Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳукми зиндони 7 сокини Намангон барои қасди пайвастан ба ДИ

Ҳукми зиндони 7 сокини Намангон барои қасди пайвастан ба ДИ

25-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Ҳукми зиндони 7 сокини Намангон барои қасди пайвастан ба ДИДодгоҳи вилояти Намангони Ӯзбекистон 7 сокини маҳаллиро барои қасди сафар ба Сурия ва ҷангидан ба ҷонибдории созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) аз 5 то 9 сол зиндонӣ намудааст.

Ин гуруҳ гӯиё зери раҳбарии Маҳмадюсуф Маҳмудов, шаҳрванди Ӯзбекистон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будан тариқи “Одноклассники” бо намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” робита барқарор карда, нақшаи пайвастан ба онро доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Намангон, раҳбари ин гуруҳ Маҳмадюсуф Маҳмудов 9 сол зиндонӣ шуда, боқӣ барои аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин афрод баъди бозгашт ба Ӯзбекистон ва кашидани нақшаи сафар ба Сурия дастгир шудаанд. Бино ба иттилои муфаттишон, мақомоти амниятии Ӯзбекистон номаҳои ин гуруҳ дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва мулоқоташон дар вилояти Намангонро пайваста пайгирӣ менамудааст.

Хабаргузории русии “Интерфакс” бо истинод ба манбааш дар додситонии Намангон иттилоъ додааст, ки аъзои гуруҳи мазкур худро “ҷиҳодиён” номидаанд. “Ҳангоми мулоқот онҳо идеяҳои экстремистиро баррасӣ карда, сабтҳои даъвати руҳониёни ифротӣ ба ҷиҳодро пайдо ва гӯш менамудаанд”, - афзудааст хабаргузорӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: