдигар мефаҳмонданд, самти ҳаракати техникаҳоро муайян менамуданд.

- Мардум ба раиси шаҳр бовар доранд. Ба будан ва набудани обшикан нигоҳ накарда, алакай садҳо гектар замини нав кушодаанд. Итминон доранд, ки раис ҳатман ба онҳо кӯмак хоҳад кард, садди муҳофизатиро бардошта, бо сангу шағал оббандро истеҳком хоҳад бахшид, - афзудам ман.

Дар имтидоди канори рости роҳ корезе, ки пойгоҳи обкашии «Работ» ва шолизорҳойи хоҷагиҳойи «Чашмасор», «Муғулон», «Роҷрӯд» ва «Турки Роҷ»-ро бо оби полезӣ таъмин мекунад, тул кашидааст. Дар анҳор каме бошад ҳам, об ҷорӣ мешавад, ки дар фасли зимистон баройи чорво зарур аст. Шолизорҳо кафи кушодаи дастони деҳқононро мемонанд; мусаттаҳ шудгоршуда, ҷой-ҷой кафида ва захмӣ. Алъон ин дастон холианд, вале ҳамин, ки фурсат расид, баҳору тобистон, ки омад, файзбор мешаванд, неъмат ато мекунанд, дастурхони мардумро бо биринҷ таъмин менамоянд, ба зиндагӣ фараҳу нишот мебахшанд. «Зиҳӣ замин – дасти босахо, бағали кушода, дастархони пурфайзу баракати деҳқон!»,- мегӯям зери лаб худ ба худ.

Дасти ростамро боло карда, панҷаҳоямро аз миёни дастаки эҳтиётӣ мегузаронам; муҳкам медорам, то лангар нахурам. Ман аз ронанда хоҳиш карда будам, ки ин бегоҳ маро ба соҳили дарё, ба он ҷое, ки бо супориши раиси шаҳр корҳойи соҳилбандӣ оғоз ёфтаанд, бирасонад. Язнаам Дӯстмурод низ нияти дидани он мавзеъро доштааст. Мо, ки деҳқонзода будем ва падаронамон- ҷояшон ҷаннат шавад- кишоварзони маъруфи колхози ба номи Жданов буданд, аз хурдӣ ба деҳқон ва замин меҳр доштем. Овони наврасӣ аз қафои падаронамон саҳро ба саҳро гашта, дар токзорҳо ҳамроҳашон каланд мезадем, ба кишт ва ғундучини тамоку машғул мешудем, дар маъракаи дарави ғалла ширкат мекардем, хирман мекӯфтем, ҷӯй мекандем, гову гӯспандонро дар талу теппаҳо мечарондем. Чун ба воя расидем, мактаби миёнаро хатм кардем, дар дил орзуи хондан ва маълумотнок шудан кардем. Дӯстмурод ҷодаи механизаториро ихтиёр кард. Солҳойи зиёд бо булдозер дар даштувори колхоз ба кушодани заминҳои шолӣ, соҳилбандӣ, садбардорӣ ва роҳкушоӣ машғул буд. Акнун, ки ба синни нафақа расидааст, чун ронандаи мошини мусофиркашон ба халқ хизмат мекунад. То ҳол ба замин ва саҳро меҳр дорад, ҳамин меҳр ва муҳаббати бепоёнаш ба деҳқон ва киштукор буд, ки имрӯз ӯро ба ин сафар таҳрик кард.

Ман ҳам ба маркази ҷумҳурӣ рафта, дар донишгоҳ таҳсили илм намудам ва соҳиби маълумоти олии филологӣ гаштам. Пас аз хатми донишгоҳ ба Панҷакент баргашта, дар осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба фаъолият пардохтам. Муддате дар дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, дар вазифаҳойи гуногун низ кор кардам. Дар ҷомеа ҳар вазифа ва мартабае, ки ёфтем, ба туфайли кӯмаку дастгирии падарони кишоварзамон буд. Онҳо баройи мо чун нардбон буданд; мо оҳиста-оҳиста рӯйи ин зинаҳо пой монда, ба боми камол расидем. Онҳо буданд, ки арақи ҷабин рехта, моро калон карданд, орзуҳоямонро ҷомаи амал пӯшониданд.

