Пояе бар бовари ормонии ҷомеа20-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо масъалаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ, балки шаҳрвандони бурунмарзӣ, тоҷикону форсзабонони кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин рақибону намояндагони аҳзоби сиёсиро низ ба меҳвари баҳс кашидааст. Ин раванди аз нигоҳи сиёсӣ хеле печидаву баҳснок ва пурмоҷаро аз он шаҳодат медиҳад, ки тақдиру сарнавишт ва ояндаи давлату миллат ҳеҷ як тоҷику тоҷикистониро бетафовут нагузоштааст. Болотар аз ин ҳар як қишри ҷомеа кӯшиш бар он дорад мавқеи худро илман ва аз лиҳози ҳуқуқӣ асоснок ҳисобида, «диди воқеъбинона ва таърихан санҷидашуда»-и хешро баён созад.
Ҷои шакку шубҳае нест, ки дар масири таърих чунин имконоте, ки барои мо тоҷикону тоҷикистониён имрӯз дастёб гаштааст, на ба ҳар як қавму миллату халқиятҳо муяссар шудааст. Воқеан, ин замони нодир фосилаи хеле кӯтоҳе аст, ки дер мондан аз раванди муосир дар доираи бошитоби ҷаҳонишавӣ моро ба «аспи ланге» табдил хоҳад дод, ки аз дунболи таърих барои расидан ба саодату ормони миллии худ кӯшишҳое хоҳем кард, вале на танҳо аз асли мақсад, балки аз раванди таърих ба садсолаҳо қафо хоҳем монд. Ҳазорҳо соли бедавлатӣ, пойбанди зулму истибдоди юнониву араб, турку муғулу манғиту ғайра дар ҷавҳару мағзи ҷон тарсу ваҳм, ғуломиву бардагиро чунон ҷой кардааст, ки миллатро дар «худи ӯ» маҳдуд сохта, «ман»-и ғуруру номуси ӯро дар пушти қабатҳои зиёди пардаҳои ҳаросу беиродатӣ ҷой додааст. Ҳама дар доираи устураи бофтаи Ҷомӣ дар ҷустуҷӯи «шоҳи ормонӣ» қарор гирифта, омода ҳастем ҳатто Искандари золими юнонӣ ва садҳо чунин искандарҳои аҷнабии дигарро адолатпеша ба қалам бидиҳем. Вале аз даричаи маҳдудаи андешаву ҷаҳонбинии худ боре ба «поёни дар» нигоҳе накардаем, ки ҳеҷ вақт миллату миҳан аз чунин абармардони адолатпеша «холӣ» набуд ва модари азизи тоҷик ҳазорҳо адолатхоҳони худро барои ободии Ватан, сарҷамъии миллат, шукуфоӣ ва рифоҳи он ба дунё овардааст ва таърих бидуни ҳеҷ рӯсиёҳӣ шоҳиди сарсахти он мебошад . Бо чи сабаб бошад, ки ҳамеша «оби дари хона» қадр надорад ва агар тоҷики ватанхоҳе каме болу пар кушод ҳама дар талоши он мешавем, ки «ӯро дар ҷояш шинонем» ва ба гуноҳҳои нокардаи заминиву осмонӣ муттаҳамаш созем, зеро рашк, ҳасад, бахилӣ, нотавонбинӣ ва ғайраҳо намегузоранд аз маҳдудаи арзишҳои колбади тан бидуни иштироки ақл аст берун равем. Мавҷудияти чунин хислатҳо дар тӯли таърихи зуҳури қавми тоҷик ва бисёр масъалаҳои дигари айнӣ ва зеҳнӣ дар давраҳои гуногуни ташаккули миллат нақши манфури худро бозида, аз бисёр ҷиҳат моро дар ҳошияи зиндагӣ қарор доданд. Намунаи бемислу барҷастаи он шикасти давлатдории Сомониён маҳсуб мегардад, ки рӯҳи гузаштагон аз умқи таърих гӯшрас менамоянд, ки он дарси зиндагиро набояд фаромӯш бисозем. Зеро баъд аз ҳазорсолаҳои бедавлатӣ сарфи назар аз кушторҳои беасосу «тройка»-ҳои хонумонсӯз Иттиҳоди Шӯравӣ даричаи бахти баргаштаро ба рӯи халқу миллати тоҷик боз кард. Дар ин марҳилаи нави давлатсозиву миллатсозӣ ба тадриҷ ба Истиқлолияти воқеӣ расидем ва тоҷик дар доираи маҳдуди ҷуғрофӣ ҳам бошад, сарпарасти Ватани аҷдодии хеш гашт. Дар фарқият аз дигар давлатҳои мазлуми Шарқ барои тоҷикони ин маҳдудаи ҷуғрофӣ Истиқлолияти Ватан ба андозае ҳам бошад бидуни муборизоти тӯлонии истиқлолиятхоҳӣ ба даст омад, лекин нигоҳ доштани ин неъмати озодӣ кори содаву осоне набуд, ки онро мардум таи бисту панҷ соли шикасту рехт, бурду бохт, рукуду пешравӣ, иштибоҳу бетаҷрубагӣ афтону хезон ба ҷову мақоме расонд. Дар ин марҳилаи хеле нозуки таърихӣ хатару таҳдидҳо аз сари кишвар дур нашуда, дар шаклу муҳтаво ва дар доираи арзишҳои нав падид омадаанд. Зеро воқеан раванди давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар марҳилае аз марҳилаҳои ташаккул ва ранггирии миллат, кори як рӯзу ду рӯз набуда, сабру таҳаммул, мардонагӣ, аз худгузарӣ ва хештан сӯзиҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ин раванди шаклгирӣ ва поягузорӣ, сурат гирифтан ва сохтани қудрате ҳаст, ки появу бунёди он бояд қавӣ ва мавҷудияти он безавол бошад. Ин як давраи нисбатан тӯлонии таърихие аст, ки аз як тараф халқ бо бозуи тавонои хеш низомеро ба вуҷуд меорад, ки барои садсолаву ҳазорсолаҳо дар хидмати бозомадагон қарор дошта бошад ва аз сӯи дигар ин меъморони кохи бегазанди давлати ҷадид бо нерӯи зеҳнӣ ва тафаккури амиқи худ дарк намудаанд, ки чи қадар заифиҳое дар ин ташаккул аст, ки давлатро зудшикану хатарзой ва осебпазир кардааст. Дар таърихи ташаккули ҳар як давлати миллӣ нақши халқи оддӣ ва дастгирии он аз таҳаввулотҳо хеле назаррас мебошад ва таи бисту панҷ соли Истиқлолият дар атрофи давлати навтаъсис ва Президенти интихобкардаи хеш муттаҳид шудани халқи тоҷик ва тоҷикистониён боиси он гашт, ки тавонистем, яктану якҷон ба марҳилаи сифатан нави давлатдории хеш ворид бигардем. Ин марҳила тақозои онро дорад, ки дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои тозае ворид гарданд. Зеро тибқи моддаи 6 Конститутсияи кишвар воқеан «дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда», «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот» маҳсуб мегардад. Болотар аз ин «тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим намуда», «баргузории Раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад. Бо ибораи дигар тартиби гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ тавассути Конститутсияи мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Раъйпурсии умумихалқӣ» муайян гардидааст ва ин яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ маҳсуб мегардад. Лекин, бо таассуф бояд зикр сохт, ки гурӯҳҳо ва ҳасудони сиёсӣ низ ҳастанд, ки ин зарурати воқеии таърихиро танҳо пойбанд ва марбут ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Асосгузори сулҳу ваҳдат ва «Пешвои миллат» медонанд. Ҷои шакку шубҳа нест, ки қабули қонуни мазкур зарурати онро дорад, ки зиддиятҳои ҳуқуқие, ки байни бандҳои асосии ин қонун ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд, бартараф карда шаванд. Ин худ вобаста ба интихоби шаҳрвандони кишвар мебошад, ки ҳангоми Раъйпурсии умумихалқӣ мавқеи шаҳрвандии худро бидуни зӯроварӣ ва фишору таадӣ муайян хоҳанд намуд. Дар баробари ин масъалаҳои дигаре низ ҳастанд, ки бояд дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони кишвар муносибати худро нисбат ба онҳо муайян созанд, зеро мутобиқ ба Конститутсияи кишвар танҳо дар доираи Раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар атрофи масъалаҳои асосӣ ва муҳими давлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ба роҳ андохта мешавад, Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ метавонад тағйироту иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид созанд. Ин раванди ногузире ҳаст, ки дар давраҳои гуногуни таърихи конститутсионализм ба вуҷуд омада, ҷойгоҳ ва мақоми низоми давлатдориро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозои онро доранд, ки ба мақсади ноил шудан ба Истиқлолияти аслӣ дар Конститутсияи қабулшудаи соли 1994 боз ба тадриҷ як силсила тағйироту иловаҳои дигаре ворид гарданд. Зеро адами конститутсионализми воқеӣ ва таҷрубаи озодонаи давлатдорӣ дар кишвар ҳангоми таҳияи Конститутсияи нави соли 1994 инчунин, набудани мутахассисони баландпояи ҳуқуқи байналмиллалӣ дар он давр, вазъияти ногувори сиёсӣ ва дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар ва боз як силсила омилҳои дигари айнӣ ва зеҳнӣ боиси он гаштанд, ки дар таҳияи Конститутсия баъзе шитобзадагиҳо ба чашм расад. Барои тақвияти ин фикр танҳо як мисол меорам. Дар Конститутсияи соли 1994 идеологияи давлатии рушду инкишофи давлат мавҷуд нест. Танҳо дар банди дуввуми моддаи 8 Конститутсия зикр гардидааст, ки «мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Ба андешаи қисмати аъзами ҷомеашиносони муосир, адами идеология ва ё деидеологизатсияи кишвар ин яке аз бандҳои фурӯпошии давлат дар доираи технологияи «бесомонии идорашаванда», ки имрӯз аз ҷониби абарқудратон барои аз байн бурдани кишварҳои хурду кӯчак истифода мегарданд, маҳсуб меёбад. Бо ибораи дигар, идеологияи давлатӣ ҳамчун меҳвари арзишҳои олии давлат тибқи моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Шояд ман иштибоҳ кунам, лекин дар сурате, ки арзишҳои олии давлатӣ набошанд, ҳадафу мақсадҳо низ вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ҳолате, ки ҳадаф набошад, натиҷа низ нест. Аз мисоли оварда ҳадаф аз он иборат аст, ки ҳеҷ як қонуне, аз як тараф наметавонад идеалӣ ва аз тарафи дигар догма бошад. Аз ин рӯ раванди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ тақозои онро дорад, ки барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ва ормонии давлати миллӣ дар ҳолатҳои аз нигоҳи таърихӣ ногузир даст ба тағйиру иловаҳои Конститутсия зад. Дар ин самти муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳифз ва нигаҳдории низоми давлати демократӣ маҳсуб мегардад, тақозои давру замон ва аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ногузир буда, барои такомули Конститутсия равона гардидааст. Ин таҷруба дар саросари кишварҳои ҷаҳон мавҷуд буда, боиси пешрафт ва шукуфоии бисёр давлатҳои демократӣ гаштааст. Барои мисол ба таърихи 27 майи соли 2015 Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II дар рӯзи ифтитоҳи сессияи навбатии Парламенти кишвар эълом дошт, ки доир ба масъалаи узвият дар Иттиҳоди Аврупо то охири соли 2017 лоиҳаи қонун дар хусуси Раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод хоҳад гашт. Ё ин ки Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси федеролии Россия - «Думаи давлатӣ» дар соли 2013 доир ба тағйиротҳои зарурӣ дар Конститутсияи кишвар аз тариқи Раъйпурсии умумихалқӣ андешаҳои худро пешкаш сохта буд. Чуноне ки дар ибтидо зикр сохтем, яке аз масъалаҳое, ки дар баробари дигар масъалаҳои ба Раъйпурсии умумихалқии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст, ин масъалаи хусусияти қонунӣ ва конститутсионӣ пайдо кардани мафҳуми «Пешвои миллат» мебошад, ки дар Конститутсияи соли 1994 он вуҷуд надорад. Дар доираи лоиҳаи нави тағйироту иловаҳо бояд тибқи Қонуни Асосии кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамзамон «Пешвои миллат» низ мебошад, хусусияти қонунӣ бахшид. Дар бораи ногузирӣ ва зарурати мақоми «Пешвои миллат» дар васоити ахбори омма ва сайтҳои гуногун мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд, ки дубора ба ин масъалаҳо даст задан чандон зарурате надорад. Лекин дар доираи яке аз паҳлуҳои асосии ин масъала, ки вобаста ба таърихи ташаккули миллат ва давлатсозии ҷадид дар кишвари дорои фарҳанги анъанавӣ ба мисли Тоҷикистон мебошад, зарур аст изҳори ақида кард. Ҳар як қавму миллате, ки дорои фарҳангу тамаддуни таърихӣ мебошад, ҳамеша дар талоши он аст, ки кишвари ӯ ором, амнияташ таъмин ва зиндагии халқаш пешрафтаву аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамеша дар ҳолати рушд қарор дошта бошад. Ин худ як ормони бунёдии инсоният аст, ки мутаассифона, ба истиснои баъзе аз давлатҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ дошта (Нидерланд, Шветсария ва ғ.), дар аксарияти кишварҳои дунё ҳамчун устура боқӣ мондааст. Аммо новобаста аз ин нокомиҳо дар қисмати аъзами кишварҳо мардумон аз лаззати «биҳиштосо» сохтани сарзаминҳои худ даст накашидаанд ва пойбанди ин ормони миллии худ мебошанд, чунки идеяи «давлати миллӣ» худ як устураи хеле зебо, вале ба мисли чароғ роҳнамо ва равшанидиҳандаи роҳи пурхаму печи давлатсозии ҳар як миллат дар масири таърих мебошад. Табиати инсон ва ҷаҳони маънавии ӯ чунон офарида шудааст, ки ҳамеша бояд ба чизе орзу ва боварӣ дошта бошад ва дар олами рӯъёии хеш он ормонро парварад. Ин дар ҷавҳари вуҷуди инсон нуҳуфта буда, ҳеҷ нерӯе имкони тағйир додани онро надорад. Аз ин рӯ, бузургону ҳакимони қавму миллатҳо аз ин қувва ва нерӯи ботинии мардум ба хотири бо ҳам овардани инсонҳо, оромиву сарҷамъии онҳо ормону устураҳое офаридаанд, ки онҳо барои наҷоти миллатҳо аз парешониву бардагӣ равона гардидаанд. Аз ҳамин ҷиҳат устурасозӣ худ қисми ҷудонопазири фарҳанги маънавии ҷомеаи инсонӣ буда, фарҳанг баёнгари воқеии сатҳи ба дастовардаи маҳсули маърифатии ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мегардад. Устурасозӣ дар такя ба яке аз сифатҳои ҷавҳарии инсон, яъне боварии бошууронаи вай зуҳур мекунад. Ба андешаи ҳакимони пешин ва таҳқиқгарони имрӯз ҷудо сохтани боварӣ аз ақл ба хотири мустақилона ва бидуни якдигар амал кардани онҳо ғайриимкон аст. Ақл дар асоси боварӣ поягузорӣ шуда, силоҳи он маҳсуб мегардад. Бидуни боварҳо ақл дар танҳоӣ ба комёбиҳои хеле каме ноил хоҳад шуд ва вазифаи ақл танҳо дар омӯхтану шак бурдан, хулоса баровардану боз шак бурдан, маҳдуд хоҳад гардид. Бидуни боварҳо ақл наметавонад боз истад, зеро боварҳо такягоҳ, бунёд ва ҳадафи ақл аст. Ақл дар доираи як вақти муайян ва ё замоне таҷрубаро тавассути боварҳо таҳким бахшида, ин ҳамоҳангиро ба дониш табдил медиҳад. Аслан фарҳанги ҳар як қавму миллат ва дар маҷмӯъ тамаддуни башарӣ дар такя ба арзишҳои маънавӣ ва боварҳо ба он арзишҳо метавонад фаъол гардад ва боқӣ монад. Бо ибораи дигар боварҳо дар доираи кадом як фарҳанге набошад ба хотири рушду такомули маънавии инсон хидмат менамоянд. Ахлоқ ва ё одобу фазилат дар навбати худ зуҳури таърихӣ буда, ҷойгову мақоми он дар ормону устура хеле бузург аст, зеро ормону устура дар худ боварҳо ва ахлоқро бо ҳам пайваст сохта, падидаи наву тозаеро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин аст, ки ҳангоми устурасозии иҷтимоӣ аз одобу фарҳанг истифодаи зиёд мебаранд, то ин ки тавассути рӯҳ ва вуҷуди инсонҳо устура дар мағз-мағзи мардумон ҷой гирифта, ҳамчун боварии рӯҳӣ сабаби назму сомон ва тартибу амалҳои созанда гардад. Вай тавонад ба сифати қутбнамои миллат ба хотири фардои дурахшон хидмат намуда, инсонҳоро ба ҷидду ҷаҳд, рӯҳбаландӣ, худгузарӣ, шарафу номус ва бедории миллӣ даъват намояд. Дар ин замина нақши «Пешвои миллат» хеле муассир буда, дар ин мақом пешниҳод гардидани шахсияти Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон, ки омили сарҷамъӣ, ваҳдат, хостаҳои ормонии ҷомеа, бедории миллӣ ва тимсоли эътимоду боварии мардум аст, метавонад давлат ва миллатро пешорӯи равандҳои муосири сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, муттаҳид созад. Чуноне ки қаблан зикр сохтем имрӯз мардуми наҷиби мо ба давлатсозӣ ва миллатсозӣ машғул аст ва ибтидои қарни ХХ1 яке аз давраҳои воқеан ҳам эҳёи муҷаддади тоҷику тоҷикистониён маҳсуб мегардад. Ин даврае ҳаст, ки миллат омодааст барои фардои шукуфони фарзандону наберагони худ аз бисёр анъанаҳо ва урфу одатҳо даст кашида, барои рушду пешрафт ва назму сомон дар кишвар саҳмгузор бошанд, зеро онҳо ба хубӣ медонанд, ки гузашта ба ҳеҷ ваҷҳ аз лавҳи хотир фаромӯш нахоҳад шуд, балки дар доираи таҷрубаи ҳаёти иҷтимоӣ боқӣ хоҳад монд. Вазифаи асосии таърих низ аз он иборат аст, ки таҷрубаи ба дастовардаи инсонро дар тӯли давраҳои сипаришуда бо ҳам ҷамъ сохта, аз диди нав ба он назар намояд. Имрӯз низ мо тоҷикон бояд аз гузаштаи худ ва дигар қавму миллатҳо дарси ибрат гирем ва аз ин таҷрубаи бою ғанӣ истифодаи ҳамаҷониба намоем, зеро дар байни беш аз дусад давлати дунё кишваре нест, ки дорои муқаддасот ва арзишҳои волои миллии худ набошад. Парчам, нишон, суруди миллӣ ва ғайра арзишҳое ҳастанд, ки ҳамчун рамзи давлатдорӣ таи ҳазорсолаҳо халқу миллатҳоро бо ҳам ҷамъ намуда, боиси на танҳо ифтихори ватандории онҳо, балки пешрафту шукуфоӣ низ гаштаанд. Ва яке аз сабабҳои ба таърихи худ рӯй овардани тоҷикон низ ҳамин буд, ки дар даврони Истиқлол дар раванди миллатсозӣ ба асли ҳувияти худ ворид гардем ва бидуни ҳар гуна маҳдудиятҳо тоҷикият ва ё асилияти миллати худро нисбат ба дигар қавму халқиятҳо муайян созем. Яке аз рукнҳои чунин ҳувиятсозӣ ин буд, ки гузашта ва хотираи таърихии миллатро муайян намоем, ки тоҷикон дар гузашта мардуми «пойлуч»-у бефарҳанг ва бедавлат набуда, балки дар сароғози тамаддуни муосири ҷаҳонӣ қарор дошт ва воқеан ҳам мардуми фарҳангсоз буд. Ҳикмату илм, адабу давлатдорӣ шаҳрсозиву роҳсозӣ ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани Ватани худ – ин худ зуҳуроти воқеие мебошанд, ки аз фарҳангсолор будани тоҷикон дарак медиҳанд ва ба исботу фаҳмондадиҳӣ зарурат надоранд. Ҳатто як шоҳбайте аз «Шоҳнома»-и ҳакими бузург Фирдавсӣ кифоя ҳаст, ки мо ба ин ном сазовор бошем. Дар кадом давру замоне набошад ин сифатро аз тоҷикон гирифтан ғайриимкон аст. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аввалин иқдоме, ки сурат гирифт ин барафрохтани пайкараи Исмоили Сомонӣ буд, зеро бунёди ин маҷмаа дар маркази пойтахти тоҷикон пояи давлатсозии навини тоҷиконро гузошт ва ҳамчун ормону устура миллатро бо ҳам муттаҳидтар намуд. Дар сурате, ки агар миллати мо чунин шахсиятҳо намедошт, сиёсатмадорони муосир онҳоро бояд аз тариқи устура месохтанд ва боварҳои мардумро нисбат ба бузургиву миллати хеш ба вуҷуд меоварданд, зеро ин зарурати таърихӣ буд. Аз гузашта то имрӯз таърихи тоҷикон намоёнгари он аст, ки ин миллат ҳамеша афсонаҳоро воқеият месохт ва бар тани урёни ормон ҷома мепӯшонд. Агар дар қарнҳои миёна устураҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ намебуд, оё тоҷикон метавонистанд таърихи гузашта ва забону фарҳанги хешро ба ин андоза нигоҳ доранд? Ҳатто дар замони қудрати Шӯравӣ низ ин шоҳкории таърихӣ барои ҳифзи ҳувияти миллии тоҷикон хидмати бемисл карда буд. Болотар аз ин худи низоми Шӯравӣ бар пояи ормон ва устурае бунёд ёфта буд, ки мутобиқи он рукни асосии давлати сотсиалистӣ боварӣ ба эъмори ҷомеаи ормонӣ буд, ки дар он зулму ситам, ҷангу беадолатӣ ва разилатҳои ахлоқӣ вуҷуд надоштанд. Аҳли ҷомеа қалбан боварӣ доштанд, ки инқилоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ билохира ба инқилоби саросарии ҷаҳон бурда, таҳаввулотҳои ҷиддиеро дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд хоҳанд овард. Дар доираи ин ормон мушкилиҳое, ки дар рӯзгор вуҷуд доштанд, ба назар намерасиданд, зеро мардум боварии бузурге дошт, ки мушкилиҳои мавҷуда дар баробари мушкилиҳое барои расидан ба орзуву ормонҳои ҷаҳонӣ ҳеҷ буданд. Мардуми шӯравӣ ҳамчун «мардуми интихобшуда» рисолати онро бар дӯш дошт, ки бояд ин орзуи аҳли башарро амалӣ намояд. Бо ибораи дигар мардуми шӯравӣ худро «мардуми хос»-е мешуморид, ки вай бояд ормони ҳазорсола ва олии инсониятро ҷомаи амал пӯшонида ба ҷаҳон «тарҳи нав» меандохт. Таблиғоти ин навъ биниш ва андешаи давлат нисбат ба олам ҳисси навгонӣ, боварӣ ба «ояндаи дурахшон»-ро зиёд сохта буд. Ва ин тарзи ҷаҳонбинӣ дар навбати худ боиси он гашта буд, ки халқи шӯравӣ тамоми мушкилиҳои мавҷударо паси сар намоянд. Мисоли равшани ин пирӯзӣ бар фашизм ва дар муддати хеле кӯтоҳ ба кишвари аз нигоҳи индустриалӣ пешқадам табдил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Фатҳи коинот, сохтмони неругоҳҳои бузурги обӣ-барқӣ, сохтани ҳазорҳо километр роҳҳои оҳан, аз худ кардани даштҳои беоб, заводу фабрикаҳои бузург, метрополитен ва эъмори хонаҳои баландошёна ва ғайраҳо аз ин намунаҳоянд. Ба маърази намоиш гузоштан ва манбаи асосии таблиғот қарор додани дастовардҳои сохти сотсиалистӣ ба он хотир буд, ки бояд умеди мардумро нисбат ба сохтмони коммунизм зиёд мекард ва ифтихори ӯро бо доштани чунин Ватан боло мебурд, чунки зарурат ва ногузирии табдили ормон ба воқеият нерӯи зиёдро талаб мекард. Қаҳрамони асосии устуравии давраи сотсиализм халқи оддӣ маҳсуб мегашт, ки бо тартибу низом, кору фаъолият ва муқовимат дар муқобили камбудиҳо дар зиндагии рӯзмарра омода буданд худро қурбони «ояндаи дурахшон» созанд. Аммо сарфи назар аз он ки қаҳрамони асосӣ халқи оддӣ буд, лекин онҳо тамоми фаъолияти худро дар асоси боварӣ ба роҳбар ва пешвои ҳакиму хирадманд ҳатто рӯҳи пешвои аллакай фавтида анҷом медоданд. Ба ибораи дигар нақши «Пешво» дар ин раванд хеле бузург буд, чунки вай ҳамчун шахси ҳакиму доно ва оқилу зирак рисолати хеле бузурги таърихӣ, яъне эъмори ҷомеаи навин ва ояндаи бузургро бар дӯш дошт. Хосатан дар ҳамин давра устураҳои зиёди иҷтимоие вобаста ба Сталин ҳамчун «Пешво» ва роҳбар тарҳрезӣ шуда, симои вай дорои хислатҳои ҳакимона ва бузургона гардида буд. То имрӯз дар хусуси қаҳрамониҳои Сталин сухан рафта, ҳатман дар бораи пирӯзии вай бар фашизм, индустраликунонии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ғайра бо некӣ ва ифтихор ёд мегардад. Лекин ҳар як шахс ба ҳайрат хоҳад омад, ки эъмори сохтмонҳои бузурги ин даврон қабл аз ҳама бо маблағгузорӣ ва инвеститсияи ширкатҳо ва мутахассисони хориҷӣ сурат гирифтанд. Барои мисол ДнепроГЭС, Уралмаш, заводи тракторбарории Челябинск, Заводи машинасозии Горкий, комбинатҳои металлургии Магнитогорский ва Кузнетский, марказҳои нефтҳосилкунии Боку ва Грозний, ҳатто фабрикаҳои коркарди чӯби Карелия низ бо маблағҳои ҳангуфт ва кӯмаки бевоситаи мутахассисони хориҷӣ сохта шудаанд. Нуқтаи ҷолиб он аст, ки заводи тракторбарории Сталинград сараввал дар Америка сохта шуда, баъдан ба қисмҳо ҷудо намуда, ба Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол гардид ва таҳти назорати муҳандисони америкоӣ дубора дар шаҳри Сталинград ҷамъ карда шуд. Дар он солҳо танҳо як ширкати «Albert Kahn, lnc сохтмони 571 лоиҳаҳоро дар Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ сохт ва дар раванди индустриякунонӣ ширкатҳои номдори «Siemens» ва «General Electric» фаъолона иштирок доштанд. Беш аз ҳазорҳо тан мутахассисони хориҷӣ дар сохтмонҳои бузург ҳамкорӣ мекарданд. Лекин саҳми ширкатҳо ва мутахассисони олмонӣ ва хосатан америкоӣ хеле зиёд буд ва онҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари , техникаву технологияи гуногун литсензияҳо ва ҳуҷҷатҳои техникиро низ мефурӯхтанд. Қисмати аъзами иншоотҳо дар асоси намунаи иншоотҳои америкоӣ сохта мешуданд, ки намунаи барҷастаи он сохтмони заводи автомобилбарорӣ дар Нижний Новгород буд, ки бо кӯмаки заводи «Форд»-и америкоӣ сурат гирифта буд. Изофа бар ин ширкатҳои америкоӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ неругоҳҳои обии барқӣ, заводҳои металлургӣ, заводҳои коркарди нефт, заводҳои химиявӣ, ҳавопаймосозӣ ва ғайра сохтаанд. Лекин халқи шӯравӣ тамоми ин дастовардҳоро марбут ба иқдомоти Сталин медонист. Ҳатто дар ҳеҷ як воситаи ахбори умум дар ин бора сухане намерафт. Зеро тамоми ин корҳо барои он равона гардида буданд, ки дар такя бар фаъолияти «Пешво» ҳамчун манбаи тақлиди аҳли ҷомеа, ҷидду ҷаҳди мардум дучанд гардад ва дар кутоҳтарин замон ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Ва чунин ҳам шуд. Дар давраи ниҳоят кутоҳ Иттиҳоди Шӯравӣ аз кишвари аграрӣ ба давлати қудратманди индустриалӣ табдил ёфт ва умеди мардумро ба «ояндаи дурахшон» даҳчанд зиёд сохт. Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарур аст, ки дар доираи «Идеяи миллӣ» ҷаҳиши бузурге дар бахши иқтисодиёт ва саноат ба вуҷуд овард ва мақому манзалати «Пешвои ормонӣ» низ дар ин раванди бузурги миллатсозӣ хеле бузург ва тасаввурнопазир хоҳад буд. Аз рӯи адолат ва меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан ва ояндаи он бояд дар кишвар чунин иқдоме сурат гирад ва аз неруи созандаи миллат ва ҷидду ҷаҳди он ба хотири фардои ободи мамлакат истифода гардад. Барои ин зарур аст, ки «Пешво» боварҳои мардумонро ба ҷомеаи адолатпеша, фардои обод ва кишвари рушдёфта аз нав бедор созад. Дар баробари масъалаҳои зикршуда нақши «Пешво» дар масъалаи хеле ҳам нозук ва хатарзои сиёсӣ, яъне «интиқоли қудрати сиёсӣ» ниҳоят бориз хоҳад буд. Дар чунин кишварҳои суннатие ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз нигоҳи фарҳанги сиёсӣ ақибмонда мебошад, интихоби Сарвари давлат ба тариқи демократӣ мушкилиҳои зиёдеро ба бор хоҳад овард ва имконоти ба сари қудрат омадани гурӯҳҳои ифротгаро ғайричашмдошт нахоҳад буд. Яке аз мушкилиҳои давлатҳои пасошӯравӣ ва зудшикании онҳо низ дар ҳамин зоҳир мегардад, зеро онҳо аз нигоҳи тақсимоти абарқудратон ҳанӯз ҳам ба зумраи «давлатҳои ноком» дар ҳоли ташаккул қарор доранд. Дар радифи чунин кишварҳо Афғонистони ҷангзада низ шомил гаштааст. Ҳангоми интихоби раисҷумҳури нави ин кишвар Ашраф Ғанӣ баъд аз Карзай раванди «интиқоли қудрати сиёсӣ», яъне аз як президент ба президенти дигар ба тариқи сулҳомез гузаштани роҳбарӣ бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда буд. Бозиҳои пуштипардагие, ки байни довталабони ин мансаб Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ ва Дӯстум сурат гирифт, онҳоро америкоиҳо медонанду ин се нафар сиёсатмадори афғон. Дар робита ба гуфтаҳои боло метавон таъкид сохт, ки дар ҷомеаҳои суннатӣ ва анъанавие ба мисли кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Шарқи Наздику Миёна ин ҳолати хеле ҳассоси сиёсӣ ва маргборе барои ин давлатҳо мебошад, ки бидуни ҷангу хархаша ва хунрезӣ кор роҳи ҳалли худро нахоҳад ёфт. Яке аз масъалаҳои умдаи солҳои 90-уми асри гузашта дар фазои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин масъалаи «давлатшикан» маҳсуб мегашт ва кишвари моро ба чӣ бадбахтиҳое овард ба ҳамагон маълум аст. Дар ин самт низ ҷойгоҳ ва мақоми «Пешво» ҳоло назаррас буда, бо нерӯи хирад, обрӯ, нуфуз ва таҷрубаи давлатдории худ метавонад ин масъаларо ба тариқи сулҳомез ва бидуни кадом як мушкилиҳои сиёсӣ доварӣ ва ҳал намояд. Барои мисол Сарвар ва пешвои миллати Қазоқистон (Элбеси) Нурсултон Назарбоев барои ҳалли ин муаммои сиёсӣ ва нигоҳ доштани низоми демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пешниҳод сохтааст, ки «интиқоли давлат» бояд аввал ба як гурӯҳи дастҷамъӣ ва баъдан ба президенти тозаинтихоби ин кишвар бояд анҷом гирад. Раванди мазкур таҳти роҳбарӣ ва назорати Элбеси Н. Назарбоев дар доираи Конститутсияи Қазоқистон ва қонунҳои мавҷуда анҷом хоҳад гирифт. Дар Куба ин кор дар шакли бисёр ором ва якдигарфаҳмӣ амалӣ шуд, вале дар Венесуела ба баъзе мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашт. Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки асри ХХ1 мавҷи навини ормонсозӣ ва устурасозиро ба майдони андеша ворид сохта, абарқудратон бо истифода аз рушди бо шиддати фазои иттилоотии сайёраи мо устураҳои фарҳанги умумиро тарҳрезӣ карда, имконоти амалӣ гардидани лоиҳаи империализми фарҳангиро ба вуҷуд оварданд. Устура ва ормон ба идеологияи сиёсӣ махлут шуда, хусусияти ҷузъии он гаштааст. Дар доираи ин устурасозиҳо ҷомеаи башарӣ як «пешво» ва он ҳам бошад президенти Америкаро мешиносад, зеро устура мутародифи таблиғот, боварҳо ва арзишҳои сиёсиву иҷтимоӣ гардидааст. Устура дар муҳтавои андешаи устурасоз на танҳо инсонро ба воқеаҳои имрӯза, балки ба гузашта ва оянда низ шарик сохтааст. Аз ин рӯ асотир дар ҷаҳони бошитоби тағйирёбанда ҳамчун асокашу роҳнамо хидмат менамояд, зеро инсон ҳамчун махлуқи кулл наметавонад танҳо пойбанди ақлгароӣ ва хирадситезӣ бошад. Бо ибораи дигар ҳаёт танҳо маънои фикр карданро надорад, чунки дар он муҳаббат, некӣ, бадӣ, саодат, орзу, ормон, умед, боварҳо ва ҳазорҳо падидаҳои дигаре низ ҷой ёфтаанд. Ба ибораи дигар инсон на танҳо дар фазои гуногуни моддӣ, балки дар фазои фарҳангӣ ва рамзӣ низ зиндагӣ мекунад. Рӯъёҳо, ормонҳо ва устураҳо меофарад, олами маънавӣ месозад, илму фалсафа меофарад ва дар олами беканораи боварҳо ғарқ мегардад. Тамоми умеду орзуҳои инсонҳо барои ояндаи нек дар доираи ормону асотир амалӣ мегарданд, ки онҳо ҳамзамон ташвиқгари амалҳои мушаххасе барои ҳаёт ва шароитҳои зиндагӣ ва фазои маънавӣ мебошанд. Бидуни ормону устура ҷомеаи инсонӣ ба тамаддуни берӯҳу ҷон табдил меёбад, зеро танҳо онҳо метавонанд аз тариқи боварҳо ба вуҷуду ҳастии инсонҳо роҳ ёбанд ва ҳамоҳангии ормониро ба вуҷуд оранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.