Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Обе, ки ба ҷӯй ояд, боз ояду боз

Обе, ки ба ҷӯй ояд, боз ояду боз

26-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Обе, ки ба ҷӯй ояд, боз ояду бозСоли 2015 дар навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ,ба вижа мавзеъҳои Кӯҳистони Бадахшону водии Рашт бар асари аз меъёри муқаррарӣ бештар гарм шудани ҳавою обшавии тармаю лозурҳо кӯлҳои сунъӣ тавлид гардида,дар қабои сел сӯйи деҳоту шаҳрҳо равона гардиданд ва хисороти бешеро ба бор оварданд. Баъзан суолҳоеро мешунавем, ки чаро сари роҳи селро намегиранд. Албатта, ҳар нафаре, ки чи гуна нерӯ доштани селро мушоҳида кардааст, медонад, ки пешгирии ин ҳодисаи даҳшатноки табиат сангин аст. Чунончӣ чанд сол қабл дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа сел омад ва дар муддати 15 дақиқа таи 30 метр баландии лой болои деҳаро пӯшонид.

Ҳамзамон ба хотири пешгирии он, ба коми сел нарафтани мояи зиёди мардуму ба харобазорҳо табдил наёфтани боғистонҳою деҳоти ободу киштзорон мутасаддиёни соҳа, роҳбарони шаҳру навоҳӣ бояд тадбирҳои заруриро андешанд, аммо…

Танҳо як мисол меорам. Бевақтии шоми 20-уми моҳи июли соли 2015 бар асари об шудани тармаю рӯйи кор овардани кӯли сунъӣ сатҳи оби рӯдхонаи Баҳррӯшон боло рафта, ду тарафи соҳилашро канда ва оқибат сели азиме ба вуҷуд омада, ба самти офтобнишин равона гардид.Сел ҳамроҳаш хасу хошоку лою хоросангҳоро меовард. Дар ин ҳангом хоросанге даҳони пули мошинагардро маҳкам карда, сел роҳашро тағйир дода, тарафи хонаҳои истиқомативу боғоту киштзорон ҳаракат кард.

Пайдост, ки сел ба кадом самте ҳаракат намояд, кулли ободиҳою созандагиҳоро, ки бо арақи ҷабини инсонҳои заҳматкаш бунёд шударо ба харобазор табдил медиҳад. Дар қарияи Баҳррӯшон низ ҳамин тавр шуд. Сел тавонист, 6 хонаро тамоман валангор гардонаду ба 3 хона қисман зарар расонад. Бародаре зодаи шаҳри Панҷакент бо номи Амонуллоҳ чанд сол боз дар Баҳррӯшон заминро ба иҷора гирифтаасту кабудӣ мекорад. Ин бародар он қадар заҳматкашу устои корашон ҳастанд, ки натанҳо бозори марказии ноҳияи Рушонро, балки бозорҳои маркази вилоятро низ сад андар сад бо кабудӣ таъмин мекард. Ба хотири ин хизматҳояшон дар Бадахшон ба икроми беандозае соҳиб ҳастанд. Ин марди шарифи меҳнатдӯст бо заҳматҳои зиёдаш ин заминҳоро обод карду ҳар сол ҳосили баланд мегирифт, аммо шоми 20-уми моҳи июл сел саросари киштзорашро нобуд кард. Замини нафарони дигарро низ, ки сабзавоткору ғаллакор буданд,ба комаш кашид. Дар маҷмӯъ ба кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ёрирасон, шахсӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ ба маблағи 855 866 сомонӣ зарар расонид,аз ҷумла 97 гектар замини корамро сел зеру забар кард. Дар муҳити кӯҳистони камзамин ба коми сел рафтани ин миқдор замин хисороти беандоза аст. Бар замми ин, сел ба 4 адад пули мошинагарду 2 адад пули пиёдагард,2 км хатти барқу алоқа, 5 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 4,5 км хатти заҳкашу заҳбӯрҳо, 3 адад истгоҳи асосӣ ва иншооти гидротехникӣ зарар расонид.

Одатан, вақте чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, кулли масъулин ба даводавӣ сар мекунанд. Галстуку костюмҳои наппа-навашону туфлиҳои ялаққосиашонро дар синаи ҷевонҳо монда, яке мӯзаҳои резинӣ мепӯшаду дигаре латтагӣ, сеюми ҷомаи бобокалонашрову чаҳорумӣ комфуляжи генералҳои амрикоиро пӯшида, вазифаи кармандони Раёсати оморро ба зимма мегиранду мусоҳибаро бо рӯзноманигорон сар мекунанд. Хешро ҷиддӣ вонамуд карда, қисса мекунанд, ки воқеа чунин буду чунин хисоротро ба бор оварду мутаассифона пешгирӣ карда натавонистем. Гӯё сартопои вуҷудашон месӯзад.

Чун тарма ё сел аз фаъолият боз монд, хавфи аз кӯҳ канда шудани санг ё чарха бартараф гардид, ҳамаашон мӯзаҳои резинию латтагину ҷомаҳои бобокалонҳояшону комфуляжҳои генералҳои амрикоиро аз танашон кашида, дар ҷое мемонанд, зеро медонанд,ки баъди чанд муддат боз лозим мешаванд. Зеро корро то охир сомон надодаанду ба ҳар тараф пароканда шуданд. Наандешиданд, ки мабодо фардо боз ин ҳодиса рух диҳад, дар ҳоле, ки бузургонамон гуфтаанд: Обе, ки ба ҷӯй ояд, боз ояду боз, яъне он селе, ки меояд, тармаву хоросангҳое, ки аз кӯҳ канда мешаванду хисороти молиявию ҷониро рӯи кор меоранд, дер ё зуд боз аз ҳастии хеш дарак медиҳанд.

Аз солҳои пеш не, соли 2015 мисол меорам. Сели Баҳррӯшонро гирем,ки ба маблағи 1 миллиону 712 ҳазор сомонӣ ба хоҷагии халқи ноҳияву сокинони деҳа хисорот ба бор овард.Сокини деҳа Қурбонҳусейн Худоиев қисса мекунад,ки ин сел қаблан ҳам меомаду охирин бор солҳои 1979 ва 1987 аз хеш дарак дод,аммо хисороташ камтар буд. Танҳо баъзе заминҳои корами Баҳррӯшонро нобуд карду халос. Хисорот ба он хотир кам буд, ки ин сел дар ҳар ду дафъа ҳам рӯзона омада буд ва мардум тавонист, ки маҷрои онро тағйир диҳад,яъне роҳашро аз тарафи хонаҳои истиқоматӣ ва киштзорон тарафи бехавф гардонанд. Соли 2015 бошад сел шабона омаду нисбат ба селҳои қаблӣ ду баробар калонтар буд. Мутасаддиёни соҳа баъди соли 1987 бояд ба хулосаи амиқ меомаданду дунболи таъмири пул мешуданд, яъне онро баландтар мебардоштанд. Чаро? Ба он хотир, ки тавре Қурбонҳусейн Худоиев қисса карданд, соли 1977 ва ҳам соли 1987 низ сангҳои калонро, ки сел оварда буд, даҳони пулро маҳкам намуду кам бошад ҳам, хисоротро рӯи кор овард. Ана ҳамон вақт бояд ба таъмири пул оғоз менамуданд. Агар ин корро ҳамон рӯзҳо сомон медоданд, ба хоҷагии халқи ноҳияву деҳқонони заҳматкаши Рӯшон, ки ба хотири бо ғизо таъмин кардани фарзандонашон шабу рӯз дар даруни замин буданд,имрӯз бо сӯзу гудоз сӯи кишти ба коми сел рафтаи 79 гектар заминҳояшон наменигаристанд.

