Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-01-2026, 15:30
Хабарро хонданд: 34 нафар
Назарҳо: 0
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон29 январи соли 2026, тахминан соати 19:30 дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и қисми ҳарбии 0341-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд.

Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ масири ҳаракати ҷинояткорон дар минтақаи мазкур муайян карда шуд. Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд.

Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон Ҷовид валади Давлатманд, Рошид валади Давлатманд, сокинони қарияи Ворича ва Собир валади Зоҳир, сокини қарияи Анҷири вулусволии Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса безарар карда шуданд.

Ба 2 қочоқбар муяссар гардид, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.

Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 ҷасади қочоқбари афғон, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, бо сарҳадшиканон ва қочоқбарон муборизаи беамон мебарад.

Дар айни замон вазъият дар хати сарҳади давлатӣ таҳти назорат ва ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: