Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Алмаато аксари идораҳо дубора ба кор пардохтанд

Дар Алмаато аксари идораҳо дубора ба кор пардохтанд

20-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Дар Алмаато аксари идораҳо дубора ба кор пардохтанд
Дар Алмаатои Қазоқистон имрӯз бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ва идораҳои давлатӣ дубора ба кор пардохтанд. Баъди нисфирӯзии душанбе дар Алмаато марказҳои тиҷоратӣ ва бозорҳо, шуъбаҳои бонкҳо дарҳояшонро бастанд. Хабар дода шуда буд, ки барои муҳлати номаълум "Почтаи қазоқ" ҳам баста шудааст.

Шуруъ аз шаби душанбе ба сешанбе баъди анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ сатҳи "сурх"-и хатари террористӣ ба сатҳи муътадил ("зард") поин оварда шуд. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки вазъ дар шаҳри Алмаато "муътадил ва зери назорати нерӯҳои амниятӣ аст".

Дар натиҷаи ҳамлаи фарди мусаллаҳ 3 корманди пулис ва ду сокини осоишта кушта шуд. Бо гумони ҳамлаи мазкур як нафар боздошт шудааст. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳодисаи мазкурро теракт номид.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ менависанд, ки ҳоло аксари шуъбаҳои бонкҳо дар Алмаато тибқи низоми маъмулӣ кор мекунанд. Марказҳои тиҷоратӣ ва бозорҳо низ дарҳояшонро кушодаанд.

Ҳамчунин дар ин шаҳр чанд мағозаи фурӯши аслиҳа дубора ба фаъолият пардохтаанд. Мағозаҳои фурӯши аслиҳа низ рӯзи душанбе баста шуда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: