Ноҳияи Айнӣ! Роҳи бесоҳиб19-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Таъмиру кушодани роҳҳо, феълан дар кишвари мо як рукни умдаи таъмини тамаддун ва пешрафти ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора ба ободу таъмирсозии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса ва тақозои қатъӣ менамоянд.
Роҳҳо барои ҳар як давлат дар ҳама давру замон нақши стратегӣ мебозанд. Бе таъмир ва бе назорат гузоштани ҳар як роҳ боиси валангоршавӣ ё худ рустшавии он мегардад. Алалхусус, дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон, ки баҳорон аз боришоти зиёд ба рӯйи роҳҳо сангу сел мефарояд, назорат ва нигоҳубини роҳҳои дар иқлими кӯҳӣ ҷой дошта, масъулияти бешро талаб менамояд. Мутаассифона, 17 километр роҳи Урметан-Киштудак, тайи чанд сол аст, ки аз бемасъулиятӣ ва холабеғамии масъулини Идораи роҳсозии рақами 6-и ноҳияи Айнӣ вайрону валангор гаштааст. Ҳол он ки дар ҳудуд ва шафати ин роҳ 80 гектар заминҳои обии зиёда аз 560 хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ мавҷуданд, ки аз баҳор то ба зимистон мардум бо умеди рӯзие баҳри хеш дарёфтан дар ин мазраҳои кишт белу каланд мезананд. Ва ҳам рисқи хонадон ба даст меоранду ҳам ба буҷаи ноҳия андоз месупоранд. Шояд фақат санаи андозситонӣ ба хотири масъулини ноҳия бирасад, ки дар ҳамин қитъаи рустои номдори Урметан садҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити душвор ва роҳи мошингарди офатзада меҳнату фаъолият доранд. Бале офатзада, зеро баъд аз санаҳои 9-10-11-и майи соли равон, дар натиҷаи боришоти шадиди ҷолаву борон роҳи мошинагарди Урметан-Киштӯдак, ки дар миён мавзеъҳои кишту аҳолинишини: - Ҳайандоз, Дашти Рахшин, Дашти Бед, Эматк ва Ҳашта-Работро бо ҳам мепайвандад, вайрону валангор гардид. Мардуми сарсахти ин мавзеъ бо қувваи худ, яъне бо зӯри дасту бозу ҷӯйҳои обгузар, хатҳои оби нӯшокӣ ва баъзе қитъаҳои садамавии роҳро барқарор намуданд. Ва бо умед ба унвони масъулини ноҳия дар ин хусус номаву санадҳоро ирсол доштанд. Вале ҳайҳот, ки бо изҳори раиси хоҷагии деҳқонӣ «Искобод» Эргаш Юлдошев аз ҷониби масъулини ноҳия ва идораи роҳсозӣ таваҷҷуҳе ҷониби ин мардуми офатзада зоҳир намегардад. Як нукта боиси зикр аст, ки роҳи Урметан-Киштӯдак дар бисёр мавридҳо нақши калидӣ мебозад. Мардум садамаҳои дар пули Ревад ва Дашти Қозӣ ба амал омадаро, аз ёд набаровардаанд. Дар ҳамин гуна ҳолатҳои садамавӣ ва ногувор роҳи Урметан-Киштӯдак ягона роҳест, ки ноҳияи Айниро ба шаҳри бостонии Панҷакент, ки он ҷо зиёда аз 300 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, мепайвандад. Пас ҳастиву коршоямии роҳи зикрёфта на танҳо ба манфиати хоҷагидорони мавзеъҳои Ҳайандозу Дашти Рахшин, Дашти Беду Эматк, балки ба фоидаи кулли мардуми поёноби Зарафшон аст. Аз ин хотир масъулини Идораи роҳсозии рақами 6-и ноҳияи Айниро зарур аст, ки бо истифода аз техникаҳои мавҷуда роҳи мошингарди Урметан-Киштӯдакро, ки дар мувозинаи идораи мазкур хоҳад буд, таъмиру барқарор намоянд. Зеро дасту бозуи деҳқон белу каландро ба сари масъулини беғам сабук бардошта метавонад ва на ҳамчун булдозери идораи роҳсозӣ сангҳои азими селовардаро... Ё худ ба фармуди Ҳазрати Бедил Пайи таъмири ин вайрона меъморе «дигар» бояд! Яъне сабукдӯш намудани масъулин ва бори масъулият ба дӯши фарде коргару корбар вогузоштан. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.