Ин лаҳза маро боз гирдоби хаёлот ба коми худ мекашад, дар оинаи хотирам рӯзгори дур, яке аз рӯзҳойи даврони наврасӣ рӯнамо мешавад. Ҳамон солҳо падарам сардори ситоди соҳилбандии колхози ба номи А. Жданов дар мавзеъи Муғулон буд. Субҳ аз хона баромада мерафту вақти говгум бармегашт. Ҳар рӯз ҳолати садди муҳофизатиро назорат мекард.

Охирҳойи фасли тобистон буд. Субҳ падарам аспи кабуди худро зин зада, бо як ҷаҳиш худро болойи асп гирифт.

Шаб дар сари дастархон ман аз падарам хоҳиш карда будам, ки маро ҳамроҳ барад, то мавзеи кори ӯро бубинам; имкон шавад бо шастам каме моҳӣ бигирам, шолизору ҷангалро тамошо кунам. Ба ӯ ваъда додам, ки аз мадди назари ӯ дур нахоҳам шуд.

Падарам хам шуда ба ман даст дароз кард, аз дасти ростам гирифта, маро ба боло кашид. Зуд лингҳоямро кушода, пушти зин қарор гирифтам.

- Пойҳоятро ба бадани асп сахт ҷафс карда, бо ду даст камари маро оғӯш кун. Роҳ тахминан ним фарсах, пасту баландаш бисёр. Эҳтиёт шав, то наафтӣ!

Ман ҳама амалҳойи гуфтаи ӯро бе чуну чаро иҷро мекунам.

Садойи «чу» аз даҳони падарам шунида мешавад. Асп ба пеш ҳаракат мекунад. Падарам баробари аз дарвоза баромадан, ҷилави аспро ба чап метобад. Ҷӯйи Калонро ҷаҳида мегузарем. Таг-таги воти ҷӯй кӯчаи байни деҳаро убур карда, ба канори чапи деҳ мерасем. Пайроҳаи сарнишебро тай карда, ба санглох мефароем. Падарам сурудеро зери лаб замзама карда, камчинашро алвонҷ медиҳад, ҳар вақт пойҳояшро ба шонаи асп фишурда, «чу» мегӯяд ва ба ҳаракати асп суръат мебахшад. Канори ғарбии деҳаи Муғулонро гузашта, ба Қаромазор мерасем. Сипас шолизорҳо сар мешаванд. Дар ҷулӯи ман падарам нишастааст, сарамро гоҳ ба чап ва гоҳ ба рост тофта, атрофро наззора мекунам. Чор тараф каб-кабуд, шолиҳо сар кашида, хӯшаҳояшон пурбор шудаанд. Падарам бо ҳар шоликори пешомада пурсупос карда, «монда набош!» мегӯяд. Аз дуру наздик садойи деҳқонон шунида мешавад. «Ташвиши зиёд дорад деҳқон. Шабу рӯз меҳнат мекунад. Баройи чӣ?» - меандешам пеши худ. Дилам ба деҳқонон, ба падарам месӯзад, буғзе гулӯямро мефишорад.

- Додо, баройи чӣ деҳқонон шабурӯз меҳнат мекунанд? Аз аввали баҳор сар карда, то охири тирамоҳ дар саҳроҳо кор мекунанд. Тонна-тонна ангуру мева, гандуму шолӣ истеҳсол мекунанд. Намешавад, ки танҳо баройи худ кор кунанд, ба ғизойи андак қаноат намоянд. Ташвишашон низ кам мешавад, - нохост мепурсам аз падар.

Падарам баробари шунидани ин суоли ногаҳонӣ ба худ меояд. Сари худро баланд афрохта, ба атроф назар медӯзад. Сипас ба сӯи деҳқонони дар саҳро ҷунбуҷӯл дошта бо қамчини худ ишорат карда, мегӯяд:

- Деҳқон танҳо баройи ғизо кор намекунад, писарам. Ӯ дӯсти замин ва табиат аст. Замин бе деҳқон ва деҳқон бе замин буда наметавонад, бачем. Ту танҳо зоҳири деҳқона дидаӣ, аммо ботинаша нашинохтаӣ. Ҳастии деҳқон аз сахо, баракат, хайр, эҳсон ва ато сиришта шудааст. Деҳқони асил замина сарсабзу хуррам мегардонад, олама обод мекунад, дастурхони мардума бо нозу неъмат пур месозад. Деҳқон ба олам ва одам меҳр дорад, онҳоро мепарастад. Ту ҳанӯз хурд ҳастӣ, чун ба воя расидӣ, баъд мефаҳмӣ.

Падарам хомӯш мешавад. Ман аз суоли кардаам пушаймон мешавам, зеро бо ин суолам ӯро сахт ба эҳсос оварда будам.

Тамоми рӯз ҳамроҳи падар пиёдаву савора воти шолизорҳо ва соҳили Зарафшонро давр задем, ҳолати обшиканҳоро хабар гирифтем ва бегоҳ хаставу шалпар ба хона баргаштем. Ман дар давоми рӯз аз ӯ дигар чизеро напурсидам.

- Нигоҳ кунед, дар соҳили дарё садди нав бардоштаанд. Корҳойи соҳилбандӣ оғоз ёфтааст, - садойи язнаам маро ба худ меорад.

Ёди гузашта, лаҳзаҳойи гуворойи даврони бачагӣ, ки дар оинаи хаёли ман ба ҷилва омада буданд, чун лаҳзае аз филми шавқовар қатъ гардиданд. Боз ба ҷараёни воқеият пайвастам. Мо деҳаи Муғулони Болоро гузашта, ба қабристон, ки дар шарқи ин мавзеъ ҷойгир буд, наздик мешавем. Дар тарафи чапи роҳ дар бадани пуштаҳо заминҳои зинагии хоҷагии деҳқонии «Чашмасор» воқеъанд, ки баҳору тобистон тавассути пойгоҳи хурди обкашӣ обёрӣ мешаванд. Дар болойи ин пуштаҳо заминҳойи лалми хоҷагӣ ҷойгир мебошанд. Деҳқонон дар он ҷо ҳар сол як маротиба ҷаву гандум, нахӯду индов кишт мекунанд.

Ман сари худро хам карда, аз оинаи пеши мошин ба хамии пушта нигоҳ мекунам. Заминҳо аз канори чапи роҳ оғоз шуда, зина ба зина то нимаи пушта расидаанд. Дар нишебӣ замин кардан, хоҳ ба воситаи техника бошад, хоҳ ба таври дастӣ, заҳмати бисёр талаб мекунад. Ман ба иродаи матин, бозувони қавӣ ва рӯҳи бешикасти кишоварзон аҳсан мегӯям.

Аз поёни қабристон гузашта, ба тарафи рост тоб хӯрдем. Ин роҳи регӣ моро ба соҳили Зарафшон мерасонад. Пули бетонии анҳорро убур карда, ба самти ҷануб ҳаракат мекунем. Дар тарафи рости мо шолизорҳо тӯл кашидаанд. Дар шарқ ҷангалзори минтақаи №3 хоҷагии ҷангали шаҳр воқеъ аст. Тавассути роҳи болойи обшикани куҳна гузашта, ба мазеъе, ки садди муҳофизатии нав оғоз ёфтааст, мерасем. Язнаам мошинро нигоҳ дошта гуфт:

- Шумо ҳамин ҷо фуруд оед. Дар пеш вартаи обшустаи обшикан, давоми роҳро пиёда тай мекунем.

Ман аз мошин фаромадам. Язнаам мошинро дар канори бехавфи роҳ гузошта, дарҳояшро баст ва ба назди ман ҳозир шуд. Ҳар ду болойи оббанди куҳна истода, ба тарафи садди нав нигоҳ кардем. Тахминан дар масофаи 700-800 метр дуртар аз мо гурӯҳи одамон ба назар мерасиданд. Булдозери калоне реги болойи садди навро ҳамвор мекард. Дар имтидоди обшикан қатори сепояҳое, ки аз чӯбҳойи сафедору бед сохта шудаанд, ба таври амудӣ қоим буданд. Дар самти шарқии садд санглохи фарохе доман густурда буд. Техникаи пуриқтидори борандоз- «погрузчик» ба заминсозӣ ва палбардорӣ машғул буд. Деҳқонон сар-сари вотҳо равуо доштанд.

- Хело корҳоро ба анҷом расонидаанд. Агар ба ҳамин минвол идома диҳанд, тули як моҳ корҳои соҳилбандӣ ба поён мерасанд. - гуфтам ман.

- Масофаи обшикан хеле тӯлонӣ менамояд, тахминан 1000-1200 метр ҳаст. Масофаи зиёд заҳмати бисёр ва хароҷоти зиёд металад.- гуфт дар ҷавоб язнаам Дӯстмурод.

- Рафтем. Мо бояд назди бошишгоҳи ситоди соҳилбандӣ биравем. Мутасаддиён ҳама дар он ҷо мебошанд. Бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем. Аз ташвишу тараддудашон мепурсем, «Монда набошед мегӯем». – изҳор доштам ман.

- Ҳатман, мо ба ҳамин ният омадем ин ҷо. Ману писарам саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Ромиш» ҳастем. Ният дорем дар мавзеъе, ки барои хоҷагиҳои деҳаи Равот ҷудо шудаанд, ба масоҳати 0,4 гектар замини нав кушоем. Мо ҳам дар ҳашари соҳилбандӣ саҳмгузорӣ мекунем, дар қатори деҳқонони хоҷагиҳо ба навбат омада, дар кори устувор кардани сепояҳо кӯмак мерасонем. - гуфт язнаам Дӯстмурод.

Шохоби Зарафшонро баста буданд. Дарёи дар фасли зимистон аз маҷро нишаста аз канори чапи оббанди нав ба самти ҷанубу ғарбии водӣ коҳилона ҳаракат мекард. Мо аз болойи вартаи обшуста ба самти ғарб 15-20 қадам раҳро тай карда, ба чап тоб хурдем ва бо пайроҳае ба санглох фаромадем. Аз канори ғарбии садди муҳофизатӣ пастиву баландии санглох ва гузаргоҳи хушкидаи шохобҳоро паймуда, ба тарафи бошишгоҳ равон шудем. Язнаам Дӯстмурод раҳораҳ хотираҳои давраи дар калхози ба номи Жданов кор кардан, палбардориҳо, киштгардониҳои шабона ва машаққатҳои соҳилбандиашро нақл мекард. Дар ҳамин нуқта, ки саргаҳи шолизор маҳсуб мешавад, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Чашмасор» ба таҷдид кардани замин машғул ҳастанд. Погрузчики дукуба регу қуми соҳилро бо кавши худ тела карда, вот мебардошт. Мо борҳо кишоварзонеро, ки ба палбардорӣ машғул буданд, «Монда набошед» - гӯён ба суҳбатамон идома дода, ба бошишгоҳи ситод расидем.

Дар атрофи мизи плостикии кабуд чор нафар – раиси ҷамоати деҳоти Амондара Рустам Қаҳоров, ҷангалбони минтақаи №2 хоҷагии ҷангали шаҳр Абдурашид Маҷидов, мутасаддии ситоди соҳилбандӣ Улуғбек Юнусов ва раиси хоҷагии деҳқонии «Работ» Абдузоир Ҳомидов рӯйи курсиҳо нишаста сари мавзӯе суҳбат мекарданд. Ҳама ба саломи мо ҷавоб дода, аз ҷой бархостанд. Мо дастони ҳамдигарро фишурда, ҳолпурсӣ кардем.