Нафаре аз навоҳии болооби рӯдхони Панҷ қисса карданд, ки дар даврони Шӯравӣ дар ҳамсояқишлоқ директори мактаб будам. Сел омада бинои мактабу ду хонаи истиқоматӣ , ки дар сари роҳаш буданд, ба комаш кашиду даҳҳо гектар киштзорро аз лойқа пур кард. Чанд тан коршиносе аз Маскаву Душанбе дар саргаҳи сел таи ду ҳафта ҷунбуҷӯл доштанд. Қабл аз рафтанашон ба наздам даромада гуфтанд, ки мо ба мардум вохӯриҳо гузаронидем, фаҳмонидем, ки минбаъд аз селрав дуртар хона созед,зеро он баъди чанд сол боз меояд. Гап дар сари он аст, ки дар саргаҳи сел лозури калоне хобидааст. Бар асари боришот лозур қад мекашаду боло меравад.Аз боло бошад санги калоне истодааст, ки садди роҳи ҳаракати минбаъдааш мегардад. Оқибат қисмати болоии лозур иҷборан ба поин, ки дар он ҷо кӯле мустақар аст,меафтад ва сабаби ба сӯи водӣ ҳаракат кардани сел мегардад. Коршиносон аз банда хоҳиш карданд, ки гаштаю баргашта инро ба мардум фаҳмонам. Вақте дар ин деҳа кор мекардам, дар ҳар як маърака инро ба мардум мефаҳмонидам, аммо ҳайҳот, агар қаблан сари роҳи селгузар танҳо 2 ҳавлӣ буданд, имрӯз беш аз 30-то .

Дар ин боб бо сардор ва муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ Дӯсталӣ Худоёров ва Миралӣ Ҳалимов ҳамсуҳбат шудам.Онҳо иттилоъ доданд,ки қарор барои ҷудо кардани хонаҷойро раисони шаҳру навоҳӣ имзо мекунанд. Ғайр аз ин дар ҳар як шаҳру ноҳия комиссияи махсус фаъолият дорад, ки дар ҳайати он асосан кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаҳояшон шомиланд. Онҳо ҳамаи инро бояд пайваста назорат кунанд, аммо ин комиссия бо ном вуҷуд дораду халос, ягон зарра фаъолияташ ба чашм намерасад. Тавре Миралӣ Ҳалимов- муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ гуфт дар ноҳия Ванҷ, ки чунин ҳодиса рух дод, нафареро аз узви ин комиссия надидам, агар ман дар он ҷо намебудаму чораҷӯии фаврӣ намекардам, аз деҳа нишонае намемонд.

Бале, узви комиссияи мутасаддиёни дигар бепарвоянд,зеро пули бартараф кардани хисорот аз кисаи онҳо намеравад-ку? Давлат ҳаст, боз пул ҷудо мекунад, одамони саховатманд ба имдод меоянд, кишварҳои дуру наздику ҳамсояҳо мадад мерасонанд, шояд ба онҳо ҳам чизе расад ва шояд як омили хомӯшиашон ҳам ҳамин бошад.

Чӣ намерасад ба мутасаддиён дар пешгирии чунин ҳодисаҳои табиӣ,ки хисороти бешеро ба бор меоранд, инсонҳо ҷонашонро аз даст медиҳанд? Албатта ҷиддияти касбӣ,ҳис накардани масъулияти вазифааш дар назди ҷомеа, халқу миллат, наандешидан аз тақдири фардои халқаш, тасодуфӣ будан дар паси он мизе, ки ба он соҳиб шудааст, мебошад. Иҷрои вазифаи давлатӣ танҳо аз маошгирӣ иборат нест, он масъулияте дорад, ки аз кӯҳҳот Бадахшон низ гаронтар аст ва ин нафар бояд ин борро ба манзил расонида тавонад, вагарна на танҳо зери селе тармаю чархаи аз синаи кӯҳ кандашуда балки зери чархаю селу тармаи ҳаводисот мемонем.
Лутфишоҳи ДОДО
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: