Президенти Қирғизистон бемор шуд20-09-2016, 16:45
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
![]() Нуздаҳуми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Қиғизистон Алмазбек Атамбоев ҳангоми сафар ба ШМА барои ширкат дар Ассамблеяи генерелии СММ , дар фурудгоҳи Итамбули Туркия якбора худро бад ҳис кард. Ӯро фавран ба беморхона интиқол доданд. Баъди муоина духтурон ба хулосае омаданд, ки Алмазбек Атамбаев, сарвари давлати Қирғизистон ба бемории дил гирифтор шудааст. Садорати котиботи Атамбаев хабар доданд, ки ӯ то якуми октябр ба рухсатии меҳнатӣ баромадааст. Атамбаев 17-уми сентябр шастсолагияшро ҷашн гирифта буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.