- Шамолҳойи куҷо парронд, Саидҷон? Кори муассисая монда сари замин омадед? Оё дар бораи заминкушоӣ чизе навистан мехоҳед? – дарҳол суол кард Абдурашид-амак.

- Нахуст хостам, ки шумоёна бубинам, «Монда набошед» гӯям. Мо ҳама деҳқонзода ҳастем. Ташаббусу кӯшишу ғайрати шумоя шунида омадам ин ҷо. Ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот овозаи заминкушоӣ, соҳилбандии шумо сари забонҳост. Қанд занед! Ин овоза не, ҳақиқат будааст. – гуфтам ман.

- Ин ташаббус аз супоришҳойи сарвари давлатмон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. – иброз дошт раиси ҷамоат, - Соли гузашта ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳри Панҷакент ба ҳукумати маҳал ва кишоварзони шаҳр супориш дода буданд, ки дар соҳили дарёи Зарафшон кишти шолӣ зиёд карда шавад. Раиси шаҳрамон ҳам ин дастурҳойи Президенти мамлаката сармашқи кори худ қарор дода, баройи кушодан ва таҷдиди заминҳо дар водӣ азм карданд. Имрӯз ин минтақа ба майдони ҳарбу зарби кишоварзон табдил ёфтааст. Ба поён нигоҳ кунед, се погрузчик дар ихтиёри хоҷагиҳо қарор доранд. Користони ҳақиқӣ. 350-400 гектар замини нав ба тариқи ҳашар кушода мешавад.

- Аҳсан, ана ина навигарӣ, кӯшишу ғайрат мегӯянд, раис! – гуфтам ман бо ҳаяҷон.

Абдурашиди ҷагалбон ба тарафи ғарб ба даст ишорат карда, афзуд:

- Солҳойи зиёд ин санглох бекор мехобид. Дилам ба ҳамин замин месӯхт. Об дар кӯзаву мо ташналаб. Бо супориши раиси шаҳр ба азхудкунии заминҳо шуруъ кардем. Ду шохоби Зарафшон дар вақти обхезӣ аз ҳамин мавзеъ ҷорӣ мешавад. Нахуст масъалаи обшикана ҳал кардан даркор буд. Ана ба боло нигоҳ кунед, оббанд бо реқу қум бардошта шуд. Раиси шаҳр экскватори пуриқтидори «Волво»-я аз аз корхонаи муштараки Зарафшон ба ин ҷо интиқол доданд. Як тон сӯзишворӣ ҳам дастрас гардид. Корҳойи саддбардорӣ ба масофаи 1200 метр ба поён расид. Экскватора ҷавоб додем. Акнун навбати сепояпартоӣ.

Ин лаҳза ду нафари дигар-сардори корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикселҳимоя»-и шаҳр Олимхон Хӯҷаев ва собиқадори меҳнат аз деҳаи Муғулон, ҳоҷӣ Султон Бӯтаев, ки сардори ситоди соҳилбандии шаҳра ҳамроҳӣ мекард, аз сари кори булдозер дур шуда, назди мо омаданд. Мо рост истода суҳбат мекардем. Ман ва язнаам Дӯстмурод бо Олимхон Хӯҷаев ва ҳоҷӣ Султон самимона даст фишурда, ҳолпурсӣ кардем. Ман ҳанӯз ҳангоми кор дар дастгоҳи раиси шаҳр бо сардори «Тоҷикселҳимоя»-и шаҳр шиносоӣ пайдо карда будам. Ӯ бо тааҷуб ба сӯйи ман нигариста, гуфт:

- Саидҷон! Тинҷӣ аст? Дафтару қалама монда дар саҳро гаштаед.

- Аввал ин ки ин ҷо зодгоҳи ман. Дуввум ин ки ман бо ин мардум унс гирифтаам. Дар ғаму шодияшон шарик ҳастам. Кору борашона шунида хурсанд шудам. Ба зиёраташон омадам. – посух додам ва афзудам ман, - Корҳойи шумо чӣ туранд?

- Корҳо бад нестанд, Саидҷон. Чи хеле, ки мегӯянд, бо амри Ватан дар ҳамин ҷоем. Ана бинед, чӣ қадар корҳо иҷро шуданд. Ҳамааш ба тариқи ҳашар. Раиси шаҳр дар канори мост. Ҳар вақт моя хабар мегиранд, дирӯз омада, аз рафти корҳо шинос шуданд. Гуфтанд, ки шитоб кунетон, дар пеш баҳор, мавсими обхезӣ. Ҳар лаҳза ғанимат. Алакай 200 гектар замин аз ҷониби кишоварзон азхуд карда шуд. Деҳқонон ният доранд, ки ҳамин сол шолӣ кишт кунанд. Масъалаи асосӣ – соҳилбандӣ. Ана булдозер ду рӯз пас кораша тамом мекунад. Дар болйи садд баройи мошинҳойи боркаш роҳ кушодем. Бари роҳ 6-7 метр. Ҳашарчиён беш аз 180 сепоя устувор карданд. Ба сафи сепояҳо нигоҳ кунед. Қатор истодаанд. Пагоҳ крана аз шаҳр ба ин ҷо интиқол медиҳем. Аввал сепояҳоя бо кран бардошта, ба муқобили ҷараёни об аз самти шарқии садд устувор мекунем. Сипас бо мошинҳойи боркаш аз кони Ҷилав ва санглохи байни деҳаҳойи Равот ва Муғулон сангҳойи азимҷуссая кашонда, оббанда истеҳком мебахшем.

- Баройи чӣ аз сепоя истифода мебаретон? Ин навъи соҳилбандӣ магар кӯҳна нашудааст? – пурсидам ман.

- Дар замони шӯравӣ аз ҳамин усул истифода мекарданд. Атрофи сепояҳоя бо симтӯр печонда, сангу шох зер мекарданд, баъд дар байни сепояҳо харсангҳоя мерехтанд. Мисли девори Чин мешавад мустаҳкам. Раиси шаҳр ҳамин усула писандиданд. Гуфтанд, имсол ба тариқи ҳашар соҳила мебандем, ман соли равон ба ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ муроҷиат мекунам, агар аз ҷониби давлат маблағ ҷудо гардад, обшикана дубора истеҳком мебахшем. Мо аз раис миннатдорем. – ба суҳбат шарик мешаванд ҳоҷӣ Султон.

- Бо об мубориза бурдан кори саҳл нест, ҳоҷӣ. Дарёи Зарафшон дар баробари шодобу файзбор кардани соҳилҳо дар мавсими обхезӣ хавфнок шуда, офатбору хатарзо мегардад. Илоҷи бо офат мубориза бурдан ҳаст? – суол кардам ман.

- Солҳойи пеш дар замони шӯравӣ техникаҳои хоҷагии қишлоқ намерасиданд, экскваторҳои «Беларус» суст кор мекарданд. Мошинҳойи борандозе (самосвал), ки беш аз 10 тонна бор гиранд, кам буданд. Бисёр корҳо ба тариқи дастӣ анҷом мешуданд. Дар он замон ҳатто санга дастӣ бор мекарданд. Имрӯз, шукри Худо, замона дигар шуд. Мо - соҳиби давлати соҳибихтиёр. Президентамон – ғамхори халқ. Қариб ҳар сол ба Панҷакент меоянд, ба доди мардум мерасанд. Кӯҳҳоя шикоф карданд, роҳи Айнӣ- Панҷакента аз нав сохтанд. Техникаҳойи калони боркаш, экскваторҳойи тезкор хеле зиёданд. Фақат кӯшишу ғайрат лозим аст. Азму ирода кунем, дарёя ҳатман идора мекунем, маҷрояша ба самти дилхоҳ равона месозем. Имрӯз ин корҳо дар назди давлат саҳл аст. – Ба суҳбат боз ҳамроҳ мешавад Абдурашид.

Язнаам Дӯстмурод, ки одати мавзуи суҳбата хулоса кардан дошт, аз гуфтугӯйи мо мутаасир шуда, гуфт:

- Бале, азму кӯшиш инсона пирӯз мекунад. Тӯли солҳое, ки дар калхози ба номи Жданов кор мекардем, бо маҷрои дарё мубориза мебурдем, ҷараёни оба идора мекардем, амвоҷи Зарафшон ба хосту иродаи мо гӯш мекард. Ба сабаби нобасомониҳои солҳойи навадуми асри гузашта, беаҳамиятии роҳбарон, афтодаҳолии кишоварзон обшикан беназорат монд, беш аз 200 гектар замина об шуста бурд. Оқибати ғафлат ва заифии иродаи мутасаддиён - ин санглох. Мардум бе замин монданд, сафи бекорон афзуд. Баъд муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз шуд ба кишвари бегона. Имрӯз ин корҳои шумоя дида, хурсанд шудам. Замин дубора барқарор мешавад. Замини нав аз рӯзи нек дарак медиҳад.

- Аз муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфтед, - ба суҳбат мепайвандад ҷавонтарин аъзои ситоди соҳилбандӣ, раиси хоҷагии деҳқонии «Ромиш»- Улуғбек Юнусов, - Имрӯз вазъият бисёр ташвишовар аст. Буҳрони молиявӣ, ҷанги Украина, таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи кишвари Русия, беқурбшавии асъори русӣ ва миллӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфӣ расонд. Бисёр ҷавонон «депорт» шуданд. Имрӯз дар шаҳру деҳот сафи ҷавонони бекор афзудааст. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҷавонон ба истеҳсолот зикр шудааст. Дар деҳот қувваи кории зиёде ҷамъ омадааст. Хушбахтона, раиси шаҳр ҳамин нуктаҳои Паёми Президенти мамлаката сармашқи кори худ қарор дода, ба азхудкунии заминҳо супориш доданд. Ман ҳам дар қатори мардум 0, 40 гектар замин кушодам барои кишти шолӣ. Нияти Русия рафтан надорам. Ҷои кор пайдо шуд. Аксари ҷавонҳои аз Русия баргашта замин кушода истодаанд. Дар 350-400 гектар замини нав 1500-2000 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ба атроф нигоҳ кунед, аксари ҳашарчиён ҷавононанд. Бо дасту дили гарм кор карда истоданд.

Абдузоир Ҳомидов, раиси хоҷагии деҳқонии «Работ», ки то ҳол ба суханҳойи мо гӯш медод, ба ман рӯй оварда, чунин иброз дошт:

- Ман ҳам бо саҳмдорони хоҷагӣ ин ҷо омадам. Дар деҳаи Равот, чуноне ки шумо медонед, 1400 нуфус зиндагӣ мекунанд. Замини обӣ ҳамагӣ 42 гектар. 60 дар сади заминҳойи мо ламл. Дар хоҷагӣ 300 саҳмдор ҳаст. Ба ҳар як саҳмдор 0,13 гектар замин мерасад. Ин миқдор замин баройи таъмини рӯзгори саҳмдор бо маводи озуқа нокифоя аст. Бино бар ин, мо маҷбурем, ки замини нав кушоем. Ният дорем, ки соли равон ақаллан дар 200 гектори заминҳойи нав шолии навъҳои серҳосил ва хуштаъм кишт намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнем. Ба деҳқон чор чиз зарур аст: хок, об, бод, офтоб. Хок – мерӯёнад, об – месабзонад, бод – зироата гардолуд мекунад, офтоб – мепазонад. Хушбахтона, ҳамаи ин дар мо ҳаст. Фақат саъйу кӯшиш лозим.

Ин лаҳза садойи сардори «Тоҷикселҳимоя» баланд шуд. Ӯ аз аҳли ситод даъват кард, ки ба болойи садд бароянд.

- Сепояҳоя шумор кунед. Мо бояд муайян кунем, ки масофаи байни сепояҳо чанд метр аст. Фардо кран, ки омад, усутувор карданаш осон мешавад. – гуфт ӯ роҳравон ва ба мо нигоҳ карда афзуд: - Мо шуморо тарк мекунем. Вазифа ҳамина тақозо мекунад. Вақт кам мондааст, дар пеш обхезӣ, ҳар лаҳза ғанимат. Мо аз дидори шумо хурсанд, аммо дар сари кори мо будани шумо тибқи техникаи бехатарӣ раво нест. Узр. Мо бояд биравем. Шумо метавонед назди саҳмдорон равед, бо онҳо ҳамсуҳбат шавед.

- Ба шумо барори кор, - гуфтам ман дар ҷавоб.

Суҳбати мо дар ҳамин ҷо хотима меёбад. Аъзоёни ситоди соҳилбандӣ бо мо хайрухуш карда, ба тарафи оббанд равон шуданд. Садойи техникаҳое, ки дар атроф кор мекарданд, баландтар ба гӯш мерасиданд. Нимаи дувуми рӯз ба поён мерасид. Офтоб ба самти ғуруб наздик мешуд. Мо каме ба тарафи ғарб қадам зада, ба баландие баромадем ва ба паҳнои санглох дида дӯхтем.

- Ин мавзеъ тахминан 4 километр тӯл дорад. Баройи ин масофаро пиёда тай кардан як рӯз лозим аст. Ба кори саҳмдорон халал намерасонем. Нигоҳ кунед, ҳама дар давутозанд. Фурсати суҳбат кардан ҳам надоранд. Ҳама хаставу шалпаранд. Ягон рӯз барвақтар омада, бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем. Мо аз нияти онҳо бохабар ҳастем. Худо ба онҳо қувват диҳад. Бегоҳ шуд. Мо бояд баргардем, - сафарамонро хулоса кард язнаам Дӯстмурод.

Мо аз баландӣ фаромада, ба сӯйи мошин раҳсипор шудем. Язнаам Дӯстмурод каме пеш аз ман ҳаракат мекард. Ман таҳти таассуроте, ки аз суҳбат бардошта будам, сабукборона қадам мезанам. Ҳиммату кӯшиши деҳқонон маро ба ваҷд оварда буд. Ин буд, ки дуруштиҳойи реги водиро зери по эҳсос намекардам. Ин лаҳза боз суханони падарам дар гӯшам садо доданд: «Деҳқон танҳо баройи ғизо кор намекунад, бачем»! Ин лаҳза ман дар бораи кишоварз андешаи хос доштам, ки мехостам онро ҳатман дар очерке, ки хоҳам навишт, ҷой диҳам: «Деҳқон-нерӯи созанда, қудрати офаранда, хуррамии олам, сафойи рӯзгор, нишоти зиндагӣ, ояндаи нек. Деҳқон - мубориз, зеро бо ҷараёни дарёи офатбор панҷа нарм мекунад ва бар ӯ ғолиб меояд. Ғафлати ӯ дар баробари ҳодисаҳойи табиӣ шикаст аст. Ӯ бояд ҳодисаҳоро идора кунад, ба майлу хоҳиши худ мутеъ гардонад. Чӣ рӯҳи шикастнопазир дорад деҳқон».

Ғарқи ҳамин гуна андешаҳо ба мошин савор мешавам. Мошини мо чанги регро ба ҳаво бардошта, ба пеш ҳаракат мекунад.
Саиди Юнусиён, раиси бахши панҷакентии